Баланси пардохт ва усулҳои танзимнамоии он

  1. Баланси пардохт ҳамчун категорияи хоҷагии ҷаҳонӣ.
  2. Сохтори баланси пардохт. Баланси амалиётҳои ҷорӣ ва баланси ҳаракати сармоя ва қарзҳо.

1. Баланси пардохт ҳамчун категорияи хоҷагии ҷаҳонӣ.

Яке аз нишондиҳандаҳои интегралии вазъияти умуми иқтисодии ин ё он мамлакат дар шароити иқтисоди бозор баланси пардохт мебошад. Баланси пардохт таносуби байни пардохтҳои хақиқие, ки мамлакат ба мамлакатҳои хориҷи мекунад ва даромадҳое, ки ҳам аз хориҷа мегирад ифода менамояд. Вазъи баланси пардохт ба қурби ҷории асъори мамлакат бевосита таъсир мерасонад. Баланси пардохт имконият медиҳад, ки тағйиротҳои дар фаъолияти байналхалқии иқтисодии мамлакат ба вуҷуд омада муайян карда шавад. Ба воситаи робитаҳои ғайримустақим баланси пардохт ба амалиётҳои содиротӣ ва воридотии мамлакат, сохтори иқтисодии мамлакат тъасир мерасонад. Бояд қайд кард, ки баланси пардохт сатҳи интегратсияи мамлакати алоҳидаро ба хоҷагии ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Баланси пардохтро ҳамчун ҷамбасти арзиши ҳамаи суммаи робитаҳои хоҷагии ҷаҳони мамлакат дар давраи муайян тасаввур кардан мумкин аст. Ҳангоми тартиб додани баланси пардохт принсипи сабти дубора истифода мешавад. Бинобар ин натиҷаи баланс бояд барбар бошад. Ҳангоми тартиб додани баланси пардохт бояд моҳияти маҳфумҳои зеринро дуруст муайян кард;

1) территория; 2)резидентҳо ва нерезидентҳо;3) гузаронидани муомилот; 4) сабти вақти муомилот.

2. Сохтори баланси пардохт. Баланси амалиётҳои ҷорӣ ва баланси ҳаракати сармоя ва қарзҳо.

Мувофиқи характери амалиётҳо баланси пардохт аз ду қисми асоси иборат аст.

1).Баланси амалиётҳои ҷорӣ;

2)Баланси ҳаракати сармоя ва воситаҳои молиявӣ (счети сармоя)

Баланси амалиётҳои ҷорӣ фарқи байни содирот ва воридоти молҳо ва хадамот ва трансфертҳои ҷориро нишон медихад. Дар баланси пардохт амалиётҳои ҷорӣ ба се категория ҷудо карда мешавад.

1.Баланси тиҷорат-фарқи байни содирот ва воридоти молҳоро тавсиф медиҳад.

2.Баланси даромадхо ва хароҷотҳо аз инвеститсия, ки дар он пардохтҳо ва даромадхо аз дивидентҳову фоизҳо дар байни мамлакатхо нишон дода мешавад.

3.дигар намуди хадамот ки пардохтҳо ва даромадҳои мамлакатро аз хизматрасонии нақлиёти, хароҷоти сайёҳон ва дигарҳоро дар бар мегирад. Вақте, ки воридоти мамлакат нисбати содирот зиёд мешавад, счети ҷории баланси пардохт дифитситнок мегардад ва баръакс содирот зиёд бошад салдои счети ҷори мусбӣ мебошад.

Баланси ҳаракати сармояҳо-фарқи байни суммаи активҳои фурухташудаи мамлакат ба хориҷиён ва активҳои аз хориҷа харидаи мамлакатро нишон медиҳад. Дохилшавии сармоя ба мамлакат ба баланси ҳаракати сармоя бо аломати мусбат ва ҷории вай аз мамлакат бо аломати манфӣ ифода карда мешавад.

Баланси амалиётҳои ҷорӣ ва баланси ҳаракати сармояҳо бо ҳамдигар дар алоқаи мутақобил ҷойгиранд. Барои он, ки мо алоқаи онҳоро дида тавонем зарур аст, ки мубодилаи даромади миллро аз назари пасандоз ва инвеститсияҳо муайян кунем.

(I-S)+NX=0

Ин шакли счети даромади миллӣ алоқаи байни ҷамшавии воситаҳоро барои андӯхти сармоя ва ҷамшавии молҳо ва хизматхоро нишон медиҳад.

Ҳар як тарафи ин муодила номи худро дорад I-S-счети сармоя, NXсчети ҷорӣ.

(I-S)=- NX

Муодилаи счети даромади миллӣ нишон медиҳад, ки счети сармоя ва счети ҷорӣ бояд якдигарро тавозун намояд Агар I-S>0 бошад дар ин ҳолат счети сармоя (I-S) бузургии мусбӣ мешавад. Агар I-S<0 счети сармоя дефисит меояд счети ҷори бошад профитсит мешавад.

Дар ҳақиқат дефицити амалиётҳои ҷори нишон медиҳад, ки содироти молҳо ва хадамот аз мамлакат барои пардохтани воридоти молҳо ва хадамот ба мамлакат кифоя мебошад. Дар ин ҳолат ба мамлакат зарур аст, ки аз хориҷа қарз гирад ё аз як қисми активҳои худ дар мамлакат ба манфиати хориҷиён даст кашад.

Ҳамин тариқ дефицити баланси пардохт дар счети амалиётҳои ҷорӣ аз ҳисоби дохилшавии софи сармоя ба счети ҳаракати сармояҳо аз байн бардошта мешавад ва баръакс

Дар баланси пардохт гузаронидани амалиётҳо бо захираҳои расмии мамлакат аҳамияти махсус дорад. Бонкҳои маркази ба мақсади мувозиннамои баланси пардохт аз захираҳои расми истифода мекунанд.

Ба захираҳои расми дохил мешаванд

1.тиллои монетарӣ

2.асъори хориҷӣ

3.дигар талаботҳо

4. мавқеи захираҳо дар ХБА

5.Кредит аз ХБА

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.