Пайдоиши андозбандӣ дар Тоҷикистон
- Инкишофи андозбандӣ дар Осиёи Миёнаи Қадим.
- Инкишофи иқтисодиёт дар ахди Сомониён.
- Сиёсати иқтисодии андозбандӣ дар аморати Бухоро.
- Намудхои таърихии андозхо дар Тоҷикистон.
Руйхати адабиётхои истифодашуда;
- Гафуров Б. Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история.-М. ; Наука, 1972г.
- Рахмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих.- Душанбе «Ирфон» 1997с.
- Джабборов Р.Т. Направления налогового регулирования в Таджикистане. – Душанбе 2002г Гл,-2, стр17-22.
- Исломов Т. С. Системаи андози миллии Тоҷикистон. Душанбе 2004, сах 5-33.
- Исломов С.И. Очерки истории экономической мӣсли таджикского народа эпохи феодализм. Душанбе 2002г. Раздел-1, гл-4,стр-148-175, раздел-3, стр-372-401.
- Махмадалиев Б.Н. Классификасиянаук и развитие научного знания средневекового Востока.
Сборник научнӣх трудов НПИ.
- Орипов А.О. Бозор ва ташкили системаи андоз. Хуҷанд 1999. Бобби 1,2,3. Сах 5-47.
С-1). Ба вуҷуд овардану инкишоф додани системаи андози Тоҷикистон сохибистиқлол хатман бояд, ба принсипи таърихият асос ёбад, анъанахои милӣ, таҷрибаву усули андозбандии аз қадимулайём дар кишвари мо шаклгирифтаро ба хисоб гирад.
Дар асрхои 5-6 мелод қисми пештари Осиёи Миёнаи хозира ба хайати давлати Ахманидхо (Хахоманишинхо) ворид буд.Тамоми давлати Ахманидхо ба хавзахои (сатрапия) харбӣ — боҷгир тақсим карда шуда буд, ки онхоро хокимон (сатрапон) идора мекарданд. Умуман вазифадор буданд, ки дар вилояти худ андоз ҷамъ оваранд ва дар хамин ҷо нигох доранд.
Хар як вилоят асосан андози солонаро бо пули нақд ва боҷи мол, яъне бо махсулоти касби худ, заминдорӣ, чорводорӣ мепардохт. Илова бар ин андозу боҷхо инчунин хароҷотхои дохилию сарирохӣ мавҷуд буданд.
Услуби дигари руёнидани пулхои иловагӣ аз тарафи давлат махкамкунии дарғот буд, ки пас аз ин об ба заминхо намерафт. Аз ин ру мебарояд, ки дар давраи Ахманидхо иншоотхои калони обёрихо дар дасти (ё зери назорати) маъмурияти давлатӣ буд. Барои кушодани дарғот бо пардохтхои нав хисобӣ мекард.
С-2). Дар асри 9-10 дар давлати Сомониён сохти сохташудаи идораи давлатӣ, аз ҷумла доири масъалаи пардохти андозхо ва истифодаи воситахои давлат таъсис ёфта буд.
Девони вазирон идораи асосӣ ба шумор рафта ва хамаи муассисахои маъмурӣ, сиёсӣ ва хоҷагидории давлат идора мекард. Бо вай девонхои дигар, аз ҷумла девони мустаъфиён (хазинадорӣ, давлатӣ), девони назораткунандагони корхои давлатӣ, хусусан даромад ва хароҷоти хазинаро итоат мекарданд. Муассисахои махаллии хамаи девонхо дутарафа итоат мекарданд аз як тараф ба хокимони вилоятхо ва аз тарафи дигар ба девонхои марказӣ.
Замин ба феодалон барои хизматхояшон бо моликияти ва истифодабарии якумра дода мешуд. Даромадхои асосии давлат аз хисоби рента – андоз аз замин ба даст меомад, ки андозаи он бо пул хисоб карда мешуд.
