Афсонаи Захми сухани бад

ЗАХМИ СУХАНИ БАД

Буд-набуд, як марди ҳезумкаш буд. Ҳар пагоҳ банду
табарашро гирифта, ба кӯҳсор рафта, ҳезум мекард, ба
пушташ бардошта, ба бозор оварда, мефурӯхту ҳамин хел рӯ:
мегузарони,

Рӯзе вай як дарахти хушки арчаро афтонида, майда карда
истода буд, ки аз куҷое як хирси калони бадҳайбате пайдо
шуда, ба пешаш омад. Ҳезумкаш хирсро дида тарсиду «аз
дасти ин дарранда халосӣ нест, аҷалам расида будааст» гуфта.
умедашро аз зиндагӣ канд.

Аммо хирс ба ӯ кордор нашуда, пурсид:

-Эймард, ман дидам, ки тубо азоби зиёдба ин ҷо баромада
заҳмат кашида, дарахтро афтонда майда кардӣ, ба ман гӯй, ки
инро чӣ кор мекунӣ?

  • Ба бозор бароварда мефурӯшаму ба пулаш ину он
    гирифта, рӯз мегузаронам, – ҷавоб дод мард.
  • Ин тавр бошад, – гуфт хирс, – ту овора шуда, азоб кашида
    нагард. Ман бекор, ҳар рӯз як банд ҳезум тайёр карда, бурда
    дар поёни кӯҳ мемонам, омада гирифта рафтан гирифт

Рӯзи дигар ҳезумкаш омад, ки хирс дар хакикат дар ҷое
гуфтагиаш як банди калон ҳезум тайёр карда мондааст.Вай
хурсанд шуда, ҳезумро пуштора карда рафт

Чанд рӯз ҳамин хел давом кард. Як рӯз ҳезумкаш фикр
кард, ки «ик хирс ба ман бисёр некӣ карда истодааст, некии
ӯро гардонидани ман зарур». Вай ҳамин хел фикр карда, бе
занаш гуфт:

  • То омадани ман ягон хӯроки нағз тайёр карда мон, ки
    ҷӯраамро гирифта мебиёрам.

Занаш хуб гуфт. Ҳезумкаш ба беша рафта, хирсро ёфта
ба меҳмонӣ таклиф кард. Хирс розӣ нашуд, вале мардак бйсёр
илтимос карда, ӯро розӣ кунонид.

Ҳардугапзанонбахонаиҳезумкашомаданд. Зани ҳезумкаш
пешвоз баромада, дид, ки шавҳараш як хирси бадҳайбат калон
омада истодааст.

  • Оҳ, рӯям сиёҳ! – гуфт зан ба шавҳар. – Ҷӯраи ту магар
    ҳамин хирси баднамуд аст?!

Хирс суханони занро шунида, ранҷиду ба ҳезумкаш гуфт

  • Бо ҳамин табарат ба сари ман якто зан!
  • Занам намедонад, ки ту ба мо чӣ нагзӣ кардаӣ. Хафа
    нашав, – гуфт ҳезумкаш.

Аммо хирс ба гапаш истода гуфт:

  • Ба сарам бо табарат зан! Агар назанӣ, ҳардуятро кушта,
    хонаатро вайрон карда меравам!

Мард ҳайрон шуда фикр кард: «Агар назанам, ин хирси
якрав ғуфтагияшро мекунад, мачбурам, ки фармонашро иҷро
кунам. Зада сарашро ду пора мекунам, мурда мемонаду ҷонам
халос мешавад».

  • Хайр, чӣ илоҷ, – гӯён вай табарашро бардошта
    тамоми кувваташ ба фарқи сари хирс зад. Хирс ғарқи хунш
    баромада рафт

езумкаш бовар кард, ки баъди ин хирс зинда намемона
Вале ӯ ин воқеаро аз хотираш бароварданӣ шуда, якчанд вақт
ба бешаҳои дур барои ҳезум мерафтагӣ шуду ба бешае, ки хирс
зиндагӣ мекунад, нарафт

Рӯзе «хайр, хирс-ку мурда рафтагист, ба ҷои пештара
рафта, ҳезум кунам, беҳтар не магар?» гӯён боз ба ҳамон беша
рафт

Омада як дарахтро афтонда истода буд, ки ногаҳон хирс
пайдо шуд

Мардак ба сари ӯ, ки сиппа-сиҳат шуда буд, нигоҳ карда
хайрон шуд: осоре аз захм намонда

  • Ҳа, ошно, – гуфт хирс, – мебинӣ, ки аз захми табарат дар
    сари маносоре намондааст? Валезахми суханони нешдори занат
    ҳеҷ аз дилам намеравад! Имрӯз садои табари туро шунидаму
    он захм аз нав тоза шуд.

Гапи хирсҳақбудвамардак чизе нагуфта, банду табарашро
гирифту бо сари хам аз беша баромада рафт ва дигар ба он ҷо

наомад.

О MUHAMMAD SALOH

Нет комментариев

  1. Dead indited content material , thankyou for entropy. Philis Barnett Bess

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.