Афсонаи Дому Дон

Буд набуд, як мӯрча буд, мӯрчаи ноороми меҳнатдӯст буд
Як рӯз як каргас дид, ки ҳамон мӯрча як дона гандумро кашида
бурда истодааст, дона аз худаш калон. «Мӯрча зӯр, ба вай қоил
шудан даркор» – аз дил гузаронд каргас. Баъд ин фикрашро ба
мӯрча гуфту илова кард:

  • Ман ҳам беҳунар не. Ман як дона арзанро аз як фарсанг
    мебинам, тасаввур кун, чашмонам чӣ андоза тезанд. Мехоҳи
    худ инро бубинӣ?

Мӯрча гуфт:

  • Чунин тамошо лаззате дорад.

Каргасу мӯрча ба баландӣ баромаданд. Каргас мӯрчаро
ба болои каноташ гирифту гуфт.

  • Бичасг, ки наафтӣ!

Каргас ҳафт фарсанг боло париду аз авҷи осмон ба ҳар
тараф назар андохта, баъд ба як нуқта чашм дӯхта гуфт:

  • Ҳӯ зери он бутта, як тӯда дон аст.

Мӯрча ба поён назар кард, дон он тараф истад, ҳатто
буттаро надид. Каргас бошиддат сарозер парида, омада, аз
зери бутта донро ба даҳан мегирам гуфта, хам шуду фарёдаш
баромад.

  • Ба ту чӣ шуд? – гуфт мӯрча.
  • Ба дом афтодам, – гуфт каргас.
  • Дар ин зиндагӣ фақат дднро не, домро хам дидан даркор
  • гуфт мӯрча аз болои каргас фаромада, донро дидану домро
    надидан ҳунар не.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.