Афсонаи ВАСИЯТИ ПАДАР

ВАСИЯТИ ПАДАР

Як замоне дар як деҳа осиёбоне зиндагӣ мекард. Вай се писар дошт.
Айёми пирии осиёбон расид, вай охир шудани умри худро ҳис карда, писари
калониашро ҷег заду гуфт:

-Умри ман охир шудааст. Ба ту молу мулк даркор аст ё васияти падарат?

  • Ба ман молу мулк даркор, – ҷавоб дод калонӣ, – аз васият шикам сер на-
    мешавад.
  • Хайр ба ту осиёб ва ними пулҳоямро мерос мемонам, баъд чӣ таврс ки
    метавонӣ, ҳамон хел зиндагонӣ кун!

Осиёбон писари миёнаашро ҷеғ зада гуфт:

-Умри ман охир шудааст. Ба ту молу мулк даркор аст ё васияти падар?

  • Ба ман молу мулкатонро мерос монда равед, падар, бо васияти хушку
    холӣ рӯз гузаронидан мушкил аст.
  • Хуб, вақте ки ман мемурам, ту хона ва нисфи пулҳоямро гир ва чӣ тавре
    ки метавонӣ, ҳамон хел зиндагӣ кун!

Баъд аз он осиёбон писари хурдиашро ҷеғ зада гуфт:

  • Писарам, умри ман оҳир шудааст. Ба ту молу мулк даркор аст ё васияти
    падар?

Писари хурдӣ ғамгин шуда гуфт:

  • Агар шумо набошед, ман бе васияти шумо чӣ хел зиндагӣ мекунам? Ба
    ман молу мулк даркор нест. Ба ман васиятатонро монда равед. Васияти шумо
    дар зиндагӣ ба ман мададгор мешавад.
  • Ту писари нагзи ман! – гуфт падараш, – набошад, васияти падаронаи
    маро гӯш кун: вақте ки ман мурдам, се шаб болои ҳам ба сари қабрам биё. Дар
    он ҷо ба ту васияти ман ошкор мешавад.

Писари хурдӣ раҳми падари пирашро хӯрда, бо чашми гирён берун шуд;
Ҳамон шаб осиёбон вафот кард.

Писари калонӣ ва миёна дар болои мурдаи падар гиряҳо карда, баъд аз он
ки маросими дафн тамом шуд, бошитоб ба тақсим карда гирифтани молу мулк
сар намуданд. Ба писари хурдӣ ҳеҷ чиз нарасид. Вай ҳатто намедонист, ки дар
куҷо зиндагӣ кунад.

Писари калонӣ гуфт:

  • Биё, то ягон ҷой ёфтанат, дар хонаи ман зиндагӣ карда ист!

Писари миёна гуфт:

  • Хоҳӣ, дар хонаи ман зиндагӣ кун!

Писари хурдӣ ба бародарони худ миннатдорӣ изҳор карда гуфт:

  • Ман намехоҳам, ки дар хонаи шумоён бекор, муфт хӯрда гардам. Ман
    молҳои шумоёнро бонӣ мекунам.

Ҳамин хел писари хурдӣ чӯпони бародарони калонии худ шуд.

Шаби якуми баъди дафн, саҳарии барвақт, вай ба сари қабри падараш
рафт. Падарашро ба некӣ ёд карда, ба марги ӯ бисёр афсӯс хӯрду зор-зор гиря
кард. Ногоҳ ба гӯши ӯ шиҳаи аспе расид. Гашта нигоҳ кард, ки дар наздаш як
аспи шабранги зебо истодааст: асп ёлу думи дарози хушрӯ дошт, зинаш заррин,
афзолаш нуқрагин ва худи он қанотдор буд.

  • Баман савор шав, куҷое, ки хоҳӣ парида меравем! – гуфт асп.
  • Ман ҳеҷ ҷо намеравам, ман чӯпонам, молбонӣ мекунам, – чавоб дод ӯ.
  • Аз ёли ман як қабза мӯй канда гиру руст карда мон, ҳар вакт, ки ба ту
    даркор шавам, як тори ёлро дуд андоз, ҳамон дам дар наздат ҳозир мешавам.