Масъалахои андозбандӣ дар давраи феодализми ибтидоӣ ва мутаррақии шарқ бо пуррагӣ дар рисолаи «Дар молиёт»-и Н.Тусӣ инъикос ёфтааст. Аз хамин сабаб баъзе масъалахои асосии назарияи андозбандии . дар рисола инъикос ёфтаро дида мебароем.
Н.Туссӣ ба хокимони давлат сохти андозбандиро тавсия медихад, ки дар он намудхои андоз, мухлати андоз, услуб ва андозаи пардохтро аниқ муайян менамуд. Агар Хукумат ҷузъхои сохти андозиро номбардидаро риоя накунад, он гох аз тарафи мақомоти махалии Хукумат ва боҷситонан суиистеъмол ногузир аст.
Номуайянии андозбандӣ ришвагирию пардохтиро меафзояд. Андозбандии аниқу муайян дорои мохияти калон мебошад. Андозаи начандони номунтазам чи хеле ки аз таҷрибаи сулолаи Сомониён бар меояд кам ёфтаст, назар ба андозаи ками номуайяни Н.Туссӣ инро чунин шарх медихад. Бояд кушиш ба хифзи даромади одамон кард ва хар як касро мувофиқи хиссаи андохти даромади умумӣ қонеъ кард.
Дигар асосе ки Н.Туссӣ таблиғ мекунад- андозбандии саривақтӣ ва аниқ мебошад. Хар як андоз он вақт ва бо услубе бояд руёнида шавад, ки ба пардозанда муносиб бошад. , онро бояд бо он услубе супорад, ки ба вай мувофиқ аст. Вай онро кам-кам месупорад, он вақте ки хосили худ ё моли лозимаро мефурушад.
Мутобиқи ақидаи мутаффакир андозхо бояд нақши хавасмандкуниро дошта бошанд. Онхо бояд чунин фикр карда бароварда ва коркарда шаванд, ки дар пардозандаи андоз қисме аз махсулоти мехнатиаш монад. Андози ғайри оқилона барои суиистеъмол андозғундорон ки дар давоми сол борхо ба назди одамон рафта ва такроран андоз мегиранд шароит фарохам меорад.
Пурсишхои нохуши андозғундорон норозию ва нохушӣ дар байни онхо ба вуҷуд меорад ва барои содири ҷиноят тела медихад.
Руёнидани андоз шаклхои хеле гуногунро дорад. Мол аз хуҷатхои юридикӣ, мухрпулӣ, андоз аз ба дигар касс додани моликият, асоси хариду фуруш. Н Туссӣ ин андозхоро танқид мекард, ки аснои фуруши замин ё дигар воситахои истехсолот сади рох мешуданд.
Ғайри андозхои умумидавлатӣ дар мамлакатхои Шарқӣ феодал андозхои махаллӣ буданд, ки барои фуруши хароҷоти ҷамъият истифода мешуданд ва онро ба назорат ё калони Хукумати махаллӣ додан мақсадноктар мебуд.
Дар асрхои Н. Туссӣ ва муосиронаи хусусияти баъзе боҷхои сулолаи муғулон нишон дода шудааст; -овориз, -андози фавқулода буд, ки давлат аз ахолӣ барои пур кардани хароҷоти таъҷилии марбут ба ҷост, чорабинихои оилавӣ дарбар мегирад ва ғайра меруёнанд он то давраи ниммаи муғул вуҷуд дошт, аммо дар давраи муғул ба хар бахона мунтазам руёниданд.
-Сардарахт –боҷ аз дарахтхои мевадор, он хам то истилои муғул вуҷудият мекард, аммо боғшумор намерафт. Ва ин андоз дар даврони музди аз боғ ва хатто аз дарахти алохида мевадор руёнида мешуд.
-мушрифона –(назоратчӣ, амалдорӣ дастгохи андоз, ки вазифаи аз мухосил баландтар буд) пардохт барои мушриф.
-мухосилона (андозгиранда) боҷи махсус, ки ба фоидаи мухосил яъне андозғундор.
- дудӣ –дудпулӣ дар замони муғулон хонашумор дошта.
