Афсонаи ТОҲИР ВА ЗӮҲРО

ТОҲИР ВА ЗӮҲРО

Буд-набуд, як подшоҳ буду як вазир. Ҳарду фарзанд
надоштанд. Фақат, вақте ки мӯи сарашон мошу биринҷ шуда,
синнашон ба як ҷо расид, занҳояшон умедвор шуданд. Шоҳу
вазир хурсанд шуда, зуд-зуд базму зиёфат меоростагӣ, ҳар моҳ
як бор, ду бор ба шикор мерафтагӣ шуданд.

Рӯзе дар як дараи кӯҳсор шикор мекарданд, ки вазир оҳуи
даргузареро дида, аз ақибаш асп ронд. Оҳу боазоб мегурехт.
Вазир нишон гирифта, тир парронданӣ шуда дид, ки шиками
оҳу калон: оҳу ҳомиладор буд. «Зани ман ҳам ҳамин барин
дуҷон аст, хуб намешавад, агар ман модару фарзандро нобуд
кунам!» гуфта, тир напарронда пас гашт. Подшоҳ ҳайрон шуда
пурсид:

  • Эй вазир, чаро аз чунин сайде даст кашидӣ?

Вазир сабабашро гуфта дод.

  • Кори хуб кардӣ, гуфт подшоҳ,–кори савоб кардӣ.

Шоҳу вазир он рӯз якчанд кабк зада, пар канонда, кабоб
пазонда хӯрда нишаста буданд, ки подшоҳ оҳуи ҳомиладорро
ба хотир оварда, ба вазир гуфт:

  • Дӯсти азиз, солҳост, ки ту ба ман ёру бародар барин
    хизмат мекунӣ, ба ин хотир ман қарор додам, ки агар занҳои
    ҳардуямон писар зоянд, коре бояд бикунем, ки онҳо монанди

ману ту дӯсти ҷонӣ бошанд, агар зани ту духтар зояд, духтара!
келини ман, агар зани ман духтар зояд, писарат ба ҷои ма
подшоҳ ва духтарам келини ту мешавад.

Ин гапҳо аз таги дили вазир буданд, вай хурсанд шу;
ҳарду аҳду паймон бастанд.

Рӯзи дигар хабар расид, ки чашми занҳои вазиру подшо
равшан шуд. Вазир писардор шуду подшоҳ духтардор. Ваз
бисёр хурсанд шуда:

  • Шукр, сад бор шукр!- гӯён асп давонда ба хонааи
    омад.

Ба хонааш омаду писараки навзодашро ба даст гирифта.
бӯса кард, ба дидааш молид, «чӣ хушбахтист, ки дар зиндагиам
рӯи фарзандро медидаам!» гуфта писарашро бардошта, ба
назди подшоҳ равон шуд.

Подшоҳ ин замон аз шикор баргашта буд. Вазир дар як
дасташ писарчааш, ба дасти дигараш духтари ба парчаҳои
зарбоф печонидаи подшоҳро, гирифта, бӯса карду писарр
Тоҳир ва духтарро Зӯҳро ном монд.

Солҳо мегузаштанду Тохиру Зӯҳро калон мешуданд. Онҳ
ҳамеша дар хонаву кӯча, дар сари дастархон, ҳангоми сайр)
ташт дар чорбоги диловези подшоҳӣ ҳамроҳ буданд ва вақте ки)
ба синни мактабхонӣ расиданд, ҳар дуро ба як мактаб доданд.

Подшоҳ бо вазир чун бо қудои худ меҳрубон буд ва и
ҳолат ба ниҳоди душманони вазир – падари Тоҳир оташи рашку
хасадро фурӯзон кард. Дили чун таги деги сиёҳи онҳо лабрези!
заҳру кина шуд. Кор ба ҷос расид, ки назди подшоҳ дар бораи
вазир ва писари ӯ бадгӯиҳо карданду гуфтанд:

  • Эй подшоҳи муаззам! Духтари дар ҳусн беҳамто
    дар аклу дониш беназири шумо сазовори подшоҳест, ки
    шарофати ӯ мулк васеъ, давлат пуриктидор ва шӯҳратма!
    хоҳад шуд.

