Афсонаи ПИСАРИ МОҲИГИР ВА МОҲИИ ГУЛДОР

мохи тилои

ПИСАРИ МОҲИГИР ВА МОҲИИ ГУЛДОР

Фф к моҳигир буд, Вай як рӯз ба лаби дарё омада шаст партофт. Ба
шасташ як моҳӣ банд шуд. Моҳӣ оддӣ набуд, гулдор буд. Моҳигир хурсанд
шуда онро аз нӯги чангак ҷудо карда гирифта, тамошо карда истода буд, ки
моҳӣ ногоҳ аз дасташ ғеҷида афтоду ба об даромада рафт.

Аз ҳамон вақт сар карда моҳигир рӯи хурсандиро надид. Вай хонаашро
партофта, дар лаби дарё кулбас сохт ва дар ҳамон ҷо манзил гирифт. Шабу рӯз
дар лаби об нишаста, шаст мепартофт. Вале моҳии гулдор ба шасти ӯ наафтод
ва моҳигир ҳамин хел дар лаби дарё мурда рафт.

Моҳигир писаре дошт. Писар рафта-рафта калон шуд ва рӯзе дар фикри
кор афтода ба модараш гуфт:

  • Вақти ба ягон кор машғул шуданам расидааст. Падари ман чӣ касб дошт,
    гӯй ман мехоҳам, ки касби ӯро давом диҳам.
  • Оҳ, писарам! – ҷавоб дод модараш, – асло дар бораи касби падарат на-
    пурс. Ягон касби дигарро пеша кун!

Аммо писарак аз гапаш нагашта, бо ҳар роҳ касби падарашро дониста
гирифтанӣ шуд. Охир модараш оҳи сард кашида гуфт:

  • Агар касби падаратро донистанӣ бошӣ, ба рӯи бом нигоҳ кун.

Писарак ба рӯи бом нигоҳ карда, шасти падарашро дид.

  • Маълум мешавад, ки падарам моҳигир будааст, – гуфт вай, – ман ҳам
    мехоҳам, ки моҳигир шавам.

Вай аз бом шастро гирифт, занги чангаки онро тоза карда, равган молиду
пагоҳи барвақт хеста, аз модараш илтимос намуд:

  • Модарҷон, нон пухта деҳ, ман моҳигирӣ меравам.
  • Оҳ писарам, нарав! – гуфт модараш зорӣ карда. Вале вай писарашро аз
    қасдаш гардонда натавонист. Занак хеста ноилоҷ нон пухта доду бароварда
    гусел карда гуфт:
  • Писари азизам, дар канори дарё бисёр овора шуда нагард, тезтар биё!

Писари моҳигир ба лаби дарё омад, шасташро ба об андохт, дере нагузаш-
та, ресмони шаст ҷунбида, ба таги об кашида шуд. Писарак шастро бардош-
та, моҳиеро кашида гирифт. Вай моҳии оддӣ набуд, гулдор буд. Гулҳои рӯи

пулакчаҳояш аз шуои офтоб медурахшиданд. Моҳӣ бисёр ғалатӣ буд. Писарак
онро ба рӯймоли тар печонда, ба хонаашон давида рафт.

  • Модарҷон, бин ман чӣ дошта овардам! – фарёд кард ӯ. – Тезтар нигоҳ
    кун, ана моҳии гулдор!

Модараш гапи ӯро шунида, тааҷҷуб кард, вале вақте ки моҳии гулдорро
дид, аз зебоии ӯ ба ҳаяҷон омад.

  • Ин хел моҳиро нобуд кардан нағз нс! – гуфт модар. – Биё, онро ба ҳавзи
    рӯи ҳавлиамон сар медиҳем.

Модару писар моҳии гулдорро ба ҳавз сар дода, шиною бозӣ ва мавҷи
пулакҳои гулдори онро дар шуои офтоб тамошо карданд. Онҳо шодикунон
ҳамосояҳояшонро ҷеғ зада, моҳии гулдорро тамошо доданд. Ҳама то худи
шом, то даме ки торик шуда, моҳӣ ба таги ҳавз хоб карданӣ нарафт, машгули
тамошо буданд.