- пешкаш –пардохти маблағ барои хадя дар шакли тухфа барои амалдорони мансабдор баъзан бо бахонаи пешкаш кардан хокимони махал ва амалдорон қисме аз андозро ғайри қонун бозхост карда худашон мегирифтанд. Пардохти пешкаш барои суиистеъмолкунии амалдорон аз мансаб вобастагӣ дорад.
-«улоғ» -андози почтавӣ барои нигохдории аспони хаткашонӣ ш.ъбахои почта.
-«Ясавулӣ»- хироҷе, ки барои нигохдории ясавул-мухофизаи шахсии подшох ҷамъ оварда мешуд.
-«Андоз аз мерос»- ба хешовандони дур буда расонда мешуд.
Ба ақидахои Н. Туссӣ зиёд шудани шумораи андозхо дар давлатхои асри миёнагӣ ба инкишофи иқтисодиёти давлат таъсири манфӣ мерасонанд.
Мовароунахр дар асрхои 9-10 яке аз минтақахои тараққикарда ва бойтарини Шарқ хисоб меёфт. Дар заминхои калони обӣ ва лалмии он навъхои гуногуни сабзавот, мевахо, зироатхои равғандор ва бисёр зироатхои дигар парвариш карда мешуданд. Боғу токзорхои калонтарин дар Суғд, Фарғона, Устурушан, Чоч ва Хоразм воқеъ буданд. Содиркунандагони калони ғалла Хоразм, Устурушан, Фарғона ва Чоч хисоб меёфтанд.
Дар Хоразм ва нохияхо ба миқдори зиёд пахта истехсол мекарданд. Хамин тариқ кишоварзони Хоразм ва Мовароунахр дар асрхои 9-10 зироатхои зерин; пахта, нахуд, ғалла, мош, гандум, шолӣ, ҷав, донагӣ, зироатхои равғандор ба монанди индав, кунҷит, зағер, зайтун, кукнор, сабзавот, мевахо ва ғайрахо. парвариш мекарданд.
Баъди ба дасти Исмоили Сомонӣ гузаштани Хокимият хокимияти марказонидашудаи пурқувват ва лашкари мустахкам, ки барои мухофизат кардани сархадот аз хуҷуми бодияншинон кодир буд, ташкил карда шуданд. Дар асрхои 9-10 дар баробари шохахои зироаткорӣ иншоотхои асосии обтаъминкунӣ хуб мухофизат карда мешуданд.
Хулоса дар асрхои 9-10 санъати зироаткории халқи тоҷик ба дараҷаи баланд тараққӣ кард.
С-3). То авали нимаи дуюми асри 19 ба хайати Аморати Бухоро 27 бекгарии (хокимгарӣ) феодалӣХисор,Кулоб,Қаротегин, Қурғонтеппа, Дарвоз ва ғайра дохил мешуданд ва онхо расман дар тобеияти Аморати Бухоро қарор доштанд. То хамрохшавӣ ба Россия Осиёи Миёна 180 хазор метрии квадратӣ масохат ва 243 хазор гектар заминхои истифодаи умумӣ дошт.
Асоси сохти феодалии аморатро системаи муносибатхои замин, ки ба қонунхои шариат асос ёфта буд, ташкил медод. Хамин тариқ моликони асосии замин феодалон буданд ва мувофиқи қонуни шариат феодалони калон ва ходимони рухонӣ, ки захирахои заминро дар ихтиёр доштанд, вазифадор буданд миқдори муайяни маблағ (даромад)-ро ба хазинаи аморат супоранд.
Аз нисф зиёди захирахои замини Аморати Бухоро давлатӣ буданд ва ба дехқонон барои истифодаи доимӣ, бе хуқуқ ба моликият дода шуда буданд. Дехқонон аз ин заминхо ба хазинаи давлат дахякӣ хосилро месупориданд. Мувофиқи қонуни шариат заминхои давлатии Аморати Бухородар охири асри 19 ба объекти хариду фуруш табдил ёфтанд ва фуруши замин ба шахсони хуқуқӣ иҷозат дода мешуд.