Ин гапҳо ба подшоҳ беасар намонданд. Вай дар ин бора
бисёр фикру хаёл мекардагӣ шуд. Рафта-рафта дили ӯ аз вазир
хунук шуд, дар касди нест кардани ӯ афтод.

Як рӯз вакти шикор тири яке аз карибони подшоҳ «хато
хӯрда». байни ду шонаи вазирро шикоф кард, ҳамон лаҳза
чашмони вазир пӯшида шуданд ва Ӯ дигар рӯи фарзанди
монанли ҷону дил азизашро надид.

Полшоҳ дар назди мардум худро мусичаи бегуноҳ нишон
дода. часади шахси як вақтҳо дӯсти ҷонӣ хондаашро бо
дабзабаи тамом ба хок супурда, азо гирифт.

Ин замон дар болои лаби Тоҳир мӯи навсабзи сип-сиёҳ дуд
мекарду дар шахси ӯ ҷавони нозанин ва зебокомате ба балоғат
мерасид. Марги ногаҳонии падар ҳама гуна хаёлҳои ҷавониро
аз сари ӯ дур андохт. Фақат ишк, ишқи Зӯҳро монанди гули
дилафрӯзе батароват дар дили ӯ туғён мекард.

Полшоҳ инро медонист. Бинобар ин ба балоғат расидан
ва аз рӯн одоб набудани окнбати вохӯриҳои Тоҳиру Зӯҳроро
баҳона карда, фармон дод, ки онҳо дидорбиниро манъ
кунанд.

Фармони подшоҳро иҷро карданд. Аммо Тоҳирро тоқати
ҷудоӣ набуд. Вай ба умеди дидори Зӯҳро гирдогирди қасри
подшоҳ мегашту хитобкунон мегуфт:

Назар ба ҳоли моён кун,
Ниқоб аз рӯй парешон кун,
Рухи худро намоён кун
Шавад ҷонам фидои ту.

Аммо аз Зӯҳро садо нашунида, бо дарду алам навҳа
мекард.

Эй бути нозанини ман,
Дасти манасту доманат.
Сарви суманбарини ман,
Дасти ман асту доманат.
Бори гамат ба гарданам.
Дасти ман асту доманат.
Ҷони ман аст дар гудоз,
Дасти ман асту доманат.
Дарди дилат бикун ту боз
Дасти ман асту доманат.

Суруди дилхароши Тоҳир ба гӯши одамон мерасид. Дар
атрофи Ӯ ҷамъ шуда, ба чавони номурод изҳори ҳамдардӣ
карда, подшоҳи бераҳмро. ки писари вазирашро гирифтори
чунин ҳоле сохта буд, маломат мекарданд.

Шамъи ман аст рўи ту,-месуруд Тоҳир,
Умри ман аст мӯи ту.
Ёди ман аст кӯи ту,
Дасти ман асту доманат,
Киблаи ман сарои ту,
Каъбаи ман ҳавои ту.
Рӯяму хоки пои ту,
Дасти ман асту доманат.
Аҳду вафо намекунӣ,
Тарки ҷафо намекунӣ.
Ба мо нигоҳ намекунӣ,
Дасти ман асту доманат.
Ин ҳангом подшоҳ ба тахти заррин нишаста, вакилони яке
аззолимтарин ва зӯртарини шоҳони замони худ Сияҳбаҳодурро

интизорӣ мекашид. Дере нагузашта, вакилон ҳам омаданд,
номаи подшоҳашро ба ласти ӯ дода, мунтазири чавоб шуданд.
Дар нома навишта шуда буд:

«Чанасол интараф фиристодагони ман дар ин олам гашта.
барои ман арӯси мувофик меҷустанд. Дар ҳеҷ ҷо духтаре мисли
духтари гу пайдо накарданд. Бинобар ин ман қарор додам, ки
духтари туро ба занӣ гирам. Агар рози шавӣ, бо хушу хурсандӣ
хеш мешавем. агар розӣ нашавӣ, ба ҷанг тайёр шав!»

