Афсонаи Аҷали ҲИРСУ ҲАСУД

Аҷали ҲИРСУҲАСУД

Буд-набуд, ду ҳамсоя буд. Ба ҳам дӯст буданд он ду
ҳамсоя. Баъд кори як ҳамсоя омад кард. Одами зираку кордону
бағайрат, ки буд, пул меёфт, чизу чора харида, бог обод кард,
иморатҳои баланду зебои хишткорию чӯбкорию пур аз накшу
нигор сохт! Мардум медиданду ҳавасашон меомад.

  • Ана зисту зиндагонию ана ҷоҳу ҷалол! – мегуфтанд
    мардум. фа;

Ҳамсоя рашк кард, сабру Тоқат гум кард, намедонист
чӣ кор кунад. Ҳар бор, ки ҳавлии ободу тоза, боғу гулзор,
айвонҳои баланд, қаторсутунҳои кандакориро медид, мисли
мӯе дар оташ ба худ мепечиду мепечид.

Рўзе ба гуломаш гуфт:

  • Пагоҳ дар хонаи ҳамсоя маърака, туро ба хизмат даъват
    мекунанд. Як кор карда, корди ҳамсояро дузд, ки ба ман бисёр
    даркор. Ман ба ивази ин хизматат туро хурсанд мекунам.
  • Охир ин чӣ хел мешудааст, ки ман чизи ҳамсояро
    медуздидаам, ман ин хел одат надорам! Худатон баман ғуфтаед,
    ки «дуздӣ-гуноҳ» гуфт гулом.

Хӯҷаинаш гуфт:

-Туғуломи зархариди ман, амри манба ту воҷиб. Ман туро
ба дуздӣ маҷбур карда истодаам, гуноҳат ба гардани ман.

Ғулом ноилоҷ монд ва амри хӯҷаинашро ба ҷо овард,

Чанд рӯз гузашту хӯҷаин боз гуломашро ба пешаш ҷеғ
зада гуфт:

  • Ту мехоҳӣ озод бошӣ? ”?
  • Кадом ғулом намехохад, озод бошад!-гуфт ғулом.
  • Ту мехоҳӣ соҳиби хонаю ҷой бошӣ?-боз пурсид хӯҷаин
  • Барои ғулом аз ин орзу зӯртар орзуе нест!-гуфт ғулом.
  • Ту мехоҳӣ зани зебое дошта бошӣ?-боз пурсид хӯҷаин.
  • Ман шӯхӣ намекунам, – илова кард ӯ, ба ҳамаи ин сохи
    мешавӣ агар ба гапи ман дароию фармудаи маро иҷро кунӣ |
    Ҳамин саҳар бо корди ҳамсоя маро мекушию мурдаамро 62.
    кунҷи ҳавлии ӯ бурда мепартоӣ. Баъд шӯру ғавғо бардошта!
    мегӯӣ, ки ҳамсоя ба хӯҷаинам хусумат дошт, ҳамин саҳар!
    ҷег зада ба ҳавлиаш бурду кушта партофт. Он тарафаш чӣ
    мешавад худат медонӣ. Ман кушта мешавам, ҳар чи дорам, ба
    ту мемонад.

Ғулом розӣ нашуд, зорӣ кард, илтиҷоъ кард, хӯҷаинаш ба
гапи худ истоду ба ӯ таҳдид карда гуфт:

  • Агарба гапи ман надароӣ, ман худам туро бо дасти худам
    мекушам.

Ғуломро чорае набуд. Ғуфтаи хӯҷаинашро кард. Пагоҳӣ
мурдаи ӯро дар кунҷи ҳавлии ҳамсоя ёфтанд. Ғулом доду фарёд
бардошта, гуфт ки ҳамсоя ба хӯҷаинаш касд дошт, гапашон
гурехта буд, интиқом гирифт.

Хуллас ба ӯ бовар карданду ҳамсояро дошта, бурда ба
зиндон партофтанд.

Ғулом озод шуд, зану ҳавлӣ ва хонаи хӯҷаинашро соҳибӣ
кард. Худо ба ӯ озодӣ доду молу мулку зани озодаи зебо, вале
оромӣ надод: лаҳзае набуд, ки ҳамсояаш аз ёдаш равад. Фикри
он, ки марди бечора бе хеҷ гуноҳе бадном шуду гунаҳкор ва
ҳоло дар кунҷи зиндон азоби гӯрро мекашад.

Ҳеҷ набуд, ки ғулом худро осуда ҳис кунаду азоб накашад.
Рӯз аз рӯз тоқатшикан мешуд ин азоб ва як рӯз ӯ худро дигар
нигоҳ дошта натавонисту ба маҳкамаи қозӣ рафта, воқеаи

шудагиро як-як гуфта дод. Ҳамсояи хӯҷаинашро озод карданлу
ӯро ба зиндон партофтанд.

  • Шумогуноҳ надоштаед, – гуфт қозӣ. – Ғуломи ҳамсояатон |
    ба пои худаш омада ҳақиқати ҳолро гуфт.
  • Бо пои худаш омада, ба гуноҳаш иқрор шуда бошад, ӯро
    озод мекунем! – илтимос кард ҳамсоя.
  • Мо одамкушро озод намекунем! – гуфт қозӣ, – ӯ қотил
    аст, бояд ҷазояшро бинад.
  • Ӯ одам накуштааст, ӯ ҳасадро куштааст, ки як навъ
    кирми заҳрнафс асту касро аз дарун хӯрда, нобуд мекунад, –
    гуфт ҳамсоя.

Пеши қозӣ марди ҳакиме нишаста буд, гапи ҳамсояро
тасдиқ намуду изофа кард:

  • Ӯро боз ҳирс куштааст. Аз баҳри ҷоху зану богу роғ
    баромада, ин ҷо омада, ба гуноҳи худ иқрор шудан ба ин далел
    аст.

Гапи ҳамсояо марди ҳаким маъно дошт. Қозӣ фаҳмиду
розӣ шуда ғуломро ҷавоб дод. Ғулому ҳамсояи хӯҷаинаш ба
ҳавлиҳояшон омада, ба мардум тўю тамошо доданду ба якдигар
дӯсту бародар шуда, то охири умрашон хушу хурсанд зиндагӣ
карда гаштанд.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.