Афсонаи ДУХТАРИ ҶАСУР

ДУХТАРИ ҶАСУР

Буд набуд дар замонҳои қадим дар як шаҳре пирамарде буд. Пира-
мард се духтар дошт, аммо ягонто ҳам писар надошт ва ҳамеша дар орзуи пи-
сар буд.

Рӯзе аз рӯзҳо пирамард ба дарди чашм гирифтор шуда, нобино мешавад.
Табибҳо даво мекунанд, вале фоидае намебахшад. Пирамард аз дидани рӯзи
равшану дидори фарзандон ва ёру дӯстонаш маҳрум шуда, бисёр-бисёр ғам
мехӯрад. Аз ғам харобу абгор мегардад.

Як вақт як шахси мусофир хабар медиҳад, ки дар як шаҳри дур табибе
ҳаст, дар боги он табиб як гиёҳе мерӯяд, табиб аз барги он доруғ тайёр мекунад,
ки ба ҳар гуна дарди чашм даво мешавад.

Мӯйсафед ин хабарро шунида оҳи сард кашида:

  • Агар писар медоштам, – мегӯяд вай, – албатта рафта он гиёҳро ёфта ме-
    оварду аз гурбати нобиноӣ халос мешудам.

Духтари калонии пирамард дарҳол аз ҷояш хеста, аз падараш илтимос.
карда мегӯяд, ки:

  • Падарҷон, иҷозат диҳед ман рафта ҳамон доруро ёфта биёрам!

-Оҳ, духтарам, – мегӯяд, пирамард, – аз дасти ту ин кор намеояд, бекора
овора мешавӣ.

Духтар аз гапи худ нагашта, зорию тавалло кардан мегираду охир пада-
рашро розӣ мекунад.

Баъд аз ин духтар як аспро зину банд зада, либосҳои мардона пӯшида, як
хӯрҷинро пур аз хӯрокворӣ карда, ба роҳ медарояд. Меравад-меравад, чанд
шабу чанд рӯз роҳ гашта, дар сари як чорраҳа як хоначаи майдаи чӯбинро ме-
бинад. Духтар «дар ҳамин ҷо касе будагист, аз ӯ роҳро пурсида гирам» – гӯён
-аз асп фаромада, хонаро так-тақ мезанад.

Аз даруни хона овози занона шунида мешавад: А

  • Кист? Ман бемор ҳастам, аз ҷоям хеста наметавонам, худат даромадан:
    гир! р;

Духтар дарро кушода ба хона медарояд ва салом дода мебинад, ки
ҳақиқатан дар рӯи хона як кампири бемор хобидааст.

  • Модарҷон, ба шумо чӣ шуд? – гуфта мепурсад духтар.
  • Эҳ, писарам, – мегӯяд кампир, – напурс, ман хеле вақт бемор шуда, дар
    болои ҳамин бистар хобидаам, каси нигоҳубин мекардагӣ надорам.

Духтар даррав ба хӯрҷинаш даст андохта, аз тӯшаи барои сафар тайёр кар-
дагиаш гирифта, ба кампир мехӯронад, кампир қадре ба худ омада аз духтар
мепурсад:

  • Писарам, ту аз куҷо омадию ба куҷо рафта истодаӣ?
  • Ман аз шаҳри дур омадам, – мегӯяд духтар, – падарам ба касалии дарди
    чашм гирифтор шуда, нобино шудааст, ман ба кофтукоби дору рафта истода-
    ам.
  • Эх, писарам, – мегӯяд кампир, – аз ин ниятат гард, бисёр одамони далер
    ба кофтукоби ин дору равон шуда, ба мақсадашон расида натавониста, нобуд
    шудаанд. Ба даст овардани он дору ҳеҷ илоҷ надорад, ба хонаат гашта рав!

Духтар баъди ин гапҳо ноумед шуда, гашта ба хонааш меояд. Падараш
хотирҷамъ шуда мегӯяд:

  • Ҳа, духтарам ман хеле хурсандам, ки сиҳату саломат гашта омадӣ.

Духтар воқсаи бо кампир вохӯрданашро ба падару хоҳаронаш нақл карда
медиҳад.

  • Ба даст овардани дору, – мегӯяд ӯ, – ҳеҷ илоҷе надоштааст. Бисёр ода-
    мони далер ба ҷустуҷӯи он равон шуда, ба мақсадашон нарасида, нобуд шуда
    рафта будаанд!

Духтари миёна ба гапҳои хоҳараш аҳамият надода, аз ҷояш хеста:

  • Падарҷон иҷозат диҳед, ман меравам ва албатта ҳамон доруро гирифта
    мебиёрам, – илтимос мекунад аз падараш.
  • Азапаи калониат чӣ дидам, ки аз ту бинам, биё мон, нарав, беҳуда нобуд
    мешавӣ! – мегӯяд падараш.

Аммо ин дуҳтар ҳам сахт ба гуфтааш истода, гаштаю баргашта иҷозат
пурсидан мегирад. Вай дар охир падарашро розӣ мекунонаду як аспро гириф-
та, зин зада, либосҳои мардона пӯшида, кокулҳояшро ба таги телпак ғун карда,
ба роҳ медарояд. Аммо рафта-рафта, баъд аз чанд рӯз ин духтар ҳам ба ҳамон
хонаи чӯбини сари чорраҳа мерасад. Дар назди хона аспашро ба шохи дарахте
баста, дарро тақ-тақ мезанад. Кампир аз дарун:

  • Кист? Ман бемор ҳастам, аз ҷоям хеста наметавонам, худат даромадан
    гир, – гуфта овоз медиҳад.

Духтар дарро кушода медарояд, салом медиҳад ва ба як тарафи хона ни-
шаста, аҳволпурсӣ мекунад.

  • Ох, писарам, напурс, – мегӯяд кампир, – ман хеле вақт бемор шуда, дар
    болои ҳамин бистар хобидаам, каси нигоҳубин мекардагӣ надорам.

Духтар даррав ба хӯрҷинаш даст андохта, аз тӯшаи барои сафар тайёр кар-
дагиаш ба кампир медиҳад, кампир қадре ҳол гирифта, аз куҷо будан ва барои
чӣ омадани ин бачаро пурсида мегираду баъд мегӯяд,

  • Эй писарам, аз ин ниятат гард, ба мақсад расиданат беҳад душвор аст,
    беҳуда нобуд мешавӣ.

Кампир дар бораи ҷои мерафтагии духтар чунон гапҳои даҳшатнок мегӯяд,
ки ин духтар ҳам ба ваҳм афтода, аз роҳ гашта, ба хонаашон меояд ва ҳамаи
воқеаи аз сар гузаронидаашро ба падару хоҳаронаш нақл карда медиҳад.

Пирамард оҳи сард аз дили пурдард кашида мегӯяд:

  • Вой бар ҳоли касе, ки бе писар бошад!

Ин гапҳои падар ба духтари хурдиаш ҳеле сахт мерасанд.

Рӯзи дигар вай ба назди пирамард мсояду иҷозат пурсида:

  • Падарҷон розӣ шавед, ман рафта ҳамон доруро ёфта биёрам! – мегӯяд.
  • Духтараки азизам, – мегӯяд падараш, – ман аз апаҳои калониат чӣ ди-
    дам, ки аз ту бинам, ту ҳам рафта гашта меоию беҳуда овора шуданат мемонад.

Духтари хурдӣ бисёр-бисёр зорию илтимос мекунад ва дар охир падараш
розӣ мешавад. Духтар даррав либосҳои мардона пӯшида, як хӯрҷини калонро
аз хўрокворӣ пур карда, баромада меравад.

Рафта-рафта, баъд аз чанд шабу чанд рӯз, вай ҳам ба хонаи кампири бемор
мерасад. Аспро ба шохи дарахте баста, дари хонаро тақ-тақ мезанад, ки кам-
пир аз даруни хона мепурсад:

  • Кист? Ҳар кӣ бошӣ, худат дарро кушода даромадан гир! Ман беморам,
    аз ҷой хеста наметавонам.

Духтар дарро кушода медарояд ва ба кампир саломи гарму ҷӯшон дода,
даррав барои дасту рӯ шустани кампир об мебиёрад ва аз хӯроквориҳои овар-
дагиаш кампирро нағз зиёфат мекунад.

  • Ҳа писарам, ту аз куҷо ба куҷо меравӣ? – аз корҳои духтар хурсанд шуда
    мепурсад кампир.
  • Ман аз шаҳри дур омада истодаам, барои доруи чашм меравам!

Кампир як оҳ мекашаду ба газаб омада мегӯяд:

  • Эй писари нодон, магар ту намедонӣ, ки бисёр паҳлавонони лар ин роҳ
    сафар мекардагӣ зиндаю саломат ба ватанашон барнагаштаанд! Ту, ҷавони но-
    занин, ин корро адо карда намставонӣ! Ё пеши ман исто ё ба хонаат баргард!

Духтар аз гапҳои кампир натарсида далерона мегӯяд:

Эй модарҷон! Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон
нашавад! Ман аз сафарам намегардам. Ҳар чӣ ки ба сарам наояд, меравам!

Духтар хеста рафтанӣ мешавад.

  • Писарам, – мегӯяд кампир ӯро нигоҳ дошта, – ман мебинам, ки азми
    ту қатъӣ аст. Ба ту хеле душвор ва хатарнок мешавад. Ман ба ту роҳи аз ин
    мушкилиҳо халос шуданро мегӯям. Агар ту гуфтаҳои маро иҷро кунӣ, ба
    максадат мерасӣ. Табиб доруи ту гуфтагиро муфт намедиҳад, вай ба ивази он
    тухми дарахтеро талаб мекунад, ки он тухм дар ихтиёри як деви сесара аст. Ме-
    ваи он дарахт шифобахш аст ва ба бисёр касалиҳо даво мешавад, Ба манзили
    дев меравӣ, ба ҳамаи чорвою канизони дев нағзӣ мекунӣ. Баъд илоҷе карда, аз
    хонаи дев тухми ҳамон дарахтро гирифта мегурезӣ. Дев сур” мекунад, мана ин
    оинаю шонаю қайроқро гир, ҳар боре, ки дев ба гу наздик шуд, яке аз онҳоро
    ба пуштат парто, садди роҳи дев мешавад. Ана акнун рав. Сафарат ба хайр бо-
    шад!

Духтароинаю шонаю қайроқро гирифт, ба кампирбисёр-бисёр миннатдорӣ
баён карда, баромада меравад.

Чанд шабу чанд рӯз роҳ рафта, ба манзили деви сесара мерасад, Мебинад,
ки дарвозаи қалъаи дев нимвайрону ифлос. Даррав устокорӣ карда, дарвозаро
тозаю дуруст мекунад. Баъд онсӯтар меравад, ки дар як тараф як қатор сагҳои
калон-калон бастагию дар тарафи дигар як гурӯҳ асп. Дар пеши аспҳо устухон,
дар пеши сагҳо беда. Вай устухонҳоро гирифта, ба пеши сагон мепартояду, бе-
даро ба пеши аспҳо. Дарунтар медарояд, ки панҷ-шаш канизак танӯрҳоро таф-
сонда, барои дев нон пухта истодаанду нонро бо дасти луч ба танӯр мечаспо-
нанд, дастҳояшон сӯхтагӣ.

Духтар ба онҳо салом гуфта, ҳолпурсӣ мекунад ва ба ҳар қадомашон ба-
рои нон пухтан яктагӣ остинча дӯхта медиҳад. Канизакон остинчаро гирифта,
хурсанд мешаванд.

-. Эй ҷавони нозанин, ба чӣ мақсад ба ин ҷо омадӣ? – мепурсад яке аз онҳо.

Духтар мақсадашро гуфта медиҳад.

  • Ин кор бисёр душвор аст, – мегӯяд ҳамон канизак. – Дев тухмҳоро дар
    халтача андохта, дар таги болишташ монда хоб меравад. Гирифтан осон не.
    Агар гирӣ ҳам, аз дасти вай гурехта, халос шуда наметавонӣ.
  • Агар тухмҳоро гирифта тавонам, он тарафашро як илоҷ мекунам! –
    мегӯяд духтар.
  • Ин тавр бошад рав! – маслиҳат медиҳад канизак. – Дев ёзида хобидааст,
    бубин агар ҳар ду чашмаш кушодагӣ бошад, хобаш бурдагӣ. Халтачаро аз таги
    сараш оҳистакак гиру гурез, агар якто чашмаш кушодаги бошад, бедор аст, зуд
    қафо гард.

Духтар рафта мебинад, ки ҳар ду чашмони дев кушодагӣ. Поида ба ӯ наз-
дик мешаваду аз таги болишташ халтачаро гирифта мегурезад.

Дев якбора бедор шуда,фарёд мекунад:

  • Эй канизакон, дуздро дастгир кунед!
  • Не, – мегӯянд канизакон, – мо ӯро дастгир намекунем, ӯ ба мо нағзӣ
    карда,остинча дӯхта дод!