Поашоҳ ин хатро хонда, ба фиристодагони Сияҳбаҳодур
гуфт, ки ду-се рӯз нагузашта, ҷавоби номаро мефиристам.
Сипас подшоҳ вазиронашро пеши худ хонда, маслиҳат пурсид.
Вазирон ҳама бо як овоз гуфтанд, ки:

  • Сияҳбаҳодур подшоҳи тавоно ва бузург аст. Шуморо ҷуз
    ризоят додан ба Ӯ илоҷи дигаре нест.

Ин маслиҳат муддаои дили подшоҳ буд. Ӯ вазиронашро
чавоб дода, духтараш Зӯҳроро ҷег зада оваронид.

  • Духтари азизам, – гуфт, – туро муборакбод мекунам
    Зӯртарин подшоҳи олам Сияҳбаҳодур ба ту хостгор фиристод.
    Ту хушбахтӣ, ки зани подшоҳи бузург мешавӣ.

Зӯҳро ларзид, сурх шуд, кабуд шуд:

  • Не! Не! – гуфт. – Ман ғайр аз Тоҳир ба каси дигаре
    намерасам. Ман ӯро дӯст медорам, бо ҷону дил дӯст медорам,
    бе ӯ зиндагӣ бар ман ҳаром аст.

Подшоҳ хашмгин шуда, гуфт:

  • Ақлатро ба кор андоз, духтарам! Тоҳир кӣ? Як бепадар
    аст, ӯ нохуни пои Сияҳбаҳодурро баробар шуда наметавонад.
    Ӯро аз хотир барор!
  • Раҳм кунед, падари азиз! – гуфт Зӯҳро. – Тоҳир ба ҷони
    ман баробар аст. Агар хоҳед духтаратон бадбахт нашавад, аз
    ниятатон гардед!

Подшоҳ гапи ин духтари гадоиашро шунида, ба андеша
афтоду гуфт:

  • Хайр духтарам, ту рав ман фикр мекунам.

Зӯҳро рафт. Подшоҳ вазиронашро пеши худ хонд. Вай бо
онҳо мазмуни гуфтугӯяшро бо духтараш гуфта дод.

Гуфтанд:

-Тоҳирро назди Зӯҳро бад карда нишон додан лозиму баъд.
аз пойтахт рондан. Зӯҳро дилаш хунук мешаваду ба арӯсии
Сияҳбаҳодур розигӣ медиҳад. |

  • Беҳтараш Тоҳирро ҷеғ зада, насиҳат кунем, бигӯем, ки аз
    роҳаш гардад.

Подшоҳ вазиронашро ҷавоб дода, Тоҳирро назди худ хонд.
Дили Тоҳир аз илтифоти ногаҳонии подшоҳ лабрези умед шуд,
вале суханони подшоҳро шунавида, тарбуз ба бағалаш афтод.
Подшоҳ ба ӯ гуфт, ки аз Зӯҳро даст кашида, аз шахр баромада
равад.

  • НеІ – гуфт Тохир» – То ҷон дар бадан дорам, дасти ману
    домони Зӯҳро.
  • Хаёли хомро аз сарат дур кун! – амр кард подшоҳ.

Тоҳир дар газаб шуда гуфт:

  • Тузолимӣ, падари маро куштӣ, модари бечораамро бева
    ва фарзанди ягонаи ӯро ятим кардӣ! Акнун мехоҳӣ ман ба гапи
    ту даромада, тарки ишк кунам. Тушбераро хом шумурдаӣ.

Подшоҳ инсуханонро шунавида, фармон дод, ки дасту пою
чашми Тоҳирро баста, ба ҷои дуре бурда партоянд ва агар ягон
рӯз баргашта ояд, ба шаҳр роҳ надиҳанд. Баъд аз ин подшоҳ як
кампири золро ба пеши духтараш равон карда гуфт:

  • Рафта ба духтарам гӯй, ки Тоҳир дар ҳаққи ману вай
    носазоҳо гуфта, моро дашном дода баромада рафт.

