Асосхои назариявии сохти миллии андоз

1.Омилҳои ташаккулёбии системаи андоз.  

2.Сохти иқтисодӣ – асоси ташаккулёбии системаи андоз.

3.Умумият ва махсусият дар ташаккулёбии системаи андоз.

4.Системаи андози миллӣ ва ҷаҳони муосир. 

                Руйхати адабиётхои истифодашуда; 

  1. Махмадалиев Б. Н. Иқтисоддони энсиклопедист. Маҷалаи илмӣ- оммавии Илм ва Хаёт.  4-6 сах 2004, сах 14-16.
  2. Исломов Т. С. Системаи андози миллии Тоҷикистон.  Душанбе 2004г, сах33-50.
  3. Евстигнеев Е.Н.  Налоги и налогообложение М, 2002г. Гл-7 стр 108-113.
  4. Бункина М.К. Нақионалёная экономика. Учебное пособие, М-1997г. Гл1, 2 стр 15-26.
  5. Пушкарева В.М.  История финансовой мӣсли и политики налогов.  Учебное пособие. М-1996г. Гл-3, стр 144-157.

    С-1). Андоз – манбаъи ташаккули буҷетҳои давлатию махалӣ ва фондҳои давлатӣ мебошад. Тамоми маҷмуи маблағҳое, ки маъмурини андоз ҷамъовари кардаанд, бояд бевосита ба буҷет ворид шавад, зери назорати қатъӣ ва танҳо ба эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ ба кор бурда шавад.

    Аслан худи андоз пардохте мебошад, ки мувофиқи он ахолӣ, корхонахо, муассисахо ва шахрвандон ба фоидаи давлат аз даромади худ маблағе мепардозанд. Одатан пардохти андоз тибқи қонунгузорӣ ба рох монда шуда фардхои онро иҷронакунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ва онро аз рӯи меъёри зиёдтар месупоранд. 

       Дар таърихи тамадуни инсонӣ давлатҳои гуногуне, ки ҷой доштанд ҳар яке аз онҳо тартибу қоидаҳои ба худ хоси андозситонӣ, меъёри ҳархелаи андозро ба вуҷуд оварданд. Дар таърихи нихоят бойи тоҷикон шикваю нолишхои зиёди халқи захматкаш нисбати андозу андозситонӣ дида мешуд.    Азбаски андоз бевосита манфиати халқро химоя мекард ва доимо хамчун моли арзу шикояти мардум қарор дошт. Шояд замонхои пешин андозхо нисбатан камтар буданд, зеро аз хисоби онхо давлат танхо масрафи лашкариёни худ ва таъминоти дарбору амалдоронро мепушонид.

   Дар замони мо бошад ба ин масраф харҷхои зиёда бахри хафхи тандурустӣ, иҷтимоию ахолӣ, ташкили маорифу илм, фарханг ва ғайра илова шудаанд. Умуман харҷу маорифи давлат чӣ қадар зиёд бошад, бахри кушонидани вай хамон қадар зиёдтар андоз руёнида  мешавад.

  Имрӯзхо даромадхои давлатхои ҷахонӣ асосан равияи андозӣ дорад. Вале дар хар як қитъаву давлат хархела аст. Баъзан аз рӯи инхо андозхо ба давлату давлатдорӣ хам бахо медиханд. 

  Андозбандӣ бидуни вобастагӣ ба он, ки дар кадом давлат ё дар кадом системаи иқтисодӣ ба амал бароварда мешавад, принсипхо, усул ва қонунмандихои амалкарда дорад.

  Принсипхои зерини бунёдии андозбандӣ, ки хануз  А. Смит ба он асос гузошта буд, иқтисодчиёни минбаъда инкишофашон доданд, Хусусияти хамагонӣ дорад,

1, Умумият

2, Адолатмандӣ

3, муайянию созгорӣ

4, Сарфакоронагӣ

5, Якаратӣ

6, Назорати (кифоятӣ),

  Дар андозбандӣ ҷой доштани принсипхову қонунмандихои умумӣ чунин маъно надорад, ки дар даврахои мухталиф ва дар давлатхои гуногун системаи ягонаи андозро метавон ба кор бурд.

