Афсонаи РӮБОҲ, САНГПУШТ ВА МӮРЧА

Буд, набуд, як Рӯбоҳ буд, Рӯбоҳи айёр буд, ба хӯрдан тайёр буд, тоқати
кор надошт, аз меҳнат безор буд.

ant

Як рӯз аз танҳоӣ зиқ шуду ба сари роҳ баромада, бо Сангпушту Мӯрча
вохӯрд. Ҳар се дар боби дӯстӣ сӯҳбаткунон сӯи ҷанғал равон шуданд. Вақти аз
хирманҷо” гузаштан як миқдор гандум ёфтанд, ки канори роҳ рехта буд.

  • Аҷаб гандуми сара будааст! – гуфт Мӯрча як донаашро гирифта, – ка-
    лон-калон пурмағз, агар ҳамаи инро ба хонаам барам, тамоми зимистон мазза
    карда мехӯрам.
  • Э, Мӯрча, ту шарти дӯстиро вайрон кардӣ-ку! – гуфт Рӯбоҳ, – мо дӯст
    шудем, дӯстон ҳар чи, ки ёбанд, баробар тақсим мекунанд.
  • Ингап дуруст, – тасдиқ кард Сангпушт.

Лекин ин гандум кам, “ суханашро давом дод Рӯбоҳ, – кирои тақсим не.
Беҳтар, ки ягон замини нағз ёфта, инро аввал корсму баъд ҳосилашро тақсим
кунем. Мӯрчаю сангпушт розӣ шуданд. Гандумро гундошта гирифтанду
заминкобӣ рафтанд. Рафтанд-рафтанду Рӯбоҳ як теппаи росту баландро ни-
шон дода гуфт:

  • Ана, замини нағзу тозаю мулоим! Ҳамин ҷо мекорем. Рӯбоҳу Сангпушт
    гандумро як сў монданду ба шудгори замин сар карданд. Як камакак кор карда
    буданд, ки Рӯбоҳ ба теппа нигоҳ карда гуфт:
  • Ин теппа ба назарам, ба болои замини мо меафтодагӣ барин. Агар
    галтад, тамоми меҳнатамон барбод мераьад. Шумоён шудгор кардан гиретон,
    ман рафта теппаро дошта меистам.

Рӯбоҳ ба Мӯрчаву Сангпушт фурсати даҳон кушодан надода, тохта ба бо-
лои теппа баромаду баҳузур хоб рафт.

  • Ин дӯстамон моро фиреб медодагӣ барин-ку, – гуфт Сангпушт арақи
    пешонаашро пок карда.

-Ғамнахӯр, агар фиреб диҳад, ҷазояшро медиҳем, – ӯро ором кард Мӯрча.

Мӯрчаву Сангпушт шудгорро тамом карда, дон пошиданду дар тараддуди
дамгирӣ шуданд.

  • Нағз меҳиат кардем, гуфт Сангпушт.

Меҳнат кардем, роҳаташро мебинем, – гуфт Мӯрча.

Ман ҳам аз шумоён камтар меҳнат накардаам, – гуфта Рӯбоҳ аз теппа
фуромада омад.

Хайрият рафта будам: теппа чапа шуда истода будааст, агар чораашро
намедидам, чаппа мешуду ҳамаамон дар тагаш мемондем, касе ёфт намешуд.
ба ҳоли зори мо гиря кунад. Чунон зӯр задам, ки раги поям дард мекунад.

Чанд вақт гузашт. Аз таги замини нарм гандум неш зада баромад, майса
шуд, баъд майсаҳои гандум қад боло карданд, хӯша бароварданд. Хӯшаҳо дї
баста пухтанд.

Мӯрчаву Сангпушт ба сари гандумзор омаданд. Онро даравида банд бас
танд. Хирман карданд, кӯфтанд. Сонӣ бод дода, галбер карданду акнун тақсим
мекарданд, ки аз куҷое Рӯбоҳ расида омад.

салом шарикҳо! Ин гандум бисёр не-ку!, – гуфт думашро бози доронда
Рӯбоҳ,
Се тақсим кунем, ба ҳар кадомамон кам- кам мерасад, баракаташ мепар»
рад. Беҳтараш яктамон гирем монем.
Хайр, ту, ки меҳнат накардай, на игпушт. – Барои ману
Мӯрча ҳамин қадараш ҳам давлати калон.
Са аҳди дӯстиро вайрон накун! – эъ кард Рӯбоҳ

рт мебандем. Ҳар ки бурад, гандум аз они ӯ.
шарт? – пурсид Мӯрча
Ҳар сеямон ба таги ҳо ана вай дарахти сада меравему аз ҳамон ҷо давида
меоем.
Касе, ки пеш омад, о ҳамон кас мегирад.

Ту медонӣ, ки аз мо пештар меоӣ. Ин шартат намешавад.
Мӯрча пштро тарафдорӣ накарда гуфт
Ҳоло пештар омадани кӣ маълум не. Шарти Рӯбоҳро қабу
Мӯрча ба Сангпушт чашмак заду баъд, вақте ки Рӯ
вон шуд, ба гӯшаш чизе гуфт
Ҳар се ба таги сада омаданд. То он ҷо кариб сад метр бу;
Тайёр шавед! – гуфт Рӯбоҳ. Мӯрчаву Сангпушт ба давидан тайёр и
Як, ду, се! Давидем! – гуфта Рӯбоҳ ба тарафи хирман чорхез зад.
Мӯрча дам назада, ба думи Рӯбоҳ маҳкам часпида гирифт. Рӯбоҳ дар як он
а хирман расид.
Ана, гандум ҳаққи ҳалоли ман шуд, – гуфта думашро ба рӯи гандум гу-
зошту қоҳ-қоҳ хандид.

  • Ҳой Рӯбоҳ, хандая бас куну думата бардор! — гуфт Мӯрча аз болои думи
    Рӯбоҳ ба болои гандум фуромада. – Ту ин гандум ҳаққи ҳалоли ман гуфтӣ? Аз
    ту пештар ман омада шиштаму ин гандум аз они ту шудааст?

Рӯбоҳ ҳайрон шуда пурсид:

  • Чӣ хел ту аз ман пештар омадӣ-а?
  • Баробари ту тохта омадам, – ҷавоб дод Мӯрча.
  • Бовар намекунам! — гуфта, Рӯбоҳ ҷанҷол бардошт.

Ба болои ҷанҷол Сангпушт расида омаду гуфт:

  • Ҳой Рӯбоҳ, ҷон ширин ё гандум?

-Ин чӣ гапи гуфтагиат? – пурсид Рӯбоҳ дар қаҳр шуда.

  • Овози сага намешунавӣ? – пурсид Сангпушт. – Ду Саги тозӣ туро кофта.
    меоянд.

Рӯбоҳ аз Саг ҷудо ҳам метарсид. Гапи Сангпуштро рост гумон карда, ба
пушташ нигоҳ накарда, гурехта рафт. Мӯрчаву Сангпушт ба ҳоли ӯ хуб хан-
дида гуфтанд: ҷазои ҳилагар ҳамин! Баъд гандумро баробар таксим карда, ба
хонаҳояшон бурданду тамоми зимистон мазза карда хӯрданд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.