Кампир ин гапҳоро бурда ба Зӯҳро расонид. Зӯҳро, ки ба
хар хабаре дар бораи Тоҳир бесаброна интизор буд, суханони

кампирро шунавида. аввал аз Тоҳир ранҷид. Баъд хислатҳои
Тоҳир. мехрубониҳои ӯ, дӯстиашон аз бачагиро ба хотир
оварда. шубха карду карор дод, ки то ҳодисае ба сараш наояд.
ба маҳбубаш содик хоҳад монд

Полшох бошад, Тоҳирро аз пойтахт ронда, хотирҷамъ
шула. ба Сияхбаҳодур навишт, ки хушбахт аст, духтарашро ба
бузургтарин подшоҳи олам хоҳад дод.

Сияхбаходур номаро гирифта, хост Зӯҳроро бинад.

Рӯи чун моҳи тобон, комати мавзун ва чашмони шаҳлои
пурчозибаи ӯро дида ҳуш аз сари Сияҳбаҳодур париду дар
дили сиёхаш муҳаббат лона гузошт.

  • Ба ивази ин духтари нозанин, – гуфт ӯ ба падари Зӯҳро,
  • ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман мегирӣ!

Падари Зӯҳро хурсанд шуда гуфт:

  • Барои ман ҳаминаш бас аст, ки шумо барин як подшоҳи
    оламу султони муаззам домодам мешавед. Беандоза сарафро-
    зам ман!

Ин суханон дили Зӯҳроро чун тири заҳролуд
бисӯзонданд.

  • Ин хел намешавад! -фарёд кард ӯ. – Ман Тоҳирро дӯст
    медорам. Тоҳир барои ман аз ҷон ширинтар асту гиромитар аз
    ҷаҳон.

Подшох гуфт:

  • Тоҳир туро дӯст намедорад, аз ту дил канда баромада
    рафт.
  • Бовар намекунам! – гуфт Зӯҳро. – Тохир ин хел одам не!

Сияҳбаҳодур, ки аз ишқи Зӯҳро ва Тохир хабар надошт,
суханони ӯро шунида гуфт:

  • Ин тавр бошад, ман чил рӯз мунтазир мешавам, бовар
    дорам. ки дар ин муддат Зӯҳрои нозанин аз Тоҳиру аз муҳаб-

бати худ ба ӯ безор шуда, маликаи дилороми ман меша:
Шарт хамин!

Навкарони подшоҳ Тоҳирро баста, ба як канори дурдас
мамлакат, ба биёбони бегиёҳ бурда, партофта буданд.

Зӯҳро бошад, тавассути канизаконаш корвонҳоро илтим:
мекард, ки ҳар куҷо раванд. Тоҳирро биҷӯянду хабаре аз
биёранд.

Кори Зӯҳро рӯз то шаб гиря буд, рӯи мичгони хамидааи
ва рухсори чун барги гул латифу зебояш беист дурдонаҳои ашк
медурахшид. Ӯ мегиристу мегуфт:

Хобам намебарад, ки хобат бинам.
Дар курта намегунҷад, тани мискинам.
На шаб қарор дорам, не рӯзи дароз,
Таҳсин, ки намекафад дили сангинам.
Дурӣ зи ману зи ман саломат бодо.
Ҷону дили ман фидои номат бодо.

Ман бе ту нафас намекашам бар олам,
Бе ман ту нафас кашӣ, ҳаромат бодо!
Ин кӯли дароз об надорад, чӣ кунам?

Ду чашми сарам хоб надорад чӣ кунам?
Ду чашми сарам роҳи туро менигарад,
То ту меоӣ, ҷабр аз сарам мегузарад.

Сорбонхҳо ҳар ҷо, ки рафтанд, ба умеди ба гӯши Тоҳири
номурод расидан суруди дилхароши Зӯҳроро мехонданд.

Тоҳир бошад дар биёбони хушку хароб гушнаву ташна
мегашт. Танҳо муҳаббати Зӯҳрои азизаш мадори дилаш буд.

Як рӯздар доманаи кӯҳе қадам мезад, ки навҳаи дилхароше
багӯшаш расид. Навҳагар гаштаву баргашта номи ӯро ба забон

мегирифт. Тохир хайрон шуда, сӯи сароянда шитофт. Наздик
шуда дил. ки корвоне мегузараду яке Тоҳирро ёд карда, бо
оҳанги шӯрангезе месарояд:

ТЭй Тоҳири хорузор,
Зӯҳро ба ту интизор,
Бо дили пора-пора,

Бо дидаи ба раҳ чор.
Еами ӯро канор нест,
Дили ӯро қарор нест,
“Бахти ӯро барор нест,
Бе Тоҳири дилафгор.
Хоби сараш парида,
Шодй аз ӯ рамида.
Қомати ӯ хамида,

Зи дарди ҳиҷрати зўр.