Дар худуди Аморати Бухоро дар давраи асри 18-19 истехсолоти косибӣ ривоҷ ёфт. Ба сабаби қафомонии техники истехсолоти косибӣ махсулоти он бо молхое, ки аз хориҷа дохил мешуданд, рақобат карда наметавонистанд. Шумораи косибон дар охири асри 18 ва ибтидои асри 19 на камтар аз 10-15 хазор одам буд.
Дар музофотхои Бухоро андозбандӣ аз заминхои корам аз ҷониби намояндагони расмӣ «мулкона» ном бурда мешуд. Андозе, ки аз заминхои давлатӣ гирифта мешуд «молиёт» ном дошт.
Дар Бухоро қариб сад сохаи алохидаи косибӣ (коркарди метал, нах, пуст, махсулоти хурокворӣ ва ашёи гуногуни рузғор) мавҷуд буд. Намуди нисбатан инкишофёфтаи хунар бофандагӣ (тайёр кардани ришта ва бофтани матоъхо) хисоб меёфт.
Дар иқтисодиёти Аморати Бухоро ҷои асосиро тиҷорат бо Россия ва Афғонистон, Ироқ ва Хиндустон ишғол мекард. Аз сабаби дар Россия инкишоф ёфтани саноати бофандагӣ дар нимаи асри 19 дар савдои берунии Аморати Бухоро аз Бухоро баровардани ашёи хоми кишоварзӣ ва саноатӣ, аз ҷумла пахта, пусти қароқулӣ, пашм ва дигар махсулоти сохаи косибӣ роли калон бозид.
Дар Амирати Бухоро тавассутм андозхо давлат хазинаро пур кард ва сиёсати иқтисодиро ба амал баровард. Маблағи аз андозхо ғуншударо давлат барои нигох доштани мқомоти идоракунӣ, тахким бахшидани иқтидори харбии давлат ва дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷомеа харҷ мекард. Дар ин давра вазнинии асосии андозхо ба души мехнаткашон ва хаҷми андозхо баланд буд.
С. Айнӣ қариб 100 намуди андозро дар давраи Аморати Бухоро қайд кардааст; закот (андозе, ки аз амволи манқул гирифта мешуд), ушр (хироҷ аз хосил), хирҷи замин ва амвол, амирона (барои манабдороне, ки ба ҷамъоварии андозхо аз фурушандагони бозор машғул буданд), андоз аз чарохгох, андоз аз хона, (аз хар як оилаи дар зери як бом зиндагикунанда), танобона, сарона(сарикаси аз хар як одам) ва ғайрахо қайд кардааст.
Дар Аморати Бухоро хаҷм ва объекти андозбандиро қонуни шариат муайян мекард. Объектхои андозбандӣ мувофиқи қонуни шариат чунин манбаъхои андоз буданд; замин, об, чорво, осиёб, савдо. Шартхои пардохти закот мувофиқи шариат чунин муқаррар шуда буданд;
- Ушр (аз дах як хиссаи даромад), аз чорво, барои 5 шутур 1-шутури дусола, барои 35 шутур – 1 шутури сесола, барои 50-75 шутур як шутури панҷсола ва ғайра рост меояд.
- Аз савдо; — ба давлат барои хар 20 танга 1 танга супорида мешуд. Аз савдо мувофиқи нишондоди шариат, закот дар хамон холат қабул карда мешуд, Ки агар 40 танга то 200 танга зиёд шуда бошад ва ба давлат аз хисоби 1 танга барои 20 танга закот дода мешуд.
Дар Аморати Бухоро закот баъзан ба мақсадхои манфиатҷуй истифода бурда мешуд. Хамчунин андоз бо номи «Таноба» мавҷуд буд. Таноб- андозаи замин ки ба 1-2 ё 1-4 хиссаи гектар баробар аст. Таноба аз хар як такоб замин, боғхои мевадиханда, токзор, полиз ва заминхои хосилхез гирифта мешуд.
