Афсонаи АВВАЛ ПУРСИШ, БАЪД КУШИШ

АВВАЛ ПУРСИШ, БАЪД КУШИШ

Мамлакате буд миёни мамлакатҳое, ки дар ин олам кам
нестанд. Дар он мамлакат як сол на барфи дуруст бориду на
борон, ғалла дар сахрову мева дар боғ норасидаву нодаравида
монд, хушксолӣ пеш омаду гуруснагӣ, байни мардум муромурӣ
сар шуд.

Мамлакат мисли ҳар мамлакати дигар подшоҳе дошту
подшоҳ вазир. Подшоҳ аҳволи халқу мамлакатро дида, ба
таҳлука афтод ва рӯзе ба вазираш гуфт:

  • Эй вазир, маро дигар тоқати дидани ҳоли табоҳи мардум
    Қарор додам, ки мамлакатро ба ихтиёри ту гузораму
    худ баромада равам. Баъди як сол бармегардам. Тамоми ақлу

фаросати худро ба кор андозу коре бикун. ки мардум нобуд
нашаванд, он чи ки дар мамлакат ҳаст, барбод наравад.

Вазир гуфт:

  • Подшоҳам, дар сурате ки ҷилави ихтиёри ҳукуматдориро
    ба дасти ман дода, баромада рафтанӣ шудаед, хоҳиш дорам як
    шарти маро қабул кунед.
  • Чӣ шарт дорӣ, эй вазир? – пурсид подшоҳ.
  • Шарти ман ҳамин, ки ҳар амале аз тарафи ман содир.
    мавриди эътирозу мазаммат қарор нагирад ва ҳар дасисаву
    фитнае, ки нисбати ман сар мезанад, аз эътибори ҷанобашон
    соқит гардад.

Подшоҳ розӣ шуд ва аз мамлакат баромада рафт.

Ҳамин ки хабари аз мамлакат берун шудани подшоҳ
расид, вазир амр кард, ки дарҳои хазинаву дафинаи подшоҳро
боз кунанд, хар чӣ он ҷо ҳаст, ба мардум таксим кунанд, ба
яке пул расиду ба дигаре зару ба саввумиҳо шаддаву марҷону
зевар. Ба ҳар кас ҳар чӣ расид.

Вазир гуфт:

  • Шаҳр ба шаҳру мамлакат ба мамлакат раведу ҳар гизое
    аз ҳар ҷое, ки пайдо кардед, бихареду бихӯреду ҷони худро аз
    чанголи марг халос кунед!

Мардум ин кори вазирро дидаву ин сухани ӯро
шунида, ҳайрон монданд: гирифтанро додан ҳасту карзро
баргардонидан. Мо-ку моли подшоҳро гирифтем, ҳар чи ёфтем,
мехарему мехӯрему ҷон ба саломат мебарем, аммо онро кай, чӣ
хел бармегардонем?

Инро ба вазир гуфтанд. Вазир дар чавоб гуфт:

  • Он чи ба шумо расид, қарз аст, аммо сари подшоҳи
    бузургвор ҳамеша саломат бошад, карзро фақат баъди сари он
    кас бармегардонед.

Мардум хурсанд шуда, ба чор тарафи дунё рах пеш
гирифтанду шаҳр ба шаҳру мамлакат ба мамлакат рафта
хӯрданиҳо хариданду ҷони азизи худро аз вабои қаҳтӣ начот
доданд.

Як сол гузашт. Подшох баргашт. Дид, ки мамлакат тинчу
мардум осуда, ҳама заҳмат кашидаанду ҳосил рӯёнидаанд, сери
пурӣ, ҳама хушҳол.

Хурсанд шуд подшоҳ, вале хурсандии ӯ дер давом накард
Бадхоҳони вазир гирди ӯ ҷамъ шуданду гуфтанд, ки хиёнати
бузурге кард вазир.

Гуфтанд:

  • Эй подшоҳи бузургвор, дар хазинаю дафинаатон,
    пуропур буд, алҳол муш гардад, дона намеёбад. Подшо:
    бехазина-дарахти бемева, ҷӯи беоб, лашкари беярок. Ин ҳе
    пеши мамлакатҳои дигар як шармандагӣ асту бас.

Зиёд гуфтанд аз ин хел гапҳо онҳое, ки як сол пеши вазир
буданд:

Ҳар номваре, ки ӯ ҷаҳон дошт,
Бадномгаре зи ҳамраҳон дошт.

Он гапҳоро шунида мӯи бадани подшоҳ сих шуда хесту
фарёди ҷонгудозе аз даҳонаш баромад:

  • Ба дасту пои вазир кундаву ишкел занеду задаву кашида
    пеши ман биёваред!

Вазирро дошта, ба дасту пояш кундаву ишкел зада, задаву
кашида пеши подшоҳ оварданд.

