Афсонаи ДУХТАРИ ДОНО

ДУХТАРИ ДОНО

Дар кадом як замоне, дар кадом як маконе, буд, набуд, як подшоҳ
буду як вазир. Вазир духтари нозанине дошт. Подшоҳ боре ӯро диду ошиқ шуд.
Ошик шуду сабру тоқат аз даст дод. Бисёр саъй кард, аммо худро ба даст ги-
рифта натавонист. Ноилоҷ ба хонаи вазир хостгор фиристод. Хостгорон ома-
данду ба вазир гуфтанд:

-. Подшоҳи олам мехоҳанд домоди шумо бошанд, муборак бод ин шарафи
бузург шуморо.

Вазир ҳайрон шуду зиқ шуду ба худ печид: охир синни подшоҳ ба ҳафтод
расидаву духтари ӯ нав ба шонздаҳ кадам монда. Аз рӯи адолат нсст, ки духта-
ри шонздаҳсолаашро ба пири ҳафтодсола диҳад

Духтар падарашро ғамгину ҳаросон дида, пурсид:

  • Эй падари бузургвор. Шуморо сархаму гамгини мебинам, сабаб чист?

Вазир оҳи сард аз дили пурдард кашида гуфт:

  • Замин сахту осмон баланд, духтарам. Мушкиле ба сарам омад, намедо-
    нам чӣ кор кунам?
  • Чӣ мушкилӣ? – пурсид духтар, – гап занед падар, ҳар дард давое дораду
    ҳар мушкил илоҷе.

Вазир гуфт:

  • Подшоҳ ақлашро хӯрдааст, мехоҳад туро ба занӣ гирад.

Духтар гуфт:

  • Хотирҷамъ бошед, ба хостгорони подшоҳ гӯед, ки ба пеши ман биёянд.

Вазир пеши подшоҳ рафта, хоҳиши духтарашро ба ӯ расонд. Подшоҳ
қабул кард.

Хостгорҳо пеши духтар омаданд. Духтар гуфт:

  • Мехоҳам калинамро бигӯям. Қалини ман: бист гург, сӣ буққа, шаст гови
    пир, ҳафтод дона гӯзаи пахта!

Ин қалин ба назари хостгорҳо ҳеҷ намуд. Онҳо шодикунон пеши подшоҳ,
омада гуфтанд, ки духтар розӣ шуд ва қалини духтарро як-як номбар карданд.

Подшоҳ хостгоронро ҷавоб доду куд ба андеша рафт: ҳар чӣ набошад.
Ӯ, подшоҳ, марди калонсоли рӯзгордида буд, фаҳмид, ки духтар ба ӯ чавоби
талҳе гуфтааст: ҷавони бистсола мисли гург чаққону чолоку нотарс меши

ҷавонмарди сисола мисли буққаи маст, марде, ки ба шаст қадам монд, мисли
гови пир бепарво буда, ҳамин ки ба ҳафтод расид, пахта барин беҳол мешавад.

Подшоҳ аз гуфтаи духтар ҳамин маъниро бароварду оташин шуда писа-
рашро ба пешаш хонда гуфт:

  • Писарам, духтари вазир дар ҳаққи ман таҳқири ҷонгудозро раво дид.
    Мехоҳам, ки аз ин духтари шаттоҳи бсандсша интиқоми маро гирӣ: пасаз сари
    ман ӯро бо зар бихару бо шамшер зада куш! Ман танҳо баъди он ки аз ин дух-
    тар ниқор мегирӣ, метавонам ором дар гӯр бихобам.

Ҳафтоду афтод мегӯянд. Баъди чанд вақт подшоҳ аз ҷаҳон чашм пӯшиду
писар ба тахт нишаст, пеш аз ҳама илтимоси падарро иҷро карданӣ шуда ба наз-
ди вазир хостгор фиристод. Вазир ба таҳлука афтод, вай медонист, ки шоҳзода
чӣ нияте дар дил дорад.

Вазир ба духтараш гуфт:

  • Шӯрбахт будаӣ, духтарам! Хатарнок аст хостгории подшоҳ, ӯ туро но-
    буд кардан мехоҳад. Ту фарзанди яккаю ягонаи ман, агар ба ту осебе бирасад,
    ман ба маргам ризо мешавам.
  • Ғам нахӯред. падар! – гуфт духтар. – Ман медонам чӣ кор кунам. Ба
    подшоҳ гӯсд, ки асбоби тӯйро тайёр кунад.

