Фанни Андоз

Тавсифи умумии системаи андози муосири Ҷумхурии Тоҷикистон

  • Моҳият ва сохтори системаи андоз. 
    • Принсипҳои сохтори системаи андоз. 
    • Умумият ва махсусият дар системаҳои андози миллӣ. 

Руйхати адабиётхои истифодашуда;

1.Улугхочаева Х.Р. Налоги и налогообложение Республики Таджикистан. Душанбе-2003г. Гл 22, стр303-317. 

  • Исмоилов Ш.М. Правовое регулирование предпринимателёской и налоговой деятелёности в Республики Таджикистан. Душанбе-1998г. Раздел 2, гл 1, 2, 3. стр-55-120. 
  • Курбанов А, Бекматов А.  Вопросӣ организақии бухгалтерского учёта на малӣх предприятиях.  Душанбе-1999г. Гл 2, стр 25-46.
  • Кодекси андози Ҷумхурии Тоҷикистон. Душанбе 2004.қисми 2, қисми махсус, сах 161-212.
  • Кодекси андози Ҷумхурии Тоҷикистон. Душанбе 1998с. қисми 2, қисми махсус, сах 217-289.
  • Кодекси андози Ҷумхурии Тоҷикистон. Нашриёти «Шарқи озод»Душанбе 2012.

   3.1. Моҳият ва сохтори системаи андоз. 

Дар иқтисодиёти сотсиалистии Тоҷикистон танзимгари асосӣ план буд, системаи андоз бошад бо иҷрои вазифаҳои планӣ  тобеъ гардонида шуда буд. 

    Дар шароити гузариш ба муносибатхои бозорӣ системаи андоз бо ҳамин тариқ ба талаботи  амалкарди иқтисоди бозорӣ ҷавоб намедод ва дар сохтани системаи нав дар кутоҳтарин муҳлат зарурати маҳдуде ба миён омад.

     Дар давраи ҳукумронии Иттиҳоди Шуравии иқтисодиёти Тоҷикистон ва системаи андоз  моҳияти мустаилиятро надошт, аз ҷумла мақомотҳои андоз низ ҳамчун 1-сохтори алоҳида арзи вуҷуд надошт. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва соҳибистиқлолият ба даст овардани ҷумҳурии ҷавонамон лозим донист, ки системаи миллии андоз ва ҷавобгуи манфиатҳои миллидоштаро дошта бошад. Аз ин лиҳоз бо фармони Президенти  ҶТ «Оиди ташкилёбии сарраёсати идораи андози ҶТ»  аз 3 январи соли 1992 ва бо фармони Президенти ҶТ аз 19 феврали 1992 ин сохтор бо номгузории нав Сарраёсати давлатии идораи андози ҶТ ташкил дода шуд. Ин сохтор пеш аз ҳама намудҳои асосии андозро, ки ҷавобгуи муносибатҳои бозорӣ дошта қабул намуданд ва он андозҳо чунинанд.

        Дар зарфи се моҳи аввал навҳои асосии андоз ҷорӣ гардиданд, ки бо талаботи муносибатҳои бозорӣ ҷавобгарӣ буданд;

1. Андози арзиши иловашуда (Қонуни ҶТ аз  6.01.92)

Андози арзиши иловашуда – андозе ки собиқан аз муомила  (гардиш) гирифта мешуд, ҷорӣ гардида буд, ки асоси арзиши молро ба ҳисоб  мерафт. (моддаи 200) 2  Аксизхо  (Қонуни ҶТ аз 6. 01. 92.).

Аксизхо –навъи андози ғайримустақим ба маҳсулоти мавриди истеъмоли умуми фуруши молҳо бо аксизҳо андозбандӣ мешуд.  (фасли 8, бобби 34, аз моддаи 239 то 257, 19 модда) баъдтар  шумораи умумии андозҳо ба 45 намуд расидааст

  • Андози даромад аз шаҳрвандон-и ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ

(Қонуни ҶТ аз 6. 01. 92.).