  • Ҷаллод! Тамоми кувваеро, ки дар бадан дорӣ, ба кор
    андозу ба паси гардани ин хоин чунон бизан, ки мани фиреб-
    хӯрда чӣ хел хун пошида, ғелида рафтани сарашро бубинаму
    аламам кам шавад.

Кунда оварданд. Ҷаллод табари тезро, ки мисли каланд
бузург буд, ба ҳаво бардошт.

Вазир кундаву ишкелро тарақ-туруку шалдар-шулдур-
кунон овоз баровард:

  • Подшоҳо, гузаштагон «аввал пурсиш, баъд кушиш»
    гуфтаанд. Бесабаб нагуфтаанд онхо! Чаро шумо аввал
    намепурсед, ки чаро ман чунин кор кардаам?!

Бадхоҳони вазир ин гапро шунида, ғавғо бардоштанд:

-Он чи аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Ин ҷо чӣ зарурат хаст
ба пурсидани касе, ки хиёнаташ назди подшоҳу назди мамлакат
мисли оина равшан аст.

Подшоҳ, ки соле пеш эътимоде ва эҳтироме ба вазираш
дошт, гуфт:

  • Ҳеҷ боке не, ку бубинем ин марди хоин пеш аз маргаш ба
    забони нопоки худ чӣ суханоне оварданист.

Вазир гуфт:

  • Магар аз ёд баровардед, ки ман пеш аз мамлакатро тарк
    кардани шумо шарте пешатон гузошта будам: «Ҳар амале, киаз
    тарафи ман содир мешавад, мавриди эътирозу мазаммат карор
    нагирад, ҳар дасисаву фитнае, ки нисбати ман сар мезанад, аз
    эътибори ҷаноби олӣ соқит гардад». Шумо қабул кардед ва
    пасаз ин ман ҷилави ихтиёри ҳукуматдориро ба ихтиёри худ
    гирифтам.

Подшоҳ хашм карла гуфт:

  • Ман гумон накарда будам, ки ту хазинаю дафинаи
    подшоҳиро барбод дода, ба решаи ҳокимияти мо теша
    мезанӣ.

Бадхоҳони вазир сухани подшоҳро тасдик карда, ғавго
бардоштанд:

  • Бе он сарвату ғановате, ки дар хазинаву дафина буд,
    подшоҳӣ на қурбе дораду на қудрате.

Вазир гуфт:

  • Подшохам, он чи, ки дар хазинаву дафина буд, магар,

тавассути хироҷу андоз аз ҳамин мардум, ки имрӯз зиндаву
саломат мондаанд, гирифта нашуда буд? Гуноҳи ман
ҳамин аст, ки моли халқро ба халк баргардонидам. Лекин
муфт барнагардонидаам, ба карз додам, мардум онро боз
медиҳанд.

Бадхоҳони вазир боз гавго бардоштанд:

  • Аз куҷо? Кай?

Вазир гуфт:

  • Ман ба мардум гуфтам, ки баъди сари подшоҳ. Мардум
    имрӯз қудрати баргардонидани қарзро надоранд, бинобар ин
    ҳама рӯзу ҳама соат, дар кӯчаву бозор, масҷиду хонаҳояшон
    даст ба омин бардошта, ба парвардигори олам илтиҷо карда,
    бо як овоз мегӯянд, ки «худоё, худовандо, умри подшоҳро да-
    роз кун»! Барои подшоҳу подшоҳӣ магар қудрати бузургтаре
    аз дуои неки тамоми халқ метавонад вуҷуд дошта бошад?!

Вазир ин суханонро гуфту ба подшоҳ рӯ овард:

  • Эй подшоҳи муаззам, эй султони бокарам, худ фикр
    кунед:

Он ҳангом, ки тарки подшоҳӣ кардед, мардум дар чи
ҳоле буданд, мамлакат чӣ аҳволе дошт. Ҳоло мамлакат обод
мешавад, мардум аз марг наҷот ёфтанду шабу рӯз заҳмат
мекашанду дуои ҷони шуморо мекунанд. Мамлакат бе халқ,
мамлакат нест. Бе мамлакат подшоҳ нест. Пас худ ба сари
инсоф биёеду бигӯед: ки магар ман кори нодуруст кардаам?!

Подшоҳ ин гапро шунида, аз ҷой бархосту фармуд, ки аз
дасту пои вазир кундаву ишкелро бикушоянду ба дасту пои
онҳое зананд, ки подшоҳро зидди вазир шӯронда буданд.

Ҷаллодон ҳамоно тайёр буданд, фурсате нагузашта ду сар
аз тан ҷудо ба чор тараф хун пош дода, гелида рафт.

«Бадхоҳи касон ба мақсад намерасад» гуфтанд, ки ин гап
бе асос нест.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.