   С-2). Чи сабаб шуду мо дар бораи  системаи миллии Тоҷикистон харф мезанем. 

   Сабаби якум. Дар он аст ки Тоҷикистон ки соли 1991 Истиқлолиятро ба даст овард, ру ба инкишоф овард. Хар як давлати сохибистиқлол бояд андози Миллӣ анъанахои Милливу таърихии худро бояд дошта бошад.

   Сабаби дуюм. хамин аст, ки системаи андози хоҷагии планӣ дар соли 1991 футур ёфта буд ва давлати мо  аз як давраи иқтисодиёт бо иқтисодиёти  бозории мураккаб гузаштанро дошт. Мо бояд дар ин давра системаи Милли худро инкишоф дихем, то ки ба талаботхои иқтисодии бозоргонӣ ҷавобг. бошад. 

   Дар ташаккули  инкишофи системаи андози Миллии Тоҷикистон  се мархиларо метавон ҷудо кард;    Мархилаи якум  – давраи аз соли 1991 то 1998-ро дар бар мегирад ва бо бунед ниходани роххои Системаи Андози Миллӣ тавсиф дода мешавад.

   Мархилаи дуюм –  давраи аз соли 1998 то 2000-ро дар бар мегирад ки махсусияти ин давра қабул гардидан ва дар хаёт татбиқ шудани  Кодекси Андози ҷумхурӣ мебошад.

   Мархилаи сеюм – и  Кунунӣ ки аз соли 2003 оғоз ёфт  дар ин мархила масъалахо доир ба такмил додани системаи андози миллӣ то ин дам мавҷуда бо назардошти манофеъи таъмини суръати баланди инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ ва қуввут гирифтани ҷамъбастагии мамлакатхои ИДМ хал хоханд шуд.   

  • Аз дарахтони мевадор гирифтани андозро «саридарахт» меномиданд.
  • Барои дуд кардан андози «дудӣ» мегирифтанд.
  • Мухлхои калони инъомшударо дар асри 16 суюрғол меномиданд.
  • Аз боғу токзор, кишти юнучқа, покиз ва обчакорӣ андозе бо номи «такоба» ситонида мешуд.
  • Барои обёрии замин «мироба».
  • Барои ҷуфти гов «кушпулӣ».
  • Барои хар сари чорво «Яксарӣ».
  • Барои чиндани хезум «хезумпулӣ». 

    Муносибатхои иқтисодии Осиёи Миёна ва Россия аз соли 1796 содироти молхо аз аморати Бухоро ба Россия ва воридот аз Россия ба Бухоро афзоиш меёфт.      Бонкхо 

 – Бонки Руссии  тиҷорати хориҷӣ (Русский внешно-торговӣй банк) пусти қароқулӣ.

  • Бонки Руссии Азов (Русско Азовский банк) – сохтмони замин ва роххо.
  • Бонки Азову Дон   (Азово Донский банк) – саноати газворӣ.
  • Бонки тиҷорати Сибир ( Сибирско – торговий банк).

   С-3). Дараҷаи андоз, ба амали хамагуна дараҷаи дигари воқеии иқтисодӣ, аз руи мохияти дохилии худ дуҷониба мебошад. Ин бо он алоқаманд аст, ки аснои воқеият дараҷаи андоз субъективист. Вай бо қобилияти таъсисдихандагони намуди андозхо, рушди шуурнокии ҷамъият, тайерии ҷамъият барои дар амал ҷоринамоии қудрати дохилии ин дараҷа муайян мегардад.

