Афсонахои точики

Афсонаи «Эрачи тилисмшикан»

Дар яке аз мамлакатҳои Шарқ марди ҳунарманде буд, ки Хирадманд’ ном дошт. Вай дар Хатлон2 зиндагӣ мекард. Чанде нагузашт, ки ӯ дар ҷанги деву турониён асир гардид ва аз вай дигар хабаре нащуд. Ӯ як писар ва чор духтар дошт. Писараш дусола буд ва Эраҷ ном дошт. Аз хурдсолӣ дар вай осори шуҷоатмандӣ ва зиракӣ дида мешуд. Вақте ки ба синни ҳафт расид, ӯро модараш ба мактаб дод. Дар муддати як сол аз ҳамдарсони худ пешқадам шуд. Ҳамаи кӯдакон ӯро нағз дида, дар вақти истироҳат ва танаффус ба гирди ӯ ҷамъ гардида, дар ҳар коре аз вай ёрӣ ва мадад металабиданд. Ин бача чашмони сиёҳи ҷозибанок, сурати гандумранг ва қомати зебо дошт.

Чун ба синни 11 расид, дар байни бачагони мактаб дар далерй, ҳушёрӣ ва зиракӣ ба мартабаи аъло соҳиб шуд.

Рӯзи иди Наврӯз3 табиат тамоми зебоиҳои худро намоиш медод, бачагон ҳам ҳар як ба андозаи даркорӣ худороӣ намуда, мисли гулҳои баҳор шукуфта буданд. Тамоми бачагон дар боғ ба гирди Эраҷ ҷамъ омаданд. Эраҷ гӯё Офтоб ва бачагони дигар ситораҳои дурахшанда буданд, ки гирди ӯро печонда гирифта буданд. Ҳамаи онҳо дар як боғи зебое, ки пур аз гулҳо буд, сайру гашт ва ҳар гуна бозиҳо мекарданд.

-6-

Аввалин бозие, ки дар ин майдон сар шуд — ] ӣ ва ҷавгонбозӣ4 буд. Падарони бачагон барои дидани бозии онҳо омада буданд. Дар ин бозӣ Эраҷ чанд бор гуйро аз шарикони худ бурд.

Барои тирандозӣ чандин тяр ва камонҳо ҳозир карданд. Дар ин бозӣ як ангуштаринро нишона монданд ва гуфтанд, ки ҳар кас тирро аз ангуштарин гузаронад, бозиро бурдагӣ ҳисоб мешавад. Ҳар яке аз бачагон тиру камонро гирифта, ба нишон нигоҳ карда тир андохтанд. Танҳо Эраҷ ва ду нафари дигар тирро аз халқаи ангунггарин гузаронда тавонистанд. Эраҷ гуфт: — Ин чандон кори душвор нест, ман метавонам се тирро ба ҳамдигар дузам.

Ҳама ба тарафи вай нигоҳ карданд. Эраҷ тиру камонро гирифта пои чапашро сутун кард ва ҷуссаашро камтар ақиб партофта тири аввалиро ба дарахт зад, тири дуюмро ба тани тири якум ва тири сеюмро ба тани тири дуюм зад.

  • Офарин, қандата зан! — гуфтанд.

Ҳар яке аз падарони бачагон ба писарони худ ҳадяҳо дода, пешонаи писари худро бӯсиданд ва аз дасти фарзандҳояшон гирифта ба тарафи хонаи худ рафтанд.

Эраҷ дар миёни бог танҳо монд, касе ба вай ҳадя ҳам надод, аз пешонааш набӯсид ва ҳамроҳаш набурд. V бо тааҷҷуб ба атрофи худ нигоҳ мекард. Аз ин аҳвол рангаш дигаргун ва пажмурда гапгг. Чашмони ҷозибанокаш сурх шуда, дар онҳо об чарх зад. Як оҳи сарде кашиду ба тарафи хонаи худ равон шуд ва дар дилаш мегуфт:

  • Агар ман ҳам падар медоштам, бо ин ҳунари худ аз ҳама зиёдтар навозиш медидам.

Модараш ӯро дар хона интизор буд. Эраҷ ба хона расида, ба модари худ салом дод ва дигар ҳеҷ чиз нагуфта, маъюсона ба гӯшае нишаст ва ба фикр фурӯ рафт. Модараш, ки ин аҳволро дид, аз парешонии аҳволи фарзандаш ба андеша афтод ва якбора писари хӯдро ба оғӯш капшда, пешонаи ӯро бӯсид ва гуфт:

  • Эраҷи азизам, ниҳоли бахтам! Чӣ шуд, ки дар ин рӯзи Наврӯз, ки тамоми бачагон хурсанданд, ту афсурда ва ҳеҷ бо модари худат сӯҳбат намекунй? Гӯй, чӣ шуд?
  • Зиёда аз ин чӣ мешуд? Модари меҳрубон, ту ҳам агар имрӯз дар боғ мебудӣ ва аҳволи маро медидй, аз ман бисёртар ғамгин мешудй.

Ин гапи Эраҷ аз ҳама зиёдтар хотири модарашро парешон сохт. Модараш ӯро ба огӯшаш кашида зорӣ кард, ки сабаби ғамгинии худро гуяд. Эраҷ он воқеаро, ки дар боғ гузашта буд, гуфт. Ва ин ба модари вай ҳам сахт таъсир кард, лекин ӯ фарзандашро дилбардорӣ намуда гуфт:

  • Писараки азизам! Ғам нахур, падари ту ҳам ба наздикӣ аз сафар гашта меояд.

