Афсонаи ЭРАҶИ ДЕВАФКАН

ЭРАҶИ ДЕВАФКАН

Буд набуд, як замоне Сафар ном марди ҳунарманд буд. Вай барои
осиёбҳои мамлакат, барои сутуну деворҳои касру қалъаҳо санг метарошид.

Як вақте ба мамлакати ӯ лашкари хунрезу бераҳми девҳо ҳуҷум овард.
Сангтарош ҳамроҳи ҳамватанонаш ба ҷанги зидди девҳо рафта, чанд вақт дар
майдонҳои ҳарбу зарб корнамоӣ карда, билохир ба дасти девҳо асир афтод.

Солҳо мегузаштанд, валс аз Ӯ дараке набуд.

Писари сангтарош – Эраҷ, ки он вақт яксола буд, бе падар калон шуд.

Эраҷ аз хурдӣ осори шуҷоат ва боақлӣ зоҳир мекард, ба чолокӣ ва хушо-
добии худ мардуми деҳаашро мафтун менамуд.

Модараш ӯро ба мактаб монд. Эраҷ дар мактаб ҳам пешқадам гардид.
Ҳаммактабонаш ӯро дӯст медоштанд. Ҳангоми дамгирӣ ва танаффусҳо дар
гирди ӯ гун шуда, дар ҳар коре аз ӯ ёрӣ ва мадад мегирифтанд.

Эраҷ калон шуд. Акнун ӯ як ҷавони бо тануманди чорпаҳлӯ шуда буд, ки
қади баланд ва бозувони мустаҳкам дошт.

Аввали баҳор шуд. Иди Наврӯз омад. Мардуми деҳа либоси идона
пӯшида, дар идҷо – майдоне, ки дар канори деҳа воқеъ шуда буд, ҷамъ шуданд.
Бузкашӣ, чавгонбозӣ, гӯштингирӣ сар шуд. Навозандагон, ҳофизон, ширинко-
рон ҳунарҳои наҷиби худро намоиш медоданд.

Эраҷ дар қатори ҳама хурсанд буд ва ба ҳар як машгулияти идона ишти-
рок менамуд.

Вай дар чавгонбозӣ чолокӣ ва ҳунармандии комил зоҳир намуда, якчанд
бор аз рӯи асп гӯйро ба дарвозаи ҳарифонаш дароварда сазовори таҳсину офа-
рини мардум гардид.

Тирандозӣ сар шуд. Як ангуштаринро нишона монданд. Бисёр ҷавонон
тиру камон гирифта, ба нишон тир андохтанд. Танҳо Эраҷ ва ду нафар ҷавони
дигар тирро аз ҳалқаи ангуштарӣ гузаронданд.

  • Ин душвор нест! – гуфт Эраҷ. – Тирандоз агар ҳунарманд бошад, се тир-
    ро ба ҳамдигар андӯхта метавонад.
  • Ту, ки ин хел мегӯӣ, – гуфтанд мардум, – ҳунаратро нишон деҳ!

Эраҷ тиру камон гирифта, пои чапашро тиргак карда, қоматашро камтар
акиб партофта, як тир ба дарахт зад, тири дуюмаш ба тани тири якум ва тири
сеюмашро ба тани тири дуюм рафта даровард.

Ғулғулаи таҳсину офарин ба осмон печид.

Рӯзи дуюми ид Эраҷ ба ҷӯраҳояш аскарбозӣ таклиф кард. Вай ҷавононро
ба ду гурӯҳ ҷудо карда, як гурӯҳро лашкари душман, гурӯҳи дигарро лаш-
кари муфоҳизаткунанда эълон намуд. Эраҷ дар ин бозӣ низ ҳунари калони
лашкаркашӣ доштани худро нишон дод.

Рӯзи сеюми ид аз деҳаҳои атроф якчанд паҳлавонҳо омаданд. Эраҷ ҳам бо
рафикони худ ба майдони гӯштингирӣ ҳозир гардид.

