Афсонаи ХОНАИ ЗАРГУШАК

ХОНАИ ЗАРГӮШАК

Буд, набуд, Заргӯшаки чолоку ҳушёре буд. Тобистон ҷояш бешаю боғот
буду тирамоҳ, ки расид, хоначаи зебою мустаҳкам месохт, даруни хонаро андова
мекард, ба таги пояш хасу хошоки мулоим мепартофт, алафҳои хуштаъм, меваю
сабзавот ҷамъ карда, дар пешгаҳи хоначааш ғарам карда мемонд, Ҳамин тавр,
Заргӯшаки боғайрат бо дили беғаму хотири ҷамъ зимистонро мегузаронид.

Соле зимистон бисёр сахт шуд. Рӯбоҳ, ки ба як ғор даромада хобида буд,
тоқат накарда, тозону ларзон аз ғор баромада омада, дари хонаи Заргӯшакро
тақ-тақ кард.

  • Кист, ки дари хонаи маро тақ-тақ мекунад? – пурсид Заргӯшак.
  • Ман Рӯбоҳ, ҳамсояи Шумо.
  • Шумо, ҳамсоя, аз ман чӣ мехоҳед?
  • Хунук хӯрдам, мехоҳам, ки дар хонаатон гарм шавам.

Заргӯшак, ки бадхоҳ будани ҳамсояашро медонист, фикр карда монд,

  • Дасту поям карахт шудааст, аъзои баданам тароша” барин шах шудагӣ,
    -гуфт Рӯбоҳ нолиш карда, – ба ҳоли ман раҳм кунед!

Дили Заргӯшак ба Рӯбоҳ сӯхту дарро кушод. Рӯбоҳ шитобон даромада,
Заргӯшакро зада берун карда, хонаи ӯро соҳиб шуду дари хонаро аз дарун
маҳкам кард.

Заргӯшак гирёну нолон рафта истода буд, ки аз пешаш Бузичае баромада:

  • Ҳа, Заргӯшак, ҳар вақт шоду хандон будӣ, имрӯз гирёну нолон, ба ту чӣ
    шуд? – гуфт.
  • Ман гиря накунам, кӣ гиря кунад, ки Рӯбоҳи ноинсоф маро аз хонаам
    зада пеш кард, – гуфт Заргӯшак.

-Энодон, ба ту ки гуфт, ки раҳми Рӯбоҳи маккорро бихӯрӣ? Рафтем хона-
атро гирифта медиҳам, – гуфт Бузича.

Заргӯшак далер шуда, ҳамроҳи Бузича ба хонааш равон шуд. Бузича бо.
шохҳояш дари хоначаро тақ-тақ кӯфта гуфт:

  • Рӯбоҳ хонаи Заргӯшакро ба нағзӣ холӣ кун, вагарна…
  • Ҳа, бадбахт, ин овози ту? Ман кай боз туро кофта гашта будам, – гуфт
    Рӯбоҳ аз даруни хона овозашро ғафс карда ва бо тамоми қувваташ худро чунон

ба дар зад, ки таккача тарсида, роҳи гурезро пеш гирифт. Заргӯшак аз паси ӯ
тохт.

Ҳамин хел Бузичаю Заргӯшак гурехта рафта истода буданд, ки аз пеша-
шон як Хурӯси гардандароз баромада пурсид:

  • Ҳой, Бузичаву Заргӯшак, ба куҷо гурехта рафта истодаед?

Заргӯшак нафасашро гирифта, воқеаро гуфта дод.

  • Эй Заргӯшак, гам махӯр, аҷали Рӯбоҳ манам, аз қафои ман биёед, вай
    ҳилагари аблаҳро ман дар пеши назаратон боб карда пеш мекунам, – гуфт
    Хурӯсак.

Хурӯсак пешопеш, Бузичаву Заргӯшак аз ақиби ӯ рафтанд.

Хурӯсак дарро бо нӯлаш кӯфта, қанотакзанон ба болои боми хона баро-
мада, бо тамоми овозаш фарёдкунон гуфт:

  • Эй Рӯбоҳи маккор, эй дузди айёр, ба тезӣ хонаро холӣ кун!