Эраҷ чун калимаи «падар»-ро шунид, оҳи сарде кашид ва малолангезона гуфт:

  • Сафар ҳам ҳамин қадар дароз мешавад? Аз рузе, ки ман худро шинохтам, падарамро надидам ва ту ҳар вақт маро бо ваъдаи «аз сафар меояд» тасалло медиҳӣ.

Вақти хӯроки шом шуд, ба пеши Эраҷ хурок монданд.

-Ман хурок намехӯрам — гуфт.

-Чаро? — пурсид модараш.

  • То нагуӣ, ки падарам куҷо рафтааст, чӣ гуна сафар карда ва каӣ меояд ва чӣ хел нишона дорад, ман хӯрок намехӯрам. Бояд ҳақиқати воқеаро гӯӣ, падарам зиндааст ё мурда? Ин саволи ҷиддӣ ва мутаассиркунандаи5 Эраҷ хоҳаронашро ҳам аз хӯрок хӯрдан‘боздошт.
  • Писари азизам! Падари ту марди ҳунарпеша буд. Қомати баланд, тану бозувони тавоно, чашму абрӯвони сиёҳ, чеҳраи кушод дошт. Вай доимо барои озодии ҳамватанони худ бо девҳо, ки душманони мо ҳастанд, ҷанг мекард. Ҳоло чанд сол аст, ки дар қалъаи Ҳазар дар тилисми девҳо асир аст.

Эраҷ бо шунидани калимаи «дев» ва «тилисм» ҳайратомезона ба модари худ гуфт:

  • Модарҷон! Дев ва тилисм чист?

Модараш ҷавоб дод:

  • Ба тавре, ки шунидаам, девҳо махлуқҳои бисёр бадҳайбат, хунхур, золим ва бераҳм ҳастанд. Чашмҳои калони бадҳайбат, дандонҳои дарози тез ва шох доштаанд, гӯшҳояшон монанди гӯши гов будааст, Сӯрохи биниашон монанди қубур ва даҳонашон монанди гор аст. Дар ҳар ҷо касеро, ки диданд, уро асир карда аз меҳнати ӯ ишкамҳои калони худро сер мекунанд. Душмани осоишии халқи кишвари мо ҳастанд. Одамони осударо чӣ дар хушкӣ ва чӣ дар об ноосуда мекунанд. Ҷои онҳо дар ҷазирае будааст, ки атрофи онро тамоман об печондааст. Ҳар вақт, ки аз ин ҷазира берун омаданӣ шаванд, парида ба ҳаво мебароянд ва худро монанди балоҳои осмонӣ ба хушкӣ мерасонанд.

Ин ҳикоят диққати Эраҷро боз ҳам бештар ҷалб кард ва ӯ гуфт:

  • Чӣ будани девро як қадар фаҳмидам, аммо ту гӯй, ки тилисм чист?

Тилисм бандест, ки девон бо ҷоду ва фиреб барои муҳофизати худ ва асирони турониён сохтаанд. Аз санг ва оҳан қалъаҳо бино мекунанд. Ба он ҷо рафтан ва аз он ҷо баромадан ба осонӣ муяссар намешавад.

Эраҷ дузону нишаста, бо як ҳолати тааҷҷубомез аз модараш пурсид:

  • Модарҷон! Оё девҳоро куштан ва он тилисмҳоро шикастан мумкин-аст?

Албатта! Падарат мегуфт, ки агар халқ иттифоқ шавад, девҳоро куштан, тилисмҳоро шикастан ва аз зулми онҳо ҳамаро абадӣ халос кардан мумкин аст. Ҳар гоҳ, ки девҳо нест карда шаванд, халқ хотирҷамъ ва осуда зиндагӣ хоҳад кард.

Ин ҷавоби охирини модар ба Эраҷ рӯҳи қавӣ бахшида, дар дили ӯ умеди шикастани тилисм ва куштани девҳоро пайдо кард.

Иди Наврӯз ба охир расид, боз дарс сар шуд. Эраҷ руз аз рӯз ба дарс зиёдтар аҳамият медод. Илова бар ин, ҳамеша фикраш ба ҷанги девон банд буд. Аз он рӯз сар карда бозиҳои вай иборат аз тирандозӣ, гӯштингирӣ шуд. Кам-кам ин ҳол ба дараҷае расид, ки ҳамаи бачагонро ба камону каманд сохтан маҷбур кард. Бачагонро лашкари худ ва худро сарлашкар тасаввур мекард. Бачагон ҳам ба раъйи ӯ мувофиқат мекарданд. Бачаҳоро ба д} гурӯҳ ҷудо карда, як гуруҳро лашкари дев ҳисоб намуда, бо онҳо ҷанг мекард. Баъзе бачаҳои бадрафторро, ки бачагони камқувватро азоб медоданд, «дев» гуфта хитоб мекард. Ҳар шаб дар хона нақшаи наве кашида, рӯз дар байни бачагон онро ба амал мебаровард.

Иди Наврӯз буд, халқ дар майдон ҷамъ омад. Эраҷ ҳам бо рафиқони худ бо як тартиби муназзами сипоҳӣ ба майдони гӯштингирӣ ҳозир шуд. Гуштингирӣ сар шуд ва аз ҳар тараф карнаю нагора навохтан гирифтанд. Паҳлавонони деҳа тараф шуда гуштин мегирифтанд. Ногаҳон пахдавони деҳаи Эраҷ ба замин афтод. Эраҷ инро дида он паҳлавони деҳаи ҳамсояро ба дев монанд карда:

  • Ҳа дев! — гуён бейхтиёр ба майдон даромад.

