Афсонаи ХУРӮСИ ЗИРАК

ХУРӮСИ ЗИРАК

Шағоле гушнаю ғамгин дар фикри сайде буд. Хурӯсакро дид, ки дон
чида гаштааст. Шағол оҳиставу боэҳтиёт ва бесадо ба сӯи Хурӯсак кадам зад.
Хурӯсаки ҳушёр пай бурд, ки шағол меояд, фиррӣ париду ба сари девор нишаст.

Шагол пеши девор омада гуфт:

  • Дӯсти азиз, Хурӯсак, магар тарсидӣ ё ҳазар кардӣ, ки маро дида, парида
    ба сари девор нишастӣ?
  • Кай боз ту, Шағол, ба ман дӯсти азиз шудаӣ”! Тамоми олам медонад, ки
    ҷинси ту ҳамеша дар фикри шикори мургон аст. Барои мо мурғон қаттолтар аз
    ту душмане нест.
  • Тамоми олам мегӯию худ аз корҳои олам бехабарӣ, – гуфт Шағол.

-Онччӣ корҳо будааст, ки ман бехабар мондаам? – пурсид Хурӯсак.

  • Ин пагоҳ ҷонварон ҷамъ шуда, маҷлис оростанд. Пешниҳод шуд, ки
    байни ҷонварон, хоҳ вай даранда бошад ё паранда, хазанда бошад ё чаранда,
    душманӣ барҳам хӯраду сулҳу дӯстӣ барқарор шавад: гург ҳамроҳи гӯсфандон
    гардад, гурба ҳамроҳи муш, саг ҳамроҳи гурба, рӯбоҳ ҳамроҳи мурғ. Фаҳмидӣ?
    Ту бошӣ, аз дунё бехабар, маро дидию ҳаросида гурехтӣ.
  • Ман аз қарори маҷлис огоҳ нестам, то ба гӯши худ нашунавам, бовар на-
    мекунам, – гуфт Хурӯсак.
  • Ман ба ту гуфтам-ку! – оташин шуд Шағол.
  • Кадом Хурӯс ба Шағол бовар кардааст, ки ман ба ту бовар кунам?!
  • Бовар намекунӣ, фаро ман ба ту даст намезанам, – гуфт Шағол.
  • Пеши ту фуроям? Ман ку, ба пеши ту мефуроям, лекин аз боло мебинам,
    ки ба ин тараф як тӯда сагон меоянд. Аз саги газанда кӣ наметарсад? Ба онҳо
    бовар кунам? – гуфт Хурӯс.

Шағол номи сагонро шунида, шитобон роҳи гурезро пеш гирифт.

  • Ҳо, Шағол куҷо мегурезӣ? – пурсид Хурӯсак. – Магар, байни парандаю
    ҳайвонот сулҳ эълон нашудааст?
  • Ба хаёлам, сагон дар бораи сулҳ хабаре надоранд, – гуфт Шағол ва дар
    як он аз назар ғоиб шуд. Хурӯсак бо ҳамин тадбир худро аз чанголи Шағоли
    фитнаангез халос кард.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.