Афсонаи ХАРИ ЗИРАК

ХАРИ ЗИРАК

The-donkey.

Буд набуд, Деҳконе буд, вай ду Барзагову як Хар дошт. Деҳкон ҳар рӯз
саҳарии барвақт ба Хар гандум бор карда, Барзаговонро пеш андохта, ба саҳро
ҷуфтронӣ мерафт.

Як бегоҳ, як Барзагов ба Хар, ки паҳлуяш бо ҳаловати тамом ёзида мехо-
бид, рӯ оварда, шикоят кард:

-Эй ҷӯра, – гуфт, – ту хушбахтӣ, аз соҳибон зулм намебинӣ: ба саҳро ган-
дум мебарию аз он ҷо ҳезум меоварӣ, бо ҳамин ҷонат халос. Қисмати барзаговӣ
ба гӯр равад, азоби мо хеле зиёд аст! Ҳар рӯз хӯҷаин моро ба ҷуфт андохта, аз
пагоҳ то бегоҳ меронад, каме сустӣ кунем, калтаккорӣ мекунад, ки мағз- мағзи
устухонам ба дард медарояд. Аҳволамон хсле вазнин аст.

Хар фикр карда гуфт:

  • Ман ба ту як роҳ нишон медиҳам, агар гуфтаи маро кунӣ, ҷонат аз азоб
    халос.
  • Гӯй ҷӯраҷон, он чӣ роҳ будааст? – гуфта Барзагов илтимос кард.

Хар гуфт:

  • Имшаб ва саҳарӣ хӯрок нахӯр, худро ба беморӣ андозу нолиш кардан гир.
    Хӯчаин гумон мекунад, ки бемор шудаӣ, ба саҳро намебарад. Ин гап ба Барзагов
    маъкул шуд. Деҳқон омада, ба охурҳо каҳу алаф партофта, дид, ки як Хару як
    Барзагов бо майли тамом ба хӯрдан сар карданду Барзагови дигар бетоб барин
    ба хӯрок нигоҳ намекунад.

Деҳқон саҳарӣ низ ин ҳодисаро мушоҳида карда,боварӣ ҳосил кард, ки
Барзагов бемор шудааст. Вай «акнун чи кор мекунам, бо як Барзагов ҷуфт рон-
да нашавад», гуфта истода буд, ки ногаҳон чашмаш ба Хар афтод.

Хар хеле фарбеҳу лӯнда шуда буд. Деҳқон хеле хурсанд шуда, «илоҷашро
ёфтам» гуфту Хару як Барзаговро ба саҳро бурд ва ҳар дуро ҷуфт андохта за-
мин ронд. Хар то бегоҳ кор карда беҳол шуд. Тамоми баданаш ба дард даро-
мад. «Офарин ба Барзагов, ки ба чунин ҳол тоқат мекунад!» – мегуфт ӯ худ ба
худ ва рӯзи дигарро ба хотир оварда «худкардаро даво не, вовайлои пинҳонӣ»
гӯён, чанд рӯз тоқат кард.

Як бегоҳ нохост як тадбире ба ёдаш омаду аз хурсандӣ бо тамоми овозаш
ҳангос зад ва ба Барзагови «бемор» рӯ оварда гуфт:

  • Ҷӯра, ман имрӯз гуфтугӯи соҳибамонро бо занаш шунидам. Хӯҷаин
    мегуфт, ки агар Барзагов сиҳат шуда, ба иштиҳо наояд, кушта гӯшташро
    мефурӯшему ба ҷояш Барзагови дигар мехарем. Маслиҳати ман ин аст, ки ту
    акнун ба рагбати тамом хӯрок хӯру сиҳат буданатро маълум кун, ки набошад.
    ҳолат хароб мешавад.

Барзагов, ки чунин ранг гирифтани ҳодисаро ҳеҷ интизор набуд, аз Хари
ғамхор миннатдор шуда, фавран ба иҷрои маслиҳати ӯ кӯшид. Вақте ки Деҳқон
хӯрок овард, худро саломату бардам нишон дода, бо завки тамом ба хӯрдан сар.
кард. Хӯҷаин ин ҳолро дида, шод шуду саҳарӣ онро ба ҷуфт даровард.

Аз ин миён чанд рӯз гузашт. Барзагов аз нав ба Хар дар бораи вазнинии
аҳволаш шикоят кард. Хар дуру дароз фикр карду баъд пурсид:

-Тутамоман халос шудан мехоҳӣ?

  • Албатта, мехоҳам!
  • Ин тавр бошад, – гуфт Хар – биё, аз ин ҷо мегурезем.
  • Ба куҷо мегурезем? – пурсид Барзагов.
  • Ба ягон чарогоҳ меравсму чарида мегардем, — ҷавоб дод Хар.

Барзагов дудила шуда гуфт:

  • Гапат маъқул-куя, валс мо чӣ хел дар чарогоҳ аз чанголи Гургу Паланг
    эмин мемонем?
  • Ягон илоҷ меёбем, – гуфт Хар. Ҳамон шаб ҳар ду гурехта рафтанд. Шаб-
    ро дар канори як деҳа гузаронида, саҳарӣ рафта истода буданд, ки як Хурӯс
    онҳоро дида монду пурсид:
  • Эй ҷӯраҳо, куҷо рафта истодаед?

Хар гуфт:

  • Мо аз дасти соҳибамон гурехтем, ба ягон ҷои хилват рафта зиндагӣ ме-
    кунем.
  • Ин тавр бошад, – гуфт Хурӯс, – маро ҳамроҳ намегиред, ки сохибам дар
    қасди кушта ҳӯрдани ман шудааст.
  • Хуб, биё, – гуфт Хар, – ба болои ман шин, аз ду сар будан се сар будан
    беҳтар аст.

Ҳамин хел се сар шула рафтан гирифтанд. Аз наздикии як деҳаи дигар гу-
зашта истода буданд, ки як Муш аз пешашон баромада пурсид:

  • Эй ҷӯраҳо, куҷо меравед?

Хар гуфт:

  • Мо аз соҳибамон гурехта, ба ягон ҷой рафта, зиндагӣ мекунем.

Муш гуфт:

  • Маи лар таҳи девор хона доштам. Ду-се рўз аст, ки соҳибхона аз куҷое
    Гурбае оварда сар дода мондааст. Як рӯз не, як рӯзи дигар ба дасти Гурба ме-

афтаму нобуд мешавам. Агар хоҳед, ман ҳамроҳи шумо раваму аз чанголи гур-
ба раҳоӣ ёбам.

  • Хуб, биё, – гуфт Хар, – ба болои ман баро!

Хар паҳлӯ заду Муш ба болои ӯ баромад.

  • Ин ҷондоракони муфтхӯр ба мо чӣ лозим?! – гуфт Барзагов аз илтифоти
    Хар ба Хурӯсу Муш норозӣ шуда, – чаро ин бори зиёдатиро бо худ мебарсм?
  • Парво накун, – гуфт Хар, – дӯстро хоҳ хурд аст ё калон, буданаш нағз аст.

Ҳамин хел се сар буданд, чор сар шуда, рафтан гирифтанд. Чанд рӯз роҳ
паймуда, ба доманаи кӯҳе расиданд. Диданд, ки серсабзаву сералаф, ҳар тараф
пуропури гиёҳҳои дилкаш, арзану ҷуворию ҷавдорҳои худрӯй.

  • Аҷаб ҷои муносибе! – гуфт Хар, – чарогоҳи аз ин хубтару зеботар ёфтан
    душвор аст. Фикри Хар ба дигарон маъқул шуду он ҷо манзил гирифта, хушу
    хуррам зиндагӣ карда гаштанд.

