Афсонаи ҶАЗОИ ДЕВКАМПИР

ҶАЗОИ ДЕВКАМПИР

Буд-набуд, як подшоҳбача буд, як зани хушрӯй дошт.
ҳардуяшон бо ҳамдигар бисёр меҳрубон буданд. Як рӯз зану
шавҳармеҳмонӣ рафтанд. Меҳмонӣ нағз гузашту вакти бозгашт
ҳаво торик шуд, подшоҳбача ба занаш гуфт:

  • Дар ин торикӣ азоб кашиданамон мумкин, ман туро
    дар ягон ҷой монда мераваму баъд, пагоҳ омада гирифта
    мебарам.

Занаш розӣ шуд, баъд подшоҳбача дари як хонаро тақ-так
кард, ки як кампир баромад. Подшоҳбача гуфт:

  • Эй, бибӣ, ҳамин зани ман як шаб дар хонаи шумо хоб
    кунад, пагоҳ омада мебарам.
  • Майлаш, писарам, – гуфт кампир, – хонаам калон не, –
    лекин барои як кас ҷой ёфт мешавад.

Подшоҳбача занашро дар хонаи кампир монда рафт. Ин
кампир дев буд, ҳафт духтар дошту якто писар. Номи духтари
калониаш Айша буд.

Айша дид, ки сару либоси зан қимматбаҳо, аз атласу
кимхоб, парчаю кундал, ба модараш гуфт:

  • Оча, оча, маро куртаи атласи подшоҳзан мебод!

Модараш омаду ба сари зани подшоҳбача аррос зада
гуфт:

  • Либосатро каш, накашӣ саратро мехӯрам!

Зани подшоҳбача аз тарс куртаи атласашро кашиду ба
Айша дод. Вай онро пӯшида дид, ки зан боз камзӯли кундалу
кафши заррин дорад, ба модараш гуфт:

  • Оча, оча, дилам кафши заррину камзӯли кундал
    мехоҳад! Ф

Девкампир боз ба сари зани подшоҳбача аррос зада гуфт:
« Камзӯли кундалу кафши зарринатро кашида ба духтарам дех!
Накашӣ, саратро мехӯрам!

Хулоса, Айша ҳамаи сару либосу пойафзоли зани
подшоҳбачаро ғирифта пӯшиду девкампир зани подшоҳба-
чаро ба як хона дароварда, ба пушти дар як санги калонро
монда тамба кард.

Рӯз шуд, подшоҳбача омада гуфт:

  • Бибӣ, гӯед зани ман барояд.

Девкампир духтари худашро ба сурати зани подшоҳбача
дароварду бароварда, ба пушти аспи подшоҳбача савор кард.

Зани подшоҳбача дар кунҷи хонаи торики дарбаста
дилхунук ҳайрон нишаста буд, ки як гурба мияв-мияв карда
омад. Зани подшоҳбача вайро ҷег зада гуфт:

  • Агарилоҷе ёфта дарро кушоӣ, ман ба ту дунбаи гӯсфанд
    медиҳам.

Гурба як илоҷ кард, тобасангро тела дода, дарро кушод,
духтар ба вай як пора думба дод.

Зани подшоҳбача озод шуду аз пушти подшоҳбача давида-
давида рафта, аз вай ҳам гузашта дар сари роҳ як чашма шуд.
Подшохбача аз асп фаромад, дар лаби чашма як косаи чинии
хушрӯй буд. Бо он об гирифту хӯрд, ки то ин вақт ин хел об
нахӯрда буд.

Духтари дев гуфт:

  • Ман ҳам ташна мондам, об мехоҳам.

Подшоҳбача ба коса об гирифтанӣ буд, ки косаи чинӣ аз
косаи сафолину шахшӯл шуду оби ҷӯй шӯру лойолуд. Аз ҳамон
об гирифта омад, ки духтари дев гуфт:

  • Ин шӯру лойолуд. Аз ҷои нағзи чашма об гирифта
    диҳед.

Боз об гирифт, ки боз ҳамон хел шӯру лойолуд. Сеюм бор
гирифт, боз ҳамин хел. Охир, ки нашуд, ба асп савор шуданд
рафтанд.

Духтар рафту дар миёни ҳавлии подшоҳбача як 6утта
гули садбарг шуд. Подшоҳбача аз дарвоза даромадан замон
дар миёни ҳавлиаш буттаи садбарги сурхи шукуфонро дида
ҳайрон шуда, фикр кард, ки ин гули зебо аз куҷо пайдо шудааст
Духтари дев давида рафта, баҳ, баҳ аҷаб рангу бӯи хуш дорад
ин гул, гуфта бӯиданӣ шуда буд, ки садбарги шукуфон гунча
шуду хорҳояш ба лабу бинию рухсори духтари дев халида
хуншор карданд. Вале ҳамин, ки подшоҳбача ба сари гул омад.
ғунчаҳо аз нав шукуфтанду машомашро муаттар карданд. Ин
ҳодиса чанд бор такрор шуд.

Подшоҳбача ба ин асрор одат карду духтари девро занаш
пиндошта зиндагӣ карда гашт, фақат ҳайрон буд, ки чаро занаш
мисли пештара дилкашу дилбар не. Аз вай дилаш меҳаросид.
ҳар сухане, ки ӯ мегуфт, гӯшашро мехарошид.

Духтари дев бошад буттаи садбаргро бад дида, ҳар рӯз аз
шавҳараш талаб мекард, ки ӯро канда партояд.

  • Бифармо аз беху бунаш бурида нест кунанд, ин гулро! –
    мегуфт ӯ ҳар рӯз ба подшоҳбача.

Билохир подшоҳбача хоҳиши духтари девро иҷро кард.
Вале, дере нагузашта ба ҷои бутта бехи ниҳоли сафедор рӯид.
Ниҳол рӯз аз рӯз баланду зеботар мешуд.

Айша як рӯз гуфт:

Ҳамин сафедор ба назарам бад метобад, нигоҳ кунам.
чашмам дард мекунаду хира мешавад, ғалтонеду барои
писарамон гаҳвораи нақшин созонед!

Подшохбача фармуд, устоҳо дарахтро галтонда гаҳвора
сохтанд. Айша писарчаашро ба гаҳвора баст, чӯби гаҳвора
бачаро харошид, бача гиря кард. Вақте ки худи подшоҳбача
меҷунбонид, гаҳвора бачаро намехарошид, вақте ки Айша
меҷунбонид, сахт мехарошид.

Айша гуфт:

  • Ин гаҳвораро майда карда сӯзонеду аз бозор гаҳвораи
    нав биёред!

Гаҳвораро шикаста ба танӯр партофта, сӯзониданд, чӯби
гаҳвора дар таги хокистар як дона ақиқ шуд. Ин замон як
ҳамсояи подшоҳбача алавгирӣ омад. Айша гуфт:

  • Ҳозир ба танӯр алав кардем, аз ҳамон ҷо гиред!

Кампир алав мегирифт, ки чашмаш ба ақиқ афтоду гириф-
та ба даҳонаш партофт. Инро Айша диду гуфт:

  • Ба даҳонатон чӣ партофтед, ҳамсоя?
  • Ҳеҷ чиз не, духтарам, ангуштам сӯхт ба даҳонам халон-
    дам, – гуфт кампир.

Баъд, ҳамсояи подшоҳбача ақиқро ба сандуқ андохта
монду баромада рафт. Бегоҳӣ омад, ки ҳама ҷо шир барин
рӯфтагӣ, дегу табақ шустагӣ, хӯрок тайёр – ҳайрон шуд. Хайр,
хӯрок хӯрда хоб карду боз пагоҳ барқасд табақҳоро нашуста,
шустаниҳоро ба чор тараф тит карда рафту бевақт карда ба
хонааш омад, ки боз ҳама ҷо руфтагӣ, чизҳои чиркин қоғаз
барин сап-сафед шустагӣ, дегу табақ тозаю озода, хӯрок тайёр.
Кампир ба дилаш гуфт: Дар ин ҷо сир ҳаст. Фаҳмидан даркор!

Сахар хест боз ҳама ҷоро нарӯфта, чизҳоро ҳар ҷо паҳну
парешон карда, косаю табакро нашуста, аз хонааш баромаду
дар пушти дар руст шуда истод.

Як вақте буд, ки аз хона як духтараки хушрӯяк баром
ҳама ҷоро рӯфта шир барин тоза кард, ҷомашӯӣ кард, хурок
пухта, акнун ба сандуқ даромаданӣ шуд, ки кампир рафта, аз
дасти духтар сахт дошту гуфт:

  • Туинсӣ, ҷинсӣ, парии паризодӣ, одамӣ-одамизодӣ? Ту
    кистӣ?
  • Ман на инсам, на ҷинсам, на парию паризодаам,
    одаму одамизодам, – гуфт духтар.

Баъд кампир духтарро сар доду духтар ба кампир
саргузашташро як ба як гуфта дод. Кампир хурсанд шуду
гуфт:

  • Ман як худам танҳо будам, духтар надоштам, ба худро
    шукр, духтардор шудам, бемалол дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда
    гаштан гир, аз ҳамин рӯз ту духтари ман.

Аз мобайн чанд рӯзу сол гузашту писари подшоҳбача
калон шуду вайро тӯй карданд. Тӯи калон шуд, духтарҳои шаҳр
низ ба базм омаданд. Ҳама гуфтанд, ки кампири ҳамсоя ҳам як
духтари нозанин дорад. Подшоҳбача кас фиристод, гирифта
бурд. Базм сар шуд, рақсу бозӣ сар шуд, ҳар кас ҳунарашро
нишон дод. Дар охир навбат ба духтар ҳам расид. Духтар
дуторро гирифта, саргузашти худашро газал карда як ба як
гуфт:

Қиссаи ман ҳамин аст, То биравад хастагиаш
Дарди дилам чунин аст: Гул ба богаш шудам,
Буд замоне, ки ман Гарчи сафедор шудам,
Дилбари зебо будам, Қоматам аз он надид,
Хамсари шаҳзодае Сохта гаҳворае
Гулбуну раъно будам. Аз буну бехам бурид.