    Дар шароитиҶТ дар бораи амал намудани тартибу низоми андозе, ки  аз қонуниятхои давлат  бар меояд, ки боз заруратро ба миён меовард, ки ин дастовардхои пешқадам низ ба эътибор гирифта шаванд. Чунин зарурият аз он бар меояд, ки шароити иҷтимоию иқтисодӣ комилан тағир ёфтанд ва дар хамин замина ин гунна муносибатхои доду гирифт амал менамояд. Дар бисёр холатхо  натиҷаи пешрафти иқтисодиёт  аз ягонагӣ вобастагии зич доранд. Дар кадом дараҷа  ҷой доштани имкониятхои хар як давлат бояд кушиш намояд, ки заминаи андозро меъёру тарзи хисоби онро ба стандартхои меъёрхои умумиҷахонӣ мувофиқат гардонад. Аз ин ҷост, ки тамоми принсипхои сохтори системаи андоз дар тамоми ҷахон дар асоси принсипхои зерин асос меёбанд;

-Принсипхои ахлоқӣ,

-Принсипи идоракардани андозхо, -Принсипи териториявӣ  -Принсипи резидентӣ.

    Ба ақидаи иқтисодчии немис А.Вегнер принсипи ахлоқӣ дар сохтори системаи андоз бояд чунин ба рох монда шавад. Умумияти андозхо аз маҷмуи афзалиятхо нисбати моликият ё ин ки шахсият иборат буда, яъне озодкунии баъзе категорияхои алохидаи андозсупорандагони дороӣ на он фоидаи бисёр дошта ё ин ки  аз амвол. Яъне дар ин принсип хатогӣ хисоб намешавад. Вале ба ақидаи А. Смит чуни наст, ки шахрвандон бо боварии пурра нисбати рохбарон яъне зарурияти андозхоро барои давлат  дуруст шуморида ва дар чунин холат  принсипи ахлоқии андоз дуруст ба рох монда мешавад.  

   Мутобиқи назарияи  классикӣ А. Смит асосхои ташкили сохти андоз  инхоянд; 

  • Мустақилияти хоҷагидорӣ (озодии шахсӣ)-и андоздихандагон;
  • Қонуни андоз (муайянии мухлати пардохт, услуби пардохт, маблағи пардохт).;
  • Муносибӣ ва сабукии мухлат услубхои пардохти андоз (хар як андоз бояд дар чунин вақт ва услуб руёнида шавад, ки барои андоздиханда хеле мусоид аст).
  • Арзонии руёнидани андоз (ба хазинаи давлат бояд маблағе ворид шавад, ки бо маблағи аз киссаи пардозанда камшаванда мутаносиб бошад).
  • Баробарии андоз (шахрвандон вазифадоранд, ки дар пуркунии хароҷоти давлат мутобиқи воситахои худ он даромадхое, ки хар сол зери химояи  давлат мегиранд) иштирок менамоянд. 

    Мутобиқи А. Смит  асоси мустақилияти хоҷагидории пардозандаи андозхо дар давлатхои бо шакли демократии идоракунӣ хеле хуб  амалӣ мешавад. Дар мамлакатхои худ, ки ахолӣ пурра ба амалдароии худ боварӣ дорад, ба заруроти андоз бахри мавҷудияти давлат итминон дорад ва дилпур аст, ки андоз ба ин мақсад аз руи виҷдон ба кор бурда хохад шуд. 

   Принсипи идоракардани андозхо –ин муайян будани андоз, қонунияти андоз ва мақсади чунин принсип аз он бар меояд, ки ба хуқуқи андозсупорандагони вазифахояшон муайян будани мухлати пардохт, тартиби пардохт ва маблағи андоз донистани намудхои андозе, ки . месупорад. Принсипи фаъолияти мақомоти андоз  дар асоси принсипхои зерин фаъолият менамояд; Қонуният, риояи хуқуқ ва озодихои инсон ва шахрвандон, тахти назорат ва хисобдиханда будан ба мақомоти болоӣ.

   Принсипи териториявӣ – он ҷое ки объект, субъект андозро муайян менамояд зеро дар онҷо фоида ё даромад ба даст дароварда шудааст  андоз ситонида мешавад. Новобаста аз он, ки кадом миллат ё ин Ки шахсони хуқуқӣ воқеъӣ фоида  ба даст оварда шудааст.

  Принсипи резидентӣ – барои давлатхои тарақикарда фоидаовар мебошад. Зеро бисёри аз шахрвандон фоида аз фаъолияташон ё сармояашонро берун аз давлат ба даст меоранд. 

