Ҳисобгирӣ дар давраи Таҷаддуд ва бухгалтерияи итолиёвӣ

Инкишофи босуръати илм ва ҳисобгирӣ дар давраи таҷаддуд таҳти таъсири арабҳо гузаштааст. Дар Бағдод калонтарин маркази илмии ҳазораи 1-ум ба вуҷуд омад.

Регистрҳои ҳисобгирии Рими  Қадим дар бухгалтерияи Итолиёвӣ ҳамчун манбаъи пайдоиш ҳизмат намудаанд. 

Бенедетго Котрульи – тоҷири Рагузи (Дубровник), муаллифи китоби «Дар бораи савдо ва тоҷири баркамол ». Дастнависи асар соли 1458 навишта шудааст. Патризи онро соли 1573 таҳрир намуда чоп намудааст. Соли 1602 нашри дуюм ва соли 1990 нашри сеюми асар аз чоп баромадааст. Нашри охири аз он сабаб амалӣ шудааст,  ки  таърихчӣ  Уго Тукки маълумотҳои нодуруст ва матнҳои ихтисоркардаи Патризиро ошкор сохтааст. Аз он ҷумла нашрҳои пешина тасдиқ менамуданд,  ки Катрульи аз счетҳои зарар ва фоида истифода набурдааст.

Лука Пачоли (1445-1517)- математики дорои шӯҳрати ҷаҳонӣ, шогирди Пьеро дел Франческо ва Леон Батиста Альеберт, дӯст ва устоди Леонардо да Винчи. Шӯҳрати Пачоли дар рисолаи маъруфи «Трактат дар бораи счётҳо ва сабтҳо»,  ки кори асосии ӯ  «суммаи арифметика, геометрия, таълимот оиди таносубҳо ва муносибатҳо» ҷой дода шудааст, асос ёфтааст.  «Рисола дар бораи счётҳо ва сабтҳо » чор сол пештар аз китобҳои Аристотель ва 15 сол пештар аз китобҳои Плотон аз чоп баромадааст. Вай ба якчанд забонҳо тарҷума шудааст ва аз рӯи таъсиргузорӣ ба ҳисобгирӣ ягон асар ба он баробар шуда натавонад. 

Хусусиятҳои асосии баҳисобгирии бухгалтериро мувофиқи назарияҳои Катрулъи ва Пачоли дида мебароем: – Мақсади ҳисобгирӣ. Нуқтаи назари Котрульи ва Пачолиро доир ба мақсади ҳисобгирӣ муаян менамоем: «Ин- навишта буд Пачоли – бараҳмонии фаъолияти худ бо тартиби муайян ва чӣ хеле боист, то ҳамагуна маълумоти зарурӣ вобаста ба қарзҳо, ва ҳам ба даъвоҳо бе таъхир ба даст оварда шавад». Ҳамин тариқ, аллакай дар кори аввалини бухгалтерӣ қайд карда шудааст,  ки ҳисобгирӣ бо мақсади  ба таври таъҷилӣ муайянкунии бузургиҳои қарзҳо ва даъвоҳо (ҳолати юридикии ҳисобгирӣ), ҳамчунин барои мувофиқи табъ будани ҳолати кору бор (табиати иқтисодии ҳисобгирӣ) ба роҳ монда мешавад.

Баъдтар, бо таълифоти Бастиано Вентури (1655), мақсади ҳисобгирӣ ҳамчун идоракунии равандҳои хочагидорӣ дар ҷои аввал гузошта шудааст. Вентури чунин мешуморид,  ки бухгалтер бояд доираи масъулиятнокии маъмуриятро муайян намуда, бо хароҷоти  минималӣ самарабахшии кори корхонаро таъмин намояд.