Паҳлавони деҳаи ҳамсоя дид, ки як бачаи 15-16-сола ба

майдон даромад, аз гупггиш ирӣ худцорӣ карда гуфт:

  • Ту бача ҳастӣ, бо бачагон гуштин гир!

Ин гапи вай ба Эраҷ сахт расид ва ӯ гуфт:

  • Бачаам ё не, корат набошад, ҳунаратро нишон деҳ!

Инро гуфту бо дасти рости худ дасти пахдавонро гирифта

чунон ба тарафи худ кашид, ки вай аз Эраҷ ду-се қадам гузашта рафт. Паҳлавон ҷиддӣ будани гӯштинро фаҳмида ба Эраҷ даровехт. Эраҷ аз гиребони пахдавон гирифта, ӯро ба тарафи худ сахт кашида хам шуд ва сипас аз болои сараш гузаронида ба замин зад ва худ мисли шоҳин ба болои синаи вай баромада ншпаст. Аз ҳар тараф садои чапакзанӣ ва сурнаю карнаӣ баланд шуд. Раиси деҳа ва чандин одамони дигар ба вай инъомҳо (мукофотҳо) доданд ва Эраҷ он инъомҳоро ба сурнайчиён бахпшд.

Он рӯз Эраҷ дар аспдавонӣ ва тирандозӣ ҳам ҷои якумро гирифт. Дар охири маърака аз тарафи раиси деҳаи Эраҷ ба вай аспи гулибодом инъом шуд. Ҳама ба хонаҳои худ баргаштанд ва аз ҳамон рӯз номи Эраҷ машҳур шуд.

Иттифоқо, пас аз чанд рӯз корвони деҳаи Эраҷро роҳзанон горат карданд ва раиси деҳа Эраҷро бо чанд кас барои дастгир кардани роҳзанон фиристод. Эраҷ гуфт:

  • Бай-бай, ин муқаддимаи ҷанги девон аст.

Вай бо панҷ кас ба муқобили 15 роҳзан рафт. Вақте ки ба наздикии роҳзанҳо расиданд, роҳзанҳо дар истироҳат буданд. Чун шаб торик буд, то дами субҳ сабр карда, чор касро барои гирифтани пеши роҳи роҳзанҳо монд ва худаш бо як кас ба онҳо ҳамла овард. Ҷанги сахте ба вуқӯъ пайваст. Роҳзанҳо хеле саросема шуданд. Чор нафари роҳзанҳо кушта шуданд, боқимондагон хостанд гурезанд, лекин ба дасти он чор каси Эраҷ мондагӣ асир афтоданд. Яке аз роҳзанҳо мехост гурезад, вале Эраҷ чунон ба паси гардани ӯ бо мушт зад, ки вай ба замин афтод ва ҳамон лаҳза ҷон дод. Дигаронро бо ҳамаи чизу чора ба деҳа оварданд. Ахди деҳа ба роҳзанҳо ҷазо доданӣ шуданд. Эраҷ гуноҳи онҳоро талабида, ба роҳзанҳо гуфт:

  • Шуморо ба ҳамин шарт озод мекунем, ки дигар аз талаву тороҷи молу ҳоли халқ даст кашед, ки ин кори девони хунхор аст.

Эраҷ дар ин ғалабаи худ як шамшер инъом гирифт ва ба аспаш савор шуда ба хонааш рафт.

Адовати девҳо дар дили Эраҷ рӯз то рӯз зиёд мешуд ва ӯ худрю ба ҷанги девон тайёр мекард. Акнун вай 17-18-сола шуда, ҳамаи ҳунарҳои ҷангиро омӯхта буд.

Як рӯз субҳи барвақт Эраҷ ба модараш гуфт:

  • Хуб, ман рафтам!

Модараш ва дигарон гумон карданд, ки Эраҷ ба шикор меравад.

  • Хайр, саломат бозгард! Мунтазирем, ки аз шикор зуд баргардй, — гуфтанд.

Эраҷ хандид ва дасти модарашро бусид, ба аспи худ савор шуд ва ба тарафи саҳро равон гашт.

Қаҳрамонии Эраҷ

Эраҷ чандин шабу рӯзро дар кӯҳу саҳроҳо гузаронид. Худаш ва аспаш монда шуда, дар лаби чашма дар зери дарахте фуромада дам гирифт, фикр карда, худ ба худ мегуфт:

  • Эраҷ! Дев куҷо, тилисм куҷо, каӣ мебинй, бе роҳбар куҷо меравй?

Дар ин андеша буд, ки ногоҳ чашмаш ба тарафе афтод, дид, ки шахсе дуртар, дар домани кӯҳ, дар лаби чашмае нишастааст. Эраҷ тааҷҷуб карда:

  • Ин шахс кӣ бошад? — гуфту аз ҷои худ хест ва ба тарафи ӯ рафт. Лекин он шахс ба ӯ нигоҳ накарда, машғули хондани чизе буд. Эраҷ бодиққат нигоҳ карда дид, ки вай пирамарди хушсурату нуронӣ ва тануманд аст. Эраҷ боадабона ба вай салом дода росг исгод. Он шахс сари худро бардошта, ҷавоби саломи уро дод ва:
  • Бинишин! — гуфт ва боз ба хондани китоб машғул шуд. Пас аз чанд дақиқа сари худро бардошта ба тарафи Эраҷ нигоҳ кард ва аҳволпурсӣ намуда гуфт:
  • Аз куҷо меоӣ ва ба куҷо меравӣ?
  • Ман ҷавони сайёҳ ҳастам, сайругапгг мекунам. — гуфт Эраҷ.