  • Боҷи давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 6.01.92.).
  • Андоз аз соҳибони воситахои нақлиёт  (Қонуни ҶТ аз 6.01.92.).
  • Андози замин (Қонуни ҶТ аз 6.01.92.).

    Дар ташакулёбии системаи андози нав мавқеи муҳимро КАҶТ моҳи Марти соли 1992 оиди мақомоти давлатии андози ҶТ бозид,  зеро дар он муқараротҳои ҳуқуқии мақомотҳои андози ҷумҳуриро муайян намуда буд. Ташакулёбии асосҳои нави системаи андоз ба қабули КАҶТ аз 20 июни соли 1994 оиди асосҳои системаи андоз, ки дар он бори аввал ба система даровардани тамоми масъалаҳои вобаста ба андозбандӣ дошта принсипҳо ва объектҳои андозбандӣ намудҳои андоз, ки ба 45 номгу мерасиданд, тартибу ҳисоб ва пардохти онҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда ва мақомоти андоз тағирот ё бекор намудан масълият барои қонуншиканиҳои андоз дар бар мегирад, анҷом дода мешуд. Пеш аз ислоҳот даровардан дар давоми солҳои 1995-1998 дар системаи андози ҶТ ва сохторҳои мақомоти андоз як қатор масъалаҳои  муҳим дар пеш меистоданд.

1) Беҳтарнамоии таъминоти оиди техники мақомотҳои андоз, баланд бардоштани ҳавасмандии онҳо барои ҷамъи маблағҳои андоз, таъмин ба мутахасисони баландихтисос ва ҳимояи иҷтимоию ҳуқуқии онҳо.

2). Таъмини устувори ҳаҷми воридшавии андозҳо дар буҷети давлат  то ки имконияти масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷамъият гардад.

3). Якбора кам кардани шумораи андозҳо дар ҷумҳурӣ ва манъ намудани оиди воридшавии андозҳо ё пардохтҳое, ки дар қонунгузории андоз нишон дода намудааст.

4) Бекор намудани ҳамаи он андозҳо ва пардохтҳои манбаашон ва ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулот вобастагӣ дорад, кам намудани  имтиёзҳои андозӣ.

5). Ҳамҷоя намудани маҷмуи қонунҳо  ва санаду меъёрҳо дар як ҳуҷати ягон, яъне дар КАҶТ ва ғайраҳо.

    Бо мақсади  мустаҳками назорати андоз бо фармони Президенти  ҶТ аз 4 май соли 1995 тахти № 221 «Оиди ташкили Кумитаи Андоз дар назди Ҳукумати ҶТ» статуси (ҳолати вазъиятӣ) мақомоти андоз тағир дода шуд. Барои тахмини кормандони андоз ҳамаи ҳуқуқи онҳо дар асоси фармони Президенти ҶТ аз 4 маи 1995 »Оиди полиси андоз» дар сохтори Кумитаи Андоз дароварда шуд. Боз барои ояндаи тарақи додани системаи миллии андоз ва мақомоти андоз дар ҷумҳурӣ яке аз мавқеи муҳимро бо фармони Президенти ҶТ аз 24 январи соли 2002 «Оиди ташкили Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии ҶТ» ва тасдиқи он аз 3 маи 2002 ва дар дастурамал ҳолати он яъне салоҳият ва вазифаи ин вазорат  ҳамчун намояндаи мақомоти давлатӣ дар соҳаи андозбандӣ ба ҳисоб меравад. 

   Масалан; Баъди ташкил ва чунин вазорат  ва парламент лоиҳаи қонун «Оиди ба тайёри эксперементали андози ягона аз хоҷагиҳои деҳқонӣ» пешниҳод карда мешавад. Ин лоиҳа қонун аз 10 маи соли 2002 дар асоси қонуни ҶТ «Оиди таъғироту иловаҳо» ба кодекси андоз дароварда шуд ва аз соли 2003 дар 4-ноҳияи ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гиифта ва бо қабули лоиҳаи нави КАҶТ аз 1 январи соли 2005 дар тамоми ҷумҳурӣ барои истеҳсолкунандогони кишоварзӣ қабул карда шуд.

