Тартиб додани феҳраст ва ташкил намудани парвандаҳо

  1. Ташкили назорати иҷрои ҳуҷҷатҳо.
  2. Тартиб додани феҳрасти парвандаҳо. 3. Ташкил намудани парвандаҳо.

1.  Ташкили назорати иҷрои ҳуҷҷатҳо

  Иҷрои пешниход, супориш ва масъалахои дар хуччат ба миѐн гузошта шуда бояд таҳти назорати доимй карор дода шавад. 

Ба ичрон хуччатхо ва супоришхои дар онхо ба миѐн гузошта шуда, рохбарият назорат мебарад.

Назорати бевосита ба ичрои хуччатхо ба ухдаи Шуъбаи умумй ѐ дигар шахсони мансабдор гузошта мешавад.

Хамаи хуччатхои мухими давлатие, ки бояд инро карда шаванд, дархостхо, супоришхои макомоти болой ва фармонуфармоишхои рохбарияти Кумита тахти назорати махсус гирифта мешаванд.

Дар холате, ки ичрои хуччатхо омузиш ва санчишхои иловагиро талаб мекунанд, рохбари сохтори вохиди бояд ба унвонии рохбарияти Кумита гузориши асоснок оид ба тамдиди супориш пешниход намояд (на дертар аз 2 руз пеш аз анчоми муҳлати ичрои супориш).

Агар дар хуҷҷати ворида муҳлат нишон дода бошад, ки то он вакт бояд чавоб гирифта шавад, пас он мӯхлат бояд хатман риоя карда шавад.

Мухлати ичрои хуччат аз лахзаи ба Кумита ворид гардиидани он хисоб карда мешавад.  Назорати ичрои хуччатхо дар варакахои назорати  дафтархои бакайдгирии хуччатхои ворида, содира ва дохилй амалй мешавад.

Хуччат хамон вакт ичро гардида хисобида мешавад, ки масъалаҳои дар он ба миѐн гузошта шуда ҳал гарданд ва ба муаллиф ҷавоби саҳеҳ, дода шавад.

Агар ичро бо хуччат асоснок карда нашуда бошад, оид ба ичро дар худи хуччат – дархост, дафтари бақайдгирй ѐ варакаи назоратй қайд карда мешавад.

Маълумот оид ба натичаҳои ичрои хуччатҳои назоратшаванда аз тарафи шӯъбаи умумй ба холати санаи то 1-уми хар моҳ ҷамъбаст карда шуда дар ҷаласаи ҳафтаина ба маълумот роҳбарият расонида мешаванд. Дар асоси таҳлил барои тезонидани ҷараѐни иҷрои хуччатхо ва баланд бардоштани интизоми ичроия, такмили ташкили назорат ва идоракунй дар маҷмӯъ пешниҳодҳо тахия карда мешавад.

2.  Тартиб додани фехрасти парвандаҳо

Ҳуҷҷатхо баъди иҷрои (истифода) онхо дар парвандаҳои иборат аз мачмуи хуччатхои мансуб ба масъалаи муайян ва дар муковаи алоҳида духташуда, гурухбандй карда мешаванд.

 Бо мақсади дуруст ба тартиб даровардани парвандахо, ки ҷустуҷуи фаврии хуҷҷатхоро аз рӯи мазмун ва навъ таъмин мекунад, фехрасти парвандахо тартиб дода мешавад, ки он руйхати батанзимдароварандаи номгӯи парвандахое мебошад, ки нишон додани мӯхлати нигахдории онҳо дар коргузорй чорй карда мешавад.

Феҳрасти парвандахоро шӯъбаи умумй якчоя бо дигар кормандони дастгоҳи марказй тартиб медиҳад. Феҳрасти парвандаҳои тартибдодашуда бо бойгонии давлатии дахлдор мувофика карда, аз тарафи роҳбарият тасдик, ва аз 1 январи соли нав (замимаи 8) мавриди амал қарор дода мешавад.