Пирамард гуфт:

  • Эраҷ ҳақиқати гапро гӯй! Ҳал шудани мақсади ту ба дасти ман аст.

Эраҷ ҳайрон ва дар ташвиш буд, ки ин пирамард ном ва мақсади ӯро аз куҷо донист, ҳарчанд хост, ки худдорӣ кунад, аммо натавониста саргузашти худро як ба як гуфта дод. Он мард бихандид ва гуфт:

  • Албатта ба мақсад мерасй.

Эраҷ ҳарчанд мехост кӣ будани ин шахси бузургро пурсад, вале шарм кард, танҳо ҳамин қадар гуфт:

  • Эӣ падари азиз, дар ин макон барои чӣ танҳо нишастаед?

Пир ҷавоб дод:

  • Ман дар ҳар ҷои хуб метавонам истиқомат кунам, вале ба ин ҷо барои хизмат кардан ба тӯрониён ва баркандани асоси зулми девон, барҳам задани тилисм ва домҳои онҳо омадаам.

Эраҷ чун номи дев ва тилисмро шунид, аз ҷои худ хеста, таъзим дода хомӯш истод ва дар дили худ мегуфт, ки ин пирамард дар кори ман роҳбарӣ карда метавонад. Ман бояд аз ӯ мадад хоҳам. Он шахс Эраҷро ба нишастан амр карда гуфт:

  • Эраҷ! Ман аз нияти ту огоҳ ҳастам ва ба ту роҳбарӣ хоҳам кард. Лекин дар пешомадҳо қавидил бош ва ба дурустӣ қадам мон! Бе фидокорй, далерй, ҷасурӣ ва бе кӯшиш ба мақсад расидан мумкин нест.

Эраҷ сари ҳудро тасдиқомез меҷунбонд.

Он шахс баъд аз ин гуфтаҳо аз тарафи рости худ шамшереро гирифта ба ӯ дод.

  • Ташаккур, эӣ падари азиз! — гуфт Эраҷ.

Пир чун ин суханро шунид, муҳаббаташ ба вай зиёд шуд ва бо дасти худ шамшерро ба камари ӯ баста, пешонаашро бусид.

  • Шин ва аввалин роҳнамоиро шунав! — гуфт ӯ ба Эраҷ.

Эраҷ боадабона дузону нишаст ва бо майли тамом мунтазири

роҳнамоӣ шуд.

Пир гуфт:

  • Эраҷ, ин шамшере, ки ман ба ту додам, хислатҳои зиёд дорад. Аввал он ки ба ҳар оҳан ё пӯлоде занӣ, бурида мегузарад. Дуюм, захми вай бо ҳеҷ даво дуруст намешавад. Сеюм, агар ба дасти душман афтад, бодирингеро ҳам намебурад. Инро шамшери «Ҷонситон» меноманд. Мана ин дафтар ҳам аз они ту, роҳи ҳалли ҳар мушкилие, ки ба ту пеш меояд, дар ин дафтар навишта шудааст.

Вақте ки Эраҷ дафтарро кушод, дар он ба ғайр аз чанд варақи сафед дигар чизеро надид. Вай ҳайрон шуд, лекин чизе нагуфт. Он шахс гуфт:

  • Чӣ дидӣ?
  • Ғайр аз коғази сафед чизе нест, — гуфт Эраҷ.
  • Он чӣ ба ту лозим аст, дар вай навишта шудааст ва он танҳо дар вақти зарурат ба назари ту менамояд. Эраҷ, фардо ба аввалин тилисми девон дучор мешавӣ. Ту бояд дар шикастани ин тилисм ба одамизод ёрӣ расонӣ ва аввалин шуҷоати худро нишон диҳӣ.

Эраҷ аз ҷои худ хесга ба вай таъзим намуд ва хост, ки номи ӯро пурсад, лекин пир аллакаӣ аз назар ғоиб шуда буд.

Эраҷ аспи худро савор шуда ба тарафе, ки пир нишон дода буд, равон шуд. Вақти субҳ ба доманаи кӯҳе расид, ки дар болои он куҳқалъаи баланди сиёҳ менамуд ва дар муқобили он қалъа чандин тӯрониён бо парчамҳо намоён буданд. Эраҷ ҳам дар канорае ҷоӣ гирифт ва мунтазири пешомад шуд.