3.2. Принсипҳои сохтори системаи андоз. 

Дараҷаи андоз, ба амали ҳамагуна дараҷаи дигари воқеии иқтисодӣ, аз руи моҳияти дохилии худ дуҷониба мебошад. Ин бо он алоқаманд аст, ки аснои воқеият дараҷаи андоз субъективист. Вай бо қобилияти таъсисдиҳандагони намуди андозҳо, рушди шуурнокии ҷамъият, тайерии ҷамъият барои дар амал ҷоринамоии қудрати дохилии ин дараҷа муайян мегардад.

    Дар шароити ҶТ дар бораи амал намудани тартибу низоми андозе, ки  аз қонуниятҳои давлат  бар меояд, ки боз заруратро ба миён меовард, ки ин дастовардхои пешқадам низ ба эътибор гирифта шаванд. Чунин зарурият аз он бар меояд, ки шароити иҷтимоию иқтисодӣ комилан тағир ёфтанд ва дар ҳамин замина ин гунна муносибатҳои доду гирифт амал менамояд. Дар бисёр ҳолатҳо  натиҷаи пешрафти иқтисодиёт  аз ягонагӣ вобастагии зич доранд. Дар кадом дараҷа  ҷой доштани имкониятҳои ҳар як давлат бояд кушиш намояд, ки заминаи андозро меъёру тарзи ҳисоби онро ба стандартҳои меъёрҳои умумиҷаҳонӣ мувофиқат гардонад. Аз ин ҷост, ки тамоми принсипҳои сохтори системаи андоз дар тамоми ҷаҳон дар асоси принсипҳои зерин асос меёбанд;

-Принсипҳои ахлоқӣ,

-Принсипи идоракардани андозҳо, -Принсипи териториявӣ  -Принсипи резидентӣ.

    Ба ақидаи иқтисодчии немис А.Вегнер принсипи ахлоқӣ дар сохтори системаи андоз бояд чунин ба роҳ монда шавад. Умумияти андозҳо аз маҷмуи афзалиятҳо нисбати моликият ё ин ки шахсият иборат буда, яъне озодкунии баъзе категорияҳои алоҳидаи андозсупорандагони дороӣ на он фоидаи бисёр дошта ё ин ки  аз амвол. Яъне дар ин принсип хатогӣ ҳисоб намешавад. Вале ба ақидаи А. Смит чуни наст, ки шаҳрвандон бо боварии пурра нисбати роҳбарон яъне зарурияти андозҳоро барои давлат  дуруст шуморида ва дар чунин ҳолат  принсипи ахлоқии андоз дуруст ба роҳ монда мешавад.  

   Мутобиқи назарияи  классикӣ А. Смит асосҳои ташкили сохти андоз  инҳоянд; 

  • Мустақилияти хоҷагидорӣ (озодии шахсӣ)-и андоздиҳандагон;
  • Қонуни андоз (муайянии муҳлати пардохт, услуби пардохт, маблағи пардохт).;
  • Муносибӣ ва сабукии муҳлат услубҳои пардохти андоз (ҳар як андоз бояд дар чунин вақт ва услуб руёнида шавад, ки барои андоздиҳанда хеле мусоид аст).
  • Арзонии руёнидани андоз (ба хазинаи давлат бояд маблағе ворид шавад, ки бо маблағи аз қиссаи пардозанда камшаванда мутаносиб бошад).
  • Баробарии андоз (шаҳрвандон вазифадоранд, ки дар пуркунии хароҷоти давлат мутобиқи воситаҳои худ он даромадҳое, ки ҳар сол зери ҳимояи  давлат мегиранд) иштирок менамоянд.      Мутобиқи А. Смит  асоси мустақилияти хоҷагидории пардозандаи андозҳо дар давлатҳои бо шакли демократии идоракунӣ хеле хуб  амалӣ мешавад. Дар мамлакатҳои худ, ки аҳолӣ пурра ба амалдароии худ боварӣ дорад, ба заруроти андоз баҳри мавҷудияти давлат итминон дорад ва дилпур аст, ки андоз ба ин мақсад аз руи виҷдон ба кор бурда хоҳад шуд. 

   Принсипи идоракардани андозҳо –ин муайян будани андоз, қонунияти андоз ва мақсади чунин принсип аз он бар меояд, ки ба ҳуқуқи андозсупорандагони вазифаҳояшон муайян будани муҳлати пардохт, тартиби пардохт ва маблағи андоз донистани намудҳои андозе, ки месупорад. Принсипи фаъолияти мақомоти андоз  дар асоси принсипҳои зерин фаъолият менамояд; Қонуният, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, таҳти назорат ва ҳисобдиҳанда будан ба мақомоти болоӣ.

   Принсипи териториявӣ – он ҷое ки объект, субъект андозро муайян менамояд зеро дар онҷо фоида ё даромад ба даст дароварда шудааст  андоз ситонида мешавад. Новобаста аз он, ки кадом миллат ё ин ки шахсони ҳуқуқӣ воқеъӣ фоида  ба даст оварда шудааст.

  Принсипи резидентӣ — барои давлатҳои тарақикарда фоидаовар мебошад. Зеро бисёри аз шаҳрвандон фоида аз фаъолияташон ё сармояашонро берун аз давлат ба даст меоранд. 

3.3. Умумият ва махсусият дар системаҳои андози миллӣ. 

 Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ба муносибатҳои бозорӣ гузашта ва сохти андозиро ҷорӣ намуд. Дар муқоиса бо дигар мамлакатҳои мутарақӣ истифоданашаванда бо нигоҳдории баъзе хусусиятҳои  миллию таърихӣ ҷорӣ шуданд.

    Илова ба андози пешбининамудаи Кодекси андоз муқаррар намудани андози нав, ҳамчунин тағир додан ё бекор кардани андозҳои мавҷуда танҳо бо роҳи қонуни ҶТ дар ворид намудани тағиротҳо дар кодекси андоз бо пешниҳоди Ҳукумати ҶТ сурат мегирад.

    Пешниҳодот доири дохил намудани таъғирот ва илова ба КАҶТ дар асоси асосҳои иқтисодӣ  сурат мегирад.

Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи муносибатҳои андозии дар Кодекси андоз пешбинишуда ва андешидани тадбирҳои таъмини  пардохти андозҳо, инчунин сохтори ташкилии мақомоти андоз ва шаклҳои ташкилии онҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, шаклу усулҳои назорати андоз ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории андозро дар бар мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ муқаррар карда мешаванд.

1. Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд,

  • андоз аз даромад;
  • андоз аз фоида;
  • андоз аз арзиши иловашуда;
  • аксизҳо;
  • андози иҷтимоӣ;
  • андозҳо барои захираҳои табиӣ;
  • андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард; — андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия.

2. Ба андозҳои маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд,

  • андоз аз воситаҳои нақлиёт;
  • андозҳо аз молу мулки ғайриманқул.

 Ба низомҳои махсуси андозбандӣ инҳо дохил мешаванд,

  • низоми андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамоянд;
  • низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд;
  • низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона); 
  • низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ.

 Дар Кодекси андоз низомҳои имтиёзноки андозбандӣ муқаррар карда шудаанд, ки барои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт додани имтиёзҳои андозии иловагиро пешбинӣ менамоянд.

 Боҷи давлатӣ, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки тибқи қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, дар ҳаҷм ва бо тартибе пардохт карда мешаванд, ки қонунгузории зикргардида ва Кодекси андоз муқаррар намудаанд. Расмиёти маъмурӣ оид ба назорати андоз аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдор ва мақомоти андоз ҷиҳати дуруст ҳисоб ва пардохт намудани онҳо тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси андоз ва қонунгузории дахлдор амалӣ карда мешавад. 

