Афсонаи ҲАФТДОДАРОН

ҲАФТДОДАРОН

Як марду як зан буд, онҳо ҳафт писар доштанд, ягонта ҳам
духтар надоштанд. Писарон ҳар вақт ба модарашон мегуфтанд,
ки:

  • Модарҷон, бамо хоҳар лозим аст, хоҳараке бошад, ки мо
    дӯстдорӣ кунем, меҳрубонӣ намоем, ғамхорӣ кунем.

Баъди чанд вақт модар умедвори духтару писаронашон
умеавори хоҳар шуданд. Ҳафтдодарон ҳамеша ба шикор рафта,
дар байни кӯҳҳои баланд гашта, оҳу, кабки ҳилол, ҳайвонҳои
вахширо зада меоварданд.

Як рӯз онҳо ба модарашон гуфта

  • Модарҷон, мо ба шикор меравем, агар ба мо хоҳар шав:
    шумо фармоед, ки ба дарвоза чарх, агар боз ҳам писар шав:
    камон овезанд.

Дере нагузашта, модарашон духтар зоид. Вай ҷудо хурса!
шуда, ба доя гуфт:

  • Равед, ба дарвоза чарх овезед, писараконам биёянд чӣ
    кадар хурсанд мешаванд. Кампир як чархро бурда ба дарвоза
    овехт.

Ҳафтдодарон як душман доштанд, ки вай доимо аз сайди
бисёр овардани онҳо рашк мебурд. Вай аз дарвоза чархро
гирифта камон овехта монд.

Ҳафтдодарон аз шикор гашта омада диданд, ки ба дарвоза
камон овехтагӣ.

  • Ҳаҳ, модари мо боз ҳам писар зоидаст! – гуфтанду ба хона
    надаромада гашта рафтанд.

Рафта, ба як мамлакати дигар расида, зиндагӣ карда
гаштанд.

Хоҳаракашонро Гулмоҳ ном карданд, вай даҳсола шуд,
дувоздаҳсола шуд. Як рӯз бо дугонаҳояш бозӣ карда истода,
бо духтарчан ҳамон душмани акаҳояш гапаш гурехта монду
духтарак таъна карда гуфт:

  • Ту бепою қадам ҳастӣ, ту шудию акаҳоят гум шуда
    рафтанд, мо бо ту дигар бозӣ намекунем, ки ту барин беака
    мешавем.

Гулмоҳ ғамгин гашта, ғиря кард. Оби дидааш ҷӯйча шуда,
ба ҳавлии як кампирдаромад. Кампир кад-кади ҷӯйча баромада
дид, ки духтараки ҳамсояаш гиря мекунад, пурсид:

  • Чаро гиря мекунӣ?

Духтарак ҷавоб дод:

  • Дугонаам «ту шудию акаҳоят гум шуда рафтанд» гуфта,
    таъна зад. Ин гап рост аст ё дурӯт?

Кампир гуфт, ки:

  • Рав. ба модарат гӯй, ки гандумбирён кунад, бо ҳар чӣ
    дод, нагир. гӯй ки бо дасташ диҳад, вақто ки бо дасташ доданӣ
    шуд, кафашро ба даруни дег пахш куну «додарони ман дар
    куҷоанд?» гуфта пурс.

Гулмоҳ ба хонаашон омада, ба модараш гуфт:

  • Модарҷон, бисёр гурусна мондам, дилам гандумбирён
    металабад.

Модараш хесту гандумбирён кард. Гандумбирёнро аз дег
бо кафлез гирифта дод, нагирифт. Бо қошуқ дод, нагирифт.
Гуфт:

  • Бо дастат деҳ!

Бо дасташ доданӣ шуд, ки кафашро ба даруни дег пахш
карда гуфт:

  • Росташро гӯй, ман ака дорам ё не?

Модараш гуфт:

  • Надорӣ, сар деҳ, ки дастам сӯхт!

Гулмоҳ сар надода, боз пурсид:

  • Ман ака дорам ё не!

Модараш гуфт:

  • Ҳа ака дорӣ, ҳафт ака дорӣ.

Гулмоҳ пурсид, ки:

  • Акаҳои ман дар куҷоанд?

Модараш ҷавоб дод, ки:

  • Намедонам, рӯзи зоида шудани ту ба шикор рафтанд,
    дигар барнагаштанд, дар ҳасрати дидорашон дилакам хонаи
    замбӯр шудааст.
  • Гулмоҳ ин гапро шунида хеста хамир кард, даҳ-дувоздаҳ
    кулча пухту дар як рӯймол баста ба модараш гуфт:
  • Моларҷон, ман акаҳоямро кофтанӣ меравам.