Пагоҳии барвақт, ҳанўз чашми рӯз дуруст кушода нашуда, аз дари ҳавлии
моҳигир садои тақ-тақ баланд гардид. Писари моҳигир дарро кушода, дар рӯ
ба рӯи худ надимони сар то по силаҳдори подшоҳро дид.

  • Ба подшоҳи мо хабар расид, ки ту моҳии зебои гулдорро дошта гирифтаӣ,
  • гуфтанд надимони подшоҳ, – ҳазрати подшоҳи аъзам мехоҳанд, ки моҳии
    туро бинанд, худ ба назди он кас гирифта бар!

Илоҷи дигар набуд. Писари моҳигир моҳии гулдорро ба як табақи обдор
андохта, рӯи онро ба латтае пӯшиха, ба касри подшоҳ бурд.

Подшоҳ фармуд, ки моҳии гулдорро ба ҳавзи саҳни қасраш сар диҳанд.
Моҳии гулдор дар даруни оби софи ҳавз ба ҳар тараф шино кардан гирифт ва
гулҳои рӯи пулакҳои ӯ аз шӯълаи офтоб ба мавҷ задан сар карданд. Подшоҳ
хурсанд шуд ва ба моҳӣ нигоҳ карда, бо ифтихор мегуфт:

  • Дар сар то сари олам ҳеҷ каси дигар ин хел моҳии гулдор надорад! Дар
    тамоми дунё аз моҳии гулдори ман чизи зеботаре нест!

Подшоҳ амр кард, ки барои моҳии гулдор аз чарми рангини булгорӣ як
ҳавзи ҳашткунҷа соз кунанд, то ки онро аз гӯшаҳояш гирифта, ба ҷои дилхоҳи
ӯ бурдан мумкин шавад.

Моҳӣ дар ҳавзи чармини ҳашткунҷа боз ҳам зеботар менамуд. Мувофиқи
фармони подшоҳ ба ҳар куҷо ҳавзчаро аз пушти вай гирифта мегаштанд.

Як замонс аз як мамлакати дур ба назди подшоҳ меҳмоне омад. Подшоҳ ба
вай моҳии гулдорро нишон дода гуфт:

  • Дар тамоми дунё аз моҳии гулдори ман чизи аҷибтаре нест! Ба ман ҳеҷ
    чизи дигар даркор не.
  • Бигузор, бахти подшоҳи аъзам афзояд, – гуфт меҳмон, – ҳеҷ кас дар дунё
    ин ҳел чизи галатӣ надорад, валс духтари подшоҳи Чинумочин аз моҳии гулдор

ҳам зеботар аст. Агар дар паҳлӯи ин ҳавзча шоҳдухтари ҳалкаи зарринбаргӯши
Чинумочин менишаст, баъд ҳеҷ чизи дигар орзу намекардед ҳам мешуд!

Подшоҳ ин гапро шунида, ошӯбид ва вазиру надимони худро ҷеғ зада, амр
дод, ки ба зудӣ шоҳдухтари Чинумочинро ёфта оваранд. Вале вазирону нади-
мон фақат бо тааҷҷуб ба ҳамдигар нигоҳ карда, аз ҷояшон наҷунбиданд. Ҳеҷ
кас намедонист, ки шоҳдухтари Чинумочин куҷо бошад. Онҳо фикр карда, пи-
сари моҳигирро ба хотир оварданду гуфтанд:

-Ана ҳамон ҷавон шохдухтари ҳалқаи зарринбаргӯши Чинумочинро ёфта
оварда метавонад! Охир моҳии гулдорро вай дошта гирифтааст-ку!