Хайр, вазир пеши подшоҳ рафту гуфт, ки духтараш розӣ, тӯй пеш гирад.
Подшоҳ дар фикри ташкили тӯй шуд, духтари вазир бошад, дар фикри саломат
бурдани ҷонаш.

Ба воситаи дугонаҳои каринаш устои чӯбтарошро ба хонаашон оваронда,
фармуд ҳайкале битарошад, ки ба ӯ монанд бошад. Чун ҳайкал омода шуд, ба
он либоси арӯсӣ пӯшониданд ва шаби никоҳ аз ду бозуяш дошта, бурда ба паси
чимилиқ шинонданд. Баъд домод – подшоҳро ба назди арӯсаш дароварданд.
Подшоҳ даромадаи замон бо шамшер ба сари «духтари вазир» зад, сари ҳайкал
пора-пора шуда ба замин афтод. Подшоҳ ин ҳолро дида, аз дил гузаронд, ки
нобуд кардани духтар кори осон нест, духтар зирак аст ва қодир аст, ҳар дафъа
худро халос кунад. Дар сари ин фикр ба он сабаб ки васияти падарашро иҷро
карда наметавонад ва инчунин ба сабаби хок хӯрдани тираш сахт ғамгин шуд.
Духтар ӯро устокорона масхара кард. Барои ин духтар бояд ҷазояшро бинад.

Подшоҳ пагоҳӣ хеста ба духтари вазир нома навишт. Навишт, ки барои
вай чанд сол аз пойтахт баромада меравад. То баргаштани ман писар мезоӣ, ки
сад андар сад ба ман монанд бошад, як сандуқро бо тилло пур карда, ба кулфаш
мӯҳр зада меравам аз он тарзе тилло бигир, ки мӯҳр беҷо нашавад ва зарар на-
бинад, як байталу як модасагро ба ихтиёрат монда меравам, коре мекунӣ, онҳо
бизоянду тойчаю сагча сад андар сад ба аспу тозии ман монанд бошанд. Бар-
гашта бинам, ки фармудаҳои маро накардӣ, сар аз танат ҷудо мекунам.

Духтар баробари ба дасташ расидани нома, рахти сафар баст ва ба касе
нафаҳмонда байталу модасаги ба ихтиёри ӯ мондаи подшоҳро бо худ гирифта,
аз шаҳр баромада рафт. Ӯ зирак буд, тахмин кард, ки подшоҳ ба истироҳатгоҳи
падараш рафта, машгули шикору айшу ишрат шуда, асари зарбаи ӯро аз дилаш
баровардан мехоҳад. Рафт дар шафати истироҳатгоҳи сабзу хуррам, ки аз онҳо
хониши мурғакони хушилҳон шабу рӯз дар гӯш ва насими мушкомез ба машом
мерасид, чодар зад.

Подшоҳ қаторчодарҳои рангоранги дар шафати истироҳатгоҳи падараш
пайдо шударо дида, шӯрид ва ба надимонаш гуфт:

  • Равед, бинед, кӣ ҷуръат карда, бе иҷозати ман хайма бардоштааст?

Духтар надимони подшоҳро бо иззату икром пешвоз гирифта, ба онҳо
гуфт:

  • Ман духтари Асмопарӣ ҳастам, ин ҷо аз паси кӯҳи Қоф омадаам, агар
    подшоҳи муаззам зид набошад, дар ин манзили хушобу ҳаво ду-се рӯз истироҳат
    карда меравам.

Надимони подшоҳ баргашта ин гапро ба подшоҳ гуфтанд ва суханони як-
дигарро бурида, бо шавқу ҳаяҷон духтарро сифат карданд.

  • Мопариро дидем, гумон аст, ки ягон фарзанди одамӣ дар ҳусну малоҳат
    шабеҳи ӯ бошад!

Чунин таърифу тавсифро шунида, подшоҳ мафтун шуд ва ӯро шавқи ди-
дани духтар боло гирифт, ӯ аз болои ҳафт қабат кӯрпачаи мулоими духоба-
ву шоҳӣ бархоста, ба сӯи хаймаҳои «духтари Асмопарӣ» асп ронд. Духтар ба
пешвозаш омад. Подшоҳ ӯро дида қариб буд, ки аз ҳуш равад. Худро базӯр
нигоҳ дошта, духтарро ҳол пурсид. Духтар ӯро ба хайма, ба сари дастархон
таклиф намуд. Ҳар ду хеле вакт чақ-чақ карда мишастанд. Баъд духтар қуттии
шоҳмотро бароварда пеши подшоҳ гузошт.