Писарак аз ёли аспи шабранг як қабза канда гирифт ва ба нӯги рӯймолаш
баста, руст кард. Асп гоиб шуд,

Вай шаби дигар ҳам саҳарии барвакт ба сари қабри падараш рафт. Па-
дарашро ба некӣ ёд карда, ба марги ӯ бисёр афсӯс хӯрду сурас кироат кард.
Ногаҳон ба гӯши ӯ шиҳаи аспе расид. Гашта нигоҳ кард, ки дар наздаш як аспи
сурхи зебос истодааст, асп ёлу думи дарози хушрӯй дошт, зинаш заррин, абзо-
раш нуқрагин ва худаш қанотдор буд.

-Ба ман савор шав, куҷое ки хоҳӣ парида меравем! – гуфт асп.

-Ман ҳеҷ ҷо намеравам, ман чӯпонам, молбонӣ мекунам, – рад карда гуфт
писарак.

  • Аз ёли ман як қабза мӯй канда гир, руст карда мон, ҳар вақт, ки ба ту
    даркор шавам, як тори ёлро дуд андоз, ҳамон дам дар наздат ҳозир мешавам.

Писарак аз ёли аспи сурх ҳам як қабза гирифт. Асп гоиб шуд.

Вай шаби сеюм ҳам барвақт ба сари қабри падараш рафт. Дар ҳасрати
дидори падараш зор-зор гиря кард. Боз ногаҳон шиҳаи аспро шунид. Са-
рашро бардошта нигоҳ кард, ки дар наздаш як аспи сафеди зебос истодааст,
асп ёлу думи дарози хушрӯс дошт, зинаш заррин, афзолаш нуқрагин ва ху-
даш қанотдор буд.

-Ба ман савор шав, куҷое хоҳӣ парида меравем! – гуфт асп.

-Ман ҳеҷ ҷо намеравам, ман чӯпонам, молбонӣ мекунам, – гуфт писарак.

  • Аз ёли ман як қабза мӯй канда гиру руст карда мон. Ҳар вакт ки ба ту
    даркор шавам, як тори ёлро дуд андоз, фавран дар наздат ҳозир мешавам.

Вай як қабза ёли аспро канда гирифту ҳамон дақиқа асп оҳиста шиҳа ка-
шида, ғайб зад.

Азин ҳодиса чанд вақт гузашт. Писарак ҳанӯз молбони акаҳояш буд. Вай
ҳар пагоҳ барвақт молҳоро ба саҳро ҳай карда” бегоҳӣ бармегашт. Дар назди
молҳо мехобид, хӯрокаш аз акаҳояш ҷудо буд, аммо вай аз тақдираш шикоят
намекард.

Як бегоҳ ӯ молҳоро аз саҳро ҳай карда омада истода буд, ки овози ҷарчиро
шунид. Ҷарчӣ кўча ба кӯчаи шаҳр гашта фарёд мекард:

  • Подшоҳ донистан мехоҳад, ки дар мамлакати ӯ савораи аз ҳама хубтар
    кист! Ҳар касе ки асп давонда, ба болои чил зина барояд, ӯро подшоҳ сарлаш-
    кар таъин карда, духтари зеботарини мамлакаташро ба занӣ гирифта медиҳад!

Аз ҳар тарафи мамлакат дар атрофи қасри подшоҳ саворони беҳтарин
ҷамъ шудан гирифтанд. Ҳар кас мехост, ки ҳунари худро нишон дода, сарлаш-
кар шавад ва духтари зеботарини мамлакати худро ба занӣ гирад.

Рӯзи пойгаҳ дар майдони пеши қаср ҳамаи аҳолии шаҳр ҷамъ шуда буд.
Ба он ҷо писарони калонии осиёбон ҳам ҳозир шуданд. Писари хурдӣ бошад,
саросема нашуда, молҳоро ба оғил маҳкам карда, дасту рӯяшро шусту ба сари
кабри падараш рафт.

