Шоирони ҳамасри Рўдакӣ: Шаҳиди Балҳӣ, Абўшакури Балҳӣ.  Шаҳиди Балҳӣ.

 

Абулҳасан Шаҳид ибни Ҳусайни Чуҳудонакии Балхӣ шоири ус¬тод ва доншпманду ҳакими маъруфи аҳди худ будааст. Рўдакӣ аз ҳамаи ҳамасрони худ танҳо ўро шоир ва дигаронро ровии ашъори ину он медонист. Вай аз бузургони ҳукамо ва мутакаллимон ва дар улуми авоил устод будааст. Ибн ан-Надим дар «Ал-феҳрист» гўяд, ки Шаҳид ибни Ҳусайн таълифоте дорад ва ўро ба Розӣ мунозироте (мактуб) буда ва ҳар як дигаре нақзе ва радде доштааст. Ёқути Ҳамавӣ дар китоби «Муъҷам-ул-булдон» номи ўро зайли калимаи «Чуҳудонак» Абулҳасан Шаҳид ибни Ҳусайни Балхӣ ал-варроқ ал-мутакаллим овардааст. Варроқ, яъне китобфурўш ва аз ин ҷо шуѓли оддии Шаҳид маълум мешавад. Номи уро Абўсулаймони Мантиқии Сиистонӣ, файласуфи маъруфи қарни ҷаҳорум, дар китоби «Савон-ул-ҳикма», ки инак ихтисоре аз он дар даст аст, оварда ва китоби «Тафзил лаззот-ин-нафс ъала лаззот-ил-бадан»-ро бад-ў нисбат дода ва хулосаи назари Шаҳидро дар бораи мавзўи лаззат ва тақсими он ба лаззоти ҷисмонӣ ва лаззоти нафсонӣ овардааст. Ба назари Шаҳид лаззоти чӣсмонӣ фузуниҷўӣ ва нопойдор ва лаззоти нафсонӣ мақрун ба фазилати рўҳонӣ ва пойдору бартарҷўӣ аст ва моро ба камоли табъи инсон наздик мекунад. Назарияи Шаҳид дар ин китоб дар Ҳақиқат изҳори муҳолифатест бо Розӣ, ҳақиқат ки лаззатро як амри адамии чӣсмонӣ ва «бозгашти чӣсм ба ҳолати табиии» худ медонист.
Шаҳид дар хат устод буд. Фаррухӣ дар мадҳи мамдўҳи худ гуяд:
Хат нависад, ки бинашносад аз хатти Шаҳид,
Шеър гуяд, ки бинашносад аз шеъри Ҷарир.
Ва устод Рўдакӣ, ки ўро дар шумори аҳд аз ҳазорон тан бештар мепиндошта, дар рисои ў фармудааст:
Корвони Шаҳид рафт аз пеш,
3-они мо рафта гиру меандеш.
Аз шумори ду чашм як тан кам,
В-аз шумори хирад ҳазорон беш.

Ба ҳар ҳол Шаҳид дар назди уламо ва удабои асри худ аз афозили аҳд маҳсуб мешуда ва номи ў дар чанд маъхаз аз маохизи қарни чаҳроум бо эҳтиром зикр шуда ва шоирӣ яке аз чанд фазилати вай будааст. Аз мамдўҳони ў яке Наср ибни Аҳмади Сомонӣ буд ва дигар Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ аз хонадони маъруфи Ҷайҳонӣ, ки муддате вазорати Сомониён мекард ва аз уламои машҳури қарни ҷаҳорум буд.
Вафоти Шаҳидро дар соли 325 навиштаанд. Ашъори ў дар назди шуарои баъд аз вай то авохири қарни шашум ба фасоҳат ва латофат маъруф ва хоса газалҳри ў дар диловезиву дилпазири масал буд. Аз ашъори уст:
Агар ѓамро чу оташ дуд будӣ,
Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.
Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ,
Хирадманде наёбӣ шодмона.