Ҳарчанд модараш:

  • Нарав, онҳоро аз куҷо меёбӣ, аз ту ҳам ҷудо мешава;
  • гуфт, ки Гулмоҳ аз роҳаш нагашт.

“Вай аз дашту дарё гузашт, аз кӯҳу саҳро гузашт, бид
шаҳру кишлокро гузашта, рафтан гирифт. Вакте ки гурусна
мемонд, як кулча мехӯрду боз ба роҳаш давом мекард.

Рафта-рафта, фақат якто кулчааш монд. Кулчаро ғелон

карда, аз ақибаш равон шуд. Баъди чанд вакт гурусна монд.

Ноилоҷ як лаби кулчаро шикаста хӯрда, боз гелонд, нашуд.
Кулчаро ба дасташ гирифта, ҳамин қадар гиря кард, ки замин
лой шуд. Як пора лойро гирифта, ба ҷои шикастаи кулча
молиду ба офтоб монд. Кулча кок шуда, Гулмоҳ онро аз нав
ғелон карда, аз пасаш рафтан гирифт. Ба як кӯҳ расид, дарон ҷо
як ҳавлӣ буд, кулча ба таги дари ҳамон ҳавлӣ расида, афтид.

Гулмоҳ ба ҳавлӣ даромад, дид, ки дар хонаҳо ҳеҷ кас
нест, дар деворҳои хона сайди бисёре овехтагӣ: ана оҳую ана
гӯсфанди кӯҳию ана кабку ана мурги ҳилол, хумҳо пури равған,
сандуқҳо пури орд, ҳама чиз ҳаст. Вай аз сандук орд гирифта
хамир кард, нону кулчаҳои нагз тайёр намуд, кабкҳоро бирён
карда, як ошаки бомаззаи сергӯшту серравган пухт, ҳамаро
тайёр карда монду дар даруни як сандуқ руст шуд.

Дере нагузашта, акаҳояш омаданд. Ба хона даромада,
ба таомпазӣ сар карданӣ шуда, диданд, ки оши палаву нону
кулчаҳои дӯстрӯяк пухтагию мондагӣ. Ҳайрон шуданд, ки ҳеҷ
кас то ҳоло ба ҳавлиашон қадам намонда буд, кӣ омада ин
таомҳоро тайёр карда бошад. Баъд «хайр, ҳар кӣ бошад, пагоҳ
мефаҳмем» гуфтанду ошу кулчаҳоро базавқ хӯрданд.

Пагоҳ шуд, шаш додар ба шикор рафтанду акаи аќ ҳама
калониашон, воксаро фаҳмиданӣ шуда, дар хона монд. Вай

поида шишт-шишту як вақт хобаш бурда монд. Гулмоҳ оҳиста
нигоҳ кард, ки акааш хоб рафтааст, аз сандуқ баромад, боз ҳам
хамир кард, нону кулчаҳои хушрӯй пухт, се-чор зувола тушбера
пухта монду баъд ба даруни сандук даромада руст шуд.

Акааш бедор шуд, ки нону кулчаҳои гарм тайёр, тушбера
тайёр. Ҳайрон шуда нигоҳ карда нишаста буд, ки акаҳои
дигараш хам омада монда, пурсиданд, ки:

  • Кӣ будааст?
  • Хобам бурда мондааст, бедор шудам, ки ҳама чиз тайёр,
    -туфт.

Додаронашбасерхобии ӯ хандиданду хӯрокҳоро хӯрда хоб
карзанд. Рӯзи дигар додари дигарашон дар хона монд. Инро
хам хоб бурда, аз корҳои духтар хабардор нашуд. Ҳамин хел
шаш додар хоб карда монда, сирри духтарро намефаҳманд.

Рӯзи ҳафтум додари аз ҳама хурдӣ посбонӣ кард. Вақти
пешин ӯро ҳам хоб. пахш кард. Хеста, кӯрпача андохту ба таги
сараш болишт монда, дароз кашид, ки боз зиёдтар хобаш омад.
Хоб. ки ба вай ғалаба кардан гирифт, хесту лелачаашро каме
бурида, намак пошид. Дигар ҷароҳат сӯхтан гирифту хобаш
набурд. Як вақте дид, ки як духтари нозанин аз сандуқ баромад.
Хост, ки зуд хеста дастгираш кунад, боз фикр кард, ки «канӣ
бинам чӣ кор мекунад».

