Афсона Рубох ва Лаклак

РӮБОҲ ВА ЛАКЛАК

Як замоне Рӯбоҳ ва Лаклак бо ҳам дӯст буданд.
Як рӯз Лаклак ба хонаи Рӯбоҳ меҳмон шуда омад. Рӯбоҳ хурсанд шуду
ҳадаҳа шӯла пухт, ба табақ кашида пеши меҳмонаш гузошт.
- Марҳамат, ҷӯраҷон, бо иштиҳо бихӯр, ки ман шод шавам, – гуфт Рӯбоҳ
ба Лак-лак.
Лаклаки бечора ба табақ нӯл зад – нӯл зад, аммо бо нӯли борику дарозаш
натавонист қадре бошад ҳам, шӯла хӯрад.
Рӯбоҳ бошад, шӯларо дар як дам хӯрду табакро лесида, ба Лаклак гуфт:
- Ҷӯраҷон, ками маро ба ҷои зиёд қабул кун, ҳар чи доштам пешат гузош-
там. - Маро иззат карда, заҳмат кашида, таом пухтӣ, сад ташаккур! – гуфт Ла-
клак, – Фардо, албатта, ба хонаи ман биё.
Рӯбоҳ «аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан» – гуфта, рўзи дигар ба
хонаи Лак-лак меҳмон шуда омад. Лаклак хуш қабулаш карду ба пешаш як
кӯзачаи дарози гарданборике оварда монд.
- Ҷӯраҷон, – гуфт, – саҳарӣ хеста оши угро пухтам, аҷаб болаззат аст ин
ош, бихӯр, кайф кун!
Рӯбоҳ ҳарчанд кард, аз кӯзаи гарданборик қадре ҳам хӯрда натавонист.
Лаклак бошад, нӯли дарозашро ба даруни кӯза дароварда, ба осонӣ кӯзаро
холӣ кард.
Рӯбоҳ бо шиками гушна ба хонааш омад. Бо ҳамин дӯстии Рӯбоҳу Лаклак
тамом шуд.