Донишу хоста аст наргису гул,
Ки ба як ҷон нашкуфанд ба ҳам.
Ҳар киро дониш аст, хоста нест,
В-он киро хоста аст, дониш кам.
Абўшакури Балхӣ. Абўшукури Балхӣ яке аз шоирони номовар ва сухансароёни маъруфи асри мебошад. Аммо аз зиндагинома таърихи таваллуд ва вафоти ў маълумоти дақиқе дар даст нест. Сарчашмаҳо китобҳои адабӣ ва таърихе, ки тавассути онҳо шеъри ў то замони мо омада расидаанд, инҳоянд: «Луѓати фурс » – Асадии Тусӣ, асри 11 «Тарҷумонулбалоѓа» – и Родиёнӣ, асри Х11, «Лубобулалбоб» – Авфӣ, асри З11, ва ѓайра мебошад. Аз ин тазкираҳо ва китобҳои адабӣ ҳамин андоза бар меояд, ки Абўшакур аз мардуми Балх аст ва маснавии «Офариннома» – ро сурудааст.
Роҷеъ ба рўзгор ва осори шоирони ҳамасри Рўдакӣ донишмандон ва муҳаққиқон таърихи адабӣёт Забеҳулло Сафо, Бертелс, Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб, Муҳаммад Добири Саёқӣ, Маҳмуд Идорачии Гелонӣ, Маҳмуди Мудаббирӣ, Холиқ Мирзозода ва дигарон ақидаҳои хешро баён доштаанд. Аҳмад Идорачӣ Гелонӣ муаллифи китоби «Шоирони ҳамасри Рўдакӣ» ашъори 48 шоири ҳамасри Рўдакӣро ба нақду баррасии бисёр судманде анҷом додаст. Дар китоби «Шоирони ҳамасри Рўдакӣ» (чӣлди дувуми панҷоҳчӣлдаи ахтарони адаб) теъдоди абёти ашъори Рўдакӣ 429 байт нишон додаст. Маҳҷуб мегўяд: «Абушакури Балхӣ шоири муосири Рўдакӣ ҷуз «Офариннома» маснавии дигар суруда буд ва дар сурудани «Офариннома» 33 сол дошт. Ҳудуди 438 байт аст ашъори ўро Кабири Сидиқӣ дар «Ганчӣ бозёфта» ҷамъоварӣ намудааст. Бертелс дар китоб «Таърихи адабӣёти форсӣ» теъдоди абёти ўро 500 байт гуфтааст. Ѓайр аз маснавии «Офариннома» ду манзумаи дигарро дар баҳрҳои ҳазаҷ ва хафиф ба ў нисбат медиҳад. «Офариннома» – и Абўшакур ки дар баҳри мутақориби мусаммаи маҳзуф ё мақсур навишта шудааст, яке аз шоҳкорҳои баланди забони форсӣ дар панду андарз ва ҳикмат мебошад. Аз ин «Офариннома» танҳо 300 байт дар фарҳангҳо ва бархе аз китобҳои адабу таърих ва тазкира бар ҷой мондааст. Ашъори Абўшакури Балхӣ ҳамагӣ бар камоли қудрати табъ ва сафои кареҳаи ў далел аст. Ва сухансароёни номии асрҳои бад дар баробари пояи баланди табъу сар фурў будаанд ва ўро дар баробари Рўдакӣ ва Шаҳиди Балхӣ мегузаронад. Чунончи Мануҷеҳрӣ сухансарои чирадасти асри 11 мегўяд:
Аз ҳакимони Хуросон ку Шаҳиду Рўдакӣ,
Бушакури Балхиву Булфатҳи Бустии Сакзӣ.
Мазмунхоҳи шеъри Абўшакурро шоирони асрҳоҳи баъдина дар шеъри худ истифода бурдаанд. Масалан мазмуни абёти зеринро:
Ба душман барат устуворӣ мабод,
Ки душман дарахтест талх аз ниҳод.
Дарахте, ки талхаш бувад гавҳаро,
Агар харбу ширин диҳӣ мар варо.
Ҳамон меваи талхат орад падид,
Аз ў xарбу ширин нахоҳӣ мазид
Зи душман гар эдун, ки ёбӣ шакар,
Гумон бар, ки заҳр аст ҳаргиз мах(в)ар.

Дар абёти ҳаҷвияи Маҳмуд, ки мансуб, ба Ҳаким Фирдавсист, чунин омадааст:
Дарахте, ки талх аст вайро сиришт,
Гараш бар нишони ба боѓи биҳишт,
Гар аз ҷўи Хулдаш ба ҳангоми об,
Ба беҳ ангубин резиву шаҳди ноб.
Саранҷом гавҳар ба бор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад.