  • Предмети ҳисобгирӣ. Доираи истифодабарии ин санъат ниҳоят инкишоф ёфта буд. Дар таълифоти Котрульи ва Пачоли сухан танҳо оиди ҳисобгирии бухгалтерӣ дар доираи савдо меравад, ва навишти дутарафа дар алоқа бо хусусиятҳои ин соҳаи хоҷагии халқ шарҳ дода мешавад: Альвизе Казанов (1558) онро дар соҳаи киштисозӣ паҳн мекунад; А.де Пиетро(1586) –  дар баҳисобгирии хоҷагиҳои монастир ва бонкҳо, ҳангоми ҳисобгирӣ ӯ аз объектҳои ҳисобгирии ҷорӣ воситаҳои асосиро хориҷ намудааст (онҳо дар ведомостҳои инвентаризационӣ ба ҳисоб гирифта мешуданд); Д.А.Москетти (1610) – онро дар саноат; Людовико Флори (1636) – дар беморхонаҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ҳатто хоҷагии шахсӣ; ва дар охир, Бастиано Вентури (1655) – дар хоҷагии кишлоқ, паҳн менамоянд.
  • Тартиб. Барои мактаби итолиёвии ҳисобгирӣ на шарҳу эзоҳи масъалаҳои умумӣ, балки бодиққат  тасвирнамоии продседураи бухгалтерӣ хос буд. Чунончӣ, Пачоли дар 36 боб тартиби ҳисобгириро нақл намудааст. Ӯ ба ҳарчи бештар мувофиқ омадани тасвирҳояш бо ҳаёти реалӣ кӯшиш кардааст. Ҳамонзамон ӯ  дар Рисолааш номҳои ҳақиқии савдогаронро овардааст. Тартиби бобҳо қариб ба пуррагӣ ба пайдарпаии сабтҳои ҳисобгирӣ мувофиқ меоянд. Ин ба ояндаи ҳисобгирӣ таъсири калон расонидааст. Пачоли Рисоларо ҳамчун дастури таълимӣ мешуморид ва мехост,  ки матнро бо амалия наздик созад.
  • Баруйхатгирӣ. Пачоли навишта буд; «аввалан тоҷир бояд Инвентари худро муфассал тартиб диҳад, яъне дар варақаҳои ҷудогона ё китоб алоҳида ҳамаи он чиро,  ки аз амволи манқул ва ғайриманқул, ба фикри ӯ, ба ӯ тааллуқ доранд, навишта гирад». Ба сифати регистр ҳам варақаҳои озод ва ҳам китобҳо истифода мешуданд. Джироламо Кардано танҳо китобро иҷозат медод. Пайдарпаии моддаҳои руйхати инвентарӣ мувофиқи сатҳи муҳофизатнамоӣ аз талафот буд. Аз он предметҳое  бояд оғоз меёфт,  ки «бештар қиммат доранд ва  зуд сарф мешаванд, монанди: пулҳои накд, ҷавохирот, чизҳои нуқрагӣ ва монанди инҳо». Ҳамонзамон ёдрас карда мешуд,  ки «ҳамаи инвентарь бояд дар як вақт тартиб дода шавад». Ҳолати муҳиме,  ки аз раванди баруйхатгирӣ бар меояд, ва онро бояд ба назар гирифт муаллиф ченаки ягонаро истифода намебарад ва руйхати инвентаризационӣ хислати статистикӣ дорад.
  • Баҳодиҳӣ. Амалияи ҳисобгирии онвақта усулҳои гуногунро истифода мебурд. Масалан, дар ширкати «Бене» молҳо танҳо аз рӯи арзиши ҷории бозорӣ, дар ширкати Датини молҳои хусусӣ аз рӯи арзиши бадасторӣ ё нарҳҳои бозорӣ (агар нархи бозорӣ аз арзиши бадасторӣ кам бошад фарқият ба счёти зарар аз рӯи молҳо бурда мешуд) баҳо дода мешуданд. Молҳои комиссионӣ ва молҳои барои нигоҳдорӣ қабулшуда танҳо бо нишондиҳандаи натуралӣ ба ҳисоб гирифта мешуданд. Дар муносибат бо баҳодиҳии қитъаҳои замин тартиби дигар амал мекард. Дар ширкати Датини онҳо аз рӯи арзиши бадасторӣ нишон дода шудаанд.

