Тавсифи муқоисавии (қиёсии) системаи миллии андозбандӣ

  1. Зарурият ва ахамияти тавсифи муқоисавии низоми андозбандии милӣ.
  2. Низоми андозбандии давлатхои таррақикардаи амсилаи либералии иқтисоди бозоргонӣ.
  3. Низоми андози таррақикардаи амсилаи иқтисодиёти ба иҷтимоиёт равонашудаи иқтисодиёти бозоргонӣ.
  4. Низоми давлатхои ИДМ. (СНГ)

Руйхати адабиётхои истифодашуда;

1.Черник Д.К.,  Починок А.П., Основӣ налоговой системӣ. Учебное пособие для вузов под. Ред. Д.Г. Черника. М.,-1998г гл-5-7. стр 96-142.

  • Бегматов А.А. Налогообложение как фактор экономического роста. Сборник научнӣх трудов НПИ.

Вӣпуск-5, частё 2, Душанбе 2004г. Стр 200-206.

  • Засухин А.Т. Доходӣ и налоги. М-1999г гл 1, стр-79-90.
  • Андозбандӣ дар Иёлоти Муттахида. Боҷу хироҷ 2005с. №1 аз 1.01.2005 сах 12.
  • Андозхои Хитой. Боҷу хироҷ 2005с., №2 аз 13.01.2005с., сах 16.

   С-1). Баъди пош хурдани комплекси хоҷагии халқи  ИҶШС собиқ ҷумхурии Иттифоқӣ хамчун давлатхои мустақил эълон гардиданд, ки дар ин замина оиди алоқахои байни хамдигари иқтисоди берунӣ зарурияти ташкил ёфтани Иттиходи Давлатхои Мустақил ба вуҷуд омад. Дар навбати худ суст гаштани иқтисодиёт  ва алоқахои иқтисодии давлатхои аъзои ИДМ ба он оварда расонид, ки аз давлатхои мутараққии ғарб қарз (кредит) гиранд. Лекин новобаста  аз сатхи баланди бухрони иқтисодӣ алоқахои иқтисодии байнихамдигарии давлатхои аъзои ИДМ нигох дошта шуд. 

  Баъдан васеъ намудани алоқахои берунии иқтисодӣ дар дохили ИДМ яке аз шартхои мухими баромад аз кризи иқтисодӣ ва баланд бардоштани самаранокии истехсолот ба хисоб мерафт. Вазифаи мухими ин хамкорихо ташкил намудани як механизми танзимномаи алоқахои иқтисодӣ, ки он мушкилоти ҷиддии муносибатхои андозӣ ба хисоб мерафт. Ва он ноил шудан ба чунин мақсадхо буд.       Мутахидгардонии бозорхои дохили ИДМ чунинанд;    -Муайян намудани худуди (сархади) андозбандӣ.

-Ҷобаҷокунии сохторхои системаи андоз тартиби хисобкунии андозхо, ситонидани андозхо ва истифодаи оқилонаи онхо. 

    Қайд кардан лозим аст, ки дар соли хозир бо мақсади танзимкунии алоқахои иқтисоди ИДМ як қатор хуҷҷатхо ба имзо расидаанд. Аз қобили муносибатхои иқтисоди ягонаи муомилоти молхо (содироту воридот), бекор кардани андозбандии дукаратабайни баъзе давлатхои ИДМ,  хамкорихо, ёрихои байни хамдигарӣ оиди риоя намудани қонуниятхои андоз, ва ғайра иттифоқи гумрукӣ ва ғайра,       Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар як вақт аъзои ду иттиходхои аъзои иттиходи гумрукихои аъзои ҷамъияти хамкорихои иқтисоди Осиеи Марказӣ мебошанд. 

    Андоз – манбаъи ташаккули буҷетхои давлатию махалӣ ва фондхои давлатӣ мебошад. Тамоми маҷмуи маблағхое, ки маъмурини андоз ҷамъовари кардаанд, бояд бевосита ба буҷет ворид шавад, зери назорати қатъӣ ва танхо ба эхтиёҷоти ҷамъиятӣ ба кор бурда шавад.

   С-2). Дар таҷрибаи ҷахонии мамлакатхои муттарақӣ ду намунаи (модели) иқтисоди бозорӣ қайд карда мешавад, ки рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷамъиятро таъмин менамояд. Инхо намунаи либералӣ ва намунаи бозорӣ ба иҷтимоиёт равона шудааст. Фарқияти ин намунахо пеш аз хама ба дараҷаи дахолати давлатӣ ба танзими иқтисодиёт вобаста аст.   1. Амсила (модел)-и либералӣ. (озодфикр, бепарво)

  2. Амсилаи бозори иҷтимоии самтнок.

   Аломатхои хоси намунаи либералӣ, ки ба дахолати начандони давлат ба раванди иқтисодӣ асосноканд, инхоянд;

  • миқдори начандони корхонахои мамлакати давлат;
  • озодии максималӣ барои субъектхои хочагидорӣ;
  • иштироки минималии давлат дар халли масъалахои иҷтимоӣ; – асосан, хусусияти монетарии танзими раванди макроиқтисодӣ. 

    Чунин намунаи либералии иқтисоди бозорӣ дар ШМА амал мекунад, ба он наздик Фаронса Англия мебошад.  Ин амсилахо пеш аз хама бо дараҷаи ҷалб шудани давлат ба танзим кардани иқтисодиёт аз хам фарқ мекунанд.

   Нишонахои ба назар намоёни амсила (модел)-и либералӣ, ки ба андаке дахолат кардани давлат дар проқессии иқтисодиёт асос ёфтааст, инхоянд.

  • миқдори ками корхонахои моликияташон давлатӣ.
  • то хадди интихо озод будан барои субъектхои хоҷагидор.

 -ба хадди ақал иштирок доштани давлат дар халли масъалахои иҷтимоӣ.

  Чунин амсилаи иқтисодиёти бозорӣ дар ИМА амал мекунад, амсилахои бозории Инглистону Фаронса ба он наздиканд.

  Амсилаи иҷтимоии самтнок – бо дараҷаи зиёди танзимгарии давлатии иқтисодиёт фарқ дорад,  – дар ин ҷо сектор (соха)- и давлатӣ нихоят зиёд аст.

  -аз тарафи давлат на фақат протсессхои макроиқтисодӣ, инчунин сохахои ҷудогонаи фаъолияти  субъектхои хоҷагидор низ ба танзим дароварда мешаванд.

 -Петернализм (падарвакилӣ)-и давлатӣ дар амал кули аъзои ҷомеаро фаро гирифта, сатхи муайяни эхтиёҷоти ахолиро ба манзил. Хадамоти тандурустӣ, Маориф, Фарханг, кортаъминиро кафолат медихад.

   Инчунин амсилаи иқтисодиёти бозорӣ дар Олмон, Шветсия, Норвегия ва Австрия амал мекунад,    Мохияти ин ё дигар амсиларо нақше муайян мекунад, ки давлат ба зиммаи худ мегирад. Амсила аз ҷихати иҷтимоӣ самтгирифташаванда сатхи баланди хароҷоти давлат  ва мутаносибан сатхи баланди бори андозро дар назар дорад. 

  Дар мавриди амсилаи либералӣ эхтиёҷ ба маблағгузории давлат нисбатан кам мегардад, Бинобар ин эхтиёҷ ба зиёд кардани вазни қиёсии даромадхои давлат  дар хаҷми умумии истехсолот аз байн меравад.

   Интихоби амсилаи иқтисодиёти бозориро, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд оварда мешавад, ба хамин тариқ то хадде интихоби хамон системаи андозбандӣ ва шаклхои андоз муайян мекунад, ки манфиати давлатро ба дараҷаи баланд қонеъ карда тавонад. 

   С-3). Системаи андози Хитой – Андоз мухимтарин сарчашмаи даромадхои хазинаи Хитойро ташкил медихад. Андоз инчунин воситаи иқтисодии пурзур кардани таъсири давлат ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад.

  Системаи андози Хитой ба кушодагии мамлакат ба олами беруна равона гардида, имконият медихад, ки иқтисоди миллӣ рушд кунад.

  Қонунгузорӣ дар сохаи андоз – Ба хайати  мақомоти давлатие, ки барои омода кардани қонунхои андоз ваколатдоранд ва сиёсати андозро муайян мекунанд, мақомоти зерин шомил мешаванд; Конгресси Миллии ҷамъиятӣ ва кумитаи доимии он, Шурои давлатӣ, Вазорати молия, Маъмурияти давлатии андозбандӣ, Кумитаи тарифсозӣ ва ба навъхо ҷудокунии назди Шурои давлатӣ ва Саридораи Гумрук. 

  Мутобиқи қоидахои қабулкардаи Шурои давлатӣ андозхо дар Хитой ба андозхои марказӣ (хусусӣ), махаллӣ (хусусӣ) ва андозхои якбора хам ба марказ ва хам ба махалхо пардохташаванда (андозхои танзимкунанда) ҷудо мешаванд.

  Андозхои марказӣ – андозхои истеъмолӣ аз гардиши молхо дар дохили мамлакат, боҷхои гумрукӣ ва андозхои истеъмолиро мақомоти гумрук ғун мекунанд.

  Андозхои махаллӣ – андоз аз даромад, андози замини шахрхо ва нохияхо, андози махсулоти кишоварзӣ, андози замин, андози моликият, андози сармояи гардишнакунанда, андози истифодаи нақлиёт ва киштихо, андози чорво ба андозхои махаллӣ ворид мешаванд. 

  Андозхои танзимкунанда – ААИ, андоз барои сохибкорӣ, андоз аз даромади корхонахо, андози захирахо, андоз барои сохтмони шахрхо ва пардохтӣ нишон хам ба буҷети марказӣ ва хам махаллӣ пардохта мешаванд. 

   Маъмурияти Давлатии андозбандӣ мақоми Олии андозбандии Хитой мебошад ва салохияти вазорати назди Шурои Давлатиро дорост. Вазифаи асосии мақоми мазкур назорат аз болои даромадхои давлатӣ аст.

  Илова бар ин дар Хитой чунин мақомоте ба монанди Маркази таълимӣ, Маркази технологияхои иттилоотӣ, Маркази идораи агентхои андоз, Институти тадқиқотхо дар сохаи андоз, маҷаллаву р.зномахои андоз, Маркази тарбияи коркунони андоз, Коллеҷи андоз ба масъалахои андозбандӣ машғуланд.

  Намудхои андоз –  Дар айни замон  дар Хитой 25 намуди андоз амал мекунад, ки вобаста ба вазифахояшон ба 8 гур.х ҷудо  мешаванд;

  1. Андоз аз гардиш – Ин гурух 3 намуди андозро муттахид кардааст; ААИ, андози истеъмолӣ, (андоз аз фуруш) ва андоз барои фаъолияти сохибкорӣ.
  2. Андоз аз даромад. – Ба ин гур.х андоз аз даромади муассисахои ватанӣ, андоз аз даромади корхонахои аз хориҷа  маблағгузоришаванда ва корхонахои хориҷӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеъӣ шомил мешавад. 
  3. Пардохтхо барои истифодаи захирахо – андози захирахо ва андози заминро (истифодаи заминхои шахрхо ва нохияхо) дар бар мегирад.
  4. Андозхои мақсаднок –  Ба ин гур.хи андозхо андоз барои нигохубин ва сохтмони роххо, андоз барои истифодаи неъматхои кишоварзӣ, андоз аз маблағгузории сармояи асосӣ, андоз аз истифодаи замин дохил мешавад. 
  5. Андозхои моликиятӣ – андози моликияти гардишнакунанда, андози мерос ба гур.хи мазкур дохил мешавад.
  6. Андоз аз амалиёт – Ба ин гур.х андоз барои истифодаи воситахои нақлиёт ва киштихо, боҷи нишон, андоз барои каси дигар додани моликият, андоз аз қоғазхои қиматнок (холо амалӣ нашудааст) ворид мешаванд.
  7. Андозхои кишоварзӣ – Ба ин гур.х андоз барои кор дар замин ва андоз барои нигох доштан ва парвариши чорво дохил мешавад.
  8. Боҷхои гумрукӣ – Ин намуди андоз аз молхое гирифта мешаванд, ки ба Хитой ворид мешаванд ё аз Хитой содир мегарданд. 

   Системаи андози Федератсияи Россия – Системаи молиявии Россия қадре дертар  ташаккул ёфт. Мутахидсози давлати Руси Қадим танхо дар охири асри 9 оғоз ёфт. Манбаи асосии даромадхои хазинаи князгарӣ боҷ буд. Ин мохиятан, аввал андози ғайримустақим буд, аммо баъдтар андози мустақими доимӣ гардид.

   Андозбандии ғайримустақим дар шакли боҷхои тиҷоратӣ ва судӣ амал мекард. Боҷи «Мит» барои кашондани борхо тавасути посбонгохои к.хӣ, боҷи «перевоз» (кашондан) барои хамлу нақл тавасути дарё, боҷи «мехмонхона» барои хуқуқ доштани анборхо, боҷи «тиҷорат»- барои хуқуқи ташкил кардани бозор гирифта мешуд. Боҷхои «вазн» ва «андоза» (мера) мутаносибан барои баркашидан ва андоза кардани молхо муқаррар карда мешуданд, ки дар он солхо кори нихоят мушкил буд. Боҷи судии «Вира» барои куштор, боҷи «фуруш»- барои ҷарима аз ҷиноятхои дигар гирифта мешуданд.

Боҷхои судӣ одатан аз 5 то 8 гривенро ташкил медоданд

  Баъди хуҷуми тотор – муғулхо андози асосӣ «виход» гардид, ки аввал аз ҷониби басқоқхо- ваколатдорони хон, баъд аз ҷониби князхои Русс гирифта мешуд. «Виход» аз сари хар фарди мардина ва чорво гирифта мешуд. 

Хар як князи мулк боҷро дар мулки худ худаш ҷамъ мекард ва онро ба князи бузург барои фиристодан ба Урда медод. Дар баробари «виход» ё боҷхо дигар сахтихои урдагӣ низ буданд.

   Масалан; «ем» -ухдадории ба мансабдорони Урда дастрас намудани арроба. Нигохдории сафири Урда бо қадимони зиёдашро низ ба инҷо дохил кардан мумкин аст.

  Барои хазинаи давлати Русс гирифтани андозхои мустақим аллакай ғайриимкон гардид. Манбаи асосии даромадхои дохили боҷхо гардиданд. Пардохти «Виход» аз ҷониби Ивани 3 (солхои 1440-1505) дар соли 1480 бекор карда шуд. Баъди ин ташкилкунии системаи молияи Русс аз нав сар шуд. Иван 3 ба сифати андози мустақим хироҷи пулӣ аз дехқонони хироҷгузор ва ахли савдою хунарро дар сархадхои ҷанубии давлати Москва ва хироҷи стрелесиро барои ташкили армияи дохилӣ ва пул барои харидани одамони ҷангии асир гирифта ҷорӣ кард. 

    Дигаргунсозихои калонмиқёси давлати Россия ки ба хама сохахои хаёти хоҷагидорӣ аз ҷумла молиявӣ дахл доштанд, ба номи Пётри 1 (1672-1725) алоқаманданд. Дар даврахои пеш аз . системаи андози Русс барои афзунгардонии андоз ба андозаи афзудани талаботхои хазина тамоил дошт. Хаҷми андозхо бо вазъиятхои иқтисодии мамлакат нишон дода намешуд. Петри 1 ба таъсиси фабрикаю заводхои давлатӣ сар кард. Вале зимни ин минбаъд ба шахсони хусуси додани онхоро пешбинӣ менамуд. Махз дар хамин давра саноати металлургия маъдан, киштисозӣ, бофандагӣ, бодбанддузӣ пайдо шуданд.

  Хаҷми хироҷи сарикасӣ ба тарзи зайл муайян карда мешуд; хароҷот барои нигохдории армия – 4000000 сумро ба зиммаи дехқонон во гузоштанд, ки ба хар сари кас 74 тин рост меомад.  

  Воридоти андозӣ даромадхое номида мешуданд ки хаҷми онхо пешакӣ маълум буданд. Масалан хироҷи сарикасӣ. Воридоти ғайриандозӣ боҷхои гумрукӣ хисоб меёфтанд. Масалан иҷора, андози завод ва ғайра ки хаҷми онхоро пешакӣ муайян кардан номумкин буд.

  Андози аксизӣ. – Дар байни андозхои ғайримустақим дар асри гузашта даромадхои калонро ба давлати Россия аксизхо барои тамоку, қанд, карасин, намак, г.гирд, равғанхои равшанидихандаи нефтӣ ва як қатор молхои дигар медоданд. Воридотхо аз андоз аз истехсол ва фуруши нушокихои спритдор хеле зиёд буданд.

  Системаи аксизхо мисли боҷхои гумрукӣ танхо хусусияти фискалӣ надошт. Вай дастгирии давлатии сохибкорони ватаниро таъмин мекард, рақобати онхоро бо хориҷиён химоя менамуд. 

 Андози давлатии хунармандон–Соли 1898 Никалайи 2 Дастурамалро дар бораи андоз тасдиқ намуд.       Дар Россия андоз ба се гур.х тақсим мешаванд. 

  • федералӣ
  • регионалӣ – махаллӣ

   Дар Россия зиёда аз 32 намуди андоз амал мекунад. Аз андозхои ғайримустақим тақрибан нисфашон – 351,9 млн сумро боҷхои гумрукӣ ташкил медоданд. Аксиз барои қанд 150 млн сум, барои махсулоти тамоку ва г.гирд 98,4 млн сумро ташкил медоданд.

   Пастравии хамаи системаи молиявии Россия баъди инқилоби соли 1917 сар шуд. Манбаи асосии даромадхои мақомоти марказии Хокимияти Шуравӣ эмиссияи пул гардид. Мақомоти махаллӣ аз хисоби тавонхои ҷанг арзи вуҷуд мекарданд. Вале эмиссияи пул мисли тавонхои ҷанг, харгиз барои танзими хоҷагӣ мусоидат намекарданд.

   Давраи нав дар танзими системаи молиявии мамлакат баъди эълон намудани сиёсати нави иқтисодӣ, вақте ки манъкунихои савдо дар хунархои косибии махаллӣ бардошта шуданд, сар шуд. Имтиёзхои хориҷӣ пайдо шуданд. Системаи андозхо, заёмхо, амалиётхои қарзӣ ба тахия карда шуд, оид ба тахкими вохиди пулӣ тадбирхо андешида шуданд.

   Системаи молия дар давраи сиёсати нави иқтисодӣ хусусиятхои хоси бисёре дошт, вале бо вуҷуди ин вай аз системаи андози Россия то инқилобӣ дур мешуд.   Солхои 1923-1925  намудхои зерини андозхо вуҷуд доштанд;

1. Андозхои мустақим –  Ба онхо андозхои кишоварзӣ, касибӣ, даромадию амволӣ, рентавӣ, пардохти гербӣ ва боҷхои ба ин монанд, боҷхои меросӣ дохил мешуданд;  2. Андозхои ғайримустақим – аксизхо, андозбандихои гумрукӣ.

   Аксизхо барои фуруши чой, қахва, қанд, намак, нушокихои спиртдор, махсулоти тамоку ва дигар молхои истеъмолӣ муқарар карда шуда буданд. Андозхои мустақим олоти сиёсати молиявӣ – фишанги аз навтақсимкунии маблағхои дар раванди хоҷагидорӣ ғуншаванда буданд ва хамзамон онхо ба омили мухимтарини мавҷудияти болоравии даромадхои буҷет  табдил меёфтанд.

   Дар солхои 1922-1923 андозхои мустақим қариб 43 %-и андозхои ба буҷет дохилшавандаро ташкил доданд, Дар солхои 1923-1924 – 45% ва дар солхои 1926 – 82%-ро ташкил доданд.        

   С-4).  Системаи андози ШМА. –Системаи андози ШМА қариб 200 сол  аст, ки тараққӣ ва такмил ёфта истодааст ва . нафақат ҷавобг.и масъалахои фискалӣ (хазинавӣ) балки таъмини даромади буҷети федералӣ, буҷетхои штатхо ва буҷетхои махаллӣ мебошад.

   Дар ШМА азбаски сохтори давлатӣ федералӣ мебошад 3 гур.ххои андоз амал мекунанд;  – федералӣ, – штатӣ,

– махаллӣ.

    Дар ин ҷо андоз хамчун як фишанги танзимкунонии рушди иқтисодиёт ба рох монда шудааст. Андозхо сахнашон бисёр буда ва воридшавиашон ки бисёртар аст ба буҷаи федералӣ равона карда шудааст. Сахми онхо дар буҷа 70% даромадро ташкил мекунад. Ба даромади федеравӣ андозхои мустақим дохил мешаванд, боқимонда 20%-и дигари он аз хисоби буҷети федералӣ хамчун ёрдампулихо ё ки ба таври грантхо дода мешавад. Даромади Хокимияти махаллӣ ва штатхо аз хисоби андозхои ғайримустақим ба рох монда шудааст. 

  Андоз аз даромади ахолӣ дар ШМА аз р.и меъёри прогресивӣ руёнида мешавад. Шахрхои ШМА ба худ манбахои андозбандии хос дорад.

  Фарз кардем, ки шахри Нюёрк яке аз намудхои андоз, андоз аз амвол дар буҷа сахмаш ба 40% даромад мерасад. Сабаб зиёд будани биною иншоотхо дар ин шахр системаи андози ШМА аз чунин намуди андоз иборат мебошад, ки онхо дар 3 сатх тақсим карда шудаанд;  1. Андоз аз даромад.

  • Андоз аз фоидаи корпоратсия
  • Андоз аз суғуртаи иҷтимоӣ
  • Аксиз
  • Андоз аз мерос
  • Андоз аз экология 
  • Андоз аз фуруш ва ғайрахо.

  Вобоста ба ин хар як намуди андоз 3 меъёр дорад, яъне дар хар як гур.х меъёр як хел нест. Масалан андоз аз даромад.

   Дар ШМА миқдори намудхои андоз 216 мебошад. Андози даромади шахсони воқеӣ то соли 1986 вобаста ба даромад 5 меъёр дошт. Аз соли 1986 инҷониб 2 меъёр қабул шудааст. (28%, 33%).

   Агар даромади шахсони воқеӣ дар як сол то 29750 доллар зиёд набошад 28% андоз гирифта мешавад, агар аз ин зиёд бошад 33% андоз гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон ин намуди андоз 2 меъёр дорад (8%, 13%).

  Яке аз намудхои андоз дар системаи даромади буҷетии ин андоз аз фоидаи корпоратсия ба хисоб меравад. Принсипхои андозбандии корпоратсия дар ШМА ин андозбандӣ аз фоидаи соф  ки хамчун манбаи охирини андозбандӣ ба хисоб меравад. Андозсупорандагони ин намуди андоз пеш аз хама сахмгузорони компания мебошад. Ин намуди андоз ба монанди баъзе аз намуди андози ҷумхурии мо дар байни буҷетхо тақсим мешавад, яъне  85% ба буҷети федеративӣ ва 15% -и дигараш ба буҷети штатхо ё махалхо пардохта мешаванд.

   Даромад аз хисоби ин намуди андоз дар буҷет  ҷои 3-юмро ишғол мекунад. Меъёри асосии он 34% мебошад. Лекин вобаста ба шароити иҷтимоию- иқтисодӣ штатхо ё махалхо аз 3-12% муайян карда шудааст.  

  Дар ШМА андозхои мустақим 91,2%-и даромади буҷети давлатро ташкил медихад, боқимонда ба андозхои ғайримустақим рост меояд. Ин аз он шаходат медихад, ки мамлакат аз ҷихати иқтисодӣ тараққӣ карда мебошад.

   Дар Тоҷикистон бошад даромади буҷетро  65%- андозхои ғайримустақим ва 35 %- андозхои мустақим ташкил медихад. 

   Оиди андоз аз мерос,  ки андозсупорандагони шахсони воқеӣ ба шумор меравад аз р.и меъёри аз 1855% вобаста ба арзиши амволи меросгирифта ситонида мешавад. Миқдори маблағи воридшуда аз хисоби аз фур.ш дар штатхо қариб 30-40% ташкил намуда ва меъёри он мувофиқи муқарароти штатхо аз 4-8% мебошад.

  Системаи андози ҷопон –  Дар  ҷопон  азбаски давлат давлати унитарӣ аст, андозхо ба 2 гур.х ҷудо мешаванд.

  –Унитарӣ – дар дохили республикахои автономӣ надорад.

  -Умумидавлатӣ  чи хеле дар Тоҷикистони мо.

     Дар ҷопон аз хисоби андози мустақим то 85% даромади буҷа гирфта мешавад.    

   Системаи андози Олмон – Дар Олмон хамагӣ 50 намуди андоз ҷой дорад. 

   Бояд қайд кард ки дар хамаи мамлакатхои тараққӣ карда андози иҷтимоӣ хам барои кордихандагон ва хам коргарон бинобар ситонида мешавад. 

   Масалан; Дар ШМА меъёри ин андоз 15%  буда 7,5 % – аз кордихандахо (корхонахо),  7,5% – аз музди коргарон  дар мо 25% – корхонахо 1% –  аз музди коргарон. 

   Дар Олмон сарчашмахои андозхои аз хама калон якбора 2 ё 3 буҷетро ташкил медихад. 

  Масалан андоз аз даромади шахсони воқеӣ  (ин сарчашмаи асосии даромадхои давлатӣ) чунин тақсим мешавад;

  42,5 % воридот ба буҷети федералӣ   42,5% ба буҷаи ба замин дахлдор   15% ба буҷаи махаллӣ.

    Намудхои асосии андозхо дар Олмон ба хисоб мераванд; андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз корпаратсияхо, ААИ, андози хунармандӣ, андоз аз амвол, андози замин, андоз аз хариди участкаи замин, андози мерос ва т.хфа, андоз аз нақлиёт, андоз барои нигохдории мухофизони оташнишонӣ, аксизхо барои кофе, шакар, равғанхои минералӣ, махсулоти машруботӣ ва тамоку, боҷхои гумрукӣ, ва ғайра.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.