Афсонаи Дехкон ва Кузаи Зар

Рузе як деҳқон дар саҳро ҷуфт меронд. Нохост аз замин як кузаи зар баромад. Деҳқон дар умраш тиллоро надида буд ва бисёр камбағалона зиндагӣ мекард. Вай хурсанд шуда, даррав онро аз замин гирифту ба як ҷуволча1 андохт ва дар як ҷоӣ пинҳон кард.

Дар ҳамин вақт саворе аз дур намоён шуд. Деҳқон худ ба худ фикр кард: «Агар ҳамин одам кузаи зарро дида бошад ва рафта ба подшоҳ гуяд, маро хеле ташвиш медиҳанд. Беҳтар он ки ӯро ҷеғ занаму зарро ҳар ду тақсим кунем».

Савора ба роҳи худ мерафт. Деҳқон бо овози баланд ӯро ҷег зад. Савора аз роҳи худ гапгг, ба пеши ӯ омада, салом дода гуфт:

  • Хуш, ака, чӣ гап дорй, ки маро аз роҳам допггй?

Деҳқон дар дилаш гуфт: «Надида будааст, беҳуда ҷеғ задам,

беҳтар ин ки нафаҳмонам». Баъд ба роҳгузар гуфт:

  • Эӣ бародар, канӣ бигуй, аз ҳамин ду гови ҷуфтӣ кадомаш хуб аст?

Уф, нодон, маро барои ҳамин гапи бемаънӣ ҷеғ задй? – гуфта савора ба роҳаш рафтан гирифт.

Савора хеле роҳ рафт. Деҳқон худ ба худ фикр карда гуфт: «Ин одам тиллоро дидагӣ барин менамояд, набошад бо ман дуруст муомила мекард. Эҳтимол, ба подшоҳ рафта маълум кунад». Боз ба дилаш ҳавл афтод. Боз савораро ҷег зад. Марди раҳгузар ба фарёди ӯ гӯш накард.

  • Ҳой, бародар, биё, рости гапро мегуям! – гӯён фарёд кард.

Марди савора фикр кард, ки «биё росги гапро гуям» гуфтани

ӯ беҳикмат2 нест. Шояд гапи галатӣ дошта бошад,- гӯён боз аз роҳи худ гапгга омад:

  • Ана, ман омадам, чӣ мегӯй? – гуфт.

Боз ба тақсим кардани тилло дили деҳқон нашуда гуфт:

  • Ана, ҳамин оҳани ҷуфтро ман пӯлод гуфта харидам. Ту росташро гӯй, пӯлод аст ё оҳан?

Марди савора дар газаб шуда:

  • Эӣ марди аҳмақ, чаро маро боз аз роҳам гардондй? Ба назарам, ту ягон бало допгтагӣ барин менамой! – гуфт ва ба роҳи худ равон шуд.

Деҳқони содадил боз хаёл карда ба худаш гуфт, ки «ҳақиқатан ҳам ин одам зарро дида будааст. Бешакку шубҳа рост ба подшоҳ рафта меғӯяд». Боз ӯро ҷеғ зад: “ин дафъа росташро мегӯям” гуфта қасам ёд кард.

Марди савора боз аз роҳаш гашта омад. Деҳқон хост, ки росташро гӯяд, лекин боз пушаймон хӯрда гуфт:

  • Ман мехоҳам, ки аз ҳамин ду гови пир яктоашро фурухта ба ҷояш як гови ҷавонтар харам. Ту бигуй, ки кадомашро фурӯшам?

Марди раҳгузар оташин шуда, деҳқонро бисёр ҳақоратҳо дода, ба роҳи худ рафт.

Баъд аз рафтани марди савора деҳқон боз пушаймон шуда,

-24-

ба худаш мегуфт: «Кори хуб накардам. Беҳтараш он буд, ки тақсим мекардаму халос мешудам. Албатта, вай ҳозир рост рафта ба подшоҳ хабар медиҳад». Деҳқон саросема шуда, чуфтрониро монда, кӯзаи зарро гирифту росг ба хонааш омад ва ба занаш гуфт:

  • Эӣ зан, акнун боӣ шудем. Як кӯза тилло ёфтам.

Занаш кузаи пур аз зарро дида хурсанд шуд.

  • Лекин, зан, дилам хиҷил аст, – гуфт деҳқон.
  • Ҳа, боз барои чй? – пурсид занаш ҳайрон шуда.
  • Вақте ки ман кӯзаро ёфта пинҳон мекардам, аз роҳ як марди савора мегузашт. Ба гумонам ҳамон одам инро дида монд. Албатта, вай ба подшоҳ рафта хабар медиҳад. Биё, беҳтараш он аст, ки инро худам ба подшоҳ бурда супораму аз зулми ӯ халос шавам. Ту чӣ мегуӣ? – гуфта аз занаш пурсид.
  • Хуб мешавад, – гуфт зан.
  • Набошад ту ин ҷуволчаи кӯзадорро гирифта дар ягон ҷоӣ пинҳон кун, ман рафта говҳоро оварда саришта кунам. Баъд ба пеши подшоҳ меравам, – гуфта деҳқон аз хона баромада, ба сари заминаш равона шуд.

Зан дид, ки шавҳараш кӯзаи пур аз зарро бемалол ба подшоҳ бурда супурданист. Ба даруни ҷуволча як санги кузачамонандро андохту кӯзачаро гирифта пинҳон кард.

