Афсонаи БУЗАКИ ҶИНГИЛАПО

БУЗАКИ ҶИНГИЛАПО

(Ь,, набуд, як Бузаки ҷингилапо буд. Бузак се бача дошт. Номи якташ
Алӯлак, дуюмаш Булӯлак, сеюмаш Хиштаки сари танӯр. Бузаки ҷингилапо ҳар
рӯз ба чарогоҳ рафта истода, ба бачагонаш мегуфт:

  • Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки сари танӯракам! Ман ба чарогоҳ мера-
    вам, дар шохакам алаф, дар даҳонам об, дар пистонакам шир меорам. Дарро
    қулф карда дар хона шинстону ба ҳеҷ кас накушоетон!

Як рӯз баъди рафтани бузак ба таги дари хонаи ӯ Шағол омада, уллос ка-
шида гуфт:

  • Алӯли ман, Булӯли ман, Хиштаки сари танӯри ман, зудтар дарро кушоед!

Бузголаҳо Шағолро аз овозаш шинохта, дарро накушоданд. Шағол ноилоҷ
гашта рафт. Дере нагузашта, гург омад. Гург аз пушти хона истода, гапи Буза-
ки ҷингилапоро шунида буд. Вай монанди бузак овозашро маҳин карда гуфт:

  • Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки сари танӯракам! Дарро кушоед, дар шо-
    хакам алаф, дар даҳонакам об, дар пистонакам шир овардам!

Бузғолачаҳо гургро модарашон гумон карда, дари хонаро кушоданд. Гург
ба хона тохта даромаду бузғолачаҳоро хӯрда, гурехта рафт.

Бегоҳӣ Бузаки ҷингилапо аз чарогоҳ омад. Дари хонаро кушода дид, ки на
Алӯлак ҳасту на Булӯлак ва на Хиштаки сари танӯр. Бузак ҳайрон шуда, бача-

гонашро ҷег зад: Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки сари танӯракам, куҷоед? Дар
шохакам алаф, дар даҳонам об, дар пистонакам шир овардам!

Аз ҳеҷ ҷо овози бузголаҳо набаромад. Бузак зор-зор гириста, ба худ ме-
гуфт, ки боз бачагонамро саг нахӯрда бошад? Вай ба хонаи саг рафта, ба болои
бомаш баромада, бо пойхояш дук-дук зад. Саг шунида пурсид:

  • Кист дар бомаки ларзонаки ман?
    Хок мерезад ба ошаки явгонаки ман,
    Ошаки явгонаки ман шӯр шуд,
    Меҳмонаки азизи ман кӯр шуд!

Бузак ҷавоб дод:

  • Манам Бузаки ҷингилапо!
    Мезанам бо ҳар ду по.
    Кӣ бурдааст Алӯли ман?
    Кӣ хўрдааст Булӯли ман?
    Хиштаки сари танӯри ман?
    Кӣ тиру камон дорад?
    Кӣ мебарояд ба ҷанги ман?
    Саг аз тарс думашро хам карда, ларзон-ларзон гуфт:
    Нахӯрдзам Алӯли ту,
    Нахӯрдаам Булӯли ту,
    Надидаам Хиштаки сари танӯри ту,
    На тиру камон дорам.
    На мебароям ба ҷанги ту!

Эй бузак ту нагз медонӣ, ки ман душман не, посбони бузу гӯсфандонам.
Бачагонатро Шагол хӯрдагист, ба пеши шагол бирав!

Бузак ба пеши шагол рафт ва ба боми хонаи вай баромада, бо пояш дук-

дук зад.
Шахол дук-дукро шунида пурсид:

  • Кист дар бомаки ларзонаки ман?
    Хок мерезад ба ошаки явгонаки ман,
    Ошаки явгонаки ман шӯр шуд,
    Меҳмонаки азизи ман кӯр шуд!
    Бузак овозашро баланд карда гуфт:
  • Манам Бузаки ҷингилапо!
    Мезанам бо ҳар ду по.

Кӣ бурдааст Алӯли ман?
Кӣ хӯрдааст Булӯли ман?
Хиштаки сари танӯри ман?
Кӣ тиру камон дорад?
Кӣ мебарояд ба ҷанги ман?
Шагол гапи бузакро шунида, аз тарс ларзида гуфт:

  • Набурдаам Алӯли ту,
    Нахӯрдаам Булӯли ту,
    Надидаам Хиштаки сари танӯри ту,
    На тиру камон дорам.
    На мебароям ба ҷанги ту
    Бачагонатро Гург хӯрдааст, ба пеши Гург бирав!
    Бузак ба ҳавлии Гург рафта, ба боми хонааш баромаду ба ғазаб пой кўфтан
    гирифт.
    Гург бо каҳр пурсид:
  • Кист дар бомаки хонаи ман?
    Хок мерезад ба ошаки серравгани ман!
    Ошаки серравгани ман шӯр шуд,
    Мехмонаки азизи ман кӯр шуд!
    Бузак хашмгин шуда, сахттар дук-дук кард:
  • Манам Бузаки ҷингилапо!
    Мезанам бо ҳар ду по.
    Ту хӯрдаӣ Алӯли ман?
    Ту кӯрдаӣ Булӯли ман?
    Хиштаки сари танўри ман?
    Агар дорӣ тиру камон,
    Баро тезтар ба ҷанги ман?
    Гург магрурона қоҳ-қоҳ хандида, ҷавоб дод:
  • Ман хӯрдаам Алӯли ту!
    Ман хӯрдаам Булӯли ту!
    Хиштаки сари танўри ту;
    Мебароям ба ҷанги шохи туї
    Гург аз хонааш баромад, Ҳар ду ба ҳамин қарор омаданд, ки аввал ба пеши
    усто рафта, буз шохашро тез карда биёяд, гург дандонашро.
    Бузак ба хонааш омад, аз шираш кулчаҳои қаймоқӣ пухт ва ба назди усто
    рафта, хоҳиш кард:
  • Усто, усто! Шохҳоямро тез кунед, ба шумо кулчаҳои қаймокӣ овардам.

Ба усто кулчаҳои қаймоқӣ бисёр маъқул шуд ва ӯ бо чархаш шохҳои бузро
азалмос ҳам тезгар карда монд.

Гург поида истода буд, ки Бузак ба усто чӣ савғотӣ мебурда бошид. Дид,
ки Бузак хок барин чизи сафедро ба оби сафед андохта, хамир карда, кулча
сохт, Гург ҳам кофта-кофта, аз ким куҷо хоки сафед ёфт, аз таги шаршара оби
сафед гирифт, хамир карда кулча сохт ва онро дар офтоб хушконда, ба назди
усто бурда гуфт:

  • Усто, усто! Дандонҳоямро тез кун, ба ту кулчаҳои қаймокӣ овардам!

Усто кулчаҳои гургро гирифту дам назада, дандонҳои гургро якта-якта
кашида, ба ҷояш пундона шинонд. Гург хурсанд шуда, ба ҷанги Бузак рафт ва
ҳавобаландӣ карда гуфт:

  • Бузак, Бузак, аввал ту бизан, то ки бо армон намурӣ!

Бузак бошад, хоксорона гуфт:

  • Аввал ту бизан!

Гург аз дур давиду бо дандонҳои пур аз чигит ба Буз ҳамла кард шиками
Булакро газид, аммо як мӯи Бузак ҳам озор наёфт.

Баъд Бузак аз дур давида, бо шохҳои тези алмосиаш ба шиками Гург зад.
Шиками Гург кафида, аз даруни он Алӯл, Булӯл ва Хиштаки сари танӯр зин-
даю саломат баромаданд.

Бузголаҳо шоду хурсанд шуда, ҳамроҳи модарашон давон-давон ба хона-
ашон рафтанд.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.