Писари моҳигирро ба пеши подшоҳ оварданд. Подшоҳ ба ӯ гуфт, ки ба
зудӣ шоҳдухтари Чинумочинро ёфта биёрад, агар ин амрро иҷро накунад, са-
раш аз танаш ҷудо мешавад.

  • Барои чӣ сутун барин рост истодаӣ? – фарёд зад подшоҳ, – зуд аз паи
    духтари Чинумочин равон шаву ӯро ёфта биёр!

Писари моҳигир бо модараш хайрухуш карда, таваккалкунон ба як тараф
рафтан гирифт.

Вай хеле вақт роҳ рафт. Рафта истода буд, ки дар сари роҳ як кафши
кӯҳнаро дида монд. Кафшро бо нӯги пояш тела дод. Аз таги кафш ногаҳон як
мӯрчаи калон баромада гуфт:

-Раҳмат, ту маро озод кардӣ. Ман дар таги кафш монда, аз ҷонам даст шуста
будам. .

Як тори мӯйлаби маро гир, ҳар вақт ки ягон мушкилӣ ба сарат ояд, онро
дуд кун, ман ба мадади ту ҳозир мешавам.

Ҷавон ба мӯрча ташаккур баён карда, мӯйлаби онро ба рӯймолча баста
гирифт. Вай баъди якчанд рӯз ба лаби як дарёи васеъ расид. Дар рӯи дарё як
пояшро ба як канор, пои дуюмашро ба канори дигар монда, як паҳлавони
бузургҷуссас истода буд. Вай аз моҳигир пурсид:

  • Мусофир менамоӣ, аз куҷо омада истодаӣ?

-Маназ кишвари подшоҳи Гулистономада истодаам, – ҷавоб додмоҳигир.

  • Тумабодо ҳамон моҳигири ҷавонеро, ки моҳии гулдорро дошта гириф-
    тааст намедонӣ?
  • Ман куди ҳамон моҳигирам!
  • Ман мунтазири ту будам! – хитоб кард паҳлавон. – Солҳост, ки ҳамин
    тарз дар рӯи дарё истодаам. Ман амр гирифтаам, ки фақат баъди омада маро
    озод кардани соҳиби моҳии гулдор аз ҷоям ҷунбида метавонам. Ана, акнун
    озодам! Ту ба куҷо рафта истодаӣ?
  • Ман аз паи шоҳдухтари ҳалқаи зарринбаргӯши Чинумочин рафта ис-
    тодаам, – гуфт писари моҳигир. – Ту барои аз дарё гузаштани ман ёрӣ расонда
    намставонӣ?
  • Паҳлавон ба рӯи дарё хам шуда ба дам кашидани оби он сар кард. Дере
    нагузашта дар дарё ягон қатра об намонд ва моҳигир бемалол гузашта ба ка-
    нори дигар баромад. Баъд паҳлавон обро аз нав ба дарё сар дода, ҳамроҳи
    моҳигир равон шуд.

Рафтанд, рафтанд, баъди чанд рӯз ба доманаи як кӯҳ расиданд. Дар он ҷо
як паҳлавони дигар истода буд, ки каланди бузурге дар даст дошт. Вай бо як ка-
ланд задан ними кӯҳтеппаро гирифта мепартофту боз бардошта, ба ҷои худаш
мемонд. Шарикон ба назди вай омаданд.

  • Аз куҷоед ва ба куҷо роҳ гирифтаед? – пурсид паҳлавони каландзан.
  • Ман аз кишвари подшоҳи Гулистон омада истодаам, аз паи шоҳдухтари
    ҳалқаи зарринбаргӯши Чинумочин рафта истодаам, – гуфт писари моҳигир.
  • Аҳ? Агар ту аз кишвари подшоҳи Гулистон бошӣ, моҳигири моҳии гул-
    дор доштагиро намедонӣ-мӣ? – пурсид паҳлавони каландзан.
  • Ман худи ҳамон моҳигирам!
  • Охир ту омадӣ! – фарёд зад паҳлавон, – дар роҳи ту чашмонам чор бу-
    данд. Солҳост, ки ман дар ин ҷо истода ба кандану боз ба ҷои худ гузоштани
    кӯҳ андармон ҳастам. Ба ман амр карданд, ки то даме, ки сайёди моҳии гул-
    дор наояд, қисматам ҳамин аст. Ана, акнун ман каландамро ба китф гирифта,
    ҳамроҳи ту равон мешавам.