Рӯбоҳ аз дарун гуфт:

  • Исто, худи ту кистӣ кӣ ба ман таҳдид мекунӣ?!
  • Ман ҷӯраи Заргӯшак, номам Хурӯспаҳлавон, фаҳмидӣ?!
  • Ин кадар дӯғ назан! Ман модару падару бобои туро мешиносам. Дирўз
    ду Хурӯсу ду мокиёнро сар канда будам, дар ҳайратам дар он миён ту чӣ хел
    зинда мопдӣ?
  • Ман медонам, ки ту душмани қаттоли мургонӣ, – гуфт Хурӯс. – Ҳоло
    вакти ҷазои ту расид. Ҳозир ба деҳа раота соҳибони мурғонро хабар медиҳам,
    омада бо ту ҳисобу китоб кунанд.

Рӯбоҳ ин гапро шунида бо ғазаб:

-Тучиҳо гуфта истодаӣ? Ҳоло дарҷоят ист! – гӯён дарро тақаррос зад. Бу-
зичаву Заргӯшак гурехтанд, Хурӯс ҳам чӣ кор карданашро надониста, аз паси
онҳо гурехта рафт.

Заргӯш зор-зор гиря кард. Бузичаву Хурӯсак бисёр зиқ шуданд, лекин на-
медонистанд, ки чӣ кор кунанд.

  • Хона аз даст рафт– гуфт Заргӯшак – илоҷи дигар нест. Аҳволи ман акнун
    чӣ мешавад?!

Ҳамин вақт шамоли хунуке аз куҷэе пайдо шуду сари рӯи онҳоро лесида
гуфт:

  • Ассалому алейкум! Ҳа ҷӯраҳо, барои чӣ шумо гамгинед? Шуморо кӣ
    ранҷонхҳ?

Бузучаву Хурӯсак Заргӯшакро нишон деда гуфтанд:

  • Рӯбоҳи маккор хонаи ин бечораро кашида гирифт. Мо ӯро пеш карданӣ
    шудем, зӯрамон нарасид.

Шамол мисли Шер гуррида, ба гирду атроф давр зада гуфт:

  • Ба гапи ман гӯш кунед! Шумоён рафта пеши хонаи Заргӯшак истед, ман
    рафта бародарам Шамоли гармро мефиристонам, ҳамин, ки омад, шумо гарм
    шуда, рақсу бозӣ кардан гиред.

Шамол як чарх заду чангу хошокро ба осмон бардошта, аз назар гоиб шуд.
Дере нагузашта ба назди онҳо Шамоли гарм пайдо шуда омад, Заргӯшаку Бу-
зичаву Хурӯсакро ба канораш гирифт. Заргӯшак тафсида, аз хурсандӣ ба рақс
даромад, Хурӯсу Таккача ба сурудхонӣ даромаданд.

Шамоли хунук бошад, аз зиҳи” дару даричаҳо зада, ба хонаи заргӯшак да-
ромаду Рӯбоҳро ба чор сӯи хона пеш кардан гирифт. Рӯбоҳ хунук хӯрда ларзид.
Ҳамин вақт ба гӯшаш суруд расид. Аз сӯрохии дар нигоҳ кард, ки берун ҳаво
гарм, Заргӯшак раксон асту Бузичаву Хурӯсак шодикунон сурудхонӣ карда ис-
тодаанд.

Шамоли хунук торафт зӯр шуда, ба Рӯбоҳ ҳуҷум мекард. Токати Рӯбоҳ
тоқ шуд. Вай саросемавор дарро кушода, худро аз ин сармои тоқатшикан ба
гармие, ки дар берун ҳукмфармо буд, зад. Аммо Шамоли хунук ҳам баробари
вай берун баромад.

Заргӯшаку бузичаву хурӯсак фурсатро ганимат дониста, тозон ба хона да-
ромада, дарро маҳкам карданд. Шамоли гарм ҳам ҳамроҳи онҳо ба дарун да-
ромада хонаро гарм кард.

Рӯбоҳ бошад, аз Шамоли хунук ҳеҷ халос шуда наметавонист. Ба таги
дари хонаи Заргӯшак омад, гиряву зорӣ кард. Аммо Заргӯшак, «ту фиребгар,
ҷазоятро каш!» – гӯён Рӯбоҳро дигар ба хонааш роҳ надод.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.