Азҳартарафсадои карнаюсурнай, нақораюдойра баланд шуд, гӯштингирӣ
оғоз ёфт. Паҳлавонони деҳаи Эраҷ бо паҳлавонони деҳаҳои дигар гӯштин ги-
рифтанд.

Эраҷ ба майдон даромад.

Ҳамаи паҳлавонҳои деҳаи Эраҷ мағлуб шуданд.

Пас худи Эраҷ ба майдон баромад.

Паҳлавони деҳаи ҳамсоя дид, ки як навҷавони понздаҳ-шонздаҳсола ба ӯ
талабгор шудааст, аз гӯштингирӣ худдорӣ карда гуфт:

  • Тубача ҳастӣ, бо бачагон гӯштин гир!

Ин гап ба Эраҷ сахт расид.

  • Бачаам ё не, аҳамият надорад, ҳунаратро нишон деҳ! – гуфт Эраҷ ва дас-
    ти ҳарифашро гирифта чунон ба тарафи худ кашид, ки вай аз Эраҷ ду-се қадам
    гузашта рафт. Паҳлавон ҷиддӣ будани ин гӯштинро фаҳмида, ба Эраҷ даро-
    вехт. Эраҷ аз миёни ӯ гирифта, ба тарафи худ кашида бардошту аз болои сари
    худ гузаронида, ба замин гузошт.

Мардум ғирев бардоштанд, каф кўфтанд. Садои карнаю сурнай баланд шуд.

Бегоҳӣ, вақте ки ид ба охир мерасид, бисёр касон, аз он ҷумла солхӯрдагон
пеши Эраҷ омада, ӯро бо ҳунарнамоиҳои ҳайратовараш муборакбод мекар-
данд.

  • Падарат марди шуҷоъ буд, ту аз вай камӣ надорӣ, – гуфтанд онҳо ва дуо
    карданд, ки сохибзафар бошаду ватанро ба душман надиҳад.

Эраҷ ин гапҳоро шунида, бори нахуст дарбораи падараш ҷиддӣ фикр кард.

  • Ман то ин вақт дар бораи падарам дурустакак фикр накарда будам, – аз
    дил гузаронд Эраҷ, – падарам дар асорат асту ман беғаму бепарво гаштаам.

Ҳамин лаҳза гӯё ба гӯши ӯ садое расид: «Эраҷ, ман дар кафасам, маро озод.
кун!»

Ранги Эраҷ канд ва дар чеҳрааш изтироб падид омад, чашмони калони
ҷаззобаш лолагун шуданд. Ғарқи фикру хаёл ба хонааш омад.

Модари дилогоҳаш сабаби парешонии аҳволи фарзандашро фаҳмид ва бо
чашмони гирён ӯро оғӯш кашида, аз ҷабинаш бӯсиду гуфт:

  • Азизам, ниҳоли бахтам! Чӣ шуд, ки дар ин рӯзи Наврӯз, ки дама курсан-
    ду шоданд, ту афсурдаю ғамгинӣ?
  • Модарҷон! – гуфт Эраҷ. – Мардум падарамро ёд карданд ва садои ӯ ба
    гӯшам расид: «Ман дар қафасам, озодам кун!» – гуфт ӯ.

Модар маъюс шуд. Ӯ ба ҷуз тасалло додани фарзанд илоҷи дигар надошт.

  • Падарат бо марҳамати Парвардигор озод шуда меояд. Баъд писаракам,
    -гуфт, – чӣ суд аз он, ки мо ғам мехӯрем?!

Эраҷ оҳи сард аз дили пурдард кашиду гуфт:

  • Кай меояд, худаш озод шуда омода метавонад-мӣ? Аз рӯзе, ки ман ху-
    дамро шинохтаам, падарамро надидаам ва ту ҳар вақт маро бо ваъдаҳои хом
    тасаллӣ медиҳӣ!

Баъд аз ин модари Эраҷ ноилоҷ ҳақиқати воқеаро гуфта дод.