  • Эй одами нек, – гуфт Тоҳир, – аз суруди дили Зӯҳрои
    мехрубонамро мешунавам, гӯй, ки аз куҷо меоӣ ва ин сурудро
    аз кӣ шунидаӣ?
  • Аз кӣ мегӯӣ! Аз худи Зӯҳрои нозанин. Вай ба мо
    фармудааст, ки сар то сари олам гардему Тоҳири азизашро
    суроғ кунем, агар дар ягон ҷо дида монем, гирифта барем.

Тоҳир хурсанд шуда гуфт:

  • Тоҳири хорузор, Тоҳири дилафгор манам.
  • Ин тавр бошад, -гуфт корвонӣ, -ба ин уштур савор шав,
    мо туро пеши Зӯҳро мебарем.

Корвон равон шуд. Чанд шабу чанд рӯз гашта, ба манзили
барои Тохир азизу дилхоҳ расиданд.

Баргаштани Тоҳирро шунида, мурги дили Зӯҳро зиида
шуд. Вай маҳбуби хаставу хароби беҳолашро ба бошишгох

бурд. Вале хушбахтии дилдодагон дер напоид. Ҷосусони
Сияҳбаҳодур аз баргаштани Тоҳир хабар ёфта, ин хабарро
ба ӯ расониданд. Ҳамон замон Сияҳбаҳодур ба падари Зӯҳро
эътирознома фиристод.

«Тоҳир баргашта, чанд вакт аст, ки бо духтари ту айшу
ишрат доштааст, агар ӯро нест накунӣ, тахту тоҷатро зеру
забар карда, ҳам сари туро мегираму ҳам сари духтаратро!»

Подшоҳ сахт тарсида ва хамон замон вазиронашро ҷеғ
зада, маслиҳат пурсид:

-АзТТоҳир халос шудан лозим!- -гуфт вазири дасти росташ.
-Куштани ӯ убол аст, ҳар чи набошад писари вазиратон, лекин
агар ба сандуқе андохта, ба дарё партоем, гум шуда мераваду
дигар гашта намеояд.

Инфикрба подшоҳ маъкул шуд. Вай ддуредгарҳоро фармуд,
ки як сандуқи калон созанд. Баъд Тоҳиру сандуқро ба лаби
дарё оварданд. Зӯҳро ғамгину маъюс расида омада, ба чашми
тирёну дили бирён ба Тоҳир нигоҳ карда гуфт:

Чашми бади кас ҳеҷ ба чашмат нарасад,
Оташ ба вуҷуди ишқпарастат нарасад.
Мардуми ҷаҳон ҳама дуо мегӯянд:

Ҳар ҷо рафтӣ, ҳеҷ шикастат нарасад.

Тоҳир гашту гуфт:

Зулфи сиёҳат мусалсалои дили ман,
Лаъли лабат гираҳкушои дили ман.
Ман дил надиҳам ба кас барои дили ту.
Ту дил надиҳӣ ба кас барои дили ман.

Зӯхро лар чавоб гуфт:
Дарё, ки калон шавад, адояш кӣ кунад?!
Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш чӣ кунад?!
Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш мушкил,
Хар кас, ки ҷудо кунад, ба гам дар монад!

Тохир гуфт:
Ба ҷонон алвидоъ гуфтему рафтем,
Ба ҷони дил дуо гуфтему рафтем.
Ҳамон ёре, ки бо мо буд улфат,
Нигаҳ дорад худо гуфтему рафтем.

Пояшоҳ ин ҳолро дида, фармуд ки зудтар ба сандук
андозанду маҳкам карда, ба дарё партоянд. Навкаронаш
фармони ӯро иҷро карданд. Сандук лап-лапкунон рӯ-рӯи об
равон шуд ва дере нагузашта ғайб зад.

