Ташаккулёбии инфрасохтори инноватсионӣ

Соҳибкории инноватсионӣ таъсиси инфрасохтори инноватсиониро пешбинӣ менамояд, ки яке аз марҳилаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, тамоми соҳаҳои фаъолияти инноватсиониро фаро мегирад. Аз рӯи анъана инфрасохтор яке аз қисматҳои суст тараққикарда дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ мебошад. Дар давраҳои аввали ислоҳот боварии калон ба таъсиси технопаркҳо мавҷуд буд. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсуси тараққиёти технопаркҳо таҳия ва қабул карда шудааст, ки бояд фаъолияти инноватсиониро фаъол мегардонд. 

Дар шароити муосир лоиҳаҳои мазкур бинобар сабаби хароҷоти зиёд доштан ва дастнорас будани он барои ихтироъкорон ва соҳибкорони оѓозкунанда самараи кам доранд. Бинобар ин сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи тараққиёти инфрасохтор ислоҳ карда, дар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустаҳкам карда шудааст, ки бевосита барои таъмини дастгирии давлатӣ дар самти мазкур равона карда шудааст. Низомнома дар бораи дастгирии давлатии инкишофи инфрасохтори инноватсионӣ, хусусан дастгирии соҳибкории инноватсионии хурд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ карда шудааст, муайян менамояд, ки дастгирии давлатии инкишофи инфрасохтори инноватсионӣ, аз ҷумла дастгирии соҳибкории инноватсионии хурд дