Афсонаи ПОДШОҲ ВА ДУХТАРИ ОҲАНГАР

ПОДШОҲ ВА ДУХТАРИ ОҲАНГАР

Ох набуд, як подшоҳ буду аз ҳамаи шаҳру деҳот донишмандон ва
пирони хирадмандро дар пойтахти мамлакаташ ҷамъ карда буд ва ҳар пагоҳ
онҳоро назди худ даъват карда, саволе медоду ҷавобе мегирифт.

Яксаҳарӣ подшоҳдар чорбоғаш ҷангиду гунҷишкродидамонд. Гунҷишкон
дар шохи дарахт, дар болои лонаашон чуқчуқкунон ба ҳамдигар ҳамла оварда,
ба замин афтоданду ҷанги худро дар рӯи замин давом доданд.

Подшоҳбасарионҳо рафта, пояшротап-тапбазаминзад, аммо гунҷишкони
саргарми часпу талош пай набурданд.

Ҳамон пагоҳ подшоҳ ба донишмандону пирони хирадманд воқеаро нақл
карда, савол дод:

  • Гунҷишкакон чаро ҷангу ҷанҷол доштанд, онҳо ба якдигар чӣ мегуф-
    танд?

Донишмандону пирони хирадманд ҷавоб гуфта натавониста, сс рӯз мӯҳлат
талабиданд ва ба маслиҳатгоҳи куд равон шуданд.

Дар сари роҳи онҳо дӯкони оҳангар воқеъ гашта буд. Оҳангар духта-
ре дошт. Духтар ҳар рӯз аз пагоҳ то бегоҳ ба падараш ёрӣ медод. Духтари
меҳнатдӯсту доно буд.

Духтар дид, ки донишмандону пирони хирадманд имрӯз аз пеши подшоҳ
бо сари хам, маъюсу ғамгин баргашта истодаанд, аз дӯкон баромада, як до-
нишмандро, ки бо падараш ошно буд, дошта пурсид:

  • Ҳар пагоҳ шумо аз пеши подшоҳ шоду хурсанд мерафтед, барои чӣ имрӯз
    гамгин баргаштед?
  • Эх, духтарам, – гуфт донишманд оҳ кашида, – таги ин гапро кофта чӣ
    мекунӣ?

Духтар донишмандро ба ҷону ҳолаш намонда, хоҳиш кард, ки воқеаҳои
шудагиро гӯяд.

Донишманд оҳи бадард кашида гуфт:

  • Подшоҳ имрӯз саволе дод, ки ҷавоб надорад. Ду гунҷишк ҷанг кар-
    данд, барои чӣ – ғайр аз Худо касе намедонад, Аз мо пурсид, ки сабаби ҷанги
    тунҷишкон чист ва онҳо ба якдигар чиҳо мегуфтанд, Мо он гунҷишконро на-
    дидасм, сабаби ҷанҷолашонро аз куҷо медонем? Подшоҳ се рӯз мӯҳлат дод,

агар дар ин муддат ба саволаш ҷавоб нагӯем, сари ҳамаамонро аз танамон ҷудо
мекунад, аз афти кор, умри мо охир шудааст.

  • Агар ҷавоб ёфта натавонетон, ман ҷавобашро ба шумоён мегӯям, – гуфт
    духтар.
  • Тудухтари беадаб моро масхара мекунӣ?! – гӯён донишманд ба роҳи худ
    рафт.

Донишмандону пирони хирадманд се шабу се рӯз фикр карда, баҳсу му-
нозира карда, ҷавоби саволи подшоҳро ёфта натавонистанду «аз карнайчӣ як
пуф» гўён, ноилоҷ ҳамон ошнои оҳангарро пеши духтар фиристоданд.

Духтар гуфт:

  • Аз подшоҳ нома биёред, ки дар он гуфта шуда бошад: мулки падар ба
    писар мерасад ё каси дигар ҳам ҳақ дорад?

Донишмандон рафта, аз подшоҳ нома оварданд. Подшоҳ навишта буд, ки
мулки падар факат ҳаққи писар аст.

Духтар номаро хонда, пинҳон карду гуфт:

  • Он ду гунҷишк барои лона меҷанганд. Ба яке лона аз падар мондааст.
    Дигараш бегона аст, бо зӯрӣ лонаро аз соҳибаш гирифтан мехоҳад.

Донишмандону пирони хирадманд назди шоҳ рафта, ҷавоби духтарро аз
номи худашон карда гуфтанд.

-Инсуханони шумоён нс! – гуфт подшоҳ. – Агар шумоён медонистед, ҳамон.
рӯз ҷавоб мегуфтед. Рости гапро гӯед, кӣ ҷавобро гуфт? – Агар ҳақиқатро гӯед,
зинда мемонед, нагӯед, сар аз танатон ҷудо мекунам.

Пирони донишманд маҷбур шуданд, ки гӯянд.

Подшоҳ фармон дод, ки духтари оҳангарро ба назди ӯ биёранд. Навкаро-
ни подшоҳ омада, духтарро пеш андохта, пеши подшоҳ оварданд.

  • Доно бошӣ, канӣ гӯй, ба чӣ сабаб ҷанҷол кардани гунҷишконро аз куҷо
    донистӣ? – пурсид подшоҳ.
  • Дар қаламрави шумо, – гуфт духтар, – чизу чораи бечорагонро кашида
    мегиранд, онҳоро азоб медиҳанд, ба онҳо рӯз намедиҳанд, лекин ба ин ҳеҷ кас
    коре надорад. Ба падари ман аз падараш як боғ мерос монда буд. Ҳамсояи мо
    ба падарам тӯҳмат карда, он боғро кашида гирифт. Падарам ба қозихона да-
    вид, пеши вазирони шумо омада арз кард, ҳеҷ кас ба гапи вай гӯш надод, ҳама
    тарафи бойро гирифтанд. Бесабаб нагуфта буданд, ки даҳонаш каҷ бошад ҳам,
    тапи писари бой гап. Шумо хат карда навиштед, ки мулки падар фақат ҳаққи
    писар аст. Ин гап дуруст, ҳукми шумо дар рӯи коғаз мемонаду одамони шумо
    кори худашонро мекунанд.

Подшоҳ, ки ҳеҷ вақт аз ҳеҷ кас чунин суханони талх нашунида буд, дар
тазаб шуда хитоб кард:

-Туагар ҷонатро азиз донӣ, аввал ба саволи ман ҷавоб деҳ!

  • Шумо дидаед, ки гунҷишкакон дар шохи дарахт, дар болои лона ҷанҷол
    сар карданд, – ҷавоб дод духтар. Яке мегуфт, ки ин лона аз падари ман мерос
    мондааст, дигараш мегуфт, ки ман зӯраму онро аз ту мегирам, ту ҳеҷ кор карда
    наметавонӣ. Барои фаҳмидани ин акди зиёд даркор нс!

Подшоҳ дигар ҳеҷ чиз гуфта натавонист, духтарро ҷавоб дода, вазиро-
нашро оварда пурсид:

-Ин духтари бешарм ҳамаи моро муттаҳам кард, бо ў чӣ кор кунем?

  • Ӯро ба занӣ гиред, зани шумо ки шуд, канизи шумо мешавад, чӣ чизс
    раво донед, медиҳед, – гуфт вазири дасти рост.
  • Ҷазояш ҳамон, ки ба болояш боз Маликаподшоҳро ба занӣ мегиреду
    духтари оҳангарро ба вай каниз карда мемонед, – гуфт вазири дасти чап.

Маликаподшоҳ ба ҳусни беҳамтою акли расои худ дар тамоми олам шӯҳрат.
ёфта буду талабгоронашро ҳадду ҳисоб набуд, эълон карда буд, ки якчанд са-
волу якчанд шарт дорад, ҳар касс ки ба саволҳояш ҷавоб гардонаду шарташро
иҷро кунад, ба ҳамон кас мерасад, агар натавонад, ӯро гулом карда мегирад.

Бисёр ҷавонони нозанин ба саволҳои Маликаподшоҳ ҷавоб дода натаво-
ниста, ба ӯ гулом шуда фахр мекарданд, ки ғуломи Маликаподшоҳ ҳастанд.

Маслиҳати вазирон ба дили полшох алав андохт. Вай ба хонаи оҳангар
хостгор фиристода, духтари оҳангарро никоҳ карда гирифту ба духтар гуфт:

  • Ту ҳар чӣ қадар доно бошӣ, муносиби ман нестӣ. Туро барои он
    гирифтам,ки Маликаподшоҳро ба занӣ гирифта, туро ба ӯ канизаки дастобрез
    карда монам.

-Инхаёли хомро азсаратон дур кунед! – гуфт духтар. -О, Маликаподшоҳро
гирифтан осон нест. Шумо баринҳо ҳазортоанд, рафта ба саволҳои ӯ ҷавоб на-
ёфта, ғуломи дари ӯ шуда гаштаанд.

Подшоҳ дар ғазаб шуда:

  • Ман ба ту нишон медиҳам! – гуфту донишмандону пирони хирад-
    мандро ҳамроҳ гирифта, ба мулки Маликаподшоҳ равон шуд. Саволҳои
    Маликаподшоҳро шунид, ҳарчанд бо донишмандону пиронаш маслиҳат кард,
    ҷавоб гардонда натавонист.

Ӯро ғулом карда, ба ҷувозкашӣ андохтанд. Ду-се рӯз нагузашта, подшоҳро
мазааш рафту нома фиристод, ки вазирон агар нишаста бошстон – хезетон ва
ба роҳ бароетон, ки ман подшоҳи шумо дар банд афтодаму, банд дар гарданам
саҳар то шом ҷувоз мекашам.

Духтари оҳангар номаро хонда, либосҳои мардона пӯшида, шоф ба миён
овехта, қамчин ба даст гирифта, аспсавор ба сафар баромад.

Чанд рӯз гашта, ба мамлакати Маликаподшоҳ расиду дарвозаи қасри ӯро
тақ-тақ кард.

Дарбонҳо дарвозаро кушода пурсиданд, ки ӯ кист, чӣ мехоҳад?

Духтар гуфт:

-Маномадам, ки ба саволҳои Малика ҷавоб гӯяму шарташро иҷро кунам.

-Эй чавони зебо, – гуфтанд дарбонон, – аз ту донотарҳо омада, ба саволи
Малика ҷавоб гардонда натавониста, гулом шуда гаштанд, худро беҳуда ба
азоб мононда, бори ғуломиро ба гардан гирифта, чӣ кор мекунӣ?! Озодӣ – дав-
лати калон. Озодиатро ғанимат дону ба роҳи худ рав!

  • Маро ба пеши Малика баред! – хоҳиш кард духтар.
  • Мо ба ту раҳмамон омад, ин гапро гуфтем, нахоҳӣ рав, бори гуломиро
    бардошта гаштан гир! – гуфта, дарбонон ба духтар ҷои Маликаро нишон до-
    данд.
    Канизакон духтари оҳангарро пеши Малика гирифта даромада, рӯ ба рӯи
    Малика шинонданд.
  • Одам бо чӣ зиндааст, – пурсид Малика.

-Боумед, – ҷавоб дод духтар.

  • Нишонаи пирӣ чист? – гуфт духтар.
  • Ноумедист, – гуфт духтар.
  • Нияти нек чию, нияти бад чӣ?
  • Ниятс, ки нияти ҳамаи мардум аст, нек аст, нияте, ки нияти як кас асту
    бар зарари мардум аст, бад аст.
  • Бадниятӣ аз чӣ маълум мешавад?
  • Аз чашму аз гапу аз рафтор.

Малика ҳамин хел боз якчанд савол дод. Духтар ба ҳамаи он саволҳо ҷавоб
гуфт.

  • Ту доно будаӣ, ба ҳамаи саволҳо ҷавоб гардондӣ – гуфт Малика, – акнун
    шартамро шунав. Падари ман ангуштарине доштааст, ки ба он се девкампир
    итоат мекардааст. Баъди вафоти падарам девҳо ангуштариро дуздида рафта,
    аз итоати падарам баромаданд. Ҳамон ангуштариро ёфта омада, девҳоро ба
    итоати ман медарорӣ.

Духтар чил рӯз мӯҳлат гирифта, аз касри Маликаподшоҳ баромада рафту
як кам чил рӯз дар дашту соҳили дарёву кӯҳу кӯтал гашта, нишоне аз деиҳо
наёфт. Маъюсу ноумед шуда, аз рафта гуломи Малика шудан дар ҳамин кӯҳу
саҳро мурда рафтанам бехтар гӯён зини аспашро гирифта, зери сар гузошта,
дар таги як чанор хоб кард. Баъди чанд вакт бедор шуд, ки дар пешяш як хату
як шамшер. «Эй духтари оҳангар, ниятат пок аст, – гуфта шуда буд дар хат, –

ин шамшери пирони мададгор мушкили туро осон мекунад. Гирифта ба пушти
Кӯҳи сиёҳ равон шав».

Духтар шамшерро бӯса карда, ба чашмаш молида, ба миёнаш овехта, ба
пушти Кӯҳи сиёҳ равон шуд. Дар саргаҳи кӯҳ хиргаҳс буд сап-сафед, дар дару-
ни хиргоҳ як девкампири сафед менишаст.

  • Ассалому алайкум, – гуфт духтар ба хиргоҳ даромада.
  • Ваалайкум ассалом, эй луқмаи ҳалол, эй насибаи имрӯзаам! – гуфт дев-
    кампир. – Саломат намебуд, ҳозир мехӯрдам, салом, ки додӣ, дертар мехӯрамат.

Духтар шамшерро бароварда нишон дода гуфт:

  • Инро шинохтӣ?!
  • Балояшро гирам, ин шамшери пирони мададгор аст, – гуфт девкампир.
  • Чанд рӯз аст, ки дар Самарқанд боронгарӣ, тарнобҳо” дошт надодаанд,
    пирони мададгор ин аҳволро дида, маро фиристоданд, ки аз пушти ту як тасма
    гирифта барам, то ки мардум пора карда, барои бомҳо тарноб дуруст кунанд.
  • Вой, пуштам дард мекунад! – гуфт деви сафед ларзида. – Ба ҳоли ман
    раҳм кун!

-Баҳолитураҳммекунам, ба шарте, киҷои нигинипадари Маликаподшоҳро
бигӯӣ.

  • Болотар аз ин ҷо хиргоҳи сурх аст – хиргоҳи апаам, – гуфт девкампири
    сафед, – ҷои нигинро вай медонад.

Духтар болотар рафта, хиргоҳи сурхро дид. Дар даруни хиргоҳ кампири
сурх мӯй шона карда нишаста буд.

  • Ассалому алайкум.
  • Ваалайкум ассалом, эй луқмаи ҳалол, эй насибаи имрӯзаи ман! – гуфт
    дев, – саломат намебуд, ҳозир як луқмаи хомат мекардам!

Духтар шамшерро нишон дод.

  • Балоятро гирам, ин шамшери пирони мададгор аст, аз гуноҳи мани пир
    гузар, – илтиҷо кард дев.
  • Туба ман ҷои нигини падари Маликаподшоҳро гӯй, агар нагӯӣ аз пуш-
    тат бо ҳамин шамшер як тасма пӯст ҷудо карда мегирам!
  • Ҷои нигинро апаам медонад, – гуфт дев, – хиргоҳи вай аз ин ҷо болотар
    аст.

Духтар болотар рафта, як хиргоҳи сиёҳро дид. Дар хиргоҳ девкампири
сиёҳ гирду атрофро дуд зер кунонда, хӯрок мепухт.

Духтар:

  • Ассалому алайкум.

гуфта назди дев даромад.

  • Ваалайкум ассалом, эй луқмаи ҳалол, – гуфт дев, – ба пои худ омадӣ, эй
    насибаи имрӯзаам!
  • Ба пои худ омадам, барои гирифтани ҷони ту. Агар нигини падари
    Маликаподшоҳро ёфта надиҳӣ, ба ҳамин шамшер пўст меканамат.

Дев шамшерро дида гуфт:

  • Кори душворро ба ман фармудӣ, эй соҳиби шамшери пирони мададгор,
    мо заминро ба андозаи ҳафтод кади одам кофта, руст карда будем, то касе ёфта,
    моро боз гулом накунад.
  • Зудтар ҳаракат кун, ки вақти ман кам мондааст! – фармон дод духтар.

Дев як наъра зад. Аз чор тараф, аз сари кӯҳу кӯтал «чӣ шуд? чӣ шуд?» гӯён
чил деви сиёҳ тозон омад.

  • Писаронам, – гуфт кампир, – ангуштарини падари Маликаподшоҳро
    кофта гиред!

Чил дев бо панҷаҳояшон заминро кофта, ангуштаринро ёфта баромаданд.
Девкампири сиёҳ онро гирифта, ба дасти духтар дода гуфт:

-Мо ҳама озод будем, боз ҳама гулом шудем. Чӣ фармони дигар дорӣ?

  • Маро ба пеши Маликаподшоҳ бар!

Девкампири сиёҳ духтарро бардошта, дар як он пеши Маликаподшоҳ
оварда монд. Духтар ангуштаринро бароварда ба Малика дод.

Маликаподшоҳ тӯйи калоне дода, гушнаҳоро сер карда, либос пӯшонида,
духтари оҳангарро ба шавҳарӣ кабул кард.

  • Акнун ба ман молу мулкатро нишон деҳ! – гуфт духтар.

Як ҷой рафтанд, ки аз таҳхона садои ҷувоз баромад. Духтар фаромада дид,
ки подшоҳ дар гарданаш банд зӯр зада, гирди кундаи ҷувоз мегардад, ҳар бор
ки сустӣ кунад, ҷувозрон ба пушти вай як қамчин мезанад.

  • Асп ёфт нашуд, магар, ки одамро ба ҷувоз бастаед? – гуфта духтар ба
    Маликаподшоҳ дӯғ заду фармон дод, ки подшоҳро аспбон таъин кунанд.

Баъд духтар Маликаподшоҳро ба шаҳри худ гирифта рафтанӣ шуд. Дута
асп тайёр карданд. Духтар ба Маликаподшоҳ гуфт:

  • Ҳамон аспбонро ҳамроҳ мегирем, дар роҳ ба аспҳоямон нигоҳ мекунад.

Подшоҳро ҳамроҳ гирифта, ба роҳ баромаданд. Ба сари як чашма расида,
хӯрок хӯрданд. Баъд «шавҳар»-и Малика подшоҳро ҷеғ зада гуфт:

-Эй аспбон, як аспу ҳамин Маликаро ба ту додам.

-Эй, балоед шумо, подшоҳбачаро гардам, – гуфт аспбон, – ҳазл накунед,
зану аспатон ба худатон насиб кунад.

Духтар ханҷарро бароварда гуфт:

  • Агар гапи маро нагирӣ, худи ҳозир мекушамат!

Подшоҳ гуфт:

  • Хайр, хайр, ҷонам қурбони шумо шавад, орзуи ман ҳамин буд! – гӯён
    кабул кард.

Духтар ба як асп савор шуда, бо роҳи дигар пештар омада, ба хонааш да-
ромад, либосҳояшро иваз карда, ба ҷои худ нишаст.

Як вақт хабар омад, ки подшоҳ Маликаподшоҳро овардааст.

Вазирҳо, ясавулҳо, саркардаҳо, донишмандону пирони хирадманд пешвоз.
гирифтанд, подшоҳро бо иззату икром ба каср гирифта даромаданд.

Подшоҳ духтари оҳангарро ҷеғ заду гуфт:

  • Мана, ман Маликаподшоҳро гирифта омадам, ба чашми худ бину хизма-
    ташро кун, не гӯӣ, мефармоям зада мекушандат.

Духтар рафта, либоси мардона ба бар, телпаки қазоқӣ ба сар, мӯзаи
булгорӣ ба по пӯшида, камарбанди тилло ба миён баста, шофу шамшср ба даст
омаду гуфт:

  • Эй подшоҳи аблаҳ, магар ҳамин духтари оҳангар набуд, ки туро аз
    ҷувозхона озод карда, Маликаподшоҳро ба дасти ту дод?!

Маликаподшоҳ бошад, ин воқеаро дида, ба сари подшоҳ омада гуфт:

  • Лаънат ба ин хел подшоҳ, ба ин хел одам, ки қадри ин хел занро надо-
    ниста, аз паи зани дигар равад!

Ҳамин хел духтари оҳангар ба муроду максад расид, шумо ҳам бирасед.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.