Танзимкунии байналхалқии муносибатҳои асъорӣ ва Сиёсати асъор

  1. Танзимкунии бозорӣ ва давлатии муносибатҳои асъорӣ.
  2. Сиёсати асъор. 
  3. Намудҳои сиёсати асъор.

1. Танзимкунии бозорӣ ва давлатии муносибатҳои асъорӣ.

С.1.Танзимкунии бозорӣ ва давлатии муносибатҳои асъориро аз якдигар фарқ мекунанд.Танзимкунии бозори ба қонунҳои арзиш талабот ва пешниҳод инчунин рақобат асос ёфтаистода ба таври стихияви ба амал бароварда мешавад. Танзимкунии давлатии муносибатҳои асъорӣ ба мақсади бартараф сохтани норасоиҳои танзимкунии бозори гузаронида мешавад.

Танзимкунии давлатии муносибатҳои асъорӣ барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди тараққиёти баланди сиёси ва таъмини шуғли пурраи аҳолӣ ва мувозинатнамоии баланси пардохт нигаронида мешавад.

Танзимкунии давлатии муносибатҳои асъорӣ аз тарафи давлат муайян намудани тартиби ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ ва гузаронидани амалиётҳои асъорӣ мебошад. Танзимкунии давлатии муносибатҳои асъорӣ дар сатҳи миллӣ байни давлати ва минтақавӣ гузаронида мешавад. Танзимкунии давлатӣ бо роҳи мустақим ва ғайри мустақим ба вуқуъ мепайвандад. Танзимкунии мустақим ба воситаи қабул кардани қонунҳо ва фаъолияти ҳукумати иҷроия гузаронида мешавад. Танзимкунии ғайримустақим бо истифода аз усулҳои  иқтисодӣ пеш аз ҳама асъорию молиявӣ ва таъсири онҳо ба фаъолияти агентҳои бозор таъмин карда мешавад.

Байналмиллалишавии ҳаёти хоҷагӣ барои ба миён омадани танзимкунии байнидавлатӣ сабаб шуд. Танзимкунии байнидавлатии муносибатҳои асъор мақсадҳои зеринро дорад;

1.мувофиқгардонии сиёсати асъории мамлакатҳои алоҳида;

2.гузаронидани чорабиниҳои якҷоя ба мақсади бартараф сохтани бӯҳрони асъор;

3. мувофиқ кардани сиёсати асъории мамлакатҳои бузург нисбати дигар мамлакатҳо.

Танзимнамоии байни давлатӣ дар шакли мутобиқсозии сиёсати асъорӣ, қарзи ва молиявӣ аз сабабҳои зерин бармеояд;

1.Зиёдшавии вобастагии мутақобили иқтисодиёти мамлакатхо аз ҷумла муносибатҳои асъорию қарзӣ ва молиявӣ;

2.тағйир ёфтани таносуби байни танзимкунии бозори ва давлатӣ ба манфиати бозор дар шароити либерализатсияи муносибатҳои хоҷагидорӣ;

3.тағйир ёфтани ҷобаҷогузории қувваҳо дар байни мамлакатҳо (дар сатҳи ҷоҳон);

4.ноустувории бозорҳои ҷаҳонии асъор, қарз, молия, ки ҳамчун натиҷаи тағйирёбии қурби асъорҳо, ставкаи фоиз, буҳронҳои биржавӣ ва ғайра.

2. Сиёсати асъор. 

    Сиёсати асъор-ин маҷмӯи чорабиниҳое, мебошад, ки дар доираи муносибатҳои байналхалқии асъор ва дигар муносибатҳои иқтисодӣ мувофиқи мақсадҳои ҷорӣ ва стратегии мамлакат гузаронида мешавад. Сиёсати асъории мамлакат ба мақсади ноил гаштан ба 3 шарти асосии иқтисоди равона шудааст;

1.рушди баланди иқтисодӣ

2.таъмин намудани шуғли аҳолӣ;

3.Дар шакли мувозинат нигоҳ доштани баланси пардохт.

Дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёти мамлакат дар мадди аввал мақсадҳои мушаххаси сиёсати асъор пешбари карда мешавад. Ин мақсадҳо;

  1. Бартараф сохтани бӯҳрони асъорӣ ва таъмин намудани устувории асъорӣ
  2. Ба амал баровардани маҳдудияти асъор, гузаштан ба асъори қобили табдили озод;
  3. Либерализатсияи амалиётҳои асъорӣ ва ғайра шуда метавонад. Сиёсати асъор вобаста аз мақсадҳо ва шаклҳо ба сиёсати ҷорӣ ва структурӣ ҷудо мешавад.

Сиёсати структурии асъор-маҷмӯи чорабиниҳои дарозмуддат мебошад, ки барои гузаронидани тағйиротҳои таркибӣ дар системаи ҷаҳонии асъор нигаронида мешавад.

Сиёсати ҷории асъор маҷмӯи чорабиниҳои кутоҳмуддат мебошад, ки барои танзимкунии ҳамарӯза, оперативии қурби асъор, амалиётҳои асъорӣ, фаъолияти бозорҳои асъор ва бозори тилло нигаронидашудааст.

Шаклҳои зерини сиёсати асъорро аз ҳамдигар фарқ мекунанд;

1.сиёсати дисконтӣ-тағйир додани ставкаи фоиз аз тарафи бонки марказӣ, ки барои танзим намудани қурби асъор ва баланси пардохт ба воситаи таъсир кардан ба ҳаракати байналхалқии сармояҳо аз як тараф ва динамикаи қарзҳои дохилӣ, массаи пул, нарх, маҷмӯи талабот аз тарафи дигар мебошад.

2.сиёсати девизӣ-ин усули таъсир кардан ба қурби асъори мили ба воситаи хариду фуруши асъорҳои хоричи аз тарафи идораҳои давлатӣ.Сиёсати девизи дар навбати худ шаклҳои гуногун дорад;

1.интервенсияи асъорӣ (дахолати асъорӣ);

2.диверсификатсияи захираҳои асъорӣ;

3.девалватсия; 4.ревалватсия.

Асоси объективии девалватсия баланд будани қурби расмии асъори миллӣ нисбат ба қурби бозории он мебошад

Асоси объективии ревалватсия бошад, нисбатан паст будани қурби расмии асъори миллӣ назар бо қурби бозории он.

Фоизи девалватсияи асъор бо формулаи зерин муайян карда мешавад

Д=Кс-Кнс*100%

Дар ин ҷо Д-фоизи девалватсия;

Кс-қурби асъор то девалватсия; Кн қурби асъор баъди девалватсия.

Асъори мамлакатҳое, к ибо баробаршавии асъори девалватсия кардашуда девалватсия намешаванд қурбашон баланд мешавад.

Барои он, ки фоизи ревалватсия маҷбуриро  ҳисоб намоем зарур аст, ки ин асъорро ҳамчун як воҳид қабул карда истода фарқияти қурби онҳоро ба қурби аввала тақсим карда ба 100 зарб намоем. Аз ин ҷо формулаи фоизи ревалватсия чунин аст;

Р=Кнсс*100%

3. Намудҳои сиёсати асъор.

      Ба сифати яке аз шаклҳои сиёсати асъор маҳдудияти асъор истифода мешавад.

Маҳдудияти асъор ин манъкунии қонунӣ ва ё маъмурӣ ба лимит даровардан ва муайян кардани амалиётҳои резидентҳо ва нерезидентҳо бо асъор ва дигар арзишҳои асъорӣ.

          Маҳдудияти асъор мақсадҳои зеринро дар назар дорад;

1.Мувозинатгардонии баланси пардохт;

2.Нигоҳ доштани қурби асъор;

3.томаркази (консентрация) арзишҳои асъори давлат барои ҳал кардани масъалахои ҷори ва стратеги.

Маҳдудияти асъори танзимнамоии пардохтҳои байналхалқӣ харакати сармоя, репатриацияи фоида, додугирифти тилло, муомилоти қогазҳои қимматнок, манъ кардани хариду фуруши асъорҳои хориҷӣ ва дигарҳоро дар бар мегирад. Пирнсипҳои маҳдудияти асъор;

  1. Марказонидани амалиётҳои асъорӣ дар бонки маркази ва бонкҳои таъинкардашуда
  2. Литсензиякунонии амалиётҳои асъорӣ;
  3. Муҳосираи пурра ва ё қисмии ҳисоббарории асъор
  4. Маҳдуд кардани гардиши озоди асъор ва гайраҳо Асосан ду шакли маҳдудияти асъорро фарқ мекунанд. 1.Маҳдудият дар амалиётҳои ҷории баланси пардохт;

2.Маҳдудият дар амалиётҳои молиявӣ.

Дар амалиётҳои ҷории баланси пардохт шаклҳои зерини маҳдудияти асъор истифода мешаванд;

1.муҳосира намудани даромадҳои содиргарони хориҷӣ аз фуруши молҳо дар ин мамлакат

2.Ҳатман фурухтани даромадҳои асъории содиргарони дохилӣ ба бонки марказӣ;

3.Маҳдуд кардани фуруши асъорҳои хориҷӣ ба воридгарони дохилӣ;

4.Манъ кардани фуруши молҳо ба хориҷа дар асъори миллӣ;

  • манъ кардани пардохти воридоти як қатор молҳо бо асъори хориҷӣ

6.истифода намудани қурбҳои гуногуни асъор ва ғайраҳо

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.