Идоранамоии андозбандӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон

  1. Сохтори ташкилёбии идоракунии фаъолияти андозбандии  ҶТ.
  2. Хуқуқ ва .хдадорихои мақомоти андоз ва гумруки ҶТ.

3.Сохтори мақомоти андози нохия.

4.Таъминоти иттилоотии фаъолияти мақомоти андоз.

            Руйхати адабиётхои истифодашуда; 

  1. Улугхочаева Х.Р. Налоги и налогообложение Республики Таджикистан. Душанбе-2003г. Гл 22, стр303-317. 
  2. Кодекси андози ҷумхурии Тоҷикистон. Душанбе 2004.қисми 2, қисми махсус, сах 161-212.

3.Джабборов Р.Т. Направления налогового регулирования в Таджикистане. – Душанбе 2002г  Гл,-6.7,8.

стр76-1104.

4. Сборник научнӣх трудов Налогово-правовогоинститута. Вӣпуск-6 Душанбе 2004г стр 93-108.

   С-1).Мақомоти андози Ҷумхурии Тоҷикистон дар асоси принсипхои зерин фаъолият менамоянд:

  1. Қонуният.
  2. риоияи хуқуқ ва озодихои инсон ва шахрванд.
  3. Тахти назорат ва хисобдиханда будан ба мақомоти болоӣ.

     Вазифахои асосии мақомоти андоз аз инхо иборатанд;

  1. Таъмини иҷро ва риоя намудани  қонуниятгузории андоз, тахияи механизмхои маъмурияти андоз бо мақсади таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи андозхо ба буҷетхои тамоми сатххо (давлатӣ, махаллӣ, фондхои давлатӣ.)
  2. Иштирок дар тахияи лоихахои қонунхо ва дигар санадхои меъёрии хуқуқӣ доир ба масъалахои андозбандӣ, аз ҷумла шартномахо бо дигар давлатхо,
  3. Ба андозсупорандагон тавзех додани хуқуқ ва ухдадорихояшон. 

4.Сари вақт огох намудани андозсупорандагон оид ба таъғирот дар қонунгузории андоз.

    Асосхои хуқуқии фаъолияти мақомоти андозро Сарқонуни ҷумхурии Тоҷикистон, Қонунхои конститутсионӣ, Кодекси андози ҷумхурии Тоҷикистон, ва дигар қонунхои ҷумхурии Тоҷикистон, қарорхои якҷояи Маҷлиси Милӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумхурии Тоҷикистон, қарорхои Маҷлиси милӣ, қарорхои Маҷлиси намояндагон, санадхои меъёрии хуқуқии Президенти ҷТ ва Хукумати ҷТ, санадхои хуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи ҷТ ташкил медиханд.

    Мақомоти андози ҷумхурии Тоҷикистон дар асоси принсипхои зерин фаъолият менамояд.

  1. Қонуният.
  2. Риояи хуқуқ ва озодихои шахрванд.
  3. Тахти назорат ва хисоботдиханда будан ба мақомоти болоӣ.

    Дар системаи  мақомоти андоз таъсис ва фаъолияти хизбхои сиёсӣ ва дигар иттиходияхои ҷамъиятие, ки хадафхои сиёсӣ доранд, иҷозат дода намешавад. Кормандони мақомоти андоз наметавонанд иҷрои фаъолияти  хизматии худро бо қарорхои хизбхои сиёсӣ ва дигар иттиходияхои ҷамъиятӣ махдуд намоянд.

   Мақомоти андоз фаъолияти худро дар хамбастагӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ва шахрвандон, инчунин мақомоти андози дигар давлатхо дар асоси шартномахо ва .хдадорихои байналмиллалии эътирофнамудаи ҷТ амалӣ менамояд.

    Мақомоти андози ҷумхурии Тоҷикистон (мақомоти андоз) аз мақоми ваколатдори давлатӣ ва вохидхои дахлдори худудии он-раёсатхои андоз дар ВМКБ, вилоятхо, (Суғд, Хатлон) ва шахри Душанбе, нозироти андоз дар шахру нохияхо ва нохияхои шахрхо, нозироти андози андозсупорандагони калони назди мақоми ваколатдори давлатӣ бо шуъбахо дар вилоятхо ва шахри Душанбе иборат буда, системаи ягонаи муттамаркази мақомоти андози ҷумхурии Тоҷикистонро ташкил  медихад. 

    Мақоми ваколатдори давлатӣ мақоми марказии давлатии иҷроия буда, татбиқи амалии вазифахои мақомоти андозро дар ҷТ ва дар холатхои муқаррарнамудаи санадхои меъёрии хуқуқӣ-берун аз қаламрави ҷТ таъмин карда, системаи мақомоти андози ҷТ-ро идора менамояд ва мустақиман ба Хукумати ҷТ итоят мекунад.