Бештар аз ҳама Хар шод буд, бо рағбати тамом шикамашро сер карда, аз
ин сӯ ба он сӯ, аз он сӯ ба ин сӯ гел мезад ва ба чор тараф чорхез зада, хурсандӣ
мекард. Аммо ба хурсандии ӯ як чиз халал мерасонид. Шарикон аз тарси он, ки
Гург шунида намонад, аз ӯ илтимос карда буданд, ки ҳангос назанад.

Рӯзе тоқати Хар тоқ шуд.

  • Ман дигар сабр карда намставонам, ҳангос задан мсхоҳам, – гӯён ба
    дӯстонаш гӯш надода, дурудароз ҳангос зад.

Кӯҳҳо акси садо доданду овози Хар ба ҷойҳои дур рафта расид. Ин овозро
галаи гургони гурусна шуниданд, ки кӯҳ ба кӯҳу дашт ба дашт сайд кофта ме-
гаштанд. Сардори Гургон ба як Гурги зӯру чаққон гуфт:

  • Ин овози Хар аст, рав фаҳмида биё, ки ин Хар дар куҷост, танҳо аст ё
    соҳиб дорад?

Гург ба сӯи овози Хар тохт. Омада истодани онро аз ҳама пеш аз болои
дарахт Хурӯс дида монда, дигаронро хабардор кард.

Гов газаб карда, ба Хар гуфт:

  • Ба гапи мо гӯш накардию ба сарамон Гургонро овардӣ! Хуни мо ба гардани
    туст
  • Парво накун, ҷӯраҷон, – гуфт Хар, – аз одам, ки халос шудем, аз чанголи
    Гургон ҳам халос мешавем, ҳоло ту пинҳон шаву то ҷеғ назанам набаро!

Гов руст шуд. Гург наздик омада дид, ки як Хари фарбеҳи лӯнда чарида
гаштааст. Фикр кард, ки равам, ба шариконам хабар диҳам. Баъд даҳонаш об
кушоду худ ба худ гуфт, ки аввал худам хӯрда, сер шавам, сонӣ ягон гап меша-
вад. Бо ҳамин мақсад Гург пеши Хар омаду гуфт:

-Эй Хар, аҷалат расидааст.

  • Хайр чӣ илоҷ? – гуфт Хар. – Куҷоямро аввал мехоҳӣ бихӯрӣ? ”
  • Куҷот нарму мулоим бошад.
  • Миёни ду пои қафоям мулоиму равғанин, ман пуштнокӣ хоб карда,
    пойҳоямро мекушоям, ту кайф карда хӯрдан гир.
  • Хайр, хоб кун! – гуфт Гург.

Хар гуфтагиаш барин хоб карда, пойҳояшро кушод. Гург мегазам гуфта,
сари худро хам карда буд, ки Хар каллаи ӯро бо ду пояш пахш карда, фарёд
кард:

-Эй паҳлавони одамизод, баро зан! Эй шоҳи таги замин, баро гўр ков! Эй
муаззини хушовоз, ба ҷаноза хабар кун!

Барзагов тохта омада, бо шохҳои тезаш Гургро задан гирифт. Муш тохта.
баромада, ба кофтани таги пои Гург машгул шуд, Хурӯс бошад:

  • Қу-қу-ку-кууу… – гӯён фарёд баровард.

Баъди он, ки Гург маҷрӯҳу хуншор шуд, Хар каллаи ӯро сар дод. Гург ҳар
чи қувват дошт, гурехта ба галаи гургон расиду гуфт:

  • Зуд гурезед, ки чаҳор паҳлавон пайдо шудааст, якташ банд меандозад,
    якташ мекӯбад, якташ гӯр мекобад, якташ ҷаноза мехонад,

Гургон роҳи гурезро пеш гирифтанд ва дар ин манзил дигар гурге пайдо
нашуду Хару Барзагову Мушу Хурӯс то охири умрашон бо хотири чамъу дили
беғам зиндагӣ карда гаштанд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.