  • Писари азизам, – гуфт ӯ, – падари ту марди ҳунарманде буд, ки дар
    вақтҳои осоишта сангтарошӣ мекард ва дар ин касб шӯҳрат пайдо карда буд.
    Як вақте ба сарзамини мо лашкари хунхӯри девҳо ҳуҷум овард. Падарат ба
    ҷанги зидди девҳо рафт. Ҳафтаҳои аввал пай дар ҳам овозаи мардонагӣ ва да-
    дерии ӯ меомад, баъд аз ӯ хабаре нашуд, мегӯянд, ки ба девҳо асир афтодааст.

Эраҷ бо шунидани калимаи «дев» ҳайрон шуда, аз модараш пурсид:

  • Модарҷон! Девонро маглуб кардан мумкин аст?

Модараш ҷавоб дод:

  • Чӣ хеле ки шунидаам, девҳо махлуқҳои бисёр бадҳайбат ва бераҳм
    ҳастанд. Чашмҳояшон калон-калон, гӯшҳояшон монанди гӯши гов, сӯрохи би-
    ниашон монанди қубур ва даҳонашон монанди ғор будааст. Онҳо дар ҳар ҷо
    ҳар касеро, ки бинанд, бо зӯру зулм асир карда, ба маконашон мебурдаанд.
    Онҳо душманони осоиши халқи кишвари мо ҳастанд.

Ҷои онҳо дар ҷазирае будааст, ки атрофи онро тамоман об печонидааст.

Девҳо ҳар вақт аз ин ҷазираҳо берун шуда, ба сарзаминҳои осоишта ҳуҷум
мекунанд, дар он ҷойҳо ғоратгарӣ менамоянд, ҳамаро тороҷ мекунанд, ода-
монро гирифта мебаранд.

Инро шунида, Эраҷ боз як бори дигар падари худро ба ёд овард ва дар дас-
ти девҳо дар чӣ азобу машақкат будани ӯро тасаввур намуд. Тамоми шаб Эраҷ
ҷанги девонро хоб дид, Дар ин ҷанг худро гоҳ дар саҳрои пур аз оташ, гоҳ дар
пушти симурғи афсонавии парвозкунанда, гоҳ бо дев даст ба гиребон, гоҳ дар
даруни гор ва дар болои кӯҳ медид ва гоҳ дар ҳаво парида мегашт.

Пагоҳ аз хоб бедор шуд, аммо асирии падараш аз ёдаш намебаромад. Вай
ба халосии падар ба ҷанги девон рафтанро мақсади худ карор дода, аз ҷояш
хест, шамшерро гирифта, ба миёнаш баст ва ба модари худ гуфт:

  • Хайр, модари азиз, ман рафтам.

Модараш ва ҳамсоягон гумон карданд, ки Эраҷ мисли ҳарвакта ба шикор
меравад.

  • Хайр, саломат бозгард! Шикорат бобарор шавад. Мунтазирем, ки аз ши-
    кор зуд бозмегардӣ! – гуфтанд онҳо.

Эраҷ хандид ва ҷабини модарашро бӯсида, ба аспи худ савор шуду ба та-
рафи саҳро ронд.

Чанд шабу рӯз кӯҳу саҳроҳоро тай карда, ба лаби чашмае фаромада, дам
гирифт. Ӯ гарқи хаёл нишаста буд, ки ногоҳ дар доманаи кӯҳ пирамардеро дид.
Эраҷ хеста, ба назди ӯ рафт. Пирамард ба Эраҷ эътибор надод, ӯ зери лаб дуос
мехонд. Эраҷ бодиққат ба рӯи ӯ нигарист: хушсурат ва баландқомат буд. Эраҷ
салом дод. Пирамард сар бардошта, ҷавоби салом доду пурсид:

  • Ба куҷо меравӣ, аз куҷо меоӣ?

-Ман сайёҳ ҳастам, сайругашт мекунам, – гуфт Эраҷ, – вале ман мехостам
донам, ки шумо барои чӣ дар ин ҷойҳо, ки пои одамизод нарасидааст, танҳо
гаштаед?

  • Ман қасди ҷанг бо девонро дорам, – гуфт пирамард.

Эраҷ ин гапро шунида, аз ҷой ҷаста хесту аз дил гузаронид: «Ин аст
раҳнамо ва мададгори ман!»