Вақте ки Офтоби оламтоб бо нури худ оламро мунаввар сохт, аз тарафи лашкари тӯрониён садои карнаю табл баланд гашт. Ногоҳ дари қалъаи сиёҳ кушода шуд, чандин ҳайкали ваҳшатангезе намудор шуда, ба муқобили лашкари тӯрониён саф оростанд. Аз он тараф низ карнае навохта шуд, ки аз вай садои ҳайвонӣ шунида мешуд. Аз ин садои даҳшатнок аспи Эраҷ рамид ва ӯ маҷбур шуда ба асп савор шавад. Вақте ки наздиктар рафта бодиққат нигоҳ кард, дид, ки он чизе, ки аз модараш дар ҳаққи девҳо шунида буд, дар симои ин гурӯҳ намоён аст. Дар ин вақт аз тарафи лашкари тӯрониён ҷавони зебои тануманде ба аспе нишаста ба майдон даромад. Тамоми бадани ин ҷавон бооҳан пӯшида шуда ва ба сар низ кулоҳи оҳанин дошт. Каманду камон ба китф, найзае ба даст ва шамшере ба миён карда буд. Вай ба муқобили лашкари дев истода, мубориз талаб кард. Ногоҳ аз тарафи девон як нафар филсавор ба болои сари худ як санги осиёб гузошта, бо гурзи ҳафсадмании каллаи говмонанд ба майдон даромад ва чунон наърае зад, ки ҳамаи аспон рамида аз ҷоӣ ҷастанд ва замин ба ларза даромад. Ҷавони тӯронӣ чун худро дар муқобили деви кӯҳпайкар дид, далерона аспи худро ба пеш ронда, бар зидци вай шамшер бардошта, ба ҷанг даромад. Дев низ фили худро ба ҳаракат дароварда, шамшери ӯро бо сипар рад намуд. Дев бо гурз ба вай ҳамла кард. Ҷавони далер худро ба зери сипар пинҳон кард ва дев ба сари ӯ бо газаб чунон гурзе зад, ки миёни аспаш шикаст ва аз зарбааш замину кӯҳ ларзида рафт. Дар ин вақт фавран ба ҷавон аспи дигаре аз тарафи лашкари Турон расони- данд. Вай худро зуд ба болои асп гирифт ва бо шамшери даҳгазӣ ба китфи рости дев чунон зад, ки аз бағали чапи вай гузашт ва дев мисли кӯҳ ба замин ғалтид.

image3

Чанд деви дигареро, ки аз паси ӯ ба майдон даромада буданд, бо як зарби шамшер сар аз тан ҷудо кард. Ногоҳ аз тарафи ӯрдуи девон Ҳенгил ном дев, ки дар зӯрмандӣ ба чандин дев баробар буд, ба майдон даромада ба он ҷавон ҳамла намуд ва бо каманд вайро аз рӯи асп ҷудо карда ба қалъа бурд. Худ боз ба майдон омада истод ва мубориз

талаб кард. Чандин тан аз лашкари Турон ба майдон даромада, баъзе дастгир ва баъзе кушта шуданд. Дар охир Беҳбуд ном пахдавони намангонӣ, ки дар зӯрӣ ба чандин пахдавон баробар буд, ба майдон даромад. Вай бо шамшери худ ба Ҳенгилдев ҳамла карда гуфт:

  • Эй, Ҳенгилдев! Агар ҳазор ҷон допгга бошӣ ҳам, аз дасти ман зинда намемонй!

Ҳенгил бо вай низ ба ҷанг даромад. Хеле ҷанг карданд. Ҳеҷ яке ба дигаре зафар наёфт. Баъд аз ин ба якдигар каманд андохта ба тарафи худ кашиданд. Дар ин вақт ногоҳ пои аспи Беҳбуд ба сӯрохе фурӯ рафт ва ӯ аз асп афтод. Ҳенгил вақтро ғанимат дониста, бо найза ба кафи пои Беҳбуд зад ва ӯ захмдор шуда бозгапгг. Дев боз фарёд бароварда, ҳариф талаб намуд. Сардори кӯшуни Турон — Фирӯз мехост ба майдон дарояд, вале Эраҷ тоқат карда натавониста, аспро чунон зад, ки дар як тохт аз болои сари дев парида гузашт. Ӯрдуи дев ва Тӯрон, ки то ҳол чунин касеро надида буданд, ҳайрон шуда, ба ин муборизи нав нигоҳ карданд. Эраҷ аспи худро ба атрофи дев чор бор давр занонда, ба муқобили дев рост истод ва гуфт:

  • Бисёр шодам, ки туро ёфтам, кайҳо боз дар ҷусгуҷӯят будам ва кинаи туро дар дил мепарваридам.

Ҳенгил ханда карда гуфт:

  • Ту агар марди майдон мебудй, бо худ сипару зиреҳ медоштй!

Эраҷ гуфт:

  • Он чӣ ба ман лозим аст, дар ту ҳаст, пас, ман аз ту хоҳам гирифт.

Дев барошуфт ва бо найза ба ӯ хуҷум кард. Эраҷ бо як зарба найзаи ӯро катида гирифга ба замин партофт. Ин дафъа гурзи дев чунон ба замин зад, ки агар ба кӯҳ мерасид, куҳро пора- пора мекард. Эраҷ гуфт:

  • Акнун навбати ман аст.

Ӯ аспро пеш ронда. ба рикоб чунон зад, ки ду цои пеши аспи Эраҷ ба китфи фили дев баробар шуд, пас бо шамшери «Ҷонситон» бо зарб ба даҳани Ҳенгил зад, ки сараш ҳазор газ парида рафт ва танҳо ҷоғаш ба гарданаш овезон монд. Инро дида лашкари Тӯрон табли шодӣ заданд ва аз тарафи девҳо се бародари Ҳенгил якбора ба Эраҷ ҳуҷум оварданд. Гарду ғубор дар майдон баланд шуд. Эраҷ бо чобукӣ ба яке аз онҳо ҳамла бурда, найзаро аз дасти вай гирифт ва ба синаи дев зад. Дев