    Мақомоти андози ҷумхурии Тоҷикистон  бо Хукумати ҷумхурии Тоҷикистон итоат мекунад.     Мақомоти андози худудхо вохидхои сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар махалхо мебошанд ва мустақиман ба таври амудӣ (вертикалӣ) ба мақомоти дахлдори болоии андоз итоат менамоянд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ба системаи  марказии мақоми хокимияти иҷроияи ҷТ дохил дохил мешавад.    

    Мақомоти андози худудхо  шахси хуқуқӣ, дорои баланси мустакил, суратхисобхои махсус, мухр бо акси нишони давлати ҷумхурии Тоҷикистон  ва сабти номи худ ба забони давлатӣ мебошад.

    Рохбарони мақомоти андоз дар ВМКБ, вилоятхо ва ш.Душанбе. Нозироти андоз дар нохияхо. Шахрхо ва нохияхои шахрхо иҷрои вазифахои ба зиммаи мақомоти андоз гузошташударо дар худудхои дахлдор таъмин намуда, фаъолияти вохидхои тобеашонро ташкил ва назорат мекунанд.

  Маблағгузории хароҷоти мақомоти андоз аз хисоби буҷети ҷумхуриявӣ анҷом дода мешавад.

   Тартиб ва меъёри таъиноти  моддаю техники мақомоти андозро Хукумати ҷТ муқарар менамояд. Амволи мақомоти андоз моликияти давлатӣ мебошад ва он хусусӣ гардонида намешавад.

   Ба вазифахои кормандони мақомоти андоз мутобиқи тартиби муқарраршуда рутбаи дараҷавӣ дода мешавад. Ба кормандони мақомоти андоз либоси расмӣ дода шуда, намуна ва меъёри додани онро Хукумати ҷумхурии Тоҷикистон  тасдиқ менамояд.

  С-2).  Мақомоти андоз мутобиқи қонунгузории ҷТ хуқуқ доранд; 1. Мутобиқи Кодекси андози ҷТ санҷишхои андоз гузаронанд.

Хангоми гузаронидан  санҷишхои андози андозсупоранда ё агенти андоз хуҷҷатхоро, Ки ба содир намудани  хуқуқвайронкунихои андоз вобастаанд, гиранд ва доир ба ин амалхо мувофиқи тартиби  муқарраршуда хуҷҷат тартиб диханд. Хамзамон хуҷҷат  оид ба гирифтани хуҷҷатхо тартиб дода мешавад ва аз ҷониби шахси мансабдори  санҷишкунандаи  мақоми андоз ва андозсупоранда (агенти андоз) имзо карда мешавад ва як нусхаи он дар дасти андозсупоранда (агенти андоз) мемонад.

  • Дар асоси огохномаи хатӣ андозсупоранда ё агенти андозро ба мақомоти андоз барои додани маълумот  вобаста ба  пардохти андозхо  (нигох доштан, гузаронидан) аз ҷониби онхо ё вобаста ба  санҷиши андоз, инчунин дигар мақсадхои марбут ба иҷрои қонунгузории андоз даъват намоянд. Хамзамон андозсупоранда ё агенти андоз бояд на дертар  аз 5 рузи корӣ аз рузи бо тартиби муқаррарнамудаи  додани огохномма ба мақоми андоз хозир шавад.
  • Маблағи андозхоеро, ки  андозсупоранда бояд ба буҷет  пардозад, тибқи тартиби муқуррарнамудаи қисми 3-и моддаи 44-ми КАҷТ бор охи хисоб кардан (бо истифодаи тарзхои баходиихии мустақим ва ғайримустақим) муайян намоянд.
  • Дар рафти гузаронидани санҷиши андози шахси воқеи ва хуқуқӣ тамоми хуҷҷатхои молиявӣ, китобхои мухосибавӣ, хисобот, сметахо, маблағхои нақд, қоғазхои қиматнок ва дигар арзишхои ба даст буда, хисобномахо, эъломияхо, ва дигар хуҷҷатхои вобаста ба хисобкунӣ ва пардохти андозхоро санҷанд, аз шахсони мансабдор ва дигар кормандони корхона (ташкилот) ва шахсони воқеӣ оид ба масъалахои  дар рафти гузаронидани  чунин санҷишхо пайдошуда маълумот ва тавзехоти шифохӣ ва хатӣ гиранд. 