Фехрасти тасдиқ, кардашуда дар давоми якчанд сол амал карда дар мавриди тағйир ѐфтани сохтори ташкилот бояд аз нав тартиб ва тасдиқ, карда шавад. Агар чунин тағйирот руй надихад, феҳрасти парвандаҳо дар охири сол танҳо аниқ, ва аз нав чоп карда мешавад. Ба фехрасти парвандаҳо хамаи хуҷҷатҳое, ки хам дар дохили ташкилот тахия мешаванд ва хам аз берун ворид мегарданд, дохил карда мешаванд.

Ба фехрасти парвандаҳо нашрияҳои чопй, брошюраҳо, маълумотномаҳо, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои ба инҳо монанд ворид карда намешаванд.

 Шохиси парвандаҳо дар феҳраст аз аломати воҳиди сохторй ва рақами тартибии парванда дар ҳудуди вохиди сохторй ѐ самти фаъолият иборат аст.

Сарлавҳаи парвандахо аз руи ахамиятнокии хуҷҷатҳо, ки дар парванда ташкил шудааст, дар фаслҳои дахлдори фехраст чойгир карда мешаванд.

Сарлавҳаи парванда бояд мазмун ва таркиби асосии хуҷҷатои парвандаро дар шакли возеҳ ва чамъбастй инъикос намояд.

 Сарлавхаи парвандахо оид ба масъалаҳои дар давоми сол хал нагардида гузаранда буда бо хамон шохис ба фехрасти парвандахои соли ояндаи ташкилот гузаронида мешаванд. Агар дар давоми сол дар фаъолияти дастгоҳ соҳаҳои нави корй ва корхои пешбининашудае, ки бояд хуҷҷатнок карда шаванд, ба вучуд омада бошанд, онхо ба таври илова ба фехрасти парвандаҳо ворид карда мешаванд. Бо ин максад дар хар як фасли фехраст рақами эхтиѐти гузошта мешаванд.

 Баъди ба охир расидани соли коргузорй дар охири фехраст оид ба микдори парвандахои ташкил кардашуда, сабти чамъбастй карда мешавад (замимаи 9). Кумита барои макомотҳои худудии худ фехрасти намунавии парвандахоро тахия менамоянд.

3.  Ташкил намудани парвандаҳо

Ҳуҷҷатҳои ичрошуда ва мутаносибан ба расмият даровардашуда гурухбандй шуда, дар парванда ба тартиб дароварда мешаванд. Ба тартибдарории парвандахо тибки фехрасти парвандахо дар вохидхои сохторй дар чойи ичрои хуҷҷатхо амалй мешавад.

Яке аз талаботи асосй нисбат ба тартибдарории хуччатхо, ин дар парвандахои алохида тартиб додани хуччатҳои мухлати нигохдориашон доимй ва мувакқатй мебошад.Ҳангоми батартибдарории парвандаҳо қатъй риоя намудани ҳаҷм ва таркиби хуччатхое, ки бояд дар ин парванда чой дода шавад, зарур аст. Ба парванда ворид намудани хуччатхои ба он мансуб набуда, инчунин сиѐҳнависҳо, вариантхо ва нусхаҳои зиѐд  мумкин нест. Ҳар як парванда набояд аз 250 варақ, зиѐд бошад.

Ҳуҷҷатҳо дар дохили парванда аз руи тартиби ҳалли масъалаҳо тибқи хронология ва шохисбандй ҷойгир карда мешаванд.

Фармонҳо оид ба ҳайати шахсй аз фармонҳо оид ба фаъолияти асосй ҷудо гуруҳбандй карда мешаванд.

Нақшаҳо, ҳисоботҳо ва сметаҳо аз лоиҳаҳои ин ҳуҷҷатҳо ҷудо гурухбандй карда мешаванд.

test

Добавить комментарий