Шиносоӣ ба Рисола имконият медиҳад, то хулоса барорем,  ки Л.Пачоли дар ҳисобгирии ҷорӣ баҳодиҳиро аз рӯи арзиши аслӣ тавсия менамояд. Ди Пиетро ба методи баҳодиҳии конъюнктурӣ аз рӯи нархҳои фурӯш асос гузоштааст. Ӯ менависад: «бақияҳоро аз рӯи он нархе ҳисоб менамоӣ,  ки умед дорӣ онҳоро дар бозор фурӯхта метавонӣ». Вале ин ба нодуруст нишондиҳии натиҷаҳои молиявӣ оварда мерасонад.

  • Сабтҳои хронологӣ ва систематикӣ. Ҳисобгирии ҷорӣ аз қайднамоӣ дар дафтари хотира, журнал ва Китоби асосӣ иборат буд. Пачоли ва Д.А. Тальенте счетҳои натиҷавиро танҳо бо сабтҳо дар китоби асосӣ, онҳоро ба журнал нагузаронида, маҳкам мекарданд,  ки ба якхелагии натиҷаҳои сабтҳои хронологӣ ва систематикӣ имконият намедод. Доменика Манчини (1540), аввалин бухгалтери касбие,  ки китоб таълиф намудааст, ин сабтҳоро ба журнал дохил карда барои назорати бурдадиҳии сабтҳо (разноска) аз рӯи счетҳо шароит муҳайё сохт.

Дар он вақтҳо баҳс мерафт, ки маълумот оиди факти ҳаёти ҳоҷагидорӣ авал бояд дар журнал навишта шавад ё дар Китоби асосӣ. Ин ҷо ақидаи Ди Пьетро нақши муҳим бозида аст,  ки ба пайдарпаии сабтҳо аҳмият намедод. Аз ин бар меояд, ки ин аз хоҳиши бухгалтер вобастагӣ дорад, дар куҷо нависад: аввал дар журнал, ва пас дар

Китоби асосӣ ё баръакс – аввал дар Китоби асосӣ ва пас дар журнал.  Бархилофи ин, Л. Флорид журналро ҳамчун регистре, ки дар он факти ҳаёти ҳоҷагидорӣ бо счётҳои Китоби асосӣ ҳаммонанд карда мешавад муайян карда, ба пайдарпайии катъи риоя намуданро талаб кард. Мувофиқи қоидаи Флори ҳамаи фактҳои ҳаёти ҳоҷагидорӣ дар Китоби асосӣ  бояд танҳо дар асоси сабтҳои журнал гузаронида шаванд.

Таснифоти счётҳо ва навишти дутарафа. Муалифони итолиёвӣ барои таснифоти счётҳо кӯшишҳои аввалинро ба харҷ додаанд.

Д. Манчини, шахсе,  ки софдилона бар он ақида буд,  ки инсони аз бугалтерияи дутарафа бехабар аз ҳайвон кам фарқ мекунад, ҳамаи счётҳоро ба счётҳои зинда (ҳисобаробаркуниҳо бо шахсони алоҳида ва юридикӣ)  ва счётҳои мурда (счётҳои масолеҳ ва арзишҳои пулӣ) ҷудо кардааст. Дар оянда ин таснифот  бо номи счетҳои шахсӣ ва материалӣ то асри 20 мавҷудият намудааст.

Ин таснифот эклектикӣ мебошад, вале аз он ду назария ба миён меояд: 1) юридикӣ,  ки счётҳоро ҳамчун зинда шарҳ медиҳад, яъне объекти ҳисобгириро аз арзиш ба одамони бо равандҳои ҳоҷагидорӣ банд табдил медиҳад; 2) иқтисодӣ,  ки счётҳои зиндаро ҳамчун мурда шарҳ медиҳад, яъне диққатро ба он равона месозад,  ки новобаста аз ҳама чиз объекти ҳисобгирӣ арзиш мебошад.

