Афсонаи ПАНДИ АРЗОН

ПАНДИ АРЗОН

Ҷавоне буд, шавқи ҳар чизро донистан дошт ва он ҷавон
рӯзе ба пирамарде ҳамнишин шуд ба он умед, ки аз ӯ сухани
муфиде мешунаваду ба хотир мегирад. Вале пирамард гӯё ба
даҳонаш мӯҳр зада бошад, хомӯш менишаст.

Ҷавон зиқ шуда гуфт:

  • Падар, ба даҳон магар об гирифтаед, ки лаб
    намекушоед?
  • Суханҳои ман гаронанд, – гуфт пирамард.
  • Хайр, агар суханҳоятон гарон бошанд арзишашонро аз
    ман биситонед, – гуфт ҷавон, – вале хомӯш нашинед, ки дилам
    танг шуду тоқатам тоқ.
  • Суханҳои ман гаронанд, – ботакрор гуфт пирамард.
  • Чанд пуланд суханҳои шумо? – пурсид ҷавон.
  • Сад танга.

Ҷавон сад танга аз ҷайбаш бароварда пеши ӯ гузошт.

Пирамард гуфт:

  • Ҳар гоҳ меҳмон шавӣ, дар пойгаҳ нанишин

Пирамард чунин гуфту боз даҳон баст.

Ҷавон фикр кард: яъне меҳмон кӯшиш кунад, ки аз пойгаҳ
болотар нишинад. Хайр, агар хоксорӣ карда дар пойгақ
нишинад, чӣ мешавад? Инро бояд санҷид.

Ҷавон хамин хел фикр карду боз аз ҷайбаш сад тангаи
дигар бароварда, ба пирамард дод. Пирамард гуфт:

  • Ба миён корд овехта бошию кордат таърифӣ бошад, пеши
    дигарон, чу эҳтиёҷе ба корд пайдо нашавад, корд набарор!
  • Инро ҳам санҷидан даркор, – аз дил гузаронид ҷавон ва
    ба пирамард сад тангаи дигар пешкаш кард.
  • Аз навкиса карз нагир, агар гирӣ харҷ макун, – гуфт
    пирамард.

Ҳамин тавр ҷавон сесад танга сарф карду се панд шунавид
ва дар фикри мукаррар намудани дурустии ин пандҳо шуд.

Дӯсте лошт, ки ба карибй ба худ кори даромадноке ёфта,
пулдор шуда буд. Яъне навкиса буд. Пешаш рафта аз ӯ пул
карз гирифта, оварда руст карда монд. Дере нагузашта, дӯсташ
омада пулашро талаб кард.

-Узрмехоҳам. Агар пулро зуд ба ман нагардонӣ хонаабгор
мешавам

Ҷавон ба рӯи Ӯ зеҳн монда, фаҳмид ки коҳидааст, маълум
буд. ки барои пули карз додааш хавотирӣ кашидаву бетокат
шуда. шабхо хобаш паридааст.

Ҷавон пули дӯсташро бароварда долу дар дилаш «як панди
пирамард дуруст баромад» гуфт.

Ҷавон як рӯз ба мехмонӣ рафта, дар пойгаҳи меҳмонхона
нишаст. Ҳарчанд хоҳиш карданд, болотар нагузашт.
Мехмонхона пур аз меҳмон шуда буд, кї ду меҳмони дигар
омад. навомадагон аз ӯ калонсолтар буданд, ҷояшро ба онҳо
доду худ берун рафт. Боз як панди пирамард дуруст баромад.

Дар рӯи ҳавлӣ гӯсфанд куштанӣ буданд, қассоб мехост,
ки корди хуб биёваранд. Ду-се корд бароварданд, ба кассоб
маъкул нашуд. Мизбонон ҳайрон шуданд, намедонистанд, чӣ
кор кунанд. Ҷавон кордашро кашида ба қассоб дод. Корде буд

аз пӯлоди тоза, тез мисли алмос, дастааш гулкорӣ – ба хироҷи
мамлакат меарзид.

Қассоб ин тараф-он тарафи кордро бодиққат аз назар
гузаронида ба ҷавон гуфт:

  • Ин корд аз падарам ба ман мерос монда буд, чор сол пеш
    гум шуд, то имрӯз ман онро ҷустуҷӯ мекардам. Маълум шуд
    ки ту дуздида будаӣ.

Дунафар шарики қассоб шоҳид шуд. Ҷавонро дузд гирифта
ба қозихона кашиданд ва ба зиндон андохтанд.

Панди сеюми пирамард хам дуруст баромад, гуфт ӯ худ ба
худ. Дар кунҷи зиндон ба хаёл рафта нишаста буд, ки нохост аз
паси дар овози пирамарди пандфурӯш шунида шуд:

Давои қурут – оби ҷӯш. Ба гу тӯҳмат карданд, бидон, ки
тӯҳматро тӯҳмат мехӯрад.

Ҷавон бисёр фикр карду, охир тӯҳмате бофта, дар
зиндонро кӯфт. Посбонон пурсиданд, ки чӣ мехоҳад. Гуфт:

  • Ба ман тӯҳмат карданд, маро пеши ҳоким баред.

Баъди он ки чанд рӯз боисрор дар кӯфгу талаб кард, ки
ӯро пеши ҳоким баранд, дархости ӯро иҷро карданд.

Ҳоким ба рӯи ӯ бо нафрат нигоҳ карда, гуфт

  • Ҳа, дузд, ҷанҷол бардоштӣ. Магар намедонӣ, ки зиндони
    шӯрад, гуноҳаш ва зимнан ҷазояш меафзояд.
  • Медонам, – гуфт чавон, – ҳаминро ҳам медонам, ки агар
    қозӣ одил бошад, аввал мепурсаду баъд ҷазо медиҳад.
  • Хайр, агар қозӣ пурсад, ба ҷавоби ту кӣ бовар мекунад
    дар сурате, ки кассоб ду шоҳид дорад.
  • Ба ман шоҳид лозим не, – гуфт ҷавон, – ман он чӣ ки шуд
    ҳамонро мегӯям, худи шумо хулоса бароред.
  • Бигӯ! – фармуд ҳоким.
  • Дар назди кассоб мегӯям, – гуфт ҷавон.

Қассобро ба пеши ҳоким оварданд.

Ҷавон гуфт:

  • Ҷаҳор сол пеш аз ин падарамро куштанд, ин кордро ман
    азсинаи падари шаҳидам кашида гирифта будам. Маълум шуд,
    ки кушандаи падари бечораи ман кӣ будааст.

Ин гапро шунавида ранги қассоб канд. Вай ба хоким рӯ
оварда, шитобон гуфт:

-Тақсир, манин рӯон рӯи кордро нағзакак дида баромадам,
ин корди гумкардаи ман не. Ман хато кардам.

Қассоб кордро ба ҷавон супорид. Ҳоким ин хел сурат
гирифтани вокеаро дида ҷавонро ҷавоб дод.

Ҷавон аз маҳкама баромада, ба пирамарди пандфурӯш рӯ
ба-рӯ омада гуфт:

  • Падар, – гуфт, – пандҳои шумо баҳо надоранд, шумо
    онҳоро ба ман арзон фурӯхта будаед.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.