Афсонаи ДАВЛАТ ЧИСТ

ДАВЛАТ ЧИСТ

Буд-набуд, як марди бадавлат буд. Се писар дошт ӯ.

Рӯзе нисбати ин хонадон байни ду ҳамсояи ӯ гуфтугӯ ба
амал омад:

  • Ҳамсоя, мо ҳам мисли ҳамин ҳамсояамон заҳмат мекашем,
    кор мекунем, хамеша дар тараддуд, вале сабаб чӣ бошад, ки ӯ
    бадавлат асту мо не?
  • Инро аз худи давлат пурсидан лозим, – гуфт ҳамсоя.

Ҳамсояҳо давлатро пеши худ хонданду ба ӯ гуфтанд:

  • Сабаб чист, ки ту ба ин ҳамсояи мо ёр ҳастию ба мо не?

Давлат гуфт:

  • Шумо мехоҳед инро донед?
  • Ҳа мехоҳем, – гуфтанд ҳамсояҳо.
  • Ин тавр бошад, ман аз хонадони ӯ рафтанӣ мешавам,
    бинед чӣ мешавад.

Баъди ин давлат ба бой гуфт, ки мехоҳад хонадони ӯро
тарк бикунад.

Бой ба ҳар се писараш алоҳида-алоҳида маслиҳат карданӣ
шуда, аввал аз писари калонӣ пурсид:

  • Писарам, давлат аз хонадони мо меравам мегӯяд, ту ба
    ин чӣ мегӯӣ? ,
  • Рафтанӣ бошад равад, ба мо давлат не, тифоқӣ даркор.
  • гуфт писари калонӣ.

Баъди ин бой аз писари миёна пурсид. Писари миёна ҳам
гапи писари калониро гуфт. Баъд бой аз писари хурдӣ пурсид:

  • Писарам, давлат аз хонадони мо меравам мегӯяд, ту ба
    ин чӣ мегўи
  • Давлат равад, раваду тифоқӣ наравад, моён тифок
    зиндагӣ кунем, давлат ҳеҷ ҷо намеравад, – гуфт писари хурдӣ.

Баъди ин падараш ба пеши давлат рафту ҷавоби
писйронашро гуфта дод. Давлат гуфт:

  • Ҷои ман хонадонест, ки он ҷо тифоқӣ бошад.

Ҳамсояҳо ин гапро шунида гуфтанд

Давлат ин тифокӣ, дӯстӣ, ҳамдилӣ будааст.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.