Хар ду ҳам меҳрубон Кӯдаки девзодаша

Ошиқи ғечон будем.
Тоқати ҳиҷрон набуд,
Як тану як ҷон будем.
Дев рабуд аз кафам
Гавҳари якдонаам,
Духтари худро намуд
Соҳибаи хонаам.
Шавҳари маҳбуби ман
Ҷои мани гулнигор,
Хеҷ накарда хаёл,

Лев гирифт бар канор.

Ман пучидам аз алам.
Дод ба оташ маро
Реш намуда дилам.
Сӯхт саропои ман.
Донаи гавҳар шудам,
Кампири ҳамсояро
Мӯнису ёвар шудам.
Ёр наёрад ба ёд

Хӯи ману бӯи ман,
Ман ба умеде, ки кай
Бигзарад аз кӯи ман.

То шиканад ташнагиаш
Чашма ба роҳаш шудам,

Қиссаи ман ҳазин аст,
Дарди дилам ҳамин аст.

Подшоҳбача ин қиссаи ҳазинро гӯш карда, донист, ки ба
сари занаш чӣ ҳодиса омада будааст. Дилаш тапиду хашмаш
боло гирифта, ба Айша гуфт:

  • Зан, тайёриатро бин, пеши модарат меравем.

Айша хесту фатиру кулча, тӯшаю талқон пухтанӣ шуда,
танӯрро тафсонд. Подшоҳбача ба пеши танӯр рафта, дид, ки
танӯр нагзакак тафсидагӣ, занашро ҷеғ зад. Вақте ки занаш
ба пеши танӯр омад, подшоҳбача вайро ба танӯр партофт.
Айша сӯхта, кабоб шуд, ҳамин исташ аз танӯр гашта гирифта,
ба дастархон баста, ба хонаи модараш фиристоду таъин кард:
«Пагоҳ духтаратон бо шавҳару писараш меҳмонӣ меоянд».

Модари Айша хурсанд шуда, хеста тайёрӣ дид, хамир
кард, рӯбучин кард, баъд ба танӯр нон часпонд. Ҳамин вакт як
духтараш омада гуфт:

  • Оча, оча, шикамам гурусна!
  • Ҳоло нон напухтааст, рав аз рӯймоли Айша нон гирифта

хӯр! – гуфт кампир.

Индухтар рафта, рӯймолро кушод, ки Айша сӯхтаю бирёрам
рӯймолро гашта басту ба пеши очааш омада гуфт:

  • Оча, оча! Лаби Айша инч, дандонош мошу бириндҷ…
  • Э, ҷавонмарг шавӣ, ин чӣ гапи гуфтагиат! – гуфта
    девкампир духтарашро зад, духтараш ҷо ба ҷо мурд.

Боз як духтари дигараш омада гуфт:

  • Оча, оча шикамам гурусна!
  • Рав, аз рӯймоли апаи Айшаат нон гирифта хӯрда ист
    ҳоло нони худамон тайёр не, – гуфт кампир.

Ин духтар ҳам рафта рӯймоли Айшаро кушод, ки аҳвол
ҳамин омада гуфт:

  • Оча, оча! Лаби Айша инҷ, дандонош мошу биринҷ…

-Э ҷавонмарг, ту ҳам ҳамин гапа баровардаӣ! – гуфту ин
ҳам зада кушт.

Хулоса, ҳамаи духтаронаш омада, ҳамин гапро гуфта
буданд, ки онҳоро зада кушт.

Дар охир писари яккаву ягонааш омада гуфт:

  • Оча, оча шикамам гурусна.
  • Рав, аз дастархони апаат Айша нон гирифта, хӯр, ҳоло
    нони худамон тайёр не, – гуфт модараш.

Писараш омада дид, ки аҳвол ҳамин, рафта гуфт:

  • Оча, оча! Лаби Айша инҷ, дандонош мошу бириндц…
  • Имрӯз ба шумоён ҷавонмаргҳо, чӣ шуд, ки ҳамаатон
    омада, як гапи намешудагӣ мегӯед?! – гуфта худаш рафта
    рӯймолро кушода дид, ки дар ҳақиқат духтараш сӯхтаю бирён
    шудагӣ. Ба сари ҳафт духтараш шишта фиғон карда пушаймон
    шуда, девонаву гирён шуда худаша зада кушт.

Дар ин ҷо подшоҳбача занашро аз нав никоҳ карда
гирифт, тӯю тамошо карда, хушу хурсанд зиндагӣ карда гашту
ба муроду мақсадаш расид.

Шумо ҳам ба муроду мақсадатон расед.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.