Падарашро ёд намуд, зор-зор гиря кард, рӯймолашро кушода, як тори ёли
аспи шабрангро бароварда дуд андохт. Ҳамон дам аспи шабранг ҳозир шуд,
дар рӯи зини зарринаш пӯшоки қиматбаҳо баста шуда буд.

  • Зуд тайёр шав! – гуфт асп.

Дар кӯчаҳои шаҳр, дар болои аспи зебои шабранг як савораи либосҳои
қиматбаҳо пӯшидагӣ пайдо шуд. Кӯчаҳо аз одам пур буданд. Дар рӯи бомҳо
навозандагон карнаю сурнай менавохтанд, савораҳои ба пойгаҳҷо равандаро
табрик мекарданд.

Дар майдони назди қаср саворони либосҳои рангоранг пӯшидагӣ гирд
омада буданд. Вале омадани ҷавони бо либосҳои гаронбаҳо дар рӯи аспи шаб-
ранг нишастагӣ диққати ҳамаро ба тарафи худ кашид…

Бисёр саворони далер ҳунарозмоӣ карда, ба зина асп меандохтанд, вале
ханӯз ҳеҷ кас ҳатто то ними зинаи баланд набаромада буд.

Навбати ҷавони аспи шабранг расид. Ҳама ба ӯ нигоҳ макарданд. Аспи ӯ
сабукборона парида, то нимаи зина баромаду якбора пешпо хӯрда, гашта фа-
ромад.

Рӯзи якуми пойга гузашт. Саворон аз ноӯҳдабароияшон хафа шуда, паро-
канда шуданд. Мардум дар бораи рӯзи ояндаи пойга бо шавқу ҳавас гапзанон
карда, ба хонаҳои худ рафтанд,

Писари хурдӣ ба сари кабри падараш омада, аз асп фаромад ва либосҳои
кӯҳнаашро пӯшида, саросема шуда тохт, ки аз акаҳояш пештар ба хона равад.

Дере нагузашта акаҳояш бо кайфи чоқ даромада омаданд. Онҳо ба якди-
гар гап надода, ба додарашон дар бораи савораи ношиносе, ки ба аспи зебои
шабранг савор шуда, аз ҳама болотар парида буд, нақл мекарданд.

Рӯзи дигар акаҳои писарак аз нав ба майдони пеши касри шоҳ рафтанд.
Укаашон имрӯз ҳам барвақтар молҳоро оварда, дар оғил маҳкам карду ба сари
қабри падараш рафт. Ба ёди дидори падараш зор-зор гиря карда, баъд кунҷи
рӯймолашро кушода, як тори мӯи аспи сурхро дуд андохт. Ҳамон дам аспи сурх
ҳозир шуд, дар рӯи зини зарринаш пӯшоки қиматбаҳо баста шуда буд.

  • Зуд тайёр шав! – гуфт асп.

Писарак аспи сурхи зебои худро тозонда, ба майдони қаср равон шуд.
Имрӯз ҳам кӯчаҳо пур буданд. Мусиқӣ баланд садо медод. Мардум савори
зеборо зуд шинохтанд ва ӯро бо овози баланд табрик мекарданд. Онҳо дар
тааҷҷуб буданд, ки ҷавон аз дирӯза ҳам хушлибостару зеботар, аспаш хушрӯю
хушафзалтар аст.

Имрӯз низ бисёр савораҳои моҳир ба зина асп медавонданд. Вале бенатиҷа!
Ҳеҷ кадомашон ҳатто то нимаи зина нарасиданд.

Аспи сурхсавор аз ҳама дер омад ва охирин шуда ба зина асп давонд. Аспи
ӯ сабук парида, аз нимаи зина гузашт. Мардум хурсандона нафас рост карданд.
Аммо аспи сурх то зинаи сеюми болотар аз нима баромаду ногаҳон пешпо
хӯрда, гашта фаромад. Зина ҷудо ҳам баланд буд!

Ҳамин тавр рӯзи дуюми пойга ҳам бенатиҷа гузашт.