фарёди ҷонкоҳе бароварда ба замин афтод ва он гоҳ ду бародари дигари дев якбора ба Эраҷ ҳуҷум карданд. Эраҷ монанди шоҳин аз тарафи рост ва чап ба ҳар ду ҳуҷум карда, якеро аз камар ду тақсим кард ва дигареро аз фарқ то нӯги по бо аспаш ду баробар сохт ва нӯги шамшераш ба замин панҷ газ фурӯ рафт. Ҳуртундев, ки сардори девҳо буд, ба ҷанги маглуба фармон дод. Фирӯз ҳам бо ёрии ин ҷавони номаълум қушуни Тӯронро ба ҷанги мағлуба фармон дод. Ҷанги мағлуба оташ гирифт. Ҳеҷ кас касеро намедид. Вақте ки шаб шуд, аз ду тараф табли бозгашт зада шуд. Дар ин ҷанг аз лашкари Тӯрон 2772 кас кушта шуда буд. Ҳар ду лашкар ҳам ба қароргоҳи худ баргаштанд. Эраҷ ҳам ба ҳамон домани кӯҳ баргашт. Ҷанговарони лашкари Тӯрон тамоман ҳайрон буданд, ки ин ҷавон аз куҷо омадааст? Девҳо ҳам дар ҳайрат буданд, ки ин барқи сӯзанда аз куҷо пайдо шуд, ки балои ҷони девҳо гашт. Ҳуртун мегуфт:

  • Фардо ӯро ба хок яксон хоҳам кард.

Вақте ки Эраҷ ба майдони доманаи кӯҳ омада ншцаст, чанд кас аз фармондеҳони қушуни Тӯрон ба пеши ӯ омада, ӯро ба хаймаи сардори худ даъват карданд. Эраҷ даъватро қабул намуда, бо онҳо рафт. Ӯро бо иззати тамом ба хайма дохил карданд. Сардори онҳо аз ҷоӣ бархоста аз пахлуи худ ба вай ҷоӣ дод. Бо амри сипаҳсолор дастурхон оростанд. Ҳамаи фармондеҳон аз шуҷоат ва суханронии Эраҷ дар ҳайрат буданд.

Сардори онҳо гуфт:

  • Ҷавони мусофир, аз куҷо меой, ба куҷо рафтанӣ ҳастй?
  • Ман шахси сайёҳ ҳастам, бо мақсади сайёҳат ин ҷо омадам.
  • Куҷоӣ ҳастӣ?
  • Тӯронӣ.
  • Аз куҷои Турон?
  • Аз Хатлонзамин.

Эраҷ дар навбати худ ба онҳо савол дод:

  • Ин лашкар лашкари кист ва мақсад аз ин ҷанг чист?
  • Ин лашкари мамлакати Тӯрон аст! Барои барҳам додани душмани турониён— девҳо ҷанг карда истодааст, то ки тамоми халқи ин мамлакат аз ҷабру зулми онҳо халос шавад.

Эраҷ бихандид ва гуфт:

  • Ягона мақсад ва орзуи ман низ ҳамин аст. Азбаски ман фарзанди ҳамин ватан ҳастам ва мақсади ҳамаи мо як аст, фардо дар роҳи ин мақсад ҳунарҳои худро нишон медиҳем.

Шикасти тилисм

Сардори лашкари Турон ҳангоми хоб хеле хушҳол буд. Ӯ ба лашкари худ омадани Эраҷро фоли нек донист.

Аз шодӣ Эраҷро ҳам хоб намебурд, бо ин лашкар тасодуф омадан ва дар рӯзи аввал кушта шудани Ҳенгилдевро барои худ фоли нек ҳисоб кард.

Дар ҷониби девҳо Ҳуртундев монанди хирси тирхӯрда гурриш намуда, аз зарбаи дируза дар таҳлука монда буд. Бо фармони Ҳуртундев тамоми ҷодугарон ва саркардагони сипоҳи девон ҷамъ шуданд. Дар маҷлис Ҳуртун бо тамоми овози пурдаҳшати худ наърае кашида «имшаб худамро хоҳам кушт» гуфт ва рӯ ба ҷодугарон оварда:

  • Солҳост, ки неъмати давлати девонро хӯрдед, акнун вақте расидааст, ки дар ин рӯзҳои хатарнок барои мо ёрӣ диҳед.

Ифрити оташнафас аз ҷоӣ бархоста гуфт:

  • Фардо бо илми ҷоду чунон оташ боронам, ки аз лашкари Турон касе зинда намонад.

Қанноти сангбори ҷоду аз ҷоӣ бархоста, ба Ҳуртун тасаллӣ дода гуфт:

  • Фардо бо илми ҷоду чунон санг боронам, ки ба сари ҳар як сарбози Тӯрон ҳазор санг афтад.

Дигар сардорони лашкари девҳо ҳам дар навбати худ ваъдаҳо дода, ба ҷойҳои худ баргаштанд, вале аз таҳлукаи фардо дар лашкари девҳо касеро хоб набурд.

Ҳуртун аз муҳофизати якум ноумед шуда, ба тариқи махфӣ ба тилисми дуюм ба Говсаридев нома навишта, аз вай мадад хост.

Субҳ ҳанӯз Офтоби оламтоби зарриншуоъ1 набаромада буд, ки Эраҷ аз хоби роҳат сар бардошт ва худро бо либоси одцӣ ороста, дар чилаи лашкари Тӯрон монанди тсӯҳ истод. Лашкари Турон ҷасорати ӯро дида, ба вай муҳаббат баста буд, ҳар яке ба сӯи ӯ нигоҳ мекард. Дар ин лаҳза сардори лашкар аз хаймаи худ баромада, дасти Эраҷро фишурда, ҳолпурсӣ кард.

