Афсонаи ШУТУР ВА ХАР

donkey-and-camel

Буд, набуд, корвоне буд. Дашту саҳрову кӯҳу биёбон тай карда ме-
рафту мерафт. Маълум набуд, ки кай ба ҷое мерасаду бозмеистад. Аз он байн
як Шутуру як Хар хеле монда шуданду тадбире карда ақиб монданд. Баъд,
«ҷонамон халос шуд» гуфта, роҳи гурезро пеш гирифтанд. Рафтанд, рафтанд,
ба марғзоре расиданд. Бӯи алафи тару тозаю гулҳои хушбӯй ба машомашон
зад. Шод шуданду шикамсерӣ алаф хӯрданду дар сояи дараҳти азамат ёзидаву
чӯкка зада осуданд.

  • Ба рӯзи нек расидем, – гуфт Шутур.
  • Гапат рост, – гуфт Хар, – лекин хӯрию роҳат кунию фарбеҳ шавию аз
    кайфи сурудхонӣ маҳрум бошӣ, ин ҳам азоб будааст!

Шутур ин гапро шунида, хавотир шуду ба Хар илтиҷо кард:

  • Ҷӯраҷон ин фикрро аз сарат дур кун!
  • Гапат дуруст, ман ҳам то тавонам зўр зада худамро нигоҳ дошта гашта-
    ам. Аммо, ба хаёлам ягон рӯз тоқатам тоқ мешаваду худамро дошта наметаво-
    нам. Худат фикр кун, ҷӯраҷон, вай Хар чӣ Хар аст, ки ҳангос назанад? Ҳангос
    барои Хар ин изҳори ишқ, изҳори муддаои дил, ҳангос ин суруди ботантанаест,
    ки лаззати зиндагиро ифода мекунад.

Шутур зорӣ карда гуфт:

  • Ҳақ ба ҷониби ту, ҷӯраҷон, лекин ақлатро кор фармо, мо ин ҷо оро-
    мем, барои он, ки касе аз мо хабар надорад. Тоқат кун ва фаромӯш накун, ки
    бетоқатӣ метавонад ба сари мо бало шавад.

Хар қабул кард. Чанд рӯз ором гузашт. Аммо рӯзе аз рӯзҳо Хар ба хоби
роҳати ширине ғӯтавар шуда, ҳангоми бедор шудан дар куҷо буданашро
фаромӯш карда, аз таҳи дил ҳангос зад, зеро дер боз ҳангос назада буд ва хумо-
ри ҳангосзанӣ ӯро азоб медод. Ҳангоси Хар ба гирду атроф танин андохт, ба
кӯҳҳо акси садо дод ва ба гӯши қорвоне расид, ки аз ҳамон наздикиҳо мегузашт.

  • Дар ин ҷойҳои бекасу кӯй Хар аз куҷо пайдо шуда бошад? – гӯён, ду на-
    фарро ба ҷустуҷӯи Хар фиристоданд. Омада Хару Шутурро ёфта, дошта ги-
    рифтанду назди корвон бурданд.
  • Ин ҷонварҳо фарбеҳу тоза, нағзакак истироҳат карда, пурқувват шуда-
    анд, – гуфта, ба шутур чизу чораи зиёд бор карданду, ду кас ба Хар савор шуда

гирифтанд. Корвон мерафту мерафт. Шутуру Хар зери бори гарон хаставу бе-
мадор қадам мезаданд.

  • Аз барф гурехта, ба жола дучор шудем, – гуфт Хар. Шутур, ки аз Хар
    сахт ранҷида буд, чизе нагуфт. Хар ногаҳон, гӯё бемор шуда бошад, ба замин
    афтод. Корвониён ҳарчанд кӯшиш карданд, онро ҳезонида натавонистанд, хе-
    зонанд пояш меларзиду боз меафтод.

Аввал партофта рафтанӣ шуданд, баъд гуфтанд, ки ин Хари хубу зебост.
Ҳайфаст, ин ҷо монаду нобуд шавад, бо худ баранд, шояд баъди ду-ос рӯз сиҳат
ёбад. Ҳамин хел маслиҳат карданду борро аз болои Шутур гирифта, Харро ба
он бор карданд. Бори Шутур ду баробар афзуд, бо азоб роҳ мерафт, ба қасдаш
гирифтагӣ барин корвон ба пайроҳаи кӯҳӣ баромад: як тараф кӯҳи баланд, як
тараф нишебии болои ҷар.

  • Хар, эй Хар, – гуфт Шутур, – ҳамон рӯз аҷаб суруде хондӣ, маро шавқи
    рақс пайдо шуд, акнун раксиданӣ будам, ки корвониён омаданду ману туро
    дошта гирифтанд. Ҳоло ҳамон суруди дилнавозат дар гӯшам садо медиҳад, дил
    мехоҳад бираксаму шодӣ кунаму бозӣ.

Хар ба воҳима афтода гуфт:

  • Ҷӯраҷон худро нигаҳ дор, ки агар бирақсӣ, ман аз болоят меафтаму ба
    ҷаҳаннам меравам.

Шутур худро сабук ҷунбонда гуфт:

  • Туба ман чӣ хел ҷӯра, ки бо гуноҳи ту ба дасти корвониён афтодам. Озод
    будам, асир шудам, ту чӣ хел ба ман дӯст, ки худро ба беморӣ задию ба ман
    савор шуда, як азобамро сад азоб кардӣ”! Маро дигар токати туро бардошта
    бурдан намондааст – гуфта ба оҳанги ракс пушташро ба ҳаракат овард. Хар
    ҳамон дам аз болои Шутур парида, ба каъри ҷарӣ афтод. Оби тези дарёи кӯҳӣ
    ҷасади ӯро ба харсангҳо зада-зада гирифта бурд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.