Рафт. рафт баъди чанд рӯз аз паҳлӯи як нимҷазира гузашт.
Ин вақт сандуқро се духтар дида монданд, ки духтарони
подшоҳи ҳамин мамлакат буданду ҳар рӯз омада, оббозӣ
мекараанд.

  • Ҳар кас сандуқро гирифта барорад, моли сандуқ аз они
    гуфт духтари калонӣ.

Ин гапро ҳар се маъқул донистанду духтари калонӣ худро
ба зарё андохт. Шино карда рафт, ҳарчанд даст андохт, мавҷи
дарё монеъ шуду сандукро дошта натавонист. Баъд духтари
миёна”парид. Ин ҳам ҳарчанд кард натиҷа надод. Духтари
хурдӣ. ки номаш Гавҳар буд, гуфт:

  • Апаҳо, шумо аз об бароед, ман як ҳаракат кунам, шояд
    бахт ёрам шавад.

Апаҳояш аз об баромаданд. Гавҳар худро ба дарё партофт.

ӯст,

Вай шино карла, ба сандук назлик шуда даст андохт. Гӯш:
сандуқ ба дасташ омад. Гӯшакро маҳкам дошта, сандукрі
кашида ба лаби дарё овард.

Се хоҳарон сандуқро аз дарё бароварда нигоҳ карда
ки ҷои мекушодагӣ надорад. Хостанд бишкананд. Ҳамин ва!
аз даруни сандук шаракаст баромад. сарпӯшаш кушода шу;
Диданд, ки як ҷавони нозанин хобидааст, чунон нозанин,
мислу монандашро ҳеҷ гоҳ надида буданд.

Ҳамон замон ба подшоҳ хабар доданд. Подии
навкаронашро фиристода. сандукро. ки Тоҳир дар дарун:
буд, ба каср оварданд. Тохир дар роҳ кўфтаю бемор шуда б
ба табибон фармуд, ки ӯро табобат кунанд.

Чанд рӯз гузашт. Тохир ҳол гирифт. фарбеҳу то:
нозанинтару зеботар шуд. Баъд аз ин духтарон маслиҳа
кардагиашонро ба падарашон гуфтанд. Подшоҳ розӣ шу;
ки Гавҳарро ба Тоҳир никоҳ карда диханд. Баъди тӯй Тохі
саргузашташро накл карда гуфт:

  • Зӯҳро, нури дидагонам, аклу ҳушам, хурсандии дила!
    орзӯю умедам, намехоҳам ба вай бевафоӣ кунам.
  • Ман туро аз Зӯҳро зиёдтар дӯст доштаам, – гуфт Гавҳа
    якрав мабош, муҳаббати аввалини самимӣ ва гарму ҷӯшон!
    маро рад накун!

Тоҳир оҳи бадард кашида гуфт:

Бе Зӯҳраи ҷон ман ин ҷаҳонро чӣ кунам?!
Бе ў гули сурхи аргувонро чӣ кунам?!

Бе ӯ гули сурхи аргувон бисёр аст,
Дилмайли ӯ дорад, дигаронро чӣ кунам?!

Гавҳар зорихо кард, тавалло кард, ки Тоҳир номуродаш

накунад. Тоҳир бошад аз Гавҳар илтимос мекард, ки ӯро ба
ҳоли худ гузорад, ёди пурсафои Зӯҳрои дилоромашро тира
насозад. Ҳамин хел то саҳар гапгузаронӣ карданд, саҳарӣ хоби
Гавҳар бурда монд.

Тохир хеста, либос дигар кард ва номаълум аз қасри
подшоҳ баромада рафта, роҳи кӯҳу биёбонро пеш гирифт.
Рафт-рафт баъди чанд рӯз ба пойтахти мамлакаташ расид.

Боз ду дилдода аз дидори ҳамдигар лаззат гирифтанд.
Хушбахт буд Зӯҳро, хушбахт буд Тоҳир.

Вале ин дафъа ҳам шодкомиҳои Тоҳиру Зӯҳро дер давом
накард. Сияҳбаҳодури бераҳму дилсанг боз аз баргаштани
Тоҳир хабар ёфта, ба падари Зӯҳро таҳдид кард: Қасратро ба
замин яксон мекунам! Сарат ба дор меравад!

Подшоҳ девона шуд, фармуд, ки Тоҳирро ба дор овезанд.
Дар пеши чашми подшоҳу Сияҳбаҳодур Тоҳирро ба пеши дор
оварданд.

Тохир сӯи дор мерафту мегуфт:

Диле дорам, ки аз султон натарсад,
Зи банди кундаву зиндон натарсад.

Дили ошиқ мисоли гурги гушна,

Ки гурги гушна аз чӯпон натарсад.

Зӯҳраам офтоби бахтам, меҳрубонам, алвидоъ,
Нури чашму сарви дил, ороми ҷонам алвидоъ,
Меравам аз ин ҷаҳон дар дил фигону номурод,
Хуш бимону хуш бош, эй Зӯҳраҷонам алвидоъ!

Зӯҳро чанд рӯз либоси сиёҳ пӯшида азо гирифт. Ӯро
ғами чавонмаргаш мисли шамъ об мекард. Вай об мешуду
Тоҳирашро ёд карда мегуфт:

Тоҷ будӣ бар сарам,
Лола будӣ дар рухам,

Тоҷ афтод аз сарам,

Лола парид аз рухам!

Дод аз дастат, фалак!
Сад дод аз дастат фалак!

ВаймехостбасарикабриТохирравад, равадугиряҳокарда,
дил холӣ кунад, аммо бо фармони подшоҳ ӯро чил канизак рӯзу
шаб посбонӣ мекарданд. Зӯҳро рӯз либоси сиёҳашро кашида,
сару либоси идона пӯшида, ба сару гарданаш ҳалқаву шаддаву
ангуштарину дастпонаи қиматбахо андохта, ба канизакон
гуфт:

  • Мебинам, ки аз азо гирифта гаштани ман на ба Тоҳир
    фоидаву на ба ман. Аз хамин рӯз сар карла азодорӣ бас! Дилам
    сайри чорбоғ мехоҳад.

Як канизак филҳол пеши полшоҳ рафту ғапхои Зӯҳроро
гуфта дод.

Подшоҳ шод шуда гуфт:

  • Майлаш, сайри боғ кунад.

Зӯҳро дар иҳотаи чил канизак ба чорбоғи падараш равон
шуд. Муддате сайру гашт карда баъд ба канизакон гуфт:

  • Ман имрӯз мехоҳам, ки шумо ман барин хурсанд
    бошед!-ҳамин суханонро гуфта тамоми зару зевари сару дасту
    гарданашро ба чор тараф пош дода:
  • Ана чида гиред!-гуфт.

Чил канизак якдигарро тела дода, ба чидани зару зевар
андармон шуданд. Зӯҳра фурсатро ғанимат дониста, оҳиста
аз чорбоғ баромада, ба сари гӯри Тоҳир омад. Вай дар пеши
хоктӯдаи кабр нишаста зор-зор гиря карду баъд аз бағалаш

ханчари тезу обдорро бароварда, дили софу некашро пора
кард.

Канизакон зару зеварро чида шуда, ба ин сӯ он сӯ нигоҳ
карда диданд, ки Зӯҳро нест. Додгӯёну фигонкунон пеши
подшох рафтанд. Подшоҳ дар ғазаб шуда, ба навкаронаш
фармуз. ки тамоми шаҳрро кофта, Зӯҳроро ёбанд.

Навкаронаш кофта-кофта, ба сари қабри Тоҳир омада
диланд, ки Зӯҳро хоктеппаи гӯрро оғӯш кардааст. Рафта
ходисаро ба подшоҳ гуфтанд. Подшоҳ гирёну нолон ба сари
духтараш омад, аммо гиряи ӯ ҳарчанд дилхарош буд суде
нааошт.

Зӯхрои нокомро дар паҳлӯи Тоҳир дафн карданд. Муддате
гузашту диданд, ки аз гӯри ҳарду якбуттагӣ гул рӯидаасту
гулҳо ба ҳамдигар печида. Мардум ин гулҳоро ошиқи печон
номиданд. Гули карнайшакли бунафшаранги боназокат, ки
холо хама ҷой мерӯяд, нишонест аз ишқи безаволи Тоҳиру
Зӯҳро.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.