Писари моҳигир аз ёфт шудани чунин шарик хурсанд шуд,

Ҳар се рафтанд, рафтанд ва баъди чанд рӯз як манори баландро диданд.

  • Эй моҳигир, ана ба ҳамон ҷо рафтани ту даркор аст! Ин ҷо шаҳри Чину-
    мочин аст, – гуфтанд паҳлавонон.

Шарикон наздик омада диданд, ки нӯги манор ба осмон дакка мехӯрад,
девори бо сангҳои гаронбаҳои рангоранг оросташудаи он медурахшад. Дар бо-
лои он як марди нагоразан рафтуомад мекунад, дар поёи посбони мӯйсафеде ба
миёнаш ханҷар овехта, рост истодааст.

Писари моҳигир ба пеши посбон омада, боадабона вохӯрӣ кард. Посбон
аз ӯ пурсид:

  • Ту кистӣ, аз куҷо омадӣ ва ба ту чӣ даркор аст?
  • Ман аз кишвари подшоҳи Гулистон барои шоҳдухтари ҳалқаи
    зарринбагӯш омадам, – гуфт писари моҳигир.
  • Бисёр ту барин ҷавонмардон барои шоҳдухтари мо омада буданд, ваде
    ҳеҷ кадоми онҳо ба муродашон нарасиданд, – гуфт посбон.
  • Падар, ба ман гӯед, ки чӣ хел бо подшоҳ вохӯрдан мумкин аст? – гуфт
    писари моҳигир.
  • Ман дари манорро мекушоям, ту даромада, дар девори даруни он эъло-
    ни подшоҳро мехонӣ. Дар он се шарт навишта шудааст, фақат иҷрокунандаи
    он шартҳо духтари подшоҳро гирифта метавонад. Хону фикр кун, ки аз ӯҳдааш
    баромада метавонӣ ё не. Баъд ба болои манор баромада, се бор ба нагора зану
    интизор шуда ист.

Писари моҳигир эълонро хонда, бо зина ба болои манор давида баромад
ва гурзро гирифта, чунон ба нағора зад, ки пӯсти рӯи он пора-пора шуда, пош
хӯрд. Садои гӯшкаркунандаи нағора подшоҳро бедор кард ва ӯ амр дод, ки
нагоразанро зуд ба пешаш гирифта биёранд.

  • Эй ҷавонмард, часорат карда ба нагора задани ту нишон медиҳад, ки аз
    шартҳои ман натарсидаӣ, – гуфт подшоҳ. – Ҳазорҳо одамон шартҳои маро иҷро
    карданӣ шуданду натавонистанд. Ту ҳанӯз ҷавонӣ, беҳтар мешавад, ки ин фикр-
    ро аз сарат дур кунӣ.
  • Ҳар чӣ шавад, шавад! – гуфт писари моҳигир. – Гашта рафтан одати ман
    не. Ман шоҳдухтари ҳалқаи зарринбагӯшро гирифтан мехоҳам.
  • Оё ту то чӣ андоза душвор будани шартҳои маро фаҳмидаӣ? – пурсид
    подшоҳ.

-Фикр кун: ту бояд тамоми шаб дар ҳаммоми мисини суп-сурх тафсондагӣ
хоб кунӣ– ин шарти якум. Ту бояд аз шутури бодпои ман тезтар давӣ – ин шар-
ти дуюм. Дар як шаб хирмани ғалладонаҳои гуногунро ба навъҳо ҷудо кунӣ –
ин шарти сеюм.

— Ҳамааш ба ман маълум, – гуфт писари моҳигир, – ман фақат як шарт до-

м.
УМ Уд,

  • Ман лу дӯст дорам, агар рухсат диҳӣ, онҳо ба ман ҳамроҳӣ кунанд.
  • Фарк надорад. Фақат шартҳоро иҷро кунӣ мешавад.

Подшоҳ фармуд, ки моҳигирро бо шариконаш ба ҳаммоми мисини суп-
сурх тафсондагӣ андозанд. Моҳигир тоқат накарда: – Сӯхтам гуфта фарёд ба-
ровард. Вале дарёдаркаш пешакӣ шикамашро пур аз об карда омада буд, вай
ба ҳаммом даромада обро сар дод. Ҳаммом зуд хунук шуд ва ҳеҷ кас зараре
надид.

Шаб гузашт. Саҳарӣ ҳаммомро кушода, хайрон шуданд: моҳигир ва ша-
рикони ӯ сиҳату саломат буданд.

Дар байни халк зуд овоза паҳн шуд, ки моҳигири гулистонӣ шарти аввали-
ни подшоҳро иҷро кард.

Рӯзи дигар мувофиқи амри подшоҳ ба шутури подшоҳ хизматгореро ши-
нонда, ба дасти ӯ машкеро доданд. Подшоҳ машки дуюмро ба моҳигир дода
гуфт:

  • Азин ҷо дар як вақт ҳамроҳи шутур ба сӯи дарёе, ки ҳашт чақрим дурӣ
    дорад, равон шуда, об гирифта, пеш аз шутур гашта меоӣ.

Бо ишораи подшоҳ хизматгор ба шутур савор шуд ва моҳигир пиёда сӯи дарё
равон гардид. Паҳлавони каландзан ҳамроҳи онҳо рафт. Ҳамин ки онҳо аз шаҳр
баромаданд, паҳлавон ду бор каланд зада, дар пеши шутур теппаи баланде ба
вуҷуд овард. То ба ин теппа бо азобе баромада фаромадани шутур, моҳигир лаби
дарё расида, машкро аз об пур карда гирифт. Вақте, ки вай бозгашта ба теппа ра-
сид, каландзан зуд теппаро ҳамвор кард, ҳамин хел моҳигир якчанд соат пеш аз
шутур ба пеши подшоҳ расида омад.

Дар байни халқ аз нав овоза паҳн шуд, ки моҳигири гулистонӣ шарти ду-
юми подшоҳро низ иҷро кардааст.

Рӯзи сеюм, подшоҳ фармон дод, ки як ман гандуму ҷав ва биринҷу
ҷуворимаккаро бо ҳам омезанд. Баъд вай моҳигирро ҷеғ зада гуфт:

  • Имшаб то саҳар ин галларо навъ ба навъ ҷудо кун, чунон ҷудо кун, ки
    ягон донаи ҷав ба гандум ё гандум ба ҷав ва ё ҷуворӣ нагузарад!
  • Ин корро фақат мӯрчаҳо карда метавонанд, – мегуфтанд мардум. Ин
    гапҳо ҳамон мӯрчаи аз таги кафш халос кардаи моҳигирро ба хотираш овар-
    данд.
    Шаб шуд, ҳама хоб рафтанд. Моҳигир аз тугуни рӯймолчааш мӯйлаби
    мӯрчаро кушода гирифта, дуд андохт. Ҳамон дам дар пеши пои моҳигир за-
    мин шикоф шуда, аз он мӯрчаҳо баромадан гирифтанд. Онҳо ҷудо ҳам бисёр
    буданд ва шитобон ба ҷудо кардани ғалла сар карданд.

Подшоҳ пагоҳӣ вазиронашро бо худ гирифта, ба пеши моҳигир омада дид,
ки вай шарти сеюмро ҳам иҷро кардааст. Овозаи ин зуд ба ҳама ҷо паҳн шуд.
Мардум хурсанд буданд, ки моҳигири гулистонӣ ҳамаи шартҳои подшоҳро
иҷро намуд.

Баъд аз ин, бо фармони подшоҳ ба ҷавон либосҳои қиматбаҳо пӯшонда, ба
тӯй тайёрӣ диданд.

  • Оҳ подшоҳ, ман як ҷавони камбагал ҳастам, ягон арӯси ба худам
    мувофикро ёфта мегирам. Подшоҳи мамлакатам фармуд, ки шоҳдухтари
    ҳалқаи зарринбагӯши Чинумочинро ба ӯ ёфта диҳам. Маҷбурам, ки духтарро
    ба ӯ бурда супорам.

Подшоҳи Чинумочин ба духтараш канизаки бисёреро ҳамроҳ карда, бо як
корвон тӯҳфаҳои қиматбаҳо ҷавонро гусел кард.

Моҳигир бо шариконаш чанд рўз роҳ гашта, ба доманаи ҳамон кӯҳ раси-
данд. Каландзан як-ду каланд зада, кӯҳро аз пеши роҳ гирифта партофт. Роҳи
ҳамворе аз пеш баромад.

  • Акнун ҷӯраҷон, хайру хуш мекунем, – гуфт каландзан ба моҳигир, – Ман
    ба ту бо ҷону дил хизмат кардам. Бахт ёрат шаваду маро аз хотир набарор!

Моҳигир хафа шуд, вай аз чунин дӯсти содиқ ҷудо шудан намехост, вале
илоҷи дигар набуд.

Писари моҳигир бо корвони худ баъди чанд рӯз ба ҳамон дарёи чуқури
васеъ расид. Дарёдаркаш як пояшро ба як канор, пои дигарашро ба канори ди-
тари дарё гузошту хам шуда об хӯрдан гирифт. Дере нагузашта, дар таги дарё
як қатра ҳам об намонд. Моҳигир бо корвони худ аз дарё гузашт. Баъд дарё-
даркаш обро аз нав ба дарё сар дода гуфт:

  • Ман дигар дар ҳамин ҷо, дар ватанам боз мемонам. Аз ҷону дил хизма-
    татро адо кардам. Бахт ёрат шаваду маро фаромӯш накун!

Азин дӯсти вафодор низ ҷудо шудан барои моҳигир хеле душвор буд, вале
ӯ ҳақ надошт, ки дӯсташро аз ватанаш ҷудо кунад.

Подшоҳ шоҳдухтари Чинумочинро бо тантана пешвоз гирифта, эълон
намуд, ки ӯро ба занӣ мегирад. Тӯи калон барпо шуд. Рӯзи дигар подшоҳ
шоҳдухтарро дар паҳлӯи худ, дар рӯи тахти тилло шинонда, аз вазираш пурсид:

  • Ба болои ин чиро ҳам боз орзу карда метавонам?
  • Акнун дигар чизи мехостагии шумо намонд, – гуфтанд вазирон, – ҳеҷ кас
    ин хел шоҳдухтари ҳалқаи зарринбагӯшро надорад.

Рӯзи сеюм шоҳдухтари Чинумочин дар дарбори подшоҳи Гулистон зиқ шуд.
Вай бо димоғи сӯхта, гиря кардан гирифту по ба замин зада, подшоҳро аз хона
пеш кард.

Подшоҳ ӯро ором карданӣ шуда, фармон дод, ки ҳавзи чармини моҳии
беназири гулдорро ба пешаш оранд. Вале ин ҳам ба дарди шоҳдухтар даво на-
шуд, вай боз ҳам баландтар доду фарёд бардошта, ба замин позанон, моҳии
гулдорро гирифта ба кӯча ҳаво дод.

Писари моҳигир моҳии бечораро аз замин бардошта, ба латтаи тар пенон-
да, ба лаби дарё рафт.

  • Дар қаъри дарё озодона шино карда гаштани ту аз бозичаи духтари
    подшоҳ буданат беҳтар аст, – гуфт моҳигир ва моҳии гулдорро ба дарё андохт.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.