Флори ҳамаи счетҳоро ба 4 гурӯҳ ҷудо кардааст:

  • капитал;
  • счётҳои номиналӣ;
  • счётҳои тиҷоратӣ;
  • счётҳои ҳисобаробаркуниҳо.

Гурӯҳи  счётҳои амалиётӣ муҳим буданд. Флори ба онҳо бурдани он маблағҳоро тавсия медод,  ки ба кадом объект тааллуқ доштанашон равшан набуд.

Дар миёнаҳои асри 18 Пьетро Паоло Скали (1755) счётҳоро ба се гурӯҳ тақсим намудааст: счётҳои хусусӣ (капитал, фоида ва зарар, натиҷаҳо), счётҳои молу мулкӣ ва счётҳои корресподентҳо (дебиторон ва кредиторон). Барои Д. Манчини ва пайравони ӯ счётҳои хусусӣ танҳо қисми с счётҳои шахсӣ буданд.

Ҳамаи счётҳо бояд бо навишти дутарафа алоқаманд бошанд. Д. А. Тальенте (1525) номи «бухгалтерияи дутарафаро» ҷорӣ карда қайд намудааст, агар дар ҳисобгирӣ навишти дутарафа мавҷудият надошта бошад, он гоҳ барои бухгалтерия ҳам асоси мавҷудият надорад. Вале  моҳияти навишти дутарафаро чӣ гуна бояд шарҳ дод, норавшан мемонад. Л. Пачоли нуқтаи назарӣ персонификатсияро пешниҳод мекард,  ки моҳияташ мумкин ин бошад: счётҳои дар онҳо предметҳои беҷон ба ҳисоб гирифта шаванда ҳамчун счётҳои шахсони алоҳида дида баромада мешуданд. Ҷ. Луццато навишта буд: «ҷанбаи дутарафаи ҳар як амалиёт барои он имконият пайдо карда аст,  ки  ба сифати дебиторон ва кредиторон на танҳо одамон, балки ашёҳо низ баромад намуданро оғоз намуданд».

Л.Пачоли дар асоси ин назария модели функсияоналии фаъолияти ҳоҷагиро тартиб дода аст,  ки дар он ду ҳолат муҳим буданд. Онҳоро постулатҳои Пачоли меноманд.

 1. Маблағи умӯмии гардиши дебитии счётҳои як система ба гардиши кредитии счётҳои ин система бояд баробар бошад.

 2.Маблағи умӯмии бақияҳои дебитии счётҳои як система ба маблағи бақияҳои кредитии ҳамин система баробар мебошад. 

Дар амалия Л.Пачоли постулати якумро чун ҳолати дигари пастулати дувум шарҳ додаст

  • Факти ҳаёти ҳоҷагидорӣ. Ҳангоми тавсифкунии ҳодисаи ҳаёти хоҷагӣ Пачоли чор ҷиҳатро ҷудо кардааст,  ки бояд дар ҳисобгирӣ инъикос карда шаванд: 1) субъект; 2) объект; 3)вақт; ва 4) макони бавуҷудоӣ. Ба инҳо чор савол:  кӣ, чӣ, кай ва дар куҷо? мувофиқ меоянд.

  Флори чунин ҷудо кардааст: 1) дебитор; 2) кредитор; 3) маблағ ва 4) хизмати ҳодиса. Ду талаботи аввала ҷудокунии субъектҳоро, ва талаботи сеюм ҷудокунии объектро дар назар доранд. Аҳамияти муҳимро талаботи  чорум – хислати ҳодиса дошт. Фаҳмидан душвор нест,  ки Флори субъектро ба дебитор ва кредитор ҷудо намудааст, ва ин тамоман дуруст мебошад. Ӯ объектро бо маблағ нишон додаст,  ки аз ҷиҳати қуллаи кор ба он роҳ додан мумкин аст, вақт ва макон мавҷудият надоранд, ки ба ин бояд роҳ дода нашавад. Ва дар охир мафҳуми табиати (хислати) ҳодисаи ҳаёти хоҷагидорӣ ворид карда шудааст,  ки  ин дар инкишофи назария ҳисобгирӣ қадаме ба пеш мебошад.