Маблағҳо аз андозҳои умумидавлатӣ тибқи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ тақсим карда мешаванд. Пардохтҳо аз рӯи андозҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ ворид мешаванд.

Тағйироти асосию фарқкунанда дар таҳрири нави Кодекси андоз нисбат ба Кодекси андози пешина он аст, ки андоз аз фурӯши чакана аз қонунгузории андоз тамоман хориҷ гардид ва андозҳои бо ҳам алоқаманд дар низомҳои муттаҳид карда шуданд. 

Дар қисмати андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ чунин тағйирот ворид карда шуд, 

  1. дар мавриди татбиқи нишондиҳандаҳои миёнаи омории музди меҳнат бо мақсади ҳисоб намудани андоз аз даромади кормандони андоз аз даромади кормандони кироя ва андози иҷтимоӣ эродҳо ҷой доштанд. Минбаъд аз 1 январи соли 2013 тибқи Кодекси андоз дар таҳрири нав барои мақсадҳои андозбандӣ маблағи воқеӣ пардохтшавандаи музди меҳнат ба инобат гирифта мешавад; 
  2. ҳадди татбиқи меъёри камтарини андоз аз даромад (8%) аз 100 сомонӣ то 140 сомонӣ баланд бардошта шуд; 
  3. тартиби татбиқи шартномаҳо оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата соддатар гардид. Яъне талабот оиди кушодани пасандози шартии бонкӣ хориҷ карда шуд. 

7) то соли 2017 паст намудани меъёри андоз аз фоида барои истеҳсолкунандагон аз 15% то 13% ва барои дигар намуди фаъолият аз 25% то 23% пешбинӣ шудааст. 

Шумораи эъломияҳо ва ҳисобҳо аз рӯи андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, 

-бо назардошти муттаҳид намудани эъломияҳои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ барои корфармоён дар 1 сол 12 эъломияи ягонаи андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҳолат 1 эъломия ва 12 ҳисобҳои андози даромад бекор карда мешавад; 

  • барои андозсупорандагони калон дар 1 сол 1 эъломия ва 12 ҳисоботи пешпардохти андоз аз фоида пешбинӣ карда шуд, 
  • барои андозсупорандагони миёна дар 1 сол 4 ҳисобҳо ва 1 эъломия пешбинӣ шуда, 8 ҳисобҳо бекор карда мешаванд; 

Дар қисмати андоз аз арзиши иловашуда ҳаддӣ даромад барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супоридаи андоз аз арзиши иловашуда то 500 ҳазор сомонӣ баланд карда шуд; 

Дар кодекси андоз дар таҳрири нав меъёри ААИ барои истеҳсол ва (ё) фурӯши маҳсулоти соҳаи хӯроки умумӣ, хизматрасониҳои савдои яклухт ва чакана, захиракунӣ, хариду фурӯш, фаъолияти сохтмонӣ ва таҳвили маҳсулоти худии кишоварзӣ 5% муқаррар карда шуд. Ин муқаррарот то 1 январи соли 2016 амал менамояд. Дар қисмати фаъолияти ин гурӯҳи андозсупорандагон ҳангоми татбиқи меъёри 5%-и ААИ баҳисобгирии ААИ татбиқ карда намешавад. 

Ҳамзамон нисбати гурӯҳи андозсупорандагоне, ки ба воридоти молу маҳсулот аз хориҷи кишвар машғуланд, баҳисобгирии ААИ-и ҳангоми воридот воқеан ба буҷет пардохт намудаашон, иҷозат дода шудааст. 

Аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод намудани воридоти таҷҳизотҳо пешбинӣ гардид. Ин имтиёзро минбаъд на танҳо шахсони ҳуқуқӣ, балки соҳибкорони инфиродӣ низ метавонанд истифода намуда, ҳам барои эҳтиёҷоти худ ва ҳам барои таҳвили минбаъда онро анҷом диҳанд. Инчунин, талабот оид ба истифодаи ин таҷҳизот дар мӯҳлати 2 сол ва талабот оиди ҳатман барои пурра нашудани фонди оиномавӣ истифода шудани он хориҷ гардид; 

Барои дастгирии соҳибкорон, ки мавриди ҳисоб намудани ААИ усули муносибиро истифода мебаранд, бо ҷамъбасти сол то 1 апрели соли оянда гузаронидани тасҳеҳи иловагӣ иҷозат дода шуд, яъне ба ин гурӯҳ андозсупорандагон иҷозат дода шуд, ки аз рӯи ҷамъбасти сол эъломияи тасҳеҳи иловагӣ пешниҳод намоянд; 

Дар мавриди андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард тағйирот чунин

аст, 

  1. аз манбаи андозбандии андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард хароҷоти пардохти андозҳо, ки ҳамчун маблағҳои тарҳшаванда ба таркиби хароҷот дохил карда намешаванд, хориҷ карда шуд.
  2. Меъёри андоз дар соли 2015 то 50% паст ва аз 1 январи соли 2017 ин намуди андоз умуман бекор карда мешавад. 

Дар қисмати андози иҷтимоӣ низ фарқ дида мешавад. Масалан меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, бар ивази 0,2% то 1 зиёд карда шуд.- Эъломияи андози иҷтимоӣ бо андози даромад ҳамроҳ гардида. Дар шакли як эъломия пешниҳод карда мешавад. 

Доир ба андози аксизӣ чунин тағйирот ворид шудааст, 

Тиҷорати бозӣ аз номгӯи амалиётҳои андозбандишаванда хориҷ гардида, андозбандии пурраи ин фаъолият дар низоми махсус пешбинӣ шудааст; 

1) талабот оиди дар як моҳ се маротиба пешниҳод намудани эъломияҳои 10-рӯзаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти зераксизӣ бекор карда шуда, эъломияи моҳона пешбинӣ гардид, ки дар натиҷаи шумораи эъломияҳо аз 36 адад кам шуданд.

Тағйирот дар андозҳо аз объектҳои молу мулки ғайриманқул инҳоянд,  

  1. андози замин бо андоз аз молу мулки ғайриманқул муттаҳид карда шуд; 
    1. меъёри андоз аз объектҳои молу мулки ғайриманқул пурра тағйир ёфта, бо истифода аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шуд. Барои соддатар намудани тартиби ҳисоб ва пардохти андоз аз молу мулки ғайриманқул коэффисиентҳои ба хонаҳои бисёрошёна пешбинишуда хориҷ гардид. Коэффисиентҳои иловагӣ вобаста ба баландии шифти хона (то 4 метр, аз 4 то 6 метр, зиёда аз 6 метр) ва вобаста ба ошёнаи барои хонаҳои бисёрошёна бекор карда шуданд. 
    1. аз объекти андозбандии молу мулки ғайриманқул иншоотҳо хориҷ гардид; 
    1. имтиёзи андоз аз молу мулки ғайриманқул ба ташкилоти динӣ, инчунин нисбати биноҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Кумитаи сармоягузорӣ ба мақсадҳои онҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ба иҷро дода мешаванд, ҷорӣ гардид. 

Тағйироти андоз аз воситаҳои нақлиёт ин аст, ки меъёрҳои андоз ба 1-2% баланд карда шуд. 

Кодекси андоз низомҳои махсуси андозбандии зеринро муқаррар намудааст, ки инҳоянд, 

-низоми андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамоянд; 

  • низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд; 
    • низоми     содакардашудаи       андозбандӣ    барои истеҳсолкунандагони       маҳсулоти

кишоварзӣ (андози ягона); 

  • низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои тиҷорати бозӣ. 

Низомҳои андозбандиро мухтасар шарҳ медиҳем, 

Низоми андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамоянд. 

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 №451 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд», тасдиқ гардидааст. 