-Эй аспон, шумо ӯро доред! – мегӯяд дев.

  • Не, мо намедорем, – мегӯянд аспон, – ту ба мо устухон медодӣ, ӯ ба мо
    нагзӣ карда беда дод!

-Эй сагҳо, шумо ӯро қапед! – фармон медиҳад дев.

  • Не, – мегӯянд сагҳо, – ӯ ба мо устухон дод.

-Эй дарвоза, ӯро дор!

  • Не, мегӯяд дарвоза, – ту маро ифлосу хароб кардӣ, ӯ маро тозаю обод
    кард.

Дев мебинад, ки ӯро дастгир намекунанд, хеста худаш аз қафои духтар ме-
давад. Вай бо тамоми қувваташ давида, ба духтар наздик шуда, дасташро да-
роз карда, аз думи аспи ӯ доштанӣ мешавад, ки духтар оинаи кампир додагиро
гирифта,ба қафояш мепартояд. Оина якбора мавҷ зада, ба дарёи бесару бари
шӯхе мубаддал мешавад.

Деви бузургҷусса худро ба дарё мепартояд. Вай бо машаққати зиёд аз дарё
мегузараду давида ба духтар наздик шудан мегирад. Ба духтар наздик шуда,
дасташро дароз карда, аз думи аспи ӯ дошта, гирифтанӣ мешавад, ки духтар
қайроқро мепартояд. Қайроқ гулдуррос зада, ба кӯҳи калону баланд табдил
меёбад. Дев дар кафои кӯҳ мемонад.

Духтар бо суръат асп давонда гурехта меравад.

Дев, як вақте аз ин кӯҳ ҳам гузашта, боз ба духтар наздик шудан меги-
рад. Ба духтар наздик шуда, дасташро дароз карда, аз думи аспи ӯ дошта
гирифтанӣ мешавад, ки духтар ин дафъа шонаро ба қафояш мепартояд. Аз
шона шақарроскунон, як ҷангали бсканар ба вуҷуд меояд. Дев аз ин ҷангал
гузашта натавониста, гашта меравад.

Духтар чанд вакти дигар роҳ тай карда, сиҳату саломат ба шаҳри табиб ме-
расад. Пурсидаву ҷӯида ҳавлии табибро меёбаду дарвозаашро так-так мезанад.

Аз дарун шахсе:

  • Ҳозир! – гуфта,омада дарвозаро мекушояд. Духтар салому алейк карда,
    ба ҳавлӣ медарояд ва илтимос мекунад, ки ӯро ба ҳузури табиб баранд. Табиб
    як писар доштааст. Вай дарҳол аз хона баромада, мехмонро пешвоз гирифта,
    ба назди падараш мебарад.

Духтар, баъд аз вохӯрӣ ва пурсупос, ба табиб бо чӣ мақсад омаданашро
гуфта медиҳад.

  • Ин доруро, – мегӯяд табиб, – ман ба касе медиҳам, ки ба ивази он тухми
    як дарахтро оварда диҳад.
  • Ман овардам! – гуфта тухмро ба табиб дароз мекунад.
  • Бисёр нағз, бисёр нағз, – мегӯяд табиб, – Шумо кори бошарафе кардаед.
    Ман бо меваи ин дарахт бисёр-бисёр одамони мамлакатамонро аз касалиҳои
    марговар халос мекунам.

Баъд табиб аз духтар мепурсад:

  • Ин тухмиҳо-ку дар дасти деви сесара буданд, Шумо чӣ хел онҳоро гириф-
    тед? Ҳол он ки зўртарин паҳлавонҳо ҳам ҷуръат карда ба назди он дев рафта на-
    метавонанд!

Духтар воқеаи шудагиро гуфта медиҳад:

  • Офарин писарам! – мегӯяд табиб, – Шумо марди ҷасур будаед! Мана ин
    ними тухмҳоро гашта гиред, бурда дар мамлакататон шинонед, меваашонро
    ба беморҳо диҳед, сиҳат мешаванд! Мана ин доруи дарди чашм, ба чашми па-
    даратон молед, чашмҳояшон бино мешавад, мана ин тухми гиёҳе, ки аз барги
    он доруи дарди чашм тайёр мешавад. Инро ҳам бурда коред ва аз баргаш дору
    тайёр карда, ба кӯрон диҳед, бино шаванд.
  • Ман ҳамаи ин гуфтаҳои Шуморо, албатта иҷро мекунам, – мегӯяд дух-
    тар.