    С-4). Андозхо ба пайдо шудани давлат ба вуҷуд омада дар баробари инкишоф ёфтани он инкишоф ёфт. Дигар гаштани  шаклхои сохти давлатдорӣ ба тағир ёфтани системаи андоз  оварда мерасонад. Яъне дар хамаи давру замон хусусиятхои  хоси андоз он буд, ки барои пушонидани хароҷотхои давлат истифода мешуданд.

   Бо инкишоф ёфтани муносибатхои истехсолӣ ва муносибатхои молию пулӣ андозхо хам дигар дар шакли пул ситонида мешуд. 

   Системаи андоз дар авалхои  асри 18 дар мамлакатхои Аврупо ба вуҷуд омад. Механизми андоз ва унсурхои он аз механизми молиявӣ аз хамон вақт ба ҷудошавӣ сар намуд. Андозхо ин категорияи мустақили иқтисодӣ, буда хамчун категорияи иқтисодӣ он ба муайянкунии муносибатхои инкишофи он ба муайянкунии муносибатхои иқтисодӣ алоқаманд аст. Андозхо хамчун як қисби таркибии муносибатхои молиявӣ ба хисоб меравад. Яъне он ба хамаи қисми муносибатхои молиявие, ки фондхои воситахои куллии марказонидашудаи давлатро ба вуҷуд меорад алоқаманд аст.

   Андозхо дар як вақт хамчун як фишанги молиявӣ ки давлат ба воситаи он Маҷмуи Махсулоти Ватанӣ ва Маҷмуи Даромади Миллиро тақсим мекунад баромад менамояд. 

   Системаи андоз дар баробари принсипхову қонунмандихои умумӣ доштанашон хамчунин бояд хусусиятхои милливу таърихӣ ва анъанахои мамлакатхои ҷудогонаро низ инъикос бикунад. Бинобар ин хар як мамлакат бояд системаи андози худашро дошта бошад, ки зери таъсири хам қонунмандихои умумӣ ва хам хусусиятхои милливу таърихии мамлакатхои алохида ташаккул меёбад. Бесабаб нест, ки дар кишвархои мухталлиф сохтори системаи андоз якхела нест,

   Системаи андоз дар ҷумхурии мо ба монанди дигар давлатхои дорои системаи андози мустақилият дошта барои аввал таъсис дода шудааст. То ба наздики бисёри андозхо ба монанди дигар давлатхои гузариш ба муносибатхои бозоргонӣ зарурияти аниқ ва омафахм ва қонун хифз ёфтани системаи андозро ба миён овард. Холо бошад системаи қабулшудаи андози мо аз бисёр ҷихат ба худудхои ҷахонӣ дар давлатхои иқтисодиёти бозогонӣ қабулшуда мувофиқат мекунад. Таркиб ва ташкил намудани системаи андоз, ки нишондихандаи он КАЧТ ба шумор меравад ва сохти андозхоро тағир дода имконияти идораи иқтисоди андозу андозбандиро фарохам овард. Қабули КАЧТ давраи ягонаро оид ба андозу андозбандӣ оварда принсипхои ягонаи андозбандиро барои нохияхои гуногуни  чумхурӣ мухаё сохт, ки он аз 1-маротибагӣ бебозгашт оддӣ ва одилона будани системаи андозбандӣ шаходат медихад.

  Аммо лоихаи нави қабули кодекси андоз ҷТ дар асоси таҷрибаи  пешқадами  назариявию  амалӣ давлатхои таррақикарда бо назардошти таҷрибаи  дохили системаи  миллии андоз ва хусусиятхои хосдошта қабул карда шудааст. Мохияти системаи андоз инкишоф ва мукамал кардани системаи андоз дар тағир ёфтани сохтори он вазни қиёсӣ ва таносуби ҷудогонаи андоз зохир мегардад. Яъне сохтори системаи андоз аз чунин нуқтаи назар баррасӣ нашуданаш мумкин аст;

  1. Тақсим намудани даромад аз хисоби воридшавии андоз сатхи системаи буҷет.
  2. Таносуби андозхои мусақим ва ғайримустақим.
  3. Тақсими андозхои ҷудогона дар ташакули  даромади буҷет.
  4. Тақсим намудани боригаронии андоз ва баргузоштанашон ба шахсони хуқуқию воқеъӣ ва ғайрахо.    Аз руи нишонахо  барраси кардани сохтори системаи андоз ба санҷидани системаи андоз ва муайян кардани самти мувофиқатшавии он имкон медихад. 

