Афсонахои точики

Афсонаи Се сагу як гург

Рузе се саг як Гургро дар қарибиҳои деҳа дида, таъқиб карданд. Сагон
забонҳояшонро бароварда, беист аз қафои Гург медавиданд. Гург мегурехту
сагҳо медавиданд. Давиданд, давиданд, охир Гургро маҷоли тохтан намонд.
Хаставу бемадор ба сари баландӣ баромаду ду пои қафояшро ба тагаш гириф-
та нишасту ба сагҳо рӯ оварда гуфт:

  • Истед! Канӣ бигӯед, ки чаро шумо маро пеш карда истодаед?

Ин гап сагҳоро ҳайрон кард: дар воқеъ, чаро онҳо худро ба азоб монда,
Гургро таъқиб карданд? Сагҳо дар муқобили Гург боз истода, ба фикр рафтанд.

  • Ту Саги кӣ? – дандонашро дурахшонида Гург аз Саги сиёҳ пурсид.
  • Ман Саги чӯпон, – ҷавоб дод Саги сиёҳ.
  • Ту Саги кистӣ? – пурсид Гург аз Саги хокистарранг.
  • Ман Саги як қассоб, – ҷавоб дод Саги хокистарранг.
  • Хуб, – гуфт сарашро ҷунбонида Гург. Пас ӯ ба саги зард рӯ оварда пур-
  • Хӯш, ту Саги кистӣ?
  • Ман Саги кулол, – ҷавоб дод Саги зард.

Баъд аз он Гург ба Саги сиёҳ рӯ оварда гуфт:

  • Ту, Саги сиёҳ, ҳақ дорӣ, ки маро пеш кунӣ, зеро ман аз рамаи соҳиби ту
    гӯсфанд рабудаам.

Саги сиёҳ гуфтаи Гургро тасдиқ кард.

  • Ту, Саги хокистарранг ҳам ҳақ дорӣ ба ман дарафтӣ, – гуфт, – зеро ман
    рӯдаву резгӣ ва устухонҳои молҳои куштаи соҳиби туро кам нахӯрдаам.

Саги хокистарранг ҳам гуфтаи Гургро сар ҷунбонида тасдиқ кард.

Сипас Гург ба Саги зард нигоҳ карда гуфт:

  • Ту, ки Саги кулол ҳастӣ, чӣ ҳақ дорӣ, ки маро таъқиб кунӣ? Магар, ман
    косаю табақи соҳибатро хӯрдаам?

Саги зард шарманда шуда, сарашро хам карду роҳи гурезро пеш гирифт.
Саги хокистарранг ҳам «барои рӯдаву резгӣ Гургро пеш карда гаштани ман чӣ
лозим буд?!» – гӯён, ба роҳи омадагиаш рафт. Саги сиёҳ танҳо монда, «Як худи
ман гургро чӣ кор карда метавонам?!» – гӯён, низ аз паи шариконаш рафт.

Гурги доно бошад, ба ҳоли Сагони нодон хандида, аз паи ризқу рӯзиаш
рафт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *