Афсонаи ГУРГИ НОДОН

ГУРГИ НОДОН

(Буза набудааст, як Гург будааст. Вай бисёр дара ба дараю саҳро
ба саҳро гашта, дар ҳеҷ ҷо хӯрок наёфтааст. Охир аз гушнагӣ чунон хароб шу-
дааст, ки базӯр роҳ мерафтааст. Як рӯз гамгину маъюс рафта истода будааст,
ки дар роҳ ба як Бузак вохӯрдааст.

-Оҳ, Бузаки ҷонон! – гуфтааст Гург, – ман туро ёд кардам, ки ҳеҷ вакт, дар
ҳеҷ ҷо ягон ҷонвари дигарро ин қадар ёд накардаам.

  • Азин гапҳоят маълум, ки ту маро хӯрдан мехоҳӣ, – гуфтааст Бузак, –
    аммо ба ту гуфтанам даркор, ки ҳозир гӯшти ман бемазза. Агар розӣ бошӣ, ин
    ҷо ист, ҳӯ ба он тарафи кӯҳ гузашта, зираю пиёз хўрда меоям, он вақт гӯштам
    хеле бомазза мешавад, кайф карда мехӯрӣ!

Гург ба гапҳои Бузак бовар карда, розй шудааст. Бузак бошад, рафтаасту
дигар гашта наомадааст.

Гург «Ин барои чӣ наомад?» гуфта, ба акиби кӯҳ гузашта дидааст, ки дар
он ҷо на Буз ҳасту на пиёз. Гург пушаймон шуда гуфтааст:

Эй Гурги нолон,

Аҳмаку нодон.

Дидӣ, ки Бузак,

Бихӯр бомазак!

Гӯшт-ку тайёр!
Зира чӣ даркор?
Наход бе пиёз,
Гӯшти нагзу соз,
Бемазза бошад,
Белаззат бошад”
Хӯрок надорӣ,
Ҳам бемадорӣ,
Акнун медонӣ?
Мурда мемонӣ!

Гурги гурусна боз дар ҷустуҷӯи хӯрок равон шудааст. Лекин базӯр роҳ,
мерафтааст, аз бемадорӣ пойҳояш печутоб мехӯрдаанд, чашмонаш хира мешу-

даанд. Мушу калламушҳо аз хонаҳояшон сар бароварда, Гурги харобу бема-
дорро дида, масхара мекардаанд.

Аз болои сари Гург Зоғу Шӯрнӯл парида гузашта, «Ин ҳамин замон мему-
раду дар болои мурдааш базм мекунем», – гуфта қар-қарркунон механдидаанд.
Ногоҳ аз пеши Гург як Асп баромадааст.

  • Туро Худо ба ман расонд, – гуфтааст Гург пеши Аспро гирифта.
  • Ту маро хӯрдан мехоҳӣ? – пурсидааст Асп, – ин хел бошад, ба ту гуф-
    танам даркор, ки ман ба як ҷо хат бурда истодаам, ин хат такдири як галлаи
    асдонро ҳал мекунад, Агар як дамакак ин ҷо истӣ, зуд гашта меоям, ту маро
    мазза карда мехӯрӣ.
  • Ту ҳам Бузак барин маро фиреб доданӣ ҳастӣ? – гуфтааст Гург. – Ту хат-
    пат надорӣ. Дурӯғ мегӯӣ!
  • Дорам! – гуфтааст Асп.
  • Дошта бошӣ, нишон деҳ! – талаб кардааст Гург.
  • Вай дар таги пои рости ақибам, – гуфтааст Асп, – бовар накунӣ, омада
    худат хонда бин!

Гург ба ақиб гузашта, ба таги пои рости Асп нигоҳ карданӣ шудааст. Асп
бошад, гӯшашро сих кардааст ва ҳамин, ки Гург сарашро хам карда, ба таги
пои росташ нигоҳ карданӣ шудааст, чунон ба манаҳаш лагад задааст, ки ҳамаи
дандонҳояш шикаста рехтааст. Гург беқуш шуда ғалтида мондааст. Асп ханди-
да, чорхез зада, гурехта рафтааст.

Гург баъди чанд вақт ба қуш омада дидааст, ки ҳам Аси аз даст рафтаасту
ҳам бедандон шуда мондааст. Вай нолону гирён шуда, худ ба худ ҳасрат карда
гуфтааст:

Эй Гурги нолон,
Аҳмақу нодон!
Аз дур дидӣ Асп,
Даррав раву часп!
Туна хатконӣ,
Балки нодонӣ.

Аз гуруснагӣ,
Мурда мемонӣ!

Гург ҳарчанд зӯр задааст, аз ҷояш хеста натавониста, аз гуруснагӣ мурда
мондааст.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.