Подшоҳ аз кӯдакӣ ин бозиро дӯст медошт ва дар ин бозӣ аксарияти дарбо-
риёнро мебурид. Вай хурсанд шуда, қуттиро кушод, донаҳоро чида тайёр кард.

  • Хӯш, подшоҳи бузургвор! – гуфт духтар, – ба чӣ бозӣ мекунем?
  • Ҳар чӣ дили шумо хоҳад, – гуфт подшоҳ.
  • Бааспҳоямон, – гуфт духтар – агар шумо буред, аспи маро мегиред, агар
    ман бурам, аспи шуморо.

Подшоҳ розӣ шуд. Духтар бозиро бурд.

  • Аспи ман азони шумо, – гуфт подшоҳ.

Духтар аспро гирифта, ба надимонаш фармуд, ба байталаш монанд. Дере
нагузашта, байтал аз аспи подшоҳ ҳомила шуд.

Рӯзи дигар духтару подшоҳ боз баъди зиёфату чақ-чаку сӯҳбати дилангез
ба сари шатранҷ нишастанд.

-Ин дафъа барои чӣ бозӣ мекунем? – пурсид подшоҳ.

  • Ба тозии шикориамон – ҷавоб дод духтар.

Подшоҳ розӣ шуд.

Духтар боз бурид ва тозии подшоҳро гирифта, ба надимонаш фармуд, ки
ба модасаг бимонанд. Ба ҳамин тариқ модасаг ҳам ҳомила шуд.

Подшоҳро тоқати ҷудоӣ аз духтар намонда буд. Рӯзи дигар боз ба хаймаи
духтар омад, баъди таому калом подшоҳ шатранҷро ба миён гузошта, гуфт:

  • Акнун мехоҳам, ки барои буридани ту бибозам, агар бурам ту аз они
    ман, агар ту бурӣ ман аз они ту.

Духтар гуфт:

  • Ба ин шарт пагоҳ мебозем. Имрӯз ман мехоҳам ба мӯҳри подшоҳӣ бибо-
    зам.

Духтар буриду ба надимонаш фармуд, ки рафта сандуқро кушоянду тил-
лояшро гирифта, баъд пӯшида, ба қулф сурғуч рехта, ба рӯи кулф мӯҳр зананд.
Фармони ў иҷро шуд.

Рӯзи дигар подшоҳ духтарро маглуб карда, ба шодиву тантана гуфт:

-Туакнун аз они ман, ҳак дорам, бо ту ҳар чӣ хоҳам кунам.

  • Ҳақ доред, – гуфт духтар, – мулло биёваред, моро никоҳ кунад, ман зани
    шумо. Баъди никоҳ духтар аспу тозию мӯҳри подшоҳиро баргардонда гуфт: –
    Ман, ки зани шумо бошам, ин чизҳо ҳам аз они шумо.

Чанд рӯз духтару подшоҳ шоду хуррам зиндагӣ карданду як пагоҳӣ подшоҳ
аз хоби бароҳат хеста дид, ки занаш дар паҳлӯяш нест. Ба изтироб афтод, ба
вазирону аскаронаш фармуд, ки ҳама чор тарафро кобанду занашро ёбанд:

  • Агар наёбед, сар аз танатон ҷудо мекунам! – дар ҳолати изтироб таҳдид
    кард подшоҳ.

Ба чор тараф асп ронданд, ҷое намонд, ки нарафта, маҳалле намонд, ки на-
кофта бошанд, нишоне аз духтар наёфтанд. Подшоҳ намедонист чӣ кор кунад,
ӯро на рагбате ба зиндагӣ монду на шавқе ба подшоҳӣ. Доду вовайло гуфта,
сина бараҳна карда, рӯз то шабу шаб то рӯз ба хоки сард пахш карда мехобид,
на суханс шунидан мехосту на ба касс гап задан.

Вазирону надимонаш ҷамъ шуда, маслиҳат карда, давои дарди ӯро наёф-
танд.

