Афсонаи ГУНҶИШКАК

ГУНҶИШКАК

Буд набуд, як Кампир буд, Кампири бекасу бенаво буд. Вай аз пагоҳ

то бегоҳ чарх ресида, калоба карда, мефурӯхту аз пулаш зиндагӣ мекард. Зин-
дагиаш бад буд.

Як рӯз пахтааш тамом шуд, пулаш набуд, ки пахта харад. Шишту ба ҳоли

худ зор-зор гиря кард. Оби дидааш селу дарё шуд, осиёбҳо гардон шуданд,
ҳавлиаш ба пахтазори сап-сафед шукуфтагӣ мубаддал гашт.

аст!

Рӯзе як Акка омада гуфт:

  • Шақ-шақ-шакқ, мома, маро ба пахтазорат посбон намегирӣ?

-Ба ҳаққи посбониат чӣ мегирӣ? – пурсид Кампир.

  • Шақ-шақ, шақ-шакқ, — гуфт Акка, – нисфи ҳосили пахтазоратро диҳӣ, бас
  • Бирав! – гуфт Кампир, – даркор нестӣ!

Рӯзи дигар як Зоғ омада гуфт:

  • Қаҳ-қаҳ-қаҳ, мома, маро ба пахтазорат посбон намегирӣ?
  • Ба ҳаққи посбониат чӣ мегирӣ? – пурсид Кампир.
  • Қар-қар, – гуфт Зоғ, нисфи ҳосили пахтазоратро диҳӣ, бас аст!
  • Бирав! – гуфт Кампир, – даркор нестӣ!

Зоғ парида рафту як Гунҷишк парида омад.

Гунҷишкак «чуқ-чуқ» – гуфта, ин ҷо шишт, «чуқ-чуқ» – гуфта, он ҷо шишт.
Кампир пурсид:

  • Чӣ «чуқ-чуқ» мекунӣ, чӣ мегӯӣ?
  • Мома, маро ба пахтазорат посбон намегирӣ? – гуфт Гунҷишкак.
  • Ба ҳаққи посбониат чӣ мегирӣ? – пурсид Кампир.
  • Чуқ-чуқ, – гуфт Гунҷишкак, — ба ман камакак пахта диҳӣ мешавад!
    Кампир камакак пахта гирифта дод.

Гунҷишкак пахтаро бо нӯлакаш гирифту пеши ресанда бурда гуфт:

  • Пахтаро гиру рес-рес карда деҳ, рес-рес накунӣ, хоната вайрон мекунам,

бачата гирён мекунам!

Ресанда чархашро ба пешаш монд, пахтаро гирифта ришту як калобача рес-.

мон карда дод. Гунҷишкак ресмонро гирифта, пеши бофанда бурд. Пеши бофанда
бурду гуфт:

  • Инро гиру боф-боф карда деҳ, боф-боф накунӣ, хоната вайрон мекунам,
    бачата гирён мекунам!

Бофанда ресмонро гирифта, бофту як порча карбос карда дод,

Гунҷишкак карбосро гирифта, пеши буранда бурд. Назди буранда бурду
гуфт:

  • Бур-бур карда деҳ, бур-бур накунӣ, хоната вайрон мекунам, бачата гирён
    мекунам!

Бурранда карбосро гирифта, ба қади Гунҷишкак чен карда, бурида дод.

Гунҷишкак бурридаро гирифта, пеши дӯзанда бурд. Пеши дӯзанда бурда
гуфт:

  • Дӯз-дӯз карда деҳ, дӯз-дӯз накунӣ, хоната вайрон мекунам, бачата гирён
    мекунам!

Дӯзанда як куртаи хушрӯй дӯхта дод.

Гунҷишкак куртаро пӯшида, ба назди Кампир омад. Ба назди Кампир
омаду гуфт:

  • Чуқ-чуқ, ана акнун, пахтазоратро посбонӣ мекунам!

-Майлаш, ист, посбонӣ кун! – гуфт Кампир.

Гунҷишкак рӯзи дароз «чук-чук» мегуфт, ин ҷо мешишт, «чуқ-чуқ» мегуфт,
он ҷо мешишт, посбонӣ мекард,

Як рӯз гузори Подшоҳ ба ин ҷо афтод. Подшоҳ дид, ки як пахтазор сап-
сафед шукуфтагӣ. Вай аспашро нигоҳ дошта, ба аскарҳояш гуфт:

  • Дароед, ҳамаашро чинда гиред, якто ҳам намонад!

Гунҷишкак дид, ки аскарҳо ба пахтазор даромада чида истодаанд:

«Чуқ-чуқ», бечора Кампир,
Подшоҳ пахтазората кард ҷазир”,

  • гуфта, Кампирро ҷеғ задан гирифт.

Подшоҳ фармон дод, ки Гунҷишкакро дастгир кунанд. Аскарҳо паҳтачи-
ниро монданду Гунҷишкакро дастгир карданд,

  • Ӯро пар канед! – амр дод Подшоҳ.

Аскарон Гунҷишкакро лар канданд.

Пардор будам, парканда шудам! – гуфт Гунҷишкак.

  • Бирён кунед! – боз амр дод Подшоҳ.

Аскарон Гунҷишкакро бирён карданд.

  • Хом будам, пухта шудам! – гуфт Гунҷишкак.
  • Биёред, хӯрам! – гуфт Подшоҳ.

Аскарон Гунҷишкакро оварданд, подшоҳ ӯро ба даҳонаш ёндохту фурӯ бурд.

  • Берун будам, дарун шудам, – гуфт Гунҷишкак ва аз даруни Подшоҳ;

«Чуқ-чуқ», бечора Кампир,
Подшоҳ пахтазората кард ҷазир, –

  • гӯён фарёд кардан гирифт.

Ҳамин хел Гунҷишкак дод гуфтан гирифту шиками Подшоҳ ба дард даро-
мад. Подшоҳ тоқат карда натавониста, ба аскаронаш амр кард:

  • Ман Гунҷишкакро қай мекунам, ӯро бо шамшер занед! – Подшоҳ
    Гунҷишкакро қай кард. Сари Гунҷишкак аз даҳони подшоҳ намоён шуда буд,
    ки аскаронаш саросемавор шамшер заданд. Шамшер ба Гунҷишкак нарасида,
    бинии Подшоҳро бурид. Даррав наматпораеро сӯхтанд, ба ҷароҳати подшоҳ
    пахш карданд.

Гунҷишкак бошад, парида рафту дар ҳама ҷо:

«Чуқ-чуқ», бечора Кампир,
Подшоҳ пахтазората кард ҷазир!
Подшоҳи бинибурида,
Намад ба бинӣ халида!

  • гуфта гаш.
    Подшоҳ шарманда шуда, гурехта рафт ва дигар ҳеҷ гоҳ ба мамлакаташ на-
    омад. Одамон мегуфтанд, ки Подшоҳ пахтаҳои Кампиракро гирифтанӣ шуда,
    зӯраш ба як Гунҷишкак ҳам нарасидааст.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Один комментарий

  1. Марчона

    Подшохи беакл бдай

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.