Имрӯз ҳам акаҳои писарак ба якдигар гап надода, ба укаашон дар бораи
пойга, махсусан дар бораи аспи аз дирӯза ҳам зеботар ва чолоктари ҷавони
ношинос нақл карданд,

Рӯзи сеюм писари хурдӣ боз ба сари қабри падараш рафт. Аввал ба ҳасрати
рӯи қабри падараш зор-зор гиря кард, баъд як тори мӯи аспи сафедро бароварда
дуд андохт.

Ҳамон дам аспи пахта барин сап-сафед ҳозир шуд. Зини асп тилло ва
узангиҳояш нуқра, дар рӯи зин либоси шоҳона баста шуда буд.

Писарак либосҳоро гирифта пӯшид, ба асп савор шуд ва роҳи шаҳрро пеш
гирифт. Кӯчаҳо пур аз одам буданд, мусиқӣ боз ҳам баландтар садо медод,
мардум бо ғулғулаву ҳаяҷон тамошо мекарданд.

Аспи сафедсавор имрӯз аз дирӯза ҳам зеботар буд. Мардум савори аспи
сафедро зуд шинохтанд, ӯро бо овози баланд табрик мекарданд. Онҳо дар
тааҷҷуб буданд, ки ҷавон аз дирӯза ҳам хушлибостару зеботар, аспаш хурӯю
хушафзалтар буд.

Имрӯз низ саворони бисёр дар майдони қаср саф баста, бо навбат ба зина
асп медавонданд. Валс ҳеҷ кадомашон ҳатто то нимаи зина нарасиданд.

Аз ҳама охир савори аспи сафед асп давонд. Аспи ӯ сабук парида боло
мебаромад. Ана, аз миёнаи зина гузашт! То охири зина камакаки дигар монд…

Аз ҳар тараф садои рӯҳбаландкунандаи мардум баланд шуд. Ҷавон аспаш-
ро маҳмез зад. Асп паррандавор боз ҳам болотар баромад ва дар як лаҳза зинаи
охиринро тай карда, дар рӯи майдончаи васси болои қаср беҳаракат истод.

Ғулгулаи мардум ба осмон печид. Садои карнаю сурнай баланд шуд.
Подшоҳ ба майдонча баромада, ба халқ эълон кард, ки ҷавони зафарёфтаро
сарлашкари худ таъин карда, зеботарин духтари мамлакаташро ба ӯ медиҳад.

Аммо ҷавон беному нишон ғоиб шуда рафта буд. Вай бодвор аз зина
фаромада, ба сари қабри падараш асп давонд. Аспро ҷавоб дода, либосҳои
кӯҳнаашро пӯшида ба хонаашон омад.

Акаҳояш ба якдигар сухан надода, дар бораи ҷавони хушбахте, ки чил зи-
наро тай карла, ногаҳон гайб зада рафта буд, нақд мекарданд.

Рӯзи дигар вақти саҳар чӯпонписар молҳоро ба чарогоҳ бароварда, худаш
ба сари қабри падараш рафт. Падарашро ба некӣ ёд карда, зор-зор гиря карду
як тори мӯи аспи сафедро дуд андохт. Ҳамон замон аспи сафед ҳозир шуд, дар
рӯи зини тиллои он либоси аз пештара ҳам зеботар баста шуда буд.

Писарак либосро гирифта пӯшид ва роҳи шаҳрро пеш гирифт.

Дар ин рӯз подшоҳ фармон дода буд, ки ҳамаи лашкараш дар майдони
қаср ҷамъ шавад. Ҳазор-ҳазор аскарон ба он ҷо равон шуда, саф меоростанд.
Як вақте ҷавони дирӯз зафарёфта ҳам ҳозир шуд. Аспаш бодвор мепарид. Вай
аз пеши акаҳояш гузашта истода, аспашро нигаҳ дошт. Акаҳояш ӯро шинохта,
якбора фарёд карданд:

-Укаҷон!

  • Балс, ман укаи шумо, бегоҳӣ ба хона овардани молҳоятон аз ёдатон на-
    барояд! – гуфт ба онҳо писари хурдӣ ва ба сӯи лашкараш асп давонд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.