Дар ин ҳангом аз ду тараф ҳам карнаи ҷанг навохта шуд.

Сипоҳи девҳо аз бисёрӣ майдони ҷангро монанди намади сиёҳ фаро гирифта буд. Лашкари Тӯрон ҳам саф кашид. Аз тарафи турониён ҷавони далери бошуҷоате ба майдон баромада мубориз талаб кард. Аз тарафи девҳо деви зангӣ, ки саркардаи ҳазор дев буд, ба майдон даромад. Ин ду мубориз ба майдон даромада, ба якдигар рӯ ба рӯ шуданд. Дар ин ҷанг шамшеру камону найзаву гурз ба кор нарафт. Ҳар ду аз асп фуромада, камарбанди якдигарро гирифта, ба гӯштингирӣ даромаданд. Ногоҳ Далери Фарғонагӣ як наърае кашида, девро ба замин зад ва бо ханҷар корашро тамом кард. Бо ҳамин аҳвол ҳафт деви калон бо дасти ҷавони фарғонагӣ кушта шуд. Ногоҳ гуруҳи бисёре аз девҳо якбора ба сари ин ҷавон ҳуҷум оварда, ӯро асир карда ба қалъа бурданд. Ин дафъа худи сардори девҳо Ҳуртун ба майдон омада, чунон наърае кашид, ки тамоми замину замон ба ларза даромад ва аспҳо аз даҳшати овози ӯ рамиданд. Ҳуртундев фарёд бароварда:

  • Эӣ тӯронии хирасар! Эӣ қотили Ҳенгилдев! Агар аз мардонагӣ нишон дорӣ, ба майдон даро, то ки гардатро ба ҳаво барорам!

Ҳеҷ кас аз лашкари одамизод ба муқобили Ҳуртун нарафт. Сардори лашкар хост, ки худаш равад.Эраҷ сари роҳи ӯро гирифт:

  • То ман зинда ҳастам шуморо ба майдон рафтан намемонам, — гуфта сипари ӯро ба даст гирифт ва ба майдон даромада чунон асп давонд, ки ғайр аз чанги пои аспи вай касе чизеро намедид. Ӯ монанди уқоб ба муқобили Ҳуртун омада истод ва агар лаҷоми аспашро намекашид, аспаш аз болои сари Ҳуртун гузашта мерафт. Вақте ки чашмаш ба Эраҷ афтод, дилаш ларзид, вале сир боӣ надода хандид ва гуфт:
  • Эӣ кудак, ҳанӯз вақти бо паҳлавонон ҷанг кардани ту нарасидааст!

Эраҷ аз таҳқири вай дар ғазаб шуд ва гуфт:

  • Хандаи охирине буд, ки кардӣ, акнун туро ба пеши Ҳенгилдев мефиристонам!

Ҳуртун аз ин хашмгин шуд ва гурзи ҳафтсадмании худро гирди сар чархонда хост, ки ба сари Эраҷ занад, вале вай бо чобукӣ худро ба зери сипар гирифт ва зарбаи аввалшш ӯро рад намуд. Дар зарбаи сеюм камари аспи Эраҷ шикаст. Ин чунон зарбае буд, ки агар ба кӯҳ мерасид, кӯҳро ба замин яксон мекард. Ӯрдуи ҳар ду тараф гумон карданд, ки Эраҷ тамом шуд. Эраҷ якбора аз зери сипар монанди Офтоби аз паси абр баромада намоён шуд ва ба вай зуд аспи дигаре расонданд. Мисли шоҳин ба руи асп парида бо шамшери «Ҷонситон» ба Ҳуртун ҳамла овард. Ҳуртун худро бо сипар пинҳон кард. Эраҷ ба сипари вай нигоҳ накарда бо шамшер аз зери дасти росташ чунон зад, ки дасти росташ бо сипар сад газ дуртар рафта ба замин афтод. Вай фарёд кашида мадад талабид, тамоми девҳо ба ҳуҷум омаданд. Лашкари Турон ҳам бо фармони сарлашкари худ ба ҳуҷум даромад. Ҷанги мағлуба сар шуд ва сару пои деву одамӣ монанди барги хазон ба замин мерехт. Лашкари девҳо мағлуб шуда, ба тарафи қалъаи тилисм гурехт ва лашкари Турон онро таъқиб намуд.

Ифрити оташнафас ва Қанноти ҷоду душвории аҳволро дида, ба амалиёти худ сар карданд. Якбора аз тарафи тилисм оташу санги беҳисобе мисли борон ба боридан сар кард, лашкари Турон ба назди тилисм рафта натавонист, ҳаво ҳам торик шуд, касе касеро намедид. Аз ин ҳол лашкари Тӯрон ба ваҳм афтод. Эраҷ, ки ба наздики қалъа расида буд, ба оташу санг дучор шуда, дигар пеш рафта натавонист. Ва ногоҳ дафтарчаи устодаш додагӣ ба хотираш омад, онро аз кисааш бароварда нигоҳ кард, дар он чунин навишта шуда буд:

«Эӣ Эраҷ! Ту бо панҷ нафар ҷавони далер ба пушти қалъа гузар, дар он ҷо дар мобайни ғоре Ифрити оташнафас ҳаст. Аз пасаш рафта, ӯро ба даруни тӯрба андоз, ки чашмаш ба ту наафтад ва Қаннотро бо як зарбаи шамшер бикуш ва мағзи сарашро бо худ нигоҳ дор».

