Ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо

  1. Тартиби гардиш ва иҷрои ҳуҷҷатҳои воридотӣ.
  2. Тартиби гузариши ҳуҷҷатҳои содира ва дохилӣ дар ҷараѐнӣ тайѐр намудани онҳо.
  3. Тартиби қабул ва супоридани ҳуҷҷатҳо.

1. Ҳуҷҷатҳоро Шӯъбаи умумӣ ба таври мутамарказ ба қайд мегирад Муросилоти сахван воридшуда тибқи таъинот фиристода мешавад. Хамаи лифофахо, ба истиснои муросилоти шахсй ва мактубхои ба нишонии кумитаи иттифоки касаба ирсол шуда, кушода мешаванд. Дар айни ҳол беосебии лифофахо ва микдори хуччатҳои мавчуда дар онҳо санҷида мешавад. Лифофахо, чун коида, нобуд карда мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суроғаи ирсолдиханда ѐ санаи ирсол ва гирифтани ҳуҷҷатро танхо аз руи лифофа мукаррар кардан мумкин бошад.

Дар хамаи ҳуҷҷатхои ворида, ҳатто агар саҳифа пурра бо матн фаро гирифта шуда бошад ҳам, ҳатман дар кисми поѐнин кунчи рости вараки якум мухри бакайдгирй гуэошта мешавад. Чун коида, хуччатхо дар рузи ворид шуданашон ба кайд гирифта мешаванд.

Хамаи хуччатхои ворида, ки аз тарафи дигар кормандони Кумита кабул карда шудаанд, хатман барои бакайдгирй ба Шуъбаи умумй супорида мешаванд.

 Хуччатҳои ба кайд гирифта нашаванда, хуччатхои ба нишонии кумитаи иттифоки касаба ва бо кайди “шахсан” ворид гардида бевосита тибқи таъинот фиристода мешаванд.

Хуччатхои воридгардида баъди ба кайд гирифтани онхо дар дафтари ҳуччатхои ворида  барои баррасй ба рохбарият фиристода мешаванд.

Хунчатҳо бояд дар рӯзи ворид шуданашон барои баррасй ба рохбарият фиристода шаванд. Баркияҳо, факсҳо, телефонограммаҳо ва дигар ҳугччатҳои таъҷили барои баррасй ва ичро дар навбати аввал фиристода мешаванд.

Агар дар ҳуччатҳои воридгардида ба дигар ҳуччатхо ишора шуда бошад, дар ин сурат он ҳуччатҳо дарѐфт карда, якчоя бо ҳуччатхои воридгардида ѐ маълумотномаи дахлдор ба роҳбарият фиристода мешаванд.

Хуччатхо боад дар рузи ворид шуданашон баррасй карда шаванд.

 Хуччатхои воридгардида баъди баррасии рохбарият барои ба кайд гарифтани амри хаттй дар сутуни дахлдори дафтари бакайдгирии хуччатҳои ворида ѐ варақаи назоратй ба Шуъбаи умумй баргардонида ва тибқи таъинот фиристода мешаванд.

 Ба вохидхои сохтории Дастгохи марказй барои ичро нусхахои аслии хуччатхо ва ба шарикони ичрокунанда бошад, нусхахои онхо дода мешавад.

Нусхахои аслии воридгардидаи Конунхои Ҷумхурии Точикистон, карорхои Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумхурии Точикистон, карорхои якчояи онхо, фармонхо ва амрхои

Президенти Ҷумхурии Точикистон, карорхо ва фармоишхои Хукумати Ҷумҳурии Точикистон дар шуъбаи умумй нигох дошта шуда, ба ичрокунандагон нусхахои онхо дода мешавад.

  • Тартиби гузариши хуччатхои содира ва дохилй дар чараѐни тайѐр намудани онхо   Ичрокунанда то пешниходи хуччати омодашуда барои имзо, бояд мундарича, дурустии ба расмият даровардани он ва мавчудияти иловахоро санҷад. Хуччат барои имзо якчоя бо маводе, ки дар асоси онхо омода шудааст, пешниход карда мешавад.

Лоихахои хуччатхо баъди омода ва мувофикакунй бо кормавдони манфиатдори Дастгохи марказй (муовини (мутасаддй)-и Раис ва шарикони ичрокунанда) барои баррасй ва имзо ба рохбарият пешниход карда мешаванд. Баъди имзои хуччатхои мазкур дар дафтари бакайдгирии хуччатхои содира ва дохилй ба кайд гирифта мешаванд, .

Хуччатхо барои ирсол намудан дар шакли пурра ба расмият дароварда супорида мешаванд. Шуъбаи умумй дурустии ба расмият дароварда шудани хуччатхо ва мавчудияти иловахои дар хуччати асосй нишон дода шударо санчида, дар лифофа ба расмият медарорад ва худи хамон руз ба корманди масъули хайати хизматрасонй – хаткашон, ки мактубхои Кумитаро ба шуъбаи алока ирсол. менамояд, месупорад.

Тартиби кабул ва супоридани хуччатхо

Кабул ва супоридани хуччатхои ворида, содира ва дохилй дар хамаи мархилахои гардиши худ бо имзо намудан дар дафтархои дахлдор амалй мешавад. Супоридани ҳуҷҷатҳо аз як вохиди сохторй ба вохиди сохтории дигар, ѐ аз як корманд ба корманди дигар хатман тавассути Шуъбаи умумй сурат гирифта, дар дафтар ѐ варакаи бакайдгирии хуччатхо оид ба гардиши хуччатхо кайд карда мешавад.

.Дар вохидхои сохтории Дастгохи марказии Кумита коргузориро корманди масъуле, ки аз тарафи рохбар вобаста карда мешавад, ба чо меорад. У хуччатхоро бо гузоштани имзо аз Шуъбаи умумй кабул намуда, дар дафтари бакайдгирии дохилии раѐсат ѐ шуъбаи худ кайд намуда, ичроиши онро бояд назорат кунад. Ин корманди масъул кори худро дар алокаи зич бо кормандони Шуъбаи умумй бояд ба рох, монад.

Дар холатҳои алохида хуччатхои ирсолшавандаи таъчилй ба вазорату идорахо ва макомоти худудии андоз аз руи руйхати самтхо (тарики имзо) ба воситаи кормандони масъули раѐсату шуъбахо низ фиристода мешаванд. Фиристодани хуччатхо бидуни Шуъбаи умумй манъ аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.