Нақл аст, ки ҳазрати Ҷомӣ аз хоҳарзодаи хеш Ҳотифии шоир таклиф кард, ки ин мазмунро либоси дигар аз лафз бипўшонад ва ў суруд, ки:
Агар байзаи зоѓи зулматсиришт,
Ниҳӣ зери товуси боѓи биҳишт.
Ба ҳангоми он байза парварданаш,
Зи анчӣри ҷаннат диҳӣ арзанаш.
Диҳӣ обаш аз ҷашмаи Салсабил,
Дар ин байза дам дар дамад Ҷабраил.
Шавад оқибат байзаи зоѓ – зоѓ,
Барад ранчӣ беҳуда товуси боѓ.

Ва Ҷомӣ гуфт, ки неку сурудаӣ, аммо дар ҳар бате байзае ниҳодаӣ. Шайх Саъдӣ низ мазмуни ду байти зайлро:
Дарахте, ки хурдак бувад боѓбон,
Бигардонад ўро чу хоҳад чунон.
Чу гардад калон боз натвонадаш,
Ки аз каживу хам бигардонадаш.
Ба байти зерин гардондааст:
Шохи тарро чунон ки хоҳи печ,
Нашавад хушк ҷузъ ба оташ рост.

Абўшакур низ худ аз шоирони пешин ва ё ҳамзон мазмунҳое ба орият гирифтааст. Чунон ки мазмуни ин байти Рўдакиро, ки аз «Калила ва Димна » – и ўст ва зоҳиран сароѓози он китоб аст.
Ҳар ки наомўхт аз гузашти рўзгор…
Гирифта ва дар иборати дигар инчунин ҷилвагар сохтааст:
Магар пеш биншондаат рўзгор,
Ки беҳ з-ў наёбӣ ту омўзгор.
Аз маҷмўи суханони бозмондаи шоир бар меояд, ки ҷуз аз «Офариннома» чанд манзумаи дигар дар баҳрҳои мухталиф ва ҳам қасоиду қитъаҳо ва аҳёнан ѓазалиёте ба авзони гуногун доштааст, ки байтҳои мавҷуд гувоҳи ин аст.
«ОФАРИНОМА»
Хирадманд донад, ки покию шарм
Дурустию родию гуфтори нарм
Бувад хўйи покону хўйи малак
Чи андар замину чи андар фалак.
Хирадманд гўяд хирад подшост,
Ки ба хосу бар ом фармонравост.
Хирадро тани одамӣ лашкар аст,
Ҳама шаҳвату орзу чокар аст.
Хирад чун надонӣ, биёмўзадат,
Чу пажмурда гардӣ, барафрўзадат.
Хирад бе миёнчию бе раҳнамой
Бидонад, ки ҳаст ин ҷаҳонро Худой.
Хирадманд гўяд: Ман аз ҳар гурўҳ
Хирадмандро беш дидам шукўҳ.
Хирад подшоҳе бувад меҳрубон,
Бувад орзу гургу ў чун шубон.
Бад-он кўш, то зуд доно шавӣ,
Чу доно шавӣ, зуд воло шавӣ.
На донотар он кас, ки волотар аст,
Ки волотар он кас, ки донотар аст.
Шунидам, ки бошад забони сухан
Чу алмоси буррону теѓи куҳан.
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сўроҳ берун кашад морро.
Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,
Сухан талҳу ширину дармону дард.
В-аз ангушти шоҳон сафолин нигин
Бадахшонӣ ояд ба чашми кеҳин.
Сухан чун на бар ҷой гўё шавад,
Мар он пойгаҳро, ки ҷўё шавад.
Бари ҳар сухан бори гўё шавад.
Чунок к-оби дарё ба дарё шавад.
Сухан, к-аз даҳон ноҳумоюн ҷаҳад (мисраи дигар афтодааст)
Ба душман барат устуворӣ мабод,
Ки душман дараҳт аст, талҳ аз ниҳод.
Зи душман, гар эдун, ки ёбӣ шакар,
Гумон бар, ки заҳр асту ҳаргиз маҳ (в) ар.
Ҳар он кина, к-аз дил бувад хоста,
Набинад-ш ҳаргиз касе коста.
Касеро, ки дорад нигаҳдори хеш,
Бигў, кори худро нигаҳ дор беш.

#

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.