   Кодекси нави андози ҷТ – аз 3 декабри соли 2004 қабул карда шуда аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шудааст, ки он аз 18 фасл, 48 боб, 350 модда, 20 номгуи андозхо ва аз 2 қисм (умуми ва махсус) иборат мебошад. 

   Фарқи байни КАҷТ, ки 12 ноябри соли 1998 қабул кардашуда ва аз 1 январи соли 1999 мавриди амал қарор дошт. Нисбати қабули лоихаи нави КАҷТ дар он аст, ки Кодекси Андози пештара аз 17-фасл, 46 боб, 2 қисм ва 17 –номгуи андозхо (14-то умумидавлатӣ ва 3-то махаллӣ) ва аз 292 модда иборат мебошад. Баъзе намудхои андоз бекор ва андозхои нав ворид кардашуда ва баъзе номгуи андозхо бо куллӣ тағир дода шуд.

   Системаи андози ҷТ – аз маҷмуи принсипхо, шаклу усулхои муқаррар намудан, таҷир додан ва бекор кардани онхо, пардохтан ва андешидани тадбирхо, ҷихати пардохти онхо ва инчунин шаклу усулхои назорати андоз барои ҷавобгарӣ вайрон кардани қонунгузории андоз иборат мебошад. 

   Сохтори системаи андози ҷТ аз 2 сатх аз андозхои умумидавлатӣ (16 намуд) ва махаллӣ (4 намуд) иборат мебошад. 

   Баъзе қабули КАҷТ дар ҷумхурӣ барои тақсим додани системаи андоз аз соли 1999 то 2005 давом ёфта ба як қатор андозхо оиди меъёрхои онхо, давраи пардохти онхо, имтиёзхои онхо, тағиротхо дароварда шуд. Масалан;  

  1. Андози иҷтимоӣ аз 30% то ба 25% расонида шуд.
  2. ААИ аз 28% то ба 20% расонида шуд ва бо қабули лоихаи нави КАҷТ додани як қатор имтиёзхо оиди воридоти молхо, аз ҷумла барои сохтумони объектхои мухим ва таҷхизотхои хоҷагии қишлоқ.
  3. Андоз аз даромади шахсони воқеъӣ  аз 30% ба 13% расонида шуд.
  4. Андоз аз фоидаи шах. хуқуқӣ аз 30 ба 25%  расонида шуд.
  5. Андозе, ки тибқи субъектхои сохибкории хурд аз 10% то ба 12% расонида шуд.
  6. Андоз аз фуруши чакана аз 5% то ба 3% расонида шуд ва ғайрахо.         

   Мавриди амал қарор гирифтани нави КАҶТ як қатор тағироту иловахо дар амоми системаи андоз дида мешавад. Аз ҷумла оиди хуқуқхо ва ухдадорихои андозсупорандагон шаклхои назорати андоз дар сохтори андозхои умумидавлатӣ ва махалӣ меъёри онхо ва тарзи тартиби хисобу пардохти он дида мешавад.

  Аз ин ҷост, ки сохтори системаи андоз якхела нест,

  Масалан: Дар ҶТ агар низоми андоз аз 2 сатх иборат бошад, яъне давлатию махалӣ лекин дар Россия бошад аз 3 сатх яъне аз андозхои федеративӣ 15 то, андозхои минтақавӣ 5 то, андозхои махаллӣ бошад 21 то мебошанд.

   Хулоса, ҷорӣ шудани нави КАҶТ пеш аз хама ин як мархилаи нав дар тарақиёбии системаи миллии андоз оддӣ ва фахмо будани андозхо аз тарафи мақомоти андоз шаходат медихад. 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.