Дар охири асри 19 чунин андоз дар намуди пули нақд гирифта мешуд. Хаҷми андозхо дар нохияхои гуногуни Аморат Бухоро як хел набуд.
С-4).Принсипхои бунёди андозбандӣ чунинанд; умумият, адолатмандӣ, муайянию созгорӣ, яккарата, кифоятӣ, сарфакоронагӣ.
Андозхо ба даромади мустақим ва ғайримустақим ҷудо мешаванд.
- Мустақим – протсеси харидан андухтани неъматхои модӣ.
- Ғайримустақим – протсеси харҷ кардани он.
Дигар тарзхо аз руи навъхову гурруххо ҷудо кардани андозхо низ мавҷуд аст–тарзхои тақсимотӣ, миқдорӣ, махаллӣ, умумӣ ва мақсаднок, доимӣ ва яккаратӣ.
Андозхои тақсимотӣ-ба назардошти зарурати пеш гирифтани хароҷоти мушаххас муқррар карда мешавад. (Масалан барои соли 1990 дар ҷанги зидди Ироқ иштирок кардан маҷбур шуда буд, андози нав ҷорӣ кунад)
Андозхои миқдорӣ – баръакси андозхои тақсимотӣ на аз эхтиёҷи ҷуброн кардани хароҷот, балки аз имконияти андозпардозии андозсупор сар мезанад. Ин андозхо бевосита ё бавосита вазъи даромаднокии андозсупорро ба хисоб мегирад,
Андози устувор гуфта – он андозхоеро меноманд, ки маъмулан ба тариқи қонун устувор карда шудаанд. Масалан аз тарафи Кодекси замини ҷумхурии Тоҷикистон 15% воридоти андози замин ба буҷети ҷумхурӣ, вале 85% -аш ба буҷетхои махаллӣ.
Андозхои махаллӣ – хам аз ҷониби органхои олии намояндагӣ ва хам аз тарафи органхои дахлдори махаллии хокимият муқаррар карда шудаанд, вале фақат бо қарори органхои сатхи поёни ҷорӣ карда мешаванд. Ин андозхо хамеша ба буҷети махаллӣ дохил мешаванд.
Андозхои доимӣ – дар давраи сохиб будан ба моликият ё машғул будани андозсупор ба ягон навъи фаъолияте, ки даромад медихад дар муддати муайян бозхост карда мешаванд. Масалан андози даромад аз шахсони воқеъӣ, андози замин хамасола бозхост карда мешавад.
Андозхои яккарата – бо ягон воқиъа ё руйдоде алоқаманд карда мешавад. Масалан пардохти боҷи гумрукӣ ба ворид карда шудани мол вобаста аст.
Сабаби зуд-зуд ва қатъиан ислох дароварда истодан ба дастурхои қонуни андоз дар Тоҷикистон аз ибтидои ташаккули системаи андози Милли мустақил махз дар хамин аст. То даме, ки сектори хусусӣ дар иқтисодиёт афзалият пайдо накунаду корхонахои давлатӣ дар шароити умумӣ амал накунанд, механизмхои рақобати бозорӣ, мубодилаи озод ба кор надароянд, аз системаи бозории андозхои Тоҷикистон сухан ба миён овардан бармахал аст.
Принсипхои (талаботи) хозиразамони андозбандӣ амалӣ гардонида шудани чунин масъалахоро таъмин медорад;
- Сатхи ставкаи андоз бояд бо назардошти имкониятхои андозсупор муқаррар карда шавад.
- Пардохти андоз бояд хатмӣ бошад (системаи андоз набояд дар дили андозсупор дар хатмӣ будани пардохт шубхае ба вуҷуд орад).
- Система ва тартиби пардохти андозхо бояд соддаву барои андозсупор қуллай ва барои органхои Хазина, давлат кам харҷ бошад.
- Системаи андоз бояд чандирӣ ва нисбат ба талаботи таъғирёбандаи ҷамъиятию сиёсӣ ба осонӣ сазоворшаванда бошад.
- Системаи андоз бояд асбоби самарабахши сиёсати иқтисодии давлат бошад.