Духтар орд гирифт, хамир кард, нон пухт, гӯшт гирифт,
пиёз реза кард, сабзӣ тоза кард. Шӯрбо пухт, чой ҷӯшонда дам
карда, чойникро ба лаби оштон монда, ба пеши сандуқ рафту
даромаданӣ шуд, ки бача тохта хеста, аз пояш маҳкам дошта
пурсид:

  • Туинсӣ, ҷинсӣ, париӣ, паризодӣ, чӣ касе ҳастӣ, ки хонаи
    моро манзил кардӣ?

Гулмоҳ гуфт:

  • Наинсам, на ҷинсам, на париам, на паризод, одами о;
    хастам, хоҳари шумо.
  • Мо ҳафт додарем, хоҳар надорем, – гуфт бача таа:
    карда.

Духтар ҳамаи воқеаро як-як нақл карда, хоҳара!
буданашро маълум кард. Акаву хоҳар ҳамдигарро ба о
кашиданд, бӯса намуданд, ҳолпурсӣ карданд, хурсанду хушба!
гапзанон карда нишастанд. Вақти омадани акаҳояшон шу;
буд, ки бача гуфт:

  • Ту руст шав, ман аз акахоям шодиёна мегирам.

Духтар пинҳон шуд. Фурсате нагузашта, бародарон:
хам омаданд. Бародари аз ҳама калонӣ пурсид, ки:

  • Ҳа, додар, чӣ гап шуд?
  • Ҳеҷ гап не, – гуфт додари хурдӣ, – шинед, таом хӯред, м
    тапи ғалатӣ мегӯям.

Бародарон нишаста, ба таомхӯрӣ сар карданд. Бача но
шикасту баъд ба бародаронаш рӯ оварда гуфт:

  • Шодиёна диҳед, ки хохаракамон омадааст.
  • Мо хоҳар надорем! – гуфтанд шаш додар якбора.

Баъд ин бача бародаронашро аз ҳодиса хабардор кардуб:
сӯи сандуқ рӯ оварда гуфт:

  • Гулмоҳ, баро акнун, акаҳоямон интизоранд.

Духтар шунида баромад, шаш бародар ба сӯи ӯ давиданд,
оғӯшубӯсагирӣ сар шуд, бародарон ба ҳамдигар навбат надода.
духтарро ба канор мекашиданд, ҳолпурсӣ мекарданд. Ин бача
бошад, як сӯ нишаста, аз хурсандӣ канотак мезад.

Баъд аз ин Гулмоҳ бо бародаронаш зиндагӣ карда гашт.
Ҳамаашон хурсанд ва хушҳол буданд. Ҳафтдодарон рӯзҳо ба
шикор мерафтанд, Гулмоҳ мегундошт, мерӯфт, мечинд, мешуст,
медӯхт. Рӯзе бародаронаш ба хоҳаракамон шарик мешавад
гуфта як гурба ёфта омаданд.

Гурба шарики дӯстдоштаи Гулмоҳ шуд. Гулмоҳ бе ӯ ҳеч чиз
намехӯрд. Ҳар чӣ, ки ёфт, гурбаро ҷеғ мезаду бо хам медиданд.
Як пагоҳӣ хона рӯфта истода, аз пеши ҷорӯб як дона мавиз ёфт.
Бехавотир онро гирифту пуф карда ба даҳонаш анлохт. Гурба.
ба ними мавиз умедвор истода буд, дар қаҳр шуда. тохта рафта
аловро кушт

Гулмоҳ хамир кард, хамираш расид, танӯрро тафсондан!
шула. ба пеши оташдон омад, ки алав мурдагӣ. Вай гамгинона
берун баромада, чор тарафро нигоҳ кард, ки аз даруни як
бешазор дуди борике баромада истодааст. Ҳамон дудро нигоҳ
караз. рафтан гирифт. Наздик шуда дид, ки як кӯрбарзангӣ б:
як засташ бачаашро макконда, бо дасти дигараш гандум бирё!
караа истодааст. Гулмоҳ ноилоҷ ба пеши вай рафта:

Ассалом очаҷон! – гуфт.

Кӯрбарзангӣ сар бардошта пурсид:

  • Ваалайкум ассалом, агар саломат намебуд, як лукмаи
    хомат мекардам! Барои чӣ омадӣ!
  • Алавам мурд, алавғирӣ омадам, ҷавоб дод Гулмох.