  • Ман ҳам барои ҷанг бо девон ба ин ҷо омадаам, – гуфт Эраҷ.
  • Аҷаб! -гуфт пирамард. – Ту медонӣ, ки зафар ёфтан бар девон кори осон
    нест?
  • Медонам! – гуфт Эраҷ.
  • Танҳо касе, ки тарсро намедонад, фикри ақибнишинӣ намекунад, аз
    баҳри ҷонаш мегузарад, қодир аст бо девон рӯ ба рӯ шавад.

Эраҷ сар ҷунбонда, изҳори қабули гуфтаҳои ӯро кард. Пирамард баъд аз
ин шамшери худро бароварда, ба Эраҷ доду гуфт:

  • Писарам, ин шамшер мӯъҷизаҳо дорад: аввалан, ҳар оҳане ё пӯлодеро
    занӣ, бурида мегузарад, дуюм, захми онро ҳеҷ даво сиҳат карда наметавонад.
    Мана, ин дафтар ҳам аз они ту, ҳар мушкиле пеш ояд, роҳи ҳалли он дар ин
    дафтар навишта шудааст.

Эраҷ дафтарро кушода дид. Он иборат аз чанд варақи сафед буду халос.
Ҳайрон шуду чизе нагуфт.

  • Он чӣ ба ту лозим аст, дар дафтар сабт шудааст ва дар вақти зарурат
    танҳо ба назари ту намудор мешавад, – шарҳ дод пирамард.

Эраҷ хайрухуш карда, ба аспи худ савор шуда, ба тарафе, ки пирамард ни-
шон дод, раҳсипор гардид. Субҳ то доманаи кӯҳе расид, ки он ҷо қалъаи балан-

ди сиёҳ намудор буд ва дар муқобили қалъа чандин даста аскар бо байрақҳо
саф ороста буданд. Эраҷ ба канор рафту мунтазири пешомадҳо шуд.

Ҳамин ки офтоби оламтоб оламро мунаввар сохт, аз тарафи лашкари ода-
мизод садои карнаю табл баланд гардид. Ҳамин вақт дарвозаи қалъаи сиёҳ ку-
шода шуда, чандин ҳазор ҳайкали даҳшатангез карнай навохта, ба муқобили
лашкари одамизод равон шуд. Аз карнайи онҳо садои даранда мебаромад. Аз
ин садои даҳшатнок аспи Эраҷ рамид ва ӯ маҷбур шуд, ки ба асп савор шуда,
онро нигоҳ дошта истад.

Дар ин миён аз тарафи одамизод ҷавони зебои тануманди аспсавор ба
майдон баромад. Танаш оҳанпӯш буд, дар сар низ кулоҳи оҳанин дошт. Вай
каманду камон ба китф, найзаю шамшер ба даст гирифта, ба муқобили ӯрдуи
дев истода, ҳариф талаб кард.

Аз тарафи девон як нафар филсавор, ки ба сар санги осиё гузошта буд, бо
гурзи ҳафтмании сараш шабеҳ ба каллаи гов ба майдон даромад ва чунон наъ-
рас кашид, ки аспон рамида, ба ду по хестанд ва замин ҷунбид.

Ҷавон худро муқобили деви кӯҳпайкар дид, аспи худро пеш ронда, бо
шамшер ҳамла кард.

Дев низ филро ба ҳаракат дароварда, шамшери ӯро бо сипар рад намуду
ба сари ӯ бо гурзи худ чунон бошиддат зад, ки камари аспаш шикаст, замину
кӯҳ ларзида рафт. Ба ҷавон аз тарафи лашкар аспи дигар расониданд.

Ӯ худро зуд ба болои асп гирифт ва бо шамшери даҳгазӣ ба китфи рости
дев бошиддат зад, ки аз паҳлӯи вай гузашт ва дев мисли кӯҳ ба замин афтод.
Баъд аз ин ҷавон чанд деви дигарро, ки паи ҳам ба майдон медаромаданд, бо
як зарб мағлуб кардан гирифт.

