Муносибатҳои байнибуҷетӣ ва танзими он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Таркиби буҷет ва низоми буҷети ҶТ.
    1. Муносибатхои байнибуҷавӣ, зарурият ва ахамияти танзими он.
    1. Шаклхо ва усулхои (тарзхо) танзими муносибатхои байни буҷавӣ.

     Руйхати адабиётхои истифодашуда; 

1.Шарбатов Б.Ч.  Вопросӣ совершенствования организақии межбуджетнӣх отношений в Республики Таджикистан. В сборнике. Научнӣе трудӣ НПИ 2004г. Гл 6 стр 98-100.

2.Колесов А.С. Межбуджетнӣе отношение, суғностё и пути совершенствования. Финансӣ 2002г. М2002г стр 3-7.

  • Қонуни ҷТ «Дар бораи  Буҷети Давлатии ҷТ барои соли 2005»-Боҷу хироҷ 2005с., №»2 аз 13.01.2005с сах 2-3.
    • Афанасёев М.А. Основӣ бюджетной системӣ. М.,-2004г. Гл 6 стр 98-118.

 С-1). Давлат дар хама давру замонхо оид ба  боигарихои милӣ ва ахолии дар он сарзамин ҷой дошта вазифахои мушахаси иҷтимои иқтисодӣ ва сиёсӣ ( истифода ва ғанигардонии бойгарии милӣ ва ахолӣ, фаъолияти мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ, сиёсати молиявӣ ва андозу буҷетӣ, фаъолияти сиёсати берунӣ, тадқиқотхои асосии илмӣ-техникӣ, мудофиаву хифзи хуқуқ ва хароҷотхои иҷтимоӣ-маданӣ) – ро ба ухда дорад.

  Дар шароити иқтисоди бозорӣ вазифа, масъулият ва ҷавобгарии давлат боз хам васеътару зиёдтар мегардад.

   Дар шароити бозор давлат вазифадор аст, таносуби оптималии шаклхои гуногуни моликият, ва қоидаву қонунхои рафтори субъектхои моликиятро дар бозор муайян намояд, танзими иқтисодиётро вобаста ба даврахои  силсилаи иқтисодӣ таъмин куна два кафолати хифзи иҷтимоии шахрвандонро новобаста аз доираи  шуғл таъмин намояд. Ин амалиётхо водор менамояд, ки давлат ба сифати субъекти иқтисод баромад куна два барои подош карани масрифотхои мазкур манбаъхои  муайяни молиявӣ дошта бошад.

   Муносибатхои молиявие, ки дар байни давлат, корхонахо, ташкилотхо, муасссисахо ва ахолӣ ба вуҷуд меояд, муносибатхои буҷетиро ташкил медихад. Охирон хамчун унсури асосии муносибатхои молиявӣ баромад мекунад.

   Аз нигохи мохияти иқтисодӣ, буҷети давлатӣ муносибатхои пулиеро, ки байни давлату шахсони хуқуқию воқеъи дар мавриди аз навтақсимкунии даромади милӣ ба мақсади ташкилу истифодаи фондхои буҷетӣ, Ки барои маблағгузории сохахои иқтисодиёт, таъмини хароҷотхоииҷтимоӣ-маданӣ, мудофиа ва идораи мамлакатзарур мебошанд, ифода менамоянд. 

   Азбаски  буҷети давлатӣ хамчун муносибатхои тақсимотӣ ташкил шуда, ба мақсади қонеъгардонии талаботхои ҷамъият ва идораи мамлакат истифода карда мешавад, он хамчун категорияи иқтисодӣ баромад мекунад.

  Мохияти буҷети давлатӣ хамчун категорияи  иқтисодӣ бо воситахои тақсим ва назоратии он зухур мегардад. Давлат ба воситаи  аз нав тақсимкунии даромади милӣ имконияти дар дасти худ ғун кардани  маблағхои пулӣ ва истифодаи онхоро  бо мақсади қонеъгардонии талаботхои умумидавлатӣ таъмин менамояд.

  С-2).  Муносибатхои буҷетӣ – ифодакунандаи хусусиятхои гуногун буда, хамчун натиҷаи муносибатхои тақсимотии байни сохахои  гуногуни иқтисодиёт, хавзахои  фаъолияти ҷамъиятӣ, байни нохияхо ва сатххои гуногуни идора, ташкил меёбад

   Муносибатхои буҷетӣ ва шаклхои он пеш аз хама мувофиқи услуб (метод)-хои хоҷагидорӣ, сатху дараҷаи хизматрасонихои иҷтимоию маданӣ ба шахрвандон ва вазифахои иҷро карда истодаи давлат  дар хар як давраи инкишофи таърихӣ, вобаста аст. Онхо характери воқеӣ доранд. Давлат  бо мақсади ба амал баровардани такрористехсоли васеъ дар миқёси ҷамъият, қонеъгардонии талаботхои иҷтимоӣмадании шахрвандон, халли масъалахои мудофиа ва пур кардани хароҷоти идораи мамлакат бояд дар ихтиёри  худ як қисми даромади миллиро ҷамъ оварад.

   Муносибатхои буҷетӣ узви  сохти таркибии  иқтисодиёт буда, сатх ва дараҷаи ташкили тахавули онро  ифода мекунад. Аз ин ҷихат барои подош кардани  хароҷотхои ҷамъият ва қонеъ гардонидани талаботи он давлат ухдадор мешавад, ки . базаи моддию молиявии худро дошта бошад.

   Муносибатхои буҷетӣ ифодаи моддии худро дар ташкили фондхои буҷетӣ меёбанд.

