Омода намудани ҳуҷҷатҳо барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии минбаъда

  1. Ташхиси арзиши илмӣ ва амалии ҳуҷҷатҳо.
  2. Ба рӯйхат гирифтани ҳуҷҷатҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доими ва дарозмуддат.
  3. Супоридани парвандаҳо ба бойгонии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1. Ташхиси арзиши илмй ва амалии

 Ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо ин  муайян намудани аҳамияти сиѐсй, хочагии халк, иҷтимой-фарҳангй ва дигар аҳамияти ҳуччатҳо бо максади чудо намудани онҳо барои нигоҳдории минбаъда ѐ несткунй мебошад.

 Ташхиси арзиши хуҷҷатҳо аз тарафи кормандони воҳидҳои сохторй тахти роҳбарии методии комиссияи ташхисии (КТ) доимо амалкунандаи Кумита ва корманди масъули бойгонй ба амал бароварда мешавад.

 Интихоби хуҷҷатҳо барои несткунй бо санади шакли муайян ба расмият дароварда мешавад. Санадҳоро комиссияи ташхисй баррасй намуда, ба онҳо раис ва аъзои ин комиссия имзо мегузоранд ва роҳбарият тасдиқ менамояд.

Хуҷҷат ва парвандаҳои ба санад ворид кардашуда фақат баъди аз тарафи ташкилотхои хадамоти бойгонии давлатй тасдик, кардани руйхатҳои парвандаҳои муҳҳлати нигоҳдориашон доимй ва муваққатии давраи дахлдор нест карда мешаванд.

 Тартиб додани парвандаҳо

 Дар оѓози сол дар хар як вохиди сохторй тибқи феҳрасти парвандаҳо муқовахои парвандахои ташкилшаванда тартиб дода мешавад.

 Тартиб додани парвандаҳо аз навиштани муқоваи парвандаҳо, чузъбандй, рақамгузории варақҳр ва тахияи навиштаҷоти тасдиқкунанда иборат аст.

Парвандахои муҳлати нигохдориашон доимй ва дароз-муддат (то 10 сол ва зиѐда аз он) дар муковаи сахт муковабандй шуда, варакҳояшон рақамгузорй карда мешаванд. Дар охири парвандаҳо дар варақи алоҳида навиштаҷоти тасдикдунанда гузошта мешавад.

Парвандаҳои мӯхлати нигохдориашон муваққатй (то 10 соли пурра) ба таври оддй ба расмият дароварда мешаванд: онҳо муқовабандй, варақҳояш рак,амгузорй, руйхати парвандаҳо тартиб дода намешавад ва баҳисобгирй аз руи фехҳрасти парвандаҳо амалй мешавад.

 Навиштаҷот дар муковаи парвандаҳои муҳлати нигоҳдориашон доими ва дарозмуддат бояд ба таври возеҳ бо ранги сиѐҳи офтоббардор ѐ сиѐҳй (туш) анҷом дода шаванд.

 Оид ба масъалаҳои мураккаби вобаста ба расмият даровардани парвандахое, ки бояд ба нигоҳдории давлатй супорида шаванд, бо бойгонии давлатии дахлдор машварат намудан зарур аст.

2. Ба руйхат гирифтани ҳуҷҷатҳои мӯхлати нигоҳдориашон доимй ва дарозмуддат

 Баъди ба охир расидани соли коргузорй аз руи натиҷаҳои ташхиси гузаронидашудаи арзиши хуҷҷатҳо парвандаҳои мӯхлати нигоҳдориашон доимй чудо карда мешаванд, ки бояд ба руйхат дохил карда шаванд.

 Руйхат аз тарафи корманди масъули бойгонй бо ѐрии методии бойгонии давлатии дахлдор тартиб дода мешавад. Руйхатхои солонаи парвандаҳо бояд аз тарафи комиссияи ташхису тафтишотии (КТТ) ташкилоти хадамоти бойгонии давлатй тасдиқ, карда шаванд.

 Руйхатҳо ба парвандаҳои муҳлати нигоҳдориашон доимй, дарозмуддат ва хайати шахсй алоҳида тартиб дода мешаванд.

 Ҳар як парванда (чилд) тибқи руйхат рақами тартибии мустақил дорад. Парвандаҳо дар руйхатҳои аз руи феҳрасти парвандаҳо мураттаб гардонида мешаванд.  Таъмини хифзи ҳуҷҷатҳо

 Барои ҳифзи ҳуҷҷатҳои Кумита Шуъбаи умумй ва роҳбарони воҳидҳои сохторй масъул мебошанд.

Парвандаҳо аз лаҳзаи оѓоз дар коргузорй то вақти супоридан ба бойгонии Кумита ѐ несткунй, дар утоқҳои корй, дар ҷевонҳои пушидашаванда ѐ бинохои маҳкамшавандаи махсус чудо кардашуда нигоҳ дошта мешаванд.

 Гирифтан ва додани хама гуна ҳуҷҷат аз парвандаҳои мӯҳлати нигоҳдориашон доимй манъ аст. Дар ҳолатҳои истисно (масалан бо талаби мақомоти судй-тафтишотй) гирифтани ҳуҷҷатҳо бо иҷозати рохбарият, бо роҳи дар парванда ҳатман гузоштани нусхаи аслии тасдиқ кардашудаи ҳуҷҷати гирифташуда ва гузоштани санад оид ба гирифтани нусхаи аслй, ба амал бароварда мешавад

3.  Супоридани парвандаҳо ба бойгонии Кумита

  Парвандаҳои мӯхлати нигоҳдориашон доимй ва дарозмуддат баъди як соли ба охир расидани онҳо дар коргузории вохидҳои сохторй ба бойгонии Кумита супорида мешаванд. Парвандаҳои мух.лати нигоҳдориашон муваққатй (то 10 сол) ба байгонй супорида нашуда, дар вохидхои сохторй нигох дошта мешаванд.

 Бойгонии Кумита парвандаҳоро аз руи руйхат ѐ фехрасти парвандаҳо қабул менамояд.

Агар парвандаҳои алоҳидаро дар коргузорй барои кори ҷорй мондан зарур бошад, он гоҳ бойгонй барои ба истифодаи муваққатй додани онҳоро ба расмият медарорад

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.