  • Тартибдиҳии счётҳо. Муаллифони китобҳои аввалини ҳисобгирӣ на он қадар счет тартиб доданд ва ё на ҳамаи счётҳоро шарҳ доданд,  ки дар амалия истифода мешуданд. Пачоли нишон медод,  ки нақшаи счётҳо дар алоқамандӣ бо мақсадҳои дар пеш гузошташудаи ташкили назорат  тартиб дода мешуданд; « Счётҳо – навишта буд

Пачоли – моҳияте бештар аз тартиби муайянӣ, аз ҷониби тоҷир муқаррашуда, барои бадастории маълумот оиди он,  ки корҳояш бо муваффақиятанд ё не, надоранд ». Дар счётҳо, ки Пачоли «бо тартиби муайян» дар китобаш овардааст, гурӯҳи счётҳои амалиётиро ҷудо кардан муҳим аст. Дар китоб ин ҳел счётҳо дутоянд: «счёти мубодила» ва «музд» ба ҷуз аз ин дар китоб счётҳои калькуляционӣ ва амалиётӣ – натиҷавӣ: «магазин» ва «сайёҳат» (предвижной) мавҷуд мебошанд. Счётҳои асосӣ ин счётҳои аналитикии молҳо буданд. А. Замббели (1671) аввалин шахсе буд,  ки дар ин счётҳо ду сутуни алоҳида – сутуни миқдор ва сутуни маблағ (арзиш) кушодааст. Ин счётҳо характери омехтагӣ доштанд, зеро аз рӯи арзиши бадасторӣ дебет мешуданд, ва аз рӯи нархи фурӯш кредит. Бақияи ниҳоиро дар счётҳо пеш аз тартибдиҳии баланс ворид менамуданд. 

Дар ин ҷо боз хизмати Флориро (1790) қайд кардан мумкин аст,  ки алоқамандии счётҳои ҳисобгириро бо алоқамандии математикӣ тавсир намудааст. Вай ба он диққат равона месохт, ки счётҳо фаъолияти афроди алоҳидаро инъикос менамоянд. Мақсад аз он нест,  ки мо хазинаро ҳисоб мекунем, мақсад дар он аст,  ки мо хазиначиро,  ки ба ӯ пулҳоро боварӣ намудаем назорат кунем.

  • Баланс. Аллакай дар охирҳои асри 14 тоҷирони асримиёнагӣ балансро натанҳо барои назорати гардишҳо тартиб медоданд. Тоҷирон ва банкирҳо онро ҳамчун воситаи назорат ва идоракунии хоҷагӣ истифода мебурданд.

Дар амалия истифода намудани счётҳои синтетикӣ ва аналитикӣ дар балансҳои асримиёнагӣ моддаҳоро бо тафсилоташон хеле ноқулай месохт. Лаҳзаҳои аҷоиби амалия тартибдиҳии баланс дар асрҳои миёна он аст,  ки агар ҳангоми ҳисобкунии гардишҳои дебитӣ ва кредитӣ ба хатогиҳои арифметикӣ роҳ дода шуда бошад, он тафтиш карда нашуда, балки фарқият ба счёти фоида ё зарар соқит карда мешуд.

Боз он муҳим буд,  ки ҳаҷми фоида аллакай дар счётҳои молиявӣ – тақсимнамоӣ муайян мегардид.

Ба таври  умӯмӣ карда гӯем баланс ҳамчун категорияи бухгалтерии ба шакли устувори худ дароварда нашуда буд. Дар зери мафҳуми  баланс Пачоли тартибу низоми бо муайянкунии гардишҳои дебитӣ ва кредитии счётҳои Китоби асосӣ алоқамандро мефаҳмид. Ӯ навишта буд: «баланс ин усули гузаронидани мундариҷаву таркиби як Китоби асосӣ ба дигар, вақте  ки он пур мешавад ё онро нав намудан лозим меояд, ё  ки ҳангоми баназаргирии тақвими солҳо, чи хеле,  ки ин дар тоҷирони номдор бурда мешавад».

Аз таълифоти Ди Пиеро дида мешавад, ки баланс дар як сол як маротиба тартиб дода мешуд. Пеш аз тартибдиҳии он тафтиши сабтҳои журналҳо ва Китоби калон ҳатмӣ буд. Баъд бақияи счётҳои натиҷавӣ ба счёти Фоида ва зарар , ва пас аз он ба счёти Капитал соқит карда мешуд. Ди Пиеро анъанаи Казановаро давом дода исрор мекард, ки баланс ҳамчун счётест, ки ҳамаи счётҳои Китоби калонро мепӯшонад. Китоб асосии нав низ дар асоси бақияи счётҳои баланс оғоз меёфт.

Ҳамин тавр ду намуди баланс пайдо шуданд- баланси хотимавӣ ва баланси ибтидоӣ (оғозкунӣ).

Таълимоти Флори оиди баланс хеле аҷоиб аст. Ӯ ду намуди балансро ҷудо мекард- баланси даврӣ (санҷишӣ) ва баланси хотимавӣ (ҳақиқӣ). Баланси аввалӣ – ин бақияи ҷории счётҳои Китоби асосӣ дар ҳар лаҳзаи замон,  ки натиҷаи фаъолияти давраро нишон медод; баланси дуюм – бо баохиррасии сол тартиб дода шуда натиҷаи молиявии ин солро инъикос менамуд. Ди Пиеро бошад балансро ба маънои васеъаш тавсир мекард. Ӯ аввалин шуда мундариҷаи ҳисобот ва тартиби пешниҳодкунии онро муайян намудааст. 

Дар асри 17 кӯшишҳои якҷоякунии сабтҳои хронологӣ ва систематикӣ, яъне якҷоякунии журнал ва Китоби асосӣ карда шудаанд. Якум кӯшиш аз тарафи Флори, дуюм – Вентури ба харҷ дода шудаанд. Мелис ҳатто чунин мешуморад, ки Вентури намунаи Журнали асосиро (журнал – главную) пешниҳод намудааст. Вале ин тавр нест. Вентури Журналеро овардааст, ки дар он ду сутуни иловагӣ: даромад ва харҷ мавҷуд буданд.

– Таҳлил. Аз рӯи маълумоти ҳисобгирии бухгалтерӣ таҳқиқи ҳаёти хоҷагидорӣ хеле инкишоф ёфтааст. Пиеро чунин мешуморид,  ки се счёт: Баланс, Капитал ва Фоида ва зарар оиди ҳолати молияви корхона маълумоти зарурӣ медиҳанд.

Вентури шартҳои динамикии нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагидории корхонаҳоро дар даҳ сол тартиб додаст, аммо Флори бошад ҳисобгириро воситаи кушодадиҳии ҳолати молиявии корхонаҳо мешуморид.

Дар асри 18 иқтисодиёти Италия дар ҳоли назъ қарор мегирад. Ва табиатан ҳисобгирии он низ ба ин ҳол меояд. Аз муаллифони ин давра инҳоро номбар кардан мумкин аст: Карло Чузеппе Вергани (1735) , ки техникаи бурдани ҳисобгирии аналитикиро дар шароити истифодабарии  китобҳои ёрирасон баён намудааст; Джиованни Кавала Пазини (1741),  ки методҳои ҳисобгириро дар жиробонкҳо пешниҳод намудааст; Джиакомо дела Гатта (1774),  ки кӯшиши азнавбарқароркунии сабтҳои униграфиро кардааст, Ҷужеппе Форни (1790) инжинере,  ки ҳаёти худро ба бухгалтерия бахшидааст.

Вале ин номҳоро дар баробари номҳои пешинагон гузоштан имкон надорад. Зеро пешинагон ба бухгалтерия ду қанот (дебит ва кредит ) додаанд, ба туфайли онҳо қоидаву тартиби муайян ҷорӣ карда шудааст, ки он имконияти фаҳмидани натиҷаҳои молиявиро бевосита аз маълумоти ҳисобгирӣ фароҳам овардааст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.