Мутобиқ ба қарори мазкур номгӯи фаъолиятҳо маҳдуд карда шуда, ҳамзамон дар соли тақвимӣ даромади умумии истифодабарандаи системаи патентӣ наметавонад аз 100 ҳазор сомонӣ бештар бошад. 

Агар соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда, яке аз талаботи қайдшударо риоя накунад ва ё даромадаш аз ҳадди муқарраршуда барои фаъолият дар низоми патентӣ дар соли андоз гузашта бошад, ҳуқуқи истифодаи низоми патентии андозбандиро аз даст медиҳад. 

Дар ин сурат соҳибкор ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ оид ба қатъ намудани бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкори инфиродии тибқи патент ариза диҳад. Ҳангоми риоя нашудани ин талабот, соҳибкори инфиродӣ бо меъёри 10-каратаи андозҳои ба фаъолияти ӯ дахлдошта андозбандӣ карда мешавад. 

Андозбандии бизнеси хурд бо андоз аз арзиши иловашуда бекор карда шуда, ҳадди бақайдгирӣ бо мақсади андози арзиши иловашуда аз 200 ҳазор сомонӣ то 500 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шуд; 

Барои ин андозсупорандагон меъёри андози низоми содакардашуда барои истеҳсолкунандагони мол 5% ва барои дигар андозсупорандагон 6% пешбинӣ шудааст; 

Даромади умумии чунин соҳибкорони инфиродӣ дар давоми соли андоз аз ҳамаи намудҳои фаъолият барои бо ҳамин низом фаъолият намудан, на бояд аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд бошад. 

Дар асоси шаҳодатнома вобаста ба намуди фаъолият ва даромади бадастоварда, соҳибкор ҳуқуқи истифодаи низомҳои зеринро дорад, 

  1. низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд; 
  2. низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ; 
  3. низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ. 

Ҳангоми дар як вақт истифода намудани ду низоми махсуси андозбандӣ соҳибкор ӯҳдадор аст аз рӯи ҳар як низом баҳисобгирии алоҳидаи даромадҳо, хароҷот ва амалиёти хоҷагидории анҷомдодашавандаро пеш барад. 

Соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда, ки даромади умумиашон дар соли 2012 аз ҳадди ниҳоии даромад барои системаи патентӣ бештар, яъне аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси Шаҳодатнома фаъолият намуда, даромади умумиашон дар соли 2012 аз ҳадди ниҳоии даромад барои низоми содакардашуда, яъне аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд бошад, ӯҳдадоранд то 1 апрели соли 2013 фаъолияти соҳибкории худро қатъ намуда, ба дигар низоми фаъолият гузаранд. Ҳангоми идома додани фаъолият ва гузаштан ба дигар низоми андозбандӣ аз чунин шахсон боҷҳои давлатӣ барои қатъ намудани фаъолият ва оғоз намудани фаъолият ситонида намешаванд. 

Андози низоми содакардашуда нисбати андозсупорандагони зерин татбиқ намегардад, 

  1. шахсони воқеие, ки ба сифати соҳибкорони инфиродӣ тибқи патент ба қайд гирифта мешаванд; 
  2. соҳибкорони инфиродии истифодакунандаи низоми содакардашудаи андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ; 
  3. шахсони истифодабарандаи низоми содакардашудаи андозбандӣ аз рӯи фаъолияти тиҷорати бозӣ. 

Гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба андози низоми содакардашуда, инчунин гузариши баръакс аз 1 январи соли тақвимӣ бо чунин тартиб амалӣ карда мешавад, 

  1. агар даромади умумии андозсупорандаи дар низоми умумии андоз фаъолияткунанда, дар ҷамъбасти соли андоз аз 500 ҳзор сомонӣ кам буда, аз оғози фаъолияташ дар ин низом аз 3 соли тақвимӣ гузашта бошад, андозсупоранда ӯҳдадор аст на дертар аз 10 январи соли ҷорӣ ба таври хаттӣ ба мақомоти андози маҳалли ба қайдгириаш оид ба гузариш ба андози низоми содакардашуда аз 1 январи соли ҷории тақвимӣ ариза диҳад; 
  2. агар дар давоми соли тақвимии гузашта даромади умумии андозсупорандаи истифодабарандаи андози низоми содакардашуда аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд бошад, андозсупорандаи мазкур ӯҳдадор аст на дертар аз 10 январи соли ҷорӣ тариқи хаттӣ андози маҳали баҳисобгирии бақайдгириашро оид ба ҳаҷми даромади умумии худ хабардор созад ва доир ба гузариш ба низоми умумии андоз аз 1 январи соли ҷории тақвимӣ ариза диҳад; 
  3. дар ҳолати аз ҷониби худи андозсупоранда иҷро нагардидани талаботи гузариш, мақомоти андоз гузариши чунин андозсупорандаро ба дигар низоми андозбандӣ таъмин менамояд. 

Супорандагони андози тибқи-низоми содакардашуда, ки даромадии умумиашон дар соли 2012 аз ҳадди дахлдори даромад (500 ҳазор сомонӣ) бештар мебошад, бояд то 1 январи соли 2013 ба низоми умумии андозбандӣ гузаранд ва барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шаванд ва баръакс, 

Агар даромади умумии андозсупорандагон дар низоми умумии андозбандӣ фаъолият намуда дар соли 2012 аз 500 ҳазор сомонӣ кам буда, онҳо на кам аз 3 соли тақвимии пай дар пайи қаблӣ тибқи низоми умумии андозбандӣ фаъолият дошта бошанд, бояд то 1 январи соли 2013 ба яке аз низомҳои махсуси андозбандӣ гузаранд ва бақайдгирии худро барои мақсадҳои ААИ бекор кунанд. 

Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ. 

Гузариш аз як низом ба низоми дигар ва муайян намудани даромади умумӣ, тибқи тартиби барои супорандагони андози низоми содакардашуда муқарраршуда амалӣ карда мешавад. Низоми содакардашудаи андозбандии субъектҳои бизнеси бозӣ. 

Истифодаи низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ онҳоро аз пардохти чунин андозҳо, ба истиснои даромадҳои дар манбаи пардохт андозбандишуда, озод мекунад, 

  1. андоз аз фоида аз тиҷорати бозӣ; 
  2. андоз аз даромад, бевосита аз даромадҳои тиҷорати бозии соҳибкори инфиродӣ, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунад; 
  3. андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард; 
  4. ААИ, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудаи барои хизматрасониҳои (корҳои) ба ғайрирезидент таҳвилшуда ва мартуб ба воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маблағи андоз аз бизнеси бозӣ дар мувофиқаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо (ноҳияҳо) муқаррар карда мешавад. 

Андозсупорандагон, ки ба тиҷорати бозӣ машғуланд, ӯҳдадоранд аз 1 январи соли 2013 ба низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои тиҷорати бозӣ гузаранд. То қабули қарорҳои маҷлисҳои маҳалии вакилони халқи шаҳрҳо (ноҳияҳо) доир ба маблағи андоз аз тиҷорати бозӣ, маблағи андоз аз тиҷорати бозӣ барои шахсони мазкур дар ҳаҷми миёнаи моҳонаи ҳамаи андозҳои аз фаъолияти онҳо дар соли 2012 ҳисобкардашуда бо истифодаи коэффисиенти баландкунандаи 1,5 муайян карда мешавад. 

То қабули қарорҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳрҳо (ноҳияҳо) доир ба андозҳои маҳаллӣ, ҳисоб ва пардохти андозҳои маҳаллӣ тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад. 

Низмоҳои имтиёзноки андозбандӣ 

Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав низомҳои имтиёзноки андозбандии зерин пешбинӣ гардидааст, 

  1. Андозбандии сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ; 
  2. Хусусяти андозбандии корхонаҳои навтаъсисе, ки ба сисилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дузандагӣ) машғул мебошад; 
  3. Андозбандӣ аз рӯи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот; 
  4. Асосҳои андозбандии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *