Робиаи Балхӣ, Кисоии Марвазӣ

Робиаи Балхӣ. Робиа духтари Каъби Қуздорӣ аввалин суханварест аз ҷумлаи занон, ки номи ў дар радифи шоирони форсӣгўй зикр шудааст. Ў аз муосирони Рўдакӣ буд. Шайх Аттор дар маснавии «Илоҳинома» достоне аз зиндагии ў нақл кардааст, ки беасос буданаш ба ҳақиқат наздиктар менамояд, вале мазмунаш ѓазалҳои шўрангезу равони Робиаро тавзеҳ медиҳад.

Ба гуфтаи Аттор Робиа духтари ҳокими Балх буд. Баъди марги падар бародари бузургаш Ҳорис ўро сарпарастӣ мекард. Робиа ба Бектош ном ѓуломи бародараш ошиқ шуда ва дар ишқи ў шеър мегуфт. Вақте ки асрори ошиқон фош гардид, бо фармони Ҳорис Робиаро дар ҳаммоми тафсон андоҳта, раги ҳунашро буриданд ва ў ҳалок шуд. Ризоқулиҳони Ҳидоят ҳам дар ин мавзўъ манзумае ба номи «Гулистони Ирам» навиштааст.

Аз Робиа 7 ѓазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт боқӣ мондааст.

Зи бас гул, ки дар боѓ маъво гирифт,

Чаман ранги «Аржанг»- и Моно гирифт.

Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,

Ҷаҳон бўи мушк аз чӣ маъно гирифт?!

Магар ҷашми Маҷнун ба абр- андар аст,

Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.

Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ

Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.

Қадаҳ гир чандею дунё магир,

Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт.

Сари наргиси тоза аз зарру сим

Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.

Чу раҳбон шуд андар либоси кабуд

Бунафша, магар дини тарсо гирифт?!

Кисоии Марвазӣ. Ҳаким Абулҳасан Маҷдуддин Кисоии Марвазӣ аз шоирони тавонои порсигўй дар нимаи дувуми қарни ҷаҳорум будааст. Вилодаташ ба соли 341ҳ. (953м.) дар Марв иттифок афтод ва Чун ба пирӣ расида ва умри зиёд карда буд, бояд қоидатан чанд соле аз оѓози қарни панҷумро низ дарк карда бошад ва бинобар ин зиндагонии ў дар авохири даврони Сомонӣ ва авоили аҳди Ѓазнавӣ сипарӣ шудааст. Вай дар огози кор шоире маддоҳ буд ва аз мадоеҳи ў китаоте дар тазкираҳо мавҷуд аст, вале дар авохири умр аз ин кор пушаймон шуд ва дар ашъори худ ба мавъиза ва андарз таваҷҷўҳ кард ва дар ин роҳ пешво ва пешқадами Ҳаким Носири Хусрав гардид ва ишороти мутааддиди Носири Хусрав ба ў ва ба ашъори ў ва ҷавоб гуфтани баъзе аз қасоиди мадҳии вай ҳама далоили бориз бар пайравии он устоди тавоно аз ин шоири чирадаст аст. Аз ашъори Кисоӣ чандон боқӣ намонда ва маҷмўи ашъораш иборат аст аз он чӣ дар тазкираҳо ва кутуби луѓату адаб омадааст ва аз ҳамаи онҳо устодӣ ва маҳораташ дар суханварӣ лоеҳ аст. Вай бетардид яке аз устодони мусаллами аҳди худ буда ва дар ибдоъи мазомину баёни маъонии борик ва тавсифоти ѓаниву эроди ташбеҳоти латифи табии қудрати бисёр доштааст. Илова бар ҳамаи ин чирадастиҳо аҳамияти хоси ў дар ифтитоҳи боби мавъиза ва андарз дар шеъри порсист ва агарчи устоди Самарқанд зимни ибдоъи басе аз анвоъи шеъри порсӣ дар ин роҳ низ қадам гузорида буд, лекин Кисоӣ аввалин касест, ки қасоиди хосеро бад-ин маънӣ ихтисос дода ва дар онҳо маъонии ҳикамиро матраҳ соҳта ва муқаддимаи зуҳури шоири моҳире чун Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар ин замина гардида буд. Аз ашъори ў ба эроди ин абёт иктифо мешавад:

Рўз омаду аломати масқул баркашид,

В-аз осмон шамомаи кофур бардамид.

Гўӣ, ки дўст куртаи шаъри кабуди хеш,

То ҷойгоҳи ноф ба амдо фуру дарид.

Хуршед бо Суҳайл арўсӣ кунад ў ҳаме,

К-аз бомдод кулаки маскул баркашид.

В-он акси офтоб нигаҳ кун алом-алом,

Гўӣ ба лоҷвард маи сурх барчакид.

Ё бар бунафшазор гулнор соя кард,

Ё барги лолазор ҳаме барфитад ба ҳед.

Ё оташи шуоъ зи матриқ фурўхтанд,

Ё парниёни лаъл касе боз густарид.

Чун ҳуш бувад набид бар ин теѓи офтоб,

Хоса, ки акси он ба набид андарун падид.

Ҷоми кабуду сурҳ набид ор, к-осмон

Гўӣ, ки ҷомгоҳи кабуд аст пурнабид.

Ҷоми кабуду сурх набиду шуьои зард

Гўӣ, ки шакриқ асту бунафша асту шанбалид.

Он равшани, ки чун ба пиёла фуру чакад,

Гўӣ ақиқи сурх ба луълу фурў чакид.

В-он софие, ки ба кафи даст чун бар ниҳӣ,

Каф аз қадаҳ, надони, не аз қадаҳ, набид.

Гул неъматест ҳадя фиристода аз биҳишт,

Мардум каримтар шавад андар наъими гул.

Эи гулфурўш, гул чӣ фурўшӣ ба ҷои сим,

В-аз гул азизтар чӣ ситонӣ ба сими гул.

Бар пилгўш қатраи борон нигоҳ кун,

Чун ашки чашми ошиқи гирён ҳаме шуда.

Гўӣ, ки парри бози сапед аст барги ў,

Минқори баз луълуи носуфта барчӣда.

Дасташ аз парда бурун омад Чун очӣ сапед,

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.