Кӯрбарзангӣ каме алав ва як қадар ҷав дароз карда, гуфт:

  • Ин чавро то хонаат чошида-чошида рав.
  • Гулмоҳ ҷавро чошида омад, танӯрро тафсонд, нону
    самбӯсахои гӯштин пухт, хӯрок тайёр кард. Акаҳояш омаданд,
    хӯрданд. хама чиз хеле бомазза буд, шикамашон сер, ғамҳоя-
    шон дур шуд, аз хоҳараки ҳунармандашон миннатдор шуданду
    хеле чак-чак карда нишаста, баъд хоб карданд, саҳар шуд, хеста
    рафтана. Рӯз шуд, Гулмоҳ ҳавлӣ рӯфта истода буд, ки ногаҳон
    ҳамон Кӯрбарзангӣ таккасавор даромада омад. Вай омада
    истода фарёд мекард:
  • Ӯй ноҷинс, биё таккаамро гирифта банд!

Гулмоҳ тохта омада таккаро дар як мех баст.

  • Акнун биё, сарамро бин! -гуфт Кӯрбарзангӣ.

Гулмоҳ сарашро дид.

Ҳамон ҷавҳои чошидагии Гулмоҳ ҳамааш сӯзан шуда,
Кӯрбарзангӣ чинда-чинда омада буд. Кӯрбарзангӣ як сӯзанро
гирифта, ба сони Гулмоҳ халонд. Сонаш сахт дард кард, Гулмоҳ
дандон ба дандон монд.

Гулмоҳ сар медиду Кӯрбарзангӣ хуни ӯро мемакид.

Чанд рӯз ҳамин хел давом кард.Духтараки нозанин зарду
хароб гардида, хазон шуд. Як рӯз акаҳояш пурсиданд, ки:

  • Ба ту чӣ шуд, гушнаӣ, ташнаӣ, зик шудаӣ? Чаро рӯз аз
    рӯз хазон шуда истодаӣ?

Гулмоҳ воқеаро гуфта дод. Рӯзи дигар бародари аз ҳама
хурдӣ ба шикор нарафта, дар назди дар чоҳе канд, як санги
калонеро оварда монду, баъд аз ин дар паси дар пинҳон шуд.

Дере нагузашта Кӯрбарзангӣ ҳам омад. Вай омада истода
Фарёд мекард:

й ноҷинс биё таккаамро гир!

Гулмоҳ тохта рафта, таккаро гирифта, ба сӯи дар рафтан
гирифт. Кӯрбарзангӣ аз ақиби ӯ меомад. Кӯрбарзангӣ ба дар
наздик шуда буд, ки бача тохта баромад, ӯро ба чоҳ тела дод ва
чолокона сангро ба болояш партофта, хок кашид.

Бегоҳӣ бародаронаш аз шикор гашта омада пурсиданд:

  • Ҳа, додар, чӣ ҳодиса будааст?
  • Бахона Кӯрбарзангӣ роҳ ёфтааст, – ҷавоб додӯ, – хайрият,
    кибарвақттар хабардор шудем, набошад хоҳаракамонро кушта
    мемондааст. Бача бо Кӯрбарзангӣ чӣ хел рафтор карданашро
    гуфта дод. Баъд акаи калониашон ба духтар гуфт:
  • Мабодо ба болои чоҳ об нарез, ки Кӯрбарзангӣ зинда
    мешавад.

Чанд вакт гузашт. Як рӯз Гулмоҳ дегу табак шуст ва

фаромӯш карда, обашро ба болои ҳамон чоҳ рехта монд. Як
замоне болои чоҳ шибитзор шуд, чунин шибити хушб!
ҳеҷ нагуфтанӣ.

Чанд вакти дигар гузашт. Як бегоҳ Гулмоҳ ғамгинона оҳ
кашид.

  • Барои чӣ оҳи сард мекашӣ? – пурсиданд бародаронаш
    ҳайрон шуда.

Гуфт:

  • Ба дидори падару модар, ёру дӯстонамон пазмон шудам.

Бародаронаш гуфтанд:

  • Мо хам падару модарамон, ватанамонро ёд кардем. Ин
    тавр ки бошад, пагоҳ роҳи сафар пеш мегирем.

Рӯзи дигар ҳафтдодарон ба ғундоштани чизу чораҳояшон
машғул шуданду Гулмоҳ як мастоваи бамазза пухт. Мастова
пухт. Гулмоҳ аз ҳамон шибит канда, қайла тайёр карда,
кашиаа. ба косаҳо андохт. Бародарон ба сари дастурхон
омада. як қошукӣ хӯрда буданд, ки кабӯтар шуданду парида
рафтанд Гулмоҳ дар ҳайрат монд, «оҳ ин шибити дар рӯи чоҳ
рӯнаагӣ буд, мани нодон фаромӯш карда, ба хӯрок андохтам,
долараконам кабӯтар шуданд, акнун чӣ кор мекунам, хайр ман
хам кабӯтар шавам» гуфту як қошуқ хӯрд ва ин ҳам кабӯтар
шуда парвоз карда, ба бародаронаш расида гирифт.

Хашт кабӯтар парвозкунон ба ватанашон расида, ба рӯи
боғи худашон рафта нишастанд. Ҳафт додарон ҳафт сафедор
шуданзу Гулмоҳ як дарахти себ.

Як вақте модарашон ба боғ даромада ҳайрон шуд: ҳафт
сафедори баланд ва дарахти сершохи себ пайдо шудааст, боғ
аз ин дарахтони аҷиб хеле хушнамуду зебо гаштааст. Баъд аз
ин модар ҳар рӯз ба ин ҷо баромада, ин дарахтони галатиро бо
мухаббат тамошокунон ба онҳо дуру дароз чашм медӯхт.

Фасли баҳоромад, себ ғарки гул шуд, мева карда: тобистї
шуд, себҳо пухтанд: суп-сурх, хушрӯю хушбӯй. Як рӯз писа!
подшоҳ ба шикор баромада, гузараш ба ин тараф афтод. Ома;
истода буд, ки ба димоғаш бӯи хуши себ расид. Аспи ху;
нигоҳ дошта, ба навкаронаш ғуфт:

  • Ин чӣ бӯест, ин кадар форам, зуд рафта фаҳмед, ки
    куҷо меояд!

Ду навкар асп давонда, ба назди боғ омаданду диданд.
ки як дарахт ғарқи себ гирдогирдаш ҳафт сафедори баланд,
рӯидагӣ. Гуфтанд, ки «аз ин себ ду-сета ба шоҳзода барем.
хурсанд мешавад». Ба дарахт наздик шуда, даст дароз карданд.
Ҳанӯз ягонта себро нагирифта, аз танаи он садо баромад:

  • Эй роҳгузарон, дасти худро нигаҳ доред!

Навкарон ҳайрон шуда, худро ба қафо кашиданд. Яке аз
онҳо гуфт:

  • Маро шоҳзода фиристод, мо мехоҳем барои ӯ ду-се дона
    себ барем.

Дарахт боз садо дод:

  • Эй додарони азиз, одамони шоҳзода барои себ омаданд,
    диҳам ё не?

Ҳамин вақт аз танаи ҳафт сафедор овозе берун шуд:

  • Шоҳзода чӣ некӣ кардааст, ки ба ӯ себ медиҳӣ?

Навкарон бошитоб асп давонда, ба пеши шоҳзода
омаданду гуфтанд:

  • Эй шоҳзодаи олимақом, ин бӯй аз боғе меояд, дар даруни
    боғ як дарахти себ, гирдогирдаш ҳафт сафедор, дарахтон гап
    мезананд.

Шоҳзода гуфт:

  • Номаъкул кардед, кадом дарахт гап задааст, ки он
    дарахтон гап зананд?

Баъд худи писари подшоҳ ба бог омада, ба себ даст дароз
кард. Ҳамин вакт танаи он овоз дод:

-Эй роҳгузар, дастатро нигаҳ дор!

Гуфт:

  • Ман писари подшоҳ…
  • Эй бародарони азиз, шоҳзода барои себ омадааст, диҳам

Сафедорон садо доданд:

  • Писари подшоҳ чӣ некӣ кардааст, ки ба ӯ себ медиҳӣ:
    Себи туро касе гирифта метавонад, ки тамоми умри худ ба
    мардум некӣ карда бошад.

Шоҳзода фикр кард, ки дар умри худ ба касе некӣ
накардааст. Ноумед шуда ғашта рафт.

Рӯзе гузари як марди солхӯрда ба ин ҷо афтода монд.
Мардак дарахти сархамшудаи себро дида, ҳавасаш омада, ба
боғ даромаду якта себ канданӣ шуд. Ногаҳон аз танаи себ овоз
баромад:

  • Эй додарон, ин марди мӯйсафед себ гирифтан мехоҳад,
    диҳам ё не?
  • Бидеҳ, – гуфтанд додаронаш, -ин ҳамон шахсест, ки тамо-
    ми умри худ, гайр аз некӣ ба мардум, кори дигар накардааст.

Мардак хурсанд шуда, якта себ гирифта буд, ки якбора
танаи дарахти себ кафид, як духтари хушрӯйи нозанин баромад
ва танаи ҳафт сафедор ҳам кафиду ҳафт ҷавони хушрӯй берун
шузанд. Ҳафт додарон ва як хоҳар ба ҳавлӣ, ба сӯи модарашон
давиданд. Модаракашон ҳамаро як-як ба оғӯш кашиду ашки
шодӣ аз чашмонаш равон шуд.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.