Эраҷ аз руи ҳамин дастур Қаннотро кушт. Ифритро ба даруни турба асир кард ва пас аз ин якбора раъду барқ ба вуҷуд омада, ба куҳу оаҳро ғулғула андохт. Бо ҳамин тилисми якум шикаста шуд ва лашкари Турон дохили қалъа гардид ва он девҳое, ки саломат монда буданд, бо ҳамроҳии Ҳуртундеви захмдоршуда дар ҳолати ваҳму тарс ба қалъаи тилисми дуюм паноҳ ёфтанд.

Эраҷ бо чанде аз ҷавонон барои халосии асироне, ки дар зиндони девҳо буданд, рафт. Ҷавонон ҳар яке қулфҳои бузурги зиндонро шикаста, бадаруниондаромаданд, зиндониёни беҳолу бемадор — ҳамватанони худро дидан ҳамоно бо ашки шодӣ пешвоз гирифтанд, ба огӯш кашида бӯсиданд. Эраҷ ҳам маҳбусонро огуш намуда, онҳоро дилбардорӣ менамуд. Вале ӯ дар байни онҳо падарашро нашинохт. Дар ин миён марди тахминан 50-сола, ки тани логар дошт ва базӯр рамақ ба ҷонаш монда буд, бо чашми ҳаросон касеро ҷустучу менамуд. Ин падари Эраҷ — Хирадманд буд. У гӯё дар ин ҷо будани писарашро ҳис менамуд, вале азбаски ӯро аз синни кудакӣ инҷониб надида буд, шинохта наметавонист. Чашмонаш ҳам аз азоби зиндони торики девҳо хира шуда буданд. Дар байни ҷавонони далеру тануманд ситораи Эраҷ ба чашми ӯ гарм метофт. Дар ин вақг яке аз ҷавонон номи Эраҷро гирифта фарёд зад. Ин ба чашми хирагаштаи падар нур, ба тани нимҷонаш қуввату зӯр бахшид ва ӯ бо тамоми қувваташ фарёд зад:

— Писарам, Эраҷ!

Эраҷ ба симои ин мард нигоҳ карда, нишонаҳои падарашро, ки модараш гуфта буд, шинохт ва «падарҷон» гӯён падари аз ҳуш рафта ба замин афтидаи худро бардошт. Сарашро ба болои зонуяш гузошта, ӯро оғӯш намуд ва бо меҳру муҳаббат бӯсид. Аз шодӣ ва ҳаяҷон аз чашмонаш ашк мисли марҷон беихтиёр мерехт. Падараш баъд аз соате ба ҳуш омада худро дар оғуши писараш дид ва ӯ ҳам писарашро ба синааш зер карда, бо муҳаббат бӯсид. Аз дидагонаш ашки шодӣ равон шуд.

Эраҷ пас аз пурсупос ба падараш нигоҳубин карданро ба яке аз ҷавонҳо супорид ва худаш барои ба анҷом расонидани кори шикасти тилисм ва таъқиб намудани девҳо рафтанӣ шуда аз падараш иҷозат пурсид. Падараш дар ҷавоб гуфт:

  • Рав, рав писари далеру қаҳрамонам, роҳат сафеду ёрат зафар бошад! Аз девҳои малъун ва золим, аз душманони инсонияти озодихоҳ, барои ватанат, барои ҳамватанони қурбоншудаат ва барои падарат интиқом бигир!

Эраҷ барои фатҳи тилисм боз ба кор шурӯъ намуд. Вақге ки ӯ каме пеш рафта ба тарафи чап нигоҳ кард, ба назараш қафаси оҳанине намуд, ки чарх мезад ва дар дарунаш як духтар ва як писари зебо гоҳ ба ҳолати одамӣ менамуданд ва гоҳ санг мешуданд. Эраҷ бо ҷавонон ба қафас ҳуҷум карданӣ шуд, ки якбора қафас ҷавононро ақиб ронд ва ҳар яке ба даҳ газ дури рафта ғалтиданд. Эраҷ донист, ки ин кори ҷодуст. Ифрити оташнафасро овард. Аз вай роҳи вайрон кардани қафасро пурсид. Ифрит рад кард. Эраҷ бо дастони қавии худ, бо ду ангушт паси гардани Ифритро чунон фишор дод, ки аз даҳону биниаш хун фаввора зада баромад. Ифрит розӣ шуд, ки бигӯяд:

  • Дар зери ин қафас,- гуфт вай,- шере хобидааст, ки агар чашми ӯро кӯр кунӣ, қафас аз ҳаракат бозмеистад ва ҷоду вайрон мешавад.

Вақте ки Эраҷ зери қафас даромад, шере дид монанди аждаҳо. Щер чунон наъра зад, ки аз ҳайбати ӯ Эраҷ се қадам ақиб рафт, вале бо ҷасорати тамом шамшери «Ҷонситон»- ро гирифта ба даҳони монанди ғор кушодаи шер чунон зад, ки он ба ду қисмат ҷудо шуд. Қафас аз ҳаракат монд. Эраҷ он ду ҷавонро аз қафас озод кард. Эраҷ гурӯҳе аз сипоҳиёни3 далерро ба таъқиби девҳо фиристод ва гурӯҳеро ба ҳар тарафи қалъа ба бандарғоҳҳо ба дидбонӣ гузошт. Қисми дигареро барои нигаҳдории интизоми шаҳр ва кофтукови девони боқимонда таъин намуда, худаш ба пеши сарлашкар рафта гуфт:

  • Акнун бояд хабари фатҳро ба ҳамаи халқи Тӯронзамин бифиристем.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *