Системаи асъор ва марҳилаҳои тараққиёти системаи чаҳонии асъор

  1. Марҳилаҳои тараққиёти системаи чаҳонии асъор
    1. Проблемаҳои муосири системаи чаҳонии асъор.
    1. Проблемаҳои барқарорнамои ва фаъолияти системаи Аврупоии асъор.

1.Марҳилаҳои тараққиёти системаи чаҳонии асъор

СҶА дар миёнаҳои асри ХIХ бо сабаби пайдо шудани пулҳои қоғази вавасеъ гаштани ҳаҷми умумии тиҷорати байналхалқӣ ташкил ёфт.

Аввалин система соли 1861 дар Париж ташкил ёфт, ки давлатҳои тараққикарда конвенсияро имзо карданд. Дар ин система стандарти тиллоӣ ҷорӣ карда шуд.

Шартҳои ин система чунин буд.

1.Тилло ҳамчун пули ҷаҳонӣ шинохта шуд.

2.Миқдори пули қоғазии дар гардиш буда набояд аз ҳаҷми эквивалентии захираи тиллои давлат зиёд бошад.

  • Ҳар мамлакат вазни тиллои асъори миллии худро бояд муайян мекард.
  • қурби муайяншуда, бетағийр мемонад.

Дар давраи ҷанги якуми ҷаҳон як қатор мамлакатҳо пули зиёдро чоп карда бароварданд (зиёда аз 200 млрд долл. тиллои). Дар натиҷа қурби ин асъорҳо паст шуданд;

-фунт стерлинг нисбат ба доллар 38%

-франки франсузи ва лираи Италия нисбат ба доллар -75%;

-маркаи Германия зиёда аз 100%

Бонкҳои Марказии ин мамлакатҳо ивази  пули коғазиро ба тилло қатъ карданд.

Маркази асъории ҷаҳон аз Аврупо ба ШМА гузашт қарзи мамлакатҳо ба ШМА 12 млрд долл. буд.

Ҳамин тавр ин система то соли 1922 амал кард ва дар натиҷаи вайрон шудани шартҳои конвенсияи Париж қувваи худро гумм кард.

Дар Генеуя (Италия) соли 1922 созишномаи дигари ташкили системаи байналхалқии асъор имзо гардид ва стандарти тиллои девизи ҷори карда шуд.

Девиз ин воситаҳои асъори пардохтии хориҷӣ мебошад. Фарқи асосии ин созишнома аз Конвенсияи Париж дар он буд, ки бо ҳамроҳии тилло боз якчанд асъорҳои дигари қурбашон баланд «девиз»-ҳо ҳамчун пули ҷаҳони ҳисоб меёфтанд.

Соли 1929 дар натиҷаи буҳрон ин система рӯ ба таназзул ниҳод ва соли 1936 пурра барҳам хурд.

Соли 1944 намояндагони давлатҳои тараққи карда дар шаҳри Бреттон Вудс ҷамъ омада созишномаи ташкили системаи нави байналхалқии асъорро имзо намуданд ва дар зери таъсири ШМА стандарти доллари ҷорӣ гардид.

Шартҳои ин  созишнома чунин буданд:

1.Тилло ҳамчун пули ҷаҳони буд.

  • Танҳо доллари ШМА ба тилло иваз шуда метавонист.
  • Дигар асъорҳо аввал ба доллар мубодила шуда, баъд ба тилло иваз мешуданд.

4.Қурбҳои асъорҳо тағийрнаёбанда буданд (35долл.=1унсия тилло

(1унсия тилло=31,1грамм)

Охирҳои солҳои 60-ум вақте, ки мамлакатҳои аврупо иқтисодиёташонро барқарор намуда содироти молро зиёд карданд  салдои савдои берунаи ШМА-ро манфи гардониданд.

Дар натиҷа ШМА қарздор мешу два захираи тиллоияш кам гашта истода буд.

Соли 1969 доллар девалватсия карда шуд (то 37доллар ба 1 унсия тилло) ва сипас то 39 доллар ба 1 унсия тилло. Аммо чунин чораҳо натиҷае набахшиданд ва соли 1971 ивази доллар ба тилло қатъ гардида шуд ва ин система барҳам хурд.

Соли 1976 намояндагони мамлакатҳои ҷаҳон дар шаҳри Кингстон (Ямайка) ҷам омада системаи ҳозираи байналхалқии асъорро ташкил намуданд ки дар асоси он стандарти SDR (Special draving rights- ҳукукҳои махсуси  ҳисоббаробаркуни)  ҷорӣ гардид. Шартҳои ин система чунинанд;

  1. тилло ҳамчун пули ҷаҳонӣ ҳисоб намеёфт ва ҳамчун захираи давлати ҳисоб мешуд.
  2. қурби асъорҳо озод дар бозор ё аз тарафи давлат муайян карда мешуд.
  3. воҳиди асъори SDR вазифаи пули ҷаҳониро иҷро намуда асоси онро «сабадчаи асъорӣ» ташкил медод.

Он вақт дар сабадча 5 асъор ҳоло бошад 4 асъор ҷойгир кунонида шудаанд а) доллари ШМА, б) фунт стерлинги БК в) Еврои Аврупо г)иени Япония.

Хазинаи байналхалқии асъор суратҳисоби ҳар як мамлакатро бурда SDR-ро барои мақсадҳои гуногун ба мамлакатҳо ҷудо менамоянд. Ин мақсадҳо рӯйпуш кардани баланси пардохт нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ мебошад.

2. Проблемаҳои муосири системаи чаҳонии асъор.

Қабул карда шудани системаи асъори Ямайка барои бартараф намудани ҳамаи масъалаҳои асъорӣ дар ҷаҳон мусоидат накард, балки ин система боиси ба миён омадани як қатор проблемаҳои нав гардид.

 Ин проблемаҳо чунинанд;

  1. проблемаи  SDR . Гарчанде SDRаз соли 1970 ҳамчун асъори коллективи истифода шавад ҳам то ба ҳол  ба пули ҷаҳонимубаддал нагаштааст истифодаи SDR барои ба миён омадани як қатор проблемаҳои нав мусоидат кард инҳо:

а)эмиссия ва тақсими SDR

б) усули муайян намудани нархи  SDR;

в) таъмини SDR

г) доираи истифодабарии SDR

Характери эмиссияи SDR ғайричандири мебошад, яъне эмиссияи вай ба талаботи хақиқии ҳисоби байналхалқӣ алоқаманд нест намебошад. Бори аввал эмиссияи SDR солҳои 1970-72 гузаронида шуд ба маблағи 9,3 млрд. SDR . Бори дуюм бошад с 1979-81 ба маблағи 12,1 млрд. SDR (ҷам

21,4 млрд SDR). (1 SDR=0,888671 грамм тилло)

  • ноустувории доллар ҳамчун асъори захиравӣ. Омилҳои зерин сабаби ноустувории доллар гардиданд:

а) камомади доимии баланси пардохти ШМА дар амалитҳои ҷорӣ;

б) зиёдшавии қарзи кутоҳмуддати беруни ШМА;

в)камшавии захираҳои тиллои мамлакат (ШМА).

г) беқурбшавӣ ва ғ.

Аз нимаи дуюми соли 1985 нархи доллари ШМА тамоюли пастрави дорад. Ба ин омилҳои зерин таъсир намуданд:

-сустшавии рушди иқтисодии ШМА;

-баланд будани нархи доллар нисбат ба қобилияти ҳақиқии харидории доллар;

-зиёд шудани камомади баланси пардохти ШМА;

-таҳдиди зиёдшавии беқурбшави;

-афзуншавии қарзи дохили ва берунии ШМА.

  • Режими нархҳои тағйирёбандаи асъор

Истифода намудани режими тағйирёбанда аз тарафи аксарияти мамлакатҳо устувории нархи асъори онҳоро таъмин накард.

Ин режим барои бартараф намудани мувозинати баланси пардохт, ҳаннотии асъорӣ, ҳалли проблемаи бекорӣ таъсир накард. Ҳамин тариқ системаи асъори Ямайка барои устувории системаи асъор наовард. Бинобар ин дар шароити муосир зарурияти ҷустуҷу намудани роҳҳои ҳалнамоииустувории нархи асъорҳо, мувофиқат намудани сиёсати асъорӣ иқтисодии мамлакатҳои ҷаҳон ба миён омадааст.

Проблемаи тилло.

3. Проблемаҳои барқарорнамои ва фаъолияти системаи Аврупоии асъор.

Мавҷудияти системаи асъори Аврупо яке аз хусусиятҳои муосири муносибатҳои асъорӣ мебошад. Қарор дар бораи ташкил кардани асъори Аврупо аз 13.03.1979 амал мекунад.

Мувофиқи шартномаи Маастрихт мамлакатҳои аъзои иттифоқи Аврупо аз 1.01.1999 гузариш ба Иттифоқи асъорӣ иттифоқи оғоз намуданд. Гузариш ба ин иттифоқ барои ҷори намудани асъори ягона дар ҳудуди иттифоқ буд. Меъёрҳои асосии барои гузариш ба иттифоқи асъорӣ иқтисоди инҳо буданд;

1. устувории нархи мубодилавии асъорҳо

2.устувории нарх

Сатҳи инфлятсия бояд аз 1,5% нисбат ба сатҳи миёнаи се мамлакате, ки дар онҳо дараҷаи беқурбшавӣ паст аст зиёд набошад.

3. Камомади буҷети давлат набояд аз 3%-и ММД зиёд набошад.

4.қарзи давлатӣ бояд то 60%-и ММД-ро ташкил намояд.

5. ставкаи фоиз набояд аз 2% нисбат ба ставкаи се мамлакате, ки сатҳипасти инфлятсияро доранд

Барқарор намудани Иттифоқи асъорӣ –иқтисодӣ ва гузаштан ба асъори ягона ба ин иттифоқ ба мамлакатҳои иштирокчии он як қатор бартариҳо овард

1.аз байн бурдани институтҳои мубодилаи асъор ва пардохтҳои комиссионӣ;

  • ба як шакл даровардани идораи корхонаҳо дар мамлакатҳои аъзои иттифоқ
  • Баробар кардани ставкаи номиналии ва ҳақиқии фоиз;
  • аз байн рафтани ҳамагуна маҳдудиятҳо дар байни мамлакатҳои аъзои иттифоқ ва ғ.
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.