  • Духтари парӣ буд, муқаррар ба бошишгоҳи қавми париҳо ба паси кӯҳи
    Қоф рафтааст, – мегуфт яке.
  • Шунидем, ки дар ин олам кӯҳе бо ин ном вуҷуд дорад, вале касеро нади-
    даем, ки онро дида бошад, – мегуфт дигаре.
  • Одати париён ҳамин аст: ногоҳ пайдо шудану ногоҳ гайб задан. Беҳтар
    буд, ки подшоҳ бо паризод сару савдо надошта бошад, – мегуфт савумӣ.

Хулоса, дарди подшоҳро давос пайдо нашуд. Як моҳ гузашт, ду моҳ гу-
зашт, як сол гузашт, ду сол гузашт, подшоҳ маҷбур шуд ба тақдираш тан дода,
ба боргоҳаш баргардад.

Ба сӯи пойтахти мамлакат асп меронду номаи худро ба духтари вазир ба
хотир меовард.

Духтари хираву берӯ, албатта, ягон шарти ӯро иҷро накардааст: на пи-
сар зоидааст, на байталу модасагро зоёндааст, агар зоидаву зоёнда бошад ҳам,
мувофиқи гуфтаи ӯ не. Тиллоро ҳам якинан, мӯҳрро аз ҷояш беҷо накарда, ги-
рифта натавонистагист. Дар ин ҳол ба ман, подшоҳи мамлакат, ки ӯро никоҳ
карда гирифта будам, чӣ мегуфта бошад?!

Духтари вазир бошад, ҳамон вақт ба шаҳр баргашта бо дили бегаму хоти-
ри ҷамъ зиндагӣ карда гашт. Нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз гузашту писаре таваллуд кард.
Писарча рафта-рафта чун себи дукафон шабеҳи подшоҳ шуд. Байтал тойчаю
модасаг сагча зоид, ки ба аспи подшоҳу саги тозии ӯ мисли ду қатра об монанд.
буданд.

Ба боргоҳ хабари омад-омади подшоҳ расид. Надимонаш пешвоз барома-
да, ба ӯ хабари хуш расониданд.

  • Чӣ мегӯед, ки аз занатон як писар шуд, худи худатон барин, аз худатон
    камӣ надорад, байталатон як той кард, ки аз аспатон зиёд аст, ки кам не, боз як
    сагча шуд, ки аз ҳамин тозиатон ҳеҷ камӣ надорад.

Подшоҳ ҳайрон шуда гуфт:

  • Эй аҳмақҳо, ман дар он ҷо будаму дар ин ҷо ман барин писар мешавад
    магар?! Аспи ман дар он ҷо буду дар ин ҷо аспи ман барин той мешавад?! Саги
    ман он ҷо буду дар ин ҷо саги ман барин саг мешавад?!

Гуфтанд:

  • Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ҳамин хел шуд.

Омада дид, ки ҳамаи ин гапҳо рост. Ҳайрон шуда пеши духтари вазир
рафт. Дид, ки ҳамон паризод – духтари Асмопарӣ.

Подшоҳ он қадар шод шуд, ки ба гуфтан сухан камию забон оҷизӣ меку-
над. Пеши занаш ба зону нишаста, узр хоста:

  • Эй дарду балоят ба ҷонам занад, ман ба гапи падарам даромада қариб
    буд, ки хуни туро ноҳақ бирезам, ҷону молам- ҳар чи дорам, нисори ту, – гуфту
    занашро ба канор гирифт.

Занаш ӯро боздошта гуфт:

  • Шумо гуноҳи худро иқрор кардед, ҳар касро, агар ҳатто подшоҳ бошад,
    зарур аст, ки агар гуноҳе аз ӯ содир шуда бошад, тавба кунад.
  • Тавба кардам! – гуфт подшоҳ, – ман тамоми умр аз дилу ҷон хизмат ку-
    нам ҳам, қарзамро пеши ту адо карда наметавонам. Ман туро аз лаҳзаҳои аввал
    дӯст доштам ва бовар дорам, ки муҳаббатам ҳеҷ гоҳ суст нахоҳад шуд. Офарин
    ба ту! Ту ба ман фаҳмондӣ, ки чӣ қудрате дорад ишқ, Ман фаҳмидам, ки пеши
    нашъаи ишқ подшоҳию ҳукмронӣ ба мардум ҳеҷ будааст.

Духтари вазир, баъди шунидани ин суханон ба шавҳараш бовар кард ва
ҳар ду то замоне, ки дар дунё буданд, аз дидори якдигар баҳра бардошта, якди-
гарро иззату ҳурмат карда, хушу хуррам зиндагӣ карданд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.