   Хаҷми мушахаси фонди буҷетӣ сатху дараҷаи  марказонидашавии манбаъхои молиявиеро, ки дар ихтиёри давлат, аз хисоби омилхои гуногун; тарзхои ситонидани манбаъхо ба буҷет, сатхи инкишофи иқтисодиёт, тарзи усули хоҷагидорӣ дар корхонаву ташкилотхо ва муассисахо, вазифахои иҷтимоӣиқтисодӣ ва таносубияту таъғиротхои таркибӣ дар иқтисодиёт ба миён меояд ифода мекунад.

   Давлат аз хисоби маблағхои буҷетӣ, фондхои эхтиётӣ ва захиравиро низ ташкил намуда ба мақсади мушахас истифода мебарад.

   Кули муносибатхои буҷетӣ оид ба ташкил ва истифодаи фондхои буҷетӣ давлатиро ташкил медихад.

  С-3). Дар шароити бозор даромади буҷетхо  асосан аз хисоби ду манбаъ: андозхо ва пардохтхо таъмин мегардад.

 Дар қисми даромади буҷетӣ имрузаи Тоҷикистон вазни қиёсии андозхо 80-90 % ва пардохтхо 10-20 %ро ташкил медихад. Табиати иқтисодии андозхоро муносибатхои пулие, ки байни давлату шахсони хуқуқию воқеӣ ҷой доранд, тасниф менамоянд.

    Муносибатхои  пули дар байни субъектхои иқтисодиёт ҷой дошта объективӣ буда, таъминоти махсуси ҷамъиятӣ доранд, ки мохияти онро сафарбарнамои маблағхои пулӣ ба ихтиёри давлат ташкил медихад. Бинобар он андоз хамчун категорияи иқтисодии дорои функсияхои фискалию иқтисодӣ ахлил крда мешавад. Бо ёрии функсияи фискалӣ фондхои буҷетӣ бунёд меёбад. 

    Намудхои пардохти андоз шаклхои мушахаси зохиршавии андоз хамчун категорияи  иқтисодӣ мебошад, ки органи қонунбарори давлат онро муайян намудааст, қабули кодекси андози  ҷТ исботи он аст.

   Аз нигохи  ташкилотчигию хуқуқӣ, андоз, пардохти хатмист, ки  бо меъёр ва хаҷми муайянкардашуда дар мухлати дақиқкардашуда ба буҷет супорида мешавад.

   Шакл ва намудхои андоз дар ягонагӣ бо принсипхои бунё два методхои хисобкунӣ системаи андозро ташкил медихад. 

    Системаи андоз воситаи асосии;

  • таъмини рушди иқтисодиёт ё худ боздории ҷараёни он,
  • танзими иқтисодиёт ё худ бесарусомонӣ,
  • рақобатпазирӣ ё худ аз дастдихии сегментхои бозор,
  • ташкили сохахои нави мехнатгузорӣ ё худ вайронсозии иқтисодиёти амалнамоянда,
  • васеъ ё худ махдудгардонии фаъолияти сохибкорӣ,

-таъмини барзиёдии буҷет ё касри он,

  • таъмини холати солимии иқтисодиёт ё касри он,
  • таъмини қобилияти хисоббаробаркунӣ бо дигарон ё надоштани он,
  • қарздоршавии давлат  ё даромадгирии иловагӣ аз хисоби қарзи давлатӣ ва ғайра хизмат карда метавонад.

    Дар олами тамадун вобаста ба инкишофи қувахои истехсолкунанда системаи андоз равнақу ривоҷ меёбад. 

   Ба системаи андоз чунин принсипхои асосӣ хос мебошад; 

-Бо хам алоқамандии оқилонаи  андозхои мустақим ва ғайримустақим,

-Истифодаи намудхои  гуногуни андоз дар асоси бахисобгирии холати амволдории андозсупоранда ва даромадхое, ки аз сохибкорӣ ба даст оварда мешавад,

-Истифодаи миқдори зиёди андоз, бо меъёрхои пасти андозситониашон дар холати тезутендшавии вазъи кризисӣ,

  • Имконияти барқарор намудани  оқибатхои бади бухронӣ доштан.

  Принсипхои номбаркардашуда қисман инъикоси  худро дар КАҷТ ки декабри соли 1998 тасдиқ карда шудааст, ёфтааст. 

   Дар кодекси андози қабулшуда андозхои мустақим  ва ғайримустақим ба мувофиқат оварда шудаанд. Андозхои мустақим нисбати даромад ва ё амволи андозсупоранда муқаррар карда шудааст.    Андозхои ғайримустақим мувофиқи қоида ба болои нарх ва ё меъёр замкардашуда, аз хисоби истеъмолнамояндагон пардохта мешавад.

  Андозбандии мустақим муносибатхои пулиро байни давлат ва андозсупоранда ба миён меорад ва андози супоридашуда бевосита ба буҷет  равона мегардад.

   Дар холати  андозбандии ғайримустақим фурушандаи молу хизматрасонӣ субъекти андоз буда, байни давлату  андозсупоранда миёнарав аст.

   Дар системаи  андозхои дар мамлакат ҷой дошта, андозхое хастанд, ки  танхо шахсони хуқуқӣ ва баъзе дигарашонро шахсони воқеъӣ ва як қисми онхоро хам шахсони хуқуқӣ ва хам воқеъӣ дар якҷоягӣ месупоранд.    

Буҷети соли 2005   1,2 млрд сомонӣ. 0,8 млрд андозхо 

Буҷети соли 2007    3,195 млрд сомонӣ 1,8 млрд андозхо

                           1,4 млрд инвесторони хориҷӣ

Касри буҷет         дохилӣ, беруна (қарз)

Барои рупуши касри буҷет аз Бонки Милли қарз мегирад. 

test

Добавить комментарий