Ногоҳ аз ӯрдуи дев Ҳингил ном деве, ки аз ҳамаи девон чанд маротиба
бузургтар буд, ба майдон даромада, ба ҷавон ҳамла кард ва ба сараш каманд
андохта, ӯро аз рӯи зин канда, ба калъа кашида бурду худ боз берун шуда, миё-
ни майдон гузашт.

Ҳар паҳлавоне, ки зидди ӯ меҷангид, ё дастгир ё кушта мешуд.

Эраҷро дигар токат намонд ва ӯ аспашро чунон сахт камчин зад, ки аспаш
дар як тохт аз болои сари дев парида гузашт. На дар ӯрдуи дев, на дар лашкари
одамизод то ҳол чунин родмарди чолокро надида буданд.

Эраҷ аспи худро дар атрофи дев чор бор чарх занонда, ба муқобили дев
истод ва гуфт:

  • Бисёр вақт ин тараф кинаи туро дар дил доштам ва чӣ хуш, ки имрӯз ба
    ту расидам.

Ҳингил хандида гуфт:

  • Туагар марди майдон мебудӣ, сипару зиреҳ медоштӣ.

Эраҷ гуфт:

  • Он чӣ ба ман лозим аст, дар ту ҳаст ва он аз они ман мешавад.

Дев барошуфт ва ба ӯ ҳуҷум кард. Эраҷ бо як зарб найзаи ӯро кашида ги-
рифта, ба замин партофт. Дев хост бо гурз ба сари Эраҷ бизанад, ки Эраҷ худро
канор кашид. Гурзи дев, ки агар ба кӯҳ мезад, кӯҳ садпора мешуд, ба замин
даромада рафт.

  • Акнун навбати ман! – гуфт Эраҷ ва аспашро ба пеш ронд.

Ду пои пеши аспи ӯ ба китфи фили дев баробар шуд. Пас, бо шамшери аз
пирамард инъом гирифтааш ба сари Ҳингил чунон зарба зад, вай ба замин ато-
ду дигар аз ҷояш нахест.

Инро дида лашкари одамизод табли шодӣ зад ва лашкари дев ҳамла овард.
Як идда девҳо кушта шуданд, иддаи дигар асир афтоданд.

Акнун қалъаи девҳоро забт кардан лозим буд.

Сардори лашкари одамизод Фирўзи далер фармон дод:

  • Ҳуҷум ба қалъа!

Инзамон аз тарафи калъаи сиёҳи девон оташу санги беҳисобе ба сари лаш-
кари одамизод борид. Лашкари одамизод наметавонист пеш равад. Зери оташи
пурдуд олам торик шуд, касе касеро намедид. АЗ ин ҳол лашкари одамизод ба
таҳлука афтод.

Эраҷ, ки ба калъа расида буд, зери оташу санг монд. Илоҷи пеш рафтан
набуд.

Ногоҳ ӯ дафтарчаро ба хотир овард ва онро аз кисааш гирифта кушод.
Дар саҳифаи он хате пайдо шуд:

  • Эй Эраҷ, бо панҷ нафар ҷавони далер ба паси калъа рав, дар он ҷо дар
    ғоре деви оташнафас нишастааст, аз пушти сараш рафта ба банд гир. Ҳушёр
    бош, чашмаш ба ту наафтад.

“Эраҷ ҳамон замон бо панҷ нафар ба акиби қалъа гузашта, девро ба банд
гирифт.

Ногаҳон раъду барк ба амал омада, ба кӯҳу саҳро ғулғула андохт ва боро-
ни сахт борид. Борон оташро хомӯш карду чангу дудро зер кард.

Лашкари одамизод ба қалъа зада даромад.

Эраҷ бо якчанд ҷавонон сӯи маҳбасхонаи девон рафт. Ҷавонон қулфҳои
бузурги маҳбасхонаро шикаста, дарун даромаданд. Маҳбусон бо ранги пари-
даю чеҳраҳои зард ноҷунбон мехобиданд ва аз ҳаёт умедашонро канда буданд.
Онҳо одамонро дида, ҷон гирифта, аз ҷо хестанд ва ашки шодӣ рехта, пешвоз

гирифтанд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.