Афсонаи Саъба ва Фил

Буд набуд, як Саъба буд. Вай дар шохи дарахт лона сохту тухм карда,
бача баровард. Рӯзе, як Фил омада худро ба дарахт молидан гирифт. Дарахт
сахт ларзид, хонаи Саъба вайрон шуд, бачаяконаш гирён шуданду афтида но-
буд шуданд.

Саъба дар ҳакки бачаяконаш зор-зор гиря кард.

Чанд вақт гузашт, боз Саъба лона сохту тухм монд, бача баровард. Боз
хамон Фил омад. Омаду худро ба дарахт молидан гирифт, дарахт ларзид, хо-
наи Саъба вайрон шуд, бачаҳояш афтода нобуд шуданд.

Саъба ин дафъа токат карда натавониста, доду фарёдкунон гуфт:

  • Эй Фили бераҳм, хонаамро вайрон, бачаҳоямро нобуд кардӣ?

Акнун ман туро беҷазо намемонам!

  • Ой чондорак, ту бо ин хурдиат чӣ ҳақ дорӣ, ки бо мани бузург ин хед
    гуфтугӯ мекунӣ? Рав, ҳар ҷӣ аз дастат биёяд, кардан гир!

Саъба бо чашми пуробу бо дили кабоб ба назди ошмои худ Зоғ рафт. Зог
Ӯро дар ин ҳол дида пурсид:

  • Ба ту чӣ шуд, чаро гиря мекунӣ?
  • Ой Зоги доно, – гуфт Саъба, ба ман ёрӣ кун. Фил хонаамро вайрон,
    бачаҳоямро нобуд кард. Ба вай зӯрам намерасад, чӣ кор кунам.

Орс, Фил кори ганда кардааст, танбеҳи ўро додан даркор. Ман як дӯст до-
рам, биё, ба хонааш меравем, маслиҳат мекунем.

Дӯсти Зог Занбӯр буд. Зогу Саъба ба хонаи вай рафтанду воқеаро гуфта
доданд. Занбӯр ҳам ба кори Фил ҳайрон шуду роҳи танбеҳ доданро фикр карда
гуфт:

  • Ман як ошно дорам, биёед ба хонааш меравем, маслиҳат мекунем. Ошнои
    Занбӯр Қурбоққа буд, ба хонаи вай рафта, ҳар чор маслиҳат карда, ба як қарор
    омаданд. Занбӯр як гала шариконашро ҷег зада омад. Ҳама ба назди Фил ра-
    вон шуданд. Ба пеши Фил расиданду ҳамон Занбӯр ба гӯши Фил даромада, ба
    газидан сар кард. Фил аз дард бетоқат шуд, якпаҳлӯ хоб карда, гӯши худро ба
    замин молид. Дар ҳамин вақт занбӯрҳои дигар ба тамоми бадану гирду атрофи
    чашмони ӯ неш задан гирифтанд. Пилки чашмони Фил варам кард, вай нобино
    шуда, чанд вақт наҷунбила хобид. Баъд хеле ташна монда аз хоб бедор шуд,

Ҳамин вақт Қурбоққа як гала хешу таборашро ҷамъ карда, ба лаби ҷарӣ рафту
хамаашон «қур-кур»-кунон ба хондан даромаданд. Фил дар ҷустуҷӯи об ба сӯи
овози Қурбокқа рафта, ба лаби ҷарӣ расид. Вай қариб галтида буд, ки боз Зоғ
дар гирди сараш парвоз карда гуфт:

  • Эй Фил, кафо гард, ба ҷарӣ меғалтӣ! Фил саросема кафо гашт. Боз
    курбоқкаҳо он тарафтар рафта, кур-кур карданд. Фил «Ҳа, об он ҷо будааст»
    гуфта, боз ба пеши Қурбокқа, ба лаби ҷарӣ омада монд. Вай қариб ғалтида буд,
    ки боз Зоғ дар гирди сараш парвоз карда, гуфт:
  • Эй Фил, қафо гард, ки ба ҷарӣ меғалтӣ!

Ҳамин хел чанд бор курбокқаҳо Фили ташнаро ба лаби ҷарӣ бурданду Зоғ
ӯро аз роҳи хатарнок гардонд.

Даъфаи охир Фил ба сӯи ҷарӣ омада монда буд, ки варами пилкҳои чаш-
монаш кам шуданд, як чашмаш нимроғ кушода шуд. Дид, ки дар ҳақикат, дар
лаби ҷарӣ истодааст. Вай саросема қафо гашт. Ин лаҳза Саъба рӯ ба рӯяш пар-
воз карда гуфт:

  • Эй Фил, ту ба таманнои бузургиат аз худ рафта, ҳонаяки маро вай-
    рон, бачаҳоямро нобуд кардӣ. Ту гумон кардӣ, ки барои ин хел корҳоят ҷазо
    намебинӣ. Ана акнун, фаҳмидӣ, ки агар мо майдагон иттифок бандем, ту барин
    ҷондори бузургро нобуд карда метавонем.
  • Фаҳмидам, – гуфт Фил, – дигар ҳеҷ вақт ин хел намекунам.

Ана, аз ҳамон вақт сар карда, Фил ба ин қадар бузургиаш нигоҳ накарда,
як ҳайвони хушфеълу безарар шуда монд.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.