Табиб ба ӯ роҳи тайёр кардани доруро гуфта медиҳаду баъд аз он таклиф
мекунад, ки ду-се рӯз меҳмони ӯ шавад. Духтар розӣ мешавад .

Табиб ёру ҷӯраҳояшро ҷамъ карда, чанд рӯз зиёфат медиҳад.

Як рӯз яке аз дӯстони наздики табиб ба ӯ мегӯяд:

  • Ин меҳмони шумо духтар асту либоси мардона пӯшидааст.
  • Не-е мегӯяд табиб, – ин паҳлавонлисарест, ки далерии бемислу монанд
    нишон дода,чизи дар дунё аз ҳама қиматбаҳоро гирифта омадааст!
  • Шумо хато мекунед, вай духтар аст! – мегӯяд дӯсти табиб. – Вақте ки
    ҳамаи меҳмонон хеста ба хонаашон мераванд, шумо ҷойгаҳи ӯро бо ҷойгаҳи
    писаратон дар як хона андозед. Баъд дар таги сари ҳар дуяшон якдастаӣ гули
    садбарги сафед гузоред. Агар духтар бошад, гул пажмурда мешавад, агар пи-
    сар бошад, ҳеҷ тағйир намеёбад.

Табиб розӣ шуда, гуфтагии дӯсташро мекунад.

Духтари зирак аз воқеа пай бурда, то нисфи шаб нахобида, бо писари та-
биб сӯҳбат мекунад, ҳикояю афсона мегўяд. Баъде, ки чашми писарак пӯшида
мешавад, духтар аз ҷояш хеста, гули пажмурдашудагиро аз таги сараш гирифта
мепартояд ва оҳистекак ба берун баромада, аз боғи табиб як даста гули тоза
гирифта меораду ба таги сараш мегузорад.

Аммо писари табибро хоб набурда буд. Вай бо қираи чашми нимпӯшаш
ҳамаи ҳаракатҳои духтарро дида мегирад.

Рӯз шудан баробар, табиб омада, духтару писарро аз хоб бедор мекунад.
Ҳамин ки онҳо аз хона мебароянд, аз таги сарашон гулҳоро гирифта мебинанд,
ки чи хеле ки гузошта буд, ҳамон хел тару тозаанд.

Баъд аз ин духтар ба ватанаш рафтанӣ мешавад. Табиб ӯро бо иззату
эҳтиром гусел мекунад.

Духтар хайру хуш карда, ба роҳ мебарояд. Писаритабиб аз падараш иҷозат
гирифта, духтарро гусел карда монданӣ мешавад. Ҳар ду чанд шабу чанд рӯз
роҳ гашта, ба шаҳри духтар мерасанд. Аз вақти ба кофту кови дору баромада
рафтани духтар хеле вақт гузашта буд. Падару модар ва хоҳаронаш ҳавотир
кашида, гумон мекунанд, ки ӯ ба бадбахтие гирифтор шудааст. Як дарди пада-
раш ҳазор дард мешаваду вай аз иҷозат доданаш гаштаву баргашту пушаймон
мегардад.

Аммо дар як рӯзи нек духтар сиҳату саломат даромада меояд ва ғаму
андӯҳи хешовандонашро ба хурсандии беканор табдил медиҳад.

Духтар тамоми воқеаи аз сараш гузаштаро ҳикоя карда медиҳад ва баъд аз
ин доруро гирифта, ба чашми падараш мемолад.

Аҳволи падараш рӯз аз рўз беҳтар гашта, охир дунёи равшанро мебинад.
Вай гӯё ки аз модар нав ба дунё омада бошад, шод шуда ба духтар мегӯяд, ки:

  • Духтари азизам, дигар фикр намекунам, ки писар надорам, ту кори даҳ
    писарро адо карда, маро сарфароз кардӣ. Илоҳӣ, умрат дароз ва бахт ҳамеша
    ёрат бошад!

Баъд аз ин писари табиб ба пирамард муроҷиат карда, ба духтар муҳаббати
зиёд бастани худро маълум мекунад.

Пирамард ба ин ҷавон низ дил додани духтарашро фаҳмида, бо хурсандӣ
ба никоҳи онҳо розигӣ медиҳад.

Писари монанди падараш донишманди табибу духтари нотарсу қавиирода
зану шавҳар шуда, хушбахтона зиндагӣ карда мегарданд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.