Деҳқон корашро тамом карда, омада ҷуволчаро гирифту рост ба қасри подшоҳ равона шуд. Ба таги дари қаср расида аз ясавулон3:

  • Ба ҳамин ҷо як марди савора омад-мӣ? – гуфта пурсид.

Ясавулон:

  • Ҳар замон ба ин ҷо садто савора меояд – гуфта ҷавоб доданд.
  • Набошад, ман ба подшоҳ кор дорам, монед, ба назди вай дароям, – гуфт деҳқон.
  • Ҳоҷати даромадани ту нест. Арзатро гӯй, худамон даромада гап мезанем, – гуфтанд ясавулон.
  • Гапи пинҳонӣ дорам, фақат ба худи подшоҳ мегӯям, – гуфт деҳқон.

Ноилоҷ рухсат доданд. Вай ба пеши подшоҳ даромада бо овози баланд:

  • Эӣ подшоҳ, ана ина гиред! – гуфту ҷуволро дар пеши у монд.
  • Ин чист? – пурсид подшоҳ.
  • Кушода бинед, баъд қаҳ-қаҳ зада механдед – гуфт деҳқон.

Подшоҳ ҳайрон шуд, ҷуволчаро кушода дид, ки як санг будааст.

  • Хуб, дидам, ин сангро барои чӣ овардӣ? – пурсид подшоҳ. Деҳқон дид, ки кузачаи зар нею санг аст, ҳайрон нашуда зуд гуфт:
  • Эӣ подшоҳ, ҳамин санга ман даҳқадоқӣ гӯям, занам ҳаштқадоқй4 мегуяд.

Шумо фарқ карда диҳед, ки гапи кадомамон дуруст асг?

Подшоҳ дар қаҳр шуда фармуд, ки ӯро бурда ба зиндон андозанд.

Деҳқон дар зиқдон худ ба худ «охир ман ёфтагӣ кӯза пур аз зар буд-ку!» гӯён ҳайрон шуда фикр мекард. Бо ангупггони ҳарду дасти худ сарашро қабза карда, шакли таги кузаро, як дасташро аз оринҷ боло баланд карда, қади кӯзаро ва чор ангушти дастонашро нӯг ба нӯг монда шакли даҳани кӯзаро месохт, баъд дар тааҷҷуб монда гиребонашро даст гирифта, худ ба худ «тавба» мегуфт.

Зиндонбон ин кирдор ва рафтори ӯро аз сурохии дар тамошо мекард, вай ҳамаи он ҳаракатҳои ӯро омада ба подшоҳ гуфт. Подшоҳ фармуд, ки ӯро наздаш биёранд. Деҳқонро ба пеши подшоҳ бурданд.

Подшоҳ гуфт:

  • Эӣ аблаҳ, дар зиндон чӣ ҳаракатҳо мекардй? Вай чӣ буд? Сабабаш чист? Росташро гӯй, набошад мекушам.

Деҳқон гуфт:

«-Эӣ подшоҳи ман, кӯзаи обхӯрии ман дар сари замин фаромӯш шуда монда буд. Худам бошам, дар ин ҷо банд шуда мондам. Албатта, он кузаро дузд бурдагисг. Агар ман аз ин ҷо халос шуда баромада рафта, кӯзаро аз хонаи дузд ёбаму дузд «ин кӯзаи худам аст» гуфта надиҳад, ман ба пеши қозй3 рафта арз мекунам. Албатта, қозӣ ҳардуямонро ҳам ҷеғ зада мепурсад ва ба ман «нишонаҳои кузаро гуфта те» мегӯяд. Ана дар ҳамон вақг ҳамин андозаҳои дар зиндон кардагиамро ба қозӣ нишон медиҳам. Албатта қозӣ кӯзаро талаб карда оварда мебинад, ки гапи ман рост будааст. Ана баъд кӯзаро ба фоидаи ман ҳукм мекунад. Ана, подшоҳам, аз ҳамин сабаб ман дар зиндон шакли ҳамон кӯзаамро ба хотир меовардам.

Подшоҳ ба гапҳои ӯ бовар накард. Фармуд, ки ӯро боз ба зиндон бурда андозанд. Зиндонбонро ҷег зада фармуд, ки дар зиндон каҳи намнок ва қаламфурпояро даргиронда дуд кунад, то ки деҳқон ба танг омада рости гапро гӯяд.

Зиндонбон амри подшоҳро баҷо овард.

Деҳқон дар дудғӯла6 ба танг омада фарёд кард:

  • Маро бароред, рости гапро мегӯям!

Уро аз зиндон бароварданд. Вай «гапамро рафта ба гӯши подшоҳ мегӯям» – гуфт. Ӯро ба назди подшоҳ оварданд. Деҳқон даҳони худро ба гӯши подшоҳ наздик оварда, оҳистакак пичиррос зада гуфт:

  • Эӣ подшоҳ, ин номаъқулиро як бор кардӣ, дигар такрор накун, ки каҳдуд бисёр чизи бемазза будааст!

Подшоҳ ӯро девона гумон карда ба хизматгоронаш фармуд, ки зада-зада бароварда пеш кунанд.

Деҳқон аз ин балоҳо халос шуда ба хонаи худ омад, зарҳоро сарф кард ва бо зану бачагони худ бароҳат зиндагӣ карда, ба муроду мақсадаш расид.

test

Добавить комментарий