Афсонаи БЕДОНА ВА РӮБОҲ

БЕДОНА ВА РӮБОҲ

Як рӯз Рӯбоҳ Бедонаро дида монд ва ӯро дошта гирифта хӯрданӣ
шуд.

Бедонаи бечора дар чанголи Рӯбоҳ шах шуда монду баъд худро ба даст
гирифта гуфт:

  • Тумаро махӯр, эй Рӯбоҳ, намебинӣ, ман тамоман хароб, маро хӯрда баҳра
    намебарӣ, – гуфт Бедона.

Рӯбоҳ ин гапро шунида гуфт:

  • Не, мехӯрам!
  • Маро махӯр, аз ду сар бо гӯшти ман сер намешавӣ, аммо ман коре меку-
    нам, ки шикамат сер шавад, – гуфт Бедона.
  • Чӣ кор мекунӣ? – пурсид Рӯбоҳ.
  • Мебинӣ, ҳӯ ана як зан меравад, — гуфт Бедона, – вай ба саҳро ба шавҳараш
    таом мебарад, маро сар деҳу бин, ман чӣ кор мекунам.

Дарвоқеъ, он зан табақ ба сар ба сӯи саҳро мерафт. Рӯбоҳ ӯро дида, бедо-
наро сар дод.

Бедона парида рафта, дар пеши роҳи зан нишасту хиромида пеш рафтан
гирифт.

«Худо дод, дошта мегирам», – гуфта, зан табақро ба замин монду дасташ-
ро пеш бурда аз паси Бедона рафт. Фурсат ғанимат. Рӯбоҳ рафта, рӯи табақро
кушода, таомро пок- покиза хӯрда, рўи табақро пӯшида, гурёхта рафт. Аз паси
вай Бедона ҳам парида рафт.

  • Хӯш, сер шудӣ? – пурсид Бедона.
  • Сер шудам, – ҷавоб дод Рӯбоҳ.

Зан ноумед гашта омаду табақро бардошта, ба болои сараш монда ба пеши
шавҳараш рафт.

Шавҳараш аз сари ӯ табақро гирифта, кушода дид, ки хоп-холӣ. /

  • Инчӣ гап? – пурсид ӯ ҳайрон шуда.

Зан чӣ гуфтанашро намедонист.

Мард занашро сарзаниш кард. Зан бо чашмони гирён ба хонааш рафт.
Шавҳараш, ки гурусна буд, аз пушти ӯ равон шуд. Рӯбоҳу Бедона ба деҳа ома-

да, ба боми хонаи он зану шавҳар баромаданду аз мӯрӣ ба дарун нигоҳ кар-
данд. Марду зан пеши оташдон нишаста, ҷанҷод мекарданд.

Бедона ба Рӯбоҳ «ин ҷо мунтазир бош!» гуфта, ба даруни хона парида да-
ромад.

Зан Бедонаро дида, саросема ба шавҳараш гуфт:

  • Ана ҳамин Бедона маро фирсб кард. Дарро пӯшед, дошта мегирем.

Мард дарро пӯшид. Бедона ба кунҷи хона парида рафта, дар рӯи кӯрпача
нишаст.

  • Исто! – гуфт мард, – ман ҳозир ҷазояшро медиҳам.

Мард кафшашро гирифта, ба сӯи Бедона партофт. ба Бедона нарасид. Бе-
дона парида омада, ба лаби дег нишаст, дег пур аз хӯрок буд.

Зан чумча, мард бошад, як ҷӯроб гирифта, ҳар ду аз паси Бедона давиданд.
Бедона якбора аз мӯрӣ баромада парида рафт.

Зану шӯӣ ба беруи баромаданд, ҳамин вақт рӯбоҳ ба хона зада даромаду
дегро холӣ кард. Баъд вай берун баромада, хуб хандиду ба Бедона гуфт:

-Як дег хӯрок хӯрдам, вале сер нашудам. Боз хӯроке пайдо кун, агарсустӣ
кунӣ худатро мехӯрам.

Бедона хайрон шуд ва фикр кард, ки аз ин Рӯбохи носер чӣ хел халос ша-
вал

Ҳамин вакт дар кӯчаи деҳ ду Саг пайдо шуд.

Бедона худро ба онҳо нишон дод. Сагҳо Бедонаро доштанӣ шуданд, Бе-
дона фаррос зада ба тарафи Рӯбоҳ парида рафт. Сагҳо Рӯбоҳро дида, аз пасаш
давиданд. Рӯбоҳ тарсида гурехта рафт – рафт, аз пешаш як гор баромад, ба да-
руни гор даромада пинҳон шуд. Сагҳо ба деҳа баргаштанд, аммо РУбоҳ ҷуръат.
намекард. ки берун равад.

Бедона дар боғчае як кадуи хушки дарунхолиро ёфта, ба аби гор гелонда
овард. Каду такар- туқур садо медод. Рӯбоҳ тарсида, дарунтар рафт, пойҳояш
суст шуданд. Чанд вақт гузашт, тамоми умр дар гор руст шудан мумкин набуд,
як вакте тарсону ларзону гирён ва нодон аз гор баромада, кадуи кафидаеро
дид, ки тухми хушкаш чор тараф чошу пош шуда буд.

  • Туноинсоф, маро тарсондӣ, – гуфт. – Ман туро ба об ғарқ мекунам.

Рӯбоҳ сарашро ба даруни каду дароварда, ба пеши дарё рафта, ба об ан-
дохт. Каду аз об пур шуда, ба қаъри об фурӯ рафт ва рӯбоҳро бо худ кашида
бурд. Бедона, ки ин ҳолро аз дур тамошо мекард, шодӣ карда, парида рафт.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.