      Мақомоти андоз ӯхдадоранд;   

  1. Сарқонуни  ҷумхурии Тоҷикистон, Қонунхои конститутсионӣ ва дигар қонунхои ҷумхурии Тоҷикистон, Кодекси андози ҷумхурии Тоҷикистон, Қарорхои Маҷлиси Милӣ, Санадхои меъёрии хуқуқии Президенти ҷумхурии Тоҷикистон ва Хукумати ҷумхурии Тоҷикистон, хуқуқ ва манфиатхои қонунан хифзшавандаи корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, инчунин шахрвандонро риоя намоянд;
  2. Татбиқи сиёсати давлатии андозро таъмин намоянд;
  3. Бахисобгирии пурра ва саривақтии андозсупорандагон, пурра ва саривақтии пардохти андозхоро ба буҷет таъмин намоянд; 
  4. Оид ба воридоти андозхо ба буҷет хисобот тартиб диханд;
  5. Мутобиқи санадхои меъёрию хуқуқӣ санҷиши андозсупорандагонро гузаронанд.

6.Нишондодхои дастурӣ ва методӣ доир ба масъалахои тахти салохияташон қарордошта, инчунин мавод, китобча ва овезахо тахия кунанд. Дар васоити ахбори умум оид ба ин масъалахо ахбори машваратӣ намоянд. 

  • Ба андозсупорандагон оид ба иҷрои .хдадорихои андоз огохнома супоранд.
  • Хар мох ба мақомоти молия оид ба маблағхои андози воқеан ба буҷет дохилшуда маълумот пешниход намоянд.
  • Якҷоя ба мақомоти молия иҷрои қисми даромади буҷетро назорат намоянд.
  • Ба андозсупорандагон нусхаи санади  санҷиши андоз ва қарори  дахлдори мақоми андозро оид ба натиҷаи  санҷиши андоз пешниход намоянд.
  • Оид ба  иҷро ва хуқуқвайронкунии андоз маълумотро ҷамъоварӣ ва тахлил кунанд, зухуроти манфии вобаста ба андозбандии шахсони хуқуқӣ ва воқеъиро пешбинӣ намоянд ва дар ин бора ба Хукумати ҷТ иттилоъ диханд.
  • Якҷоя бо дигар мақомоте, ки қонунгузории ҷТ ваколатдор намудааст, назорати асъориро анҷом диханд.(25-намуди ухдадорихои андоз вуҷуд дорад).

    Мақомоти андоз инчунин дигар .хдадорихои пешбининамудаи  қонунгузории андози ҷТ –ро иҷро менамояд.

    Кормандони мақомоти андоз барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифахояшон, суиистифода аз мансаби хизматӣ ва дигар амалхои хилофи қонун ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Зараре, ки ба андозсупоранда  дар  натиҷаи  амалхои ғайриқонунии кормандони мақомоти андоз расонида шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси  граждании ҷумхурии Тоҷикистон  ҷуброн  карда  мешавад. 

 С-3). Мақомоти андоз -бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва махаллии Хокимияти давлатӣ, мақомоти хифзи хуқуқ, молия хамкорӣ менамояд. Мақомоти Хокимияти давлатӣ вазифадоранд, ба мақомоти андоз ёрӣ расонанд ва бо дархости онхо бо мақсади таъмини иҷрои қонунгузории андоз ва муқаррар намудани назорати пардохти андозхо маълумот пешниход намоянд.

   Хисоботи солона.  Дар ҷараёни шаш мохи баъди анҷоми хар як соли молиявӣ Кумитаи Андоз дар нашрияи дастраси умум нашри хисоботро оид ба фаъолияти системаи андози ҷумхурии Тоҷикистон  таъмин менамояд. 

      Хисобот маълумоти зайлро  дар бар мегирад.

  1. Маблағи андозхои ҷамъовардаи  мақомоти андоз, бо нишон додани намуди андозхое, ки мувофиқи онхо ҷамъоварӣ шудаанд ва нозироти андоз нохияхо, (шахрхо) ки андозхо ба онхо пардохта шудаанд. (аз ҷониби онхо ҷамъоварӣ шудаанд);
  2. Маблағи қарзи андозхо (бақияпулихо);
  3. Хароҷотхои мақомоти андоз дар  рафти  ҷамъоварии  андозхо;
  4. Маълумоти оморӣ оид ба фарохам овардани имтиёзхои андоз;
  5. Инъикоси комёбихо ва норасоихо дар фаъолияти системаи мақомоти андоз;  6. Руйхати насаб ва номи шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ, ки андозсупорандаанд ва ё не.

 С-4) Фаъолияти мақомоти андоз бо сабаби нихоят мураккаб будан ва дар алоқамандӣ дар системаи муносибатхои иҷтимоию иқтисодӣ амал намуданаш  заруриятеро ба миён меорад, ки оиди фаъолияти мақомоти андоз  муносибати умумиро  ба рох монад.Махз хамин ҷихат ба тариқи объективӣ ҷамъоварии коркард ва тахлили маълумотхоро оид ба андоз дар ҷараёни идора намудани фаъолияти андоз ба таври васеъ истифода меранд.

    Иттилооти андоз–ин нишондихандаи ба шумор меравад, ки ҷихатхои миқдори  ба сифати  холатхои  ташкилёбии андозро ифода менамояд.Бояд қайд кард, ки ба тартиби муққаррарнамудаи  дастурамал дар бораи пешнидоди иттилоот ба мақомоти андоз дар бораи пардохт  ва дигар амалиётхо ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мувофиқи  Вазорати молияи ҶТ ва Бонки Милӣ қабул карда мешавад. 

  Бо мақсади бахисобгири ва иҷрои назорати андоз андозсупорандагон ва агентхои андоз инчунин хамаи шахси хуқуқию воқеъӣ шахрвандони аз сини 16-сола болои ҶТ бояд дар мақомоти андоз мутаносибан  дар махали  ҷойгиршавии шахси хуқуқию воқеъӣ амволи ғайри манқул ва воситахои  налиёти андозбандӣ ба онхо тааллуқ дошта  тибқи тартиби кодекси андоз  муққаррар намуда  ва мақоми ваколатдори  давлатии бахисобгирӣ, бақайдгирӣ  гирифта мешавад.

    Дар мақомоти андози махали зисти шахси воқеиро, дар асоси аризаи шахси вокеӣ ки ба мақомоти андоз дар мухлати муқаррарнамудаи  қонунгузории ҶТ пешниход намудааст ба хисоб гирифта анҷом медиханд. Аризаи шахси хуқуқӣ дар бораи  бахисобгирӣ, бақайдгирӣ гузашта ба мақомоти андози махали ҷойгиршавии ин шахси хуқуқӣ дар мухлати 30 рузи тақвимӣ баъди бақайдгири давлатии он дода мешавад. Махали  ҷойгиршавии вохидхои махсуси  махале, ки таввасути вохидхои махсуси  худ фаъолиятро анҷом медиханд.

   Хангоми бахисобгирӣ, бақайдгирӣ гузаштан чунин маълумотхо оид ба андозсупорандагон дохил мешаванд;

  1. Насаб, ном, номи падар.
  2. Санаи таваллуд.
  3. Ҷинс.
  4. Суроғаи махали зист.
  5. Маълумоти шиноснома.
  6. Шахрвандӣ.

     Мақомоти андоз ухдадор аст андозсупорандаро дар мухлати 10-рузи тақвимӣ баъди пешниходи тамоми хуҷҷатхои зарурӣ (бақайдгирӣ, бахисобгирӣ), аз қайд мебарорад. Агар раваду  андозсупоранда махали ҷойгиршавӣ ё зисташро  иваз намояд, мақомоти андозе ки  онро дар қайд дошт дар мухлати 10- рузи тақвимӣ баъди пешниходи ариза ба таъғирёбии махали зист аз қайдгирӣ мебарорад. Бахисобгирӣ, бақайдгирӣ гузаштан ва баровардан ба таври ройгон (бепул) анҷом дода  мешавад.       Хулоса хангоми гузаштани  бахисобгирӣ, бақайдгирӣ барои муайян намудани  назорат ва шумораи андозсупорандагон аз тарафи мақомоти андоз РМА дода мешавад. Бо қабули лоихаи нави КАҶТ аз 1 январи соли 2006 барои шахси воқеӣ дар шиносномахои онхо дар сабти махсус мухр зада ва дар мухлати то 3-сол амали гардонида мешавад. Дастурамал оид ба тартиби гузаштан бахисобгирӣ, бақайдгирӣ, аз нав бахисобгирӣ, бақайдгирӣ баровардан низ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо мувофиқи ВКД, ВМҶТ, ва фонди хифзи иҷтимои ахолӣ кабул карда мешавад. РМА аз 9 рақам иборат аст.

  • Рамзи мақомоти андозе, ки андозсупорандаро ба қайд гирифтааст.
  • Аломати андозсупоранда.
  • Аломати  андозсупорандаи шахси хуқуқӣ.
  • Аломати  андозсупорандаи шахси воқеъӣ.
  • Рақами тартибдихии андозсупоранда.
  • Рақами назорати аз руи алгаритме, ки онро Кумиаи андоз муайян менамоянд.  
test

Добавить комментарий