Афсонаи РӮБОҲ ВА ПАЛАНГ

Буд набуд, як Рӯбоҳ буд. Вай як рӯз дар ҷустуҷӯи хӯрок ба беша да-
ромада рафт, рафта истода буд, ки аз пешаш Паланг баромад. Рӯбоҳи бечора
кариб буд, ки аз тарс дилкаф шавад. Илоҷи гузаштан набуд, чӣ кор карданаш-
ро надониста, ба болои як санги калон баромаду гиря сар кард.

Паланг ҳайрон шуда пурсид:

  • Эй Рӯбоҳ, барои чӣ гиря мекунӣ?
  • Оҳ, ман шуморо дидаму падаратон ба хотирам омад. Раҳматӣ, ҷояшон
    ҷаннат шавад, ҳамин қадар далеру чобуку чолок буданд, ки аз ҷариҳо чашм
    пӯшида меҷаҳиданд, аз кӯҳҳои баланд мепариданд, аз дарёҳои чукур мегузаш-
    танд. Сад афсӯс, ки солҳои охир тамошои корнамоиҳои ин хел баҳодурон ба
    ман муяссар намешавад. Гиряи ман барои ана ҳамин аст.

Паланг ин гапро шунида, бо ғурур сар бардошту дар пеши Рӯбоҳ ҳеҷ аз па-
дар камӣ надоштани худро намоиш доданӣ шуда, ақиб рафта, тозон пеш омаду
ҷаҳид. Ҷаҳиду рафта ба қаъри ҷарӣ зад.

Рӯбоҳ ба таги ҷарӣ нигоҳ карда, писханд зада гуфт:

Бале, ман медонистам, ки байни Шумо ва падаратон фарқи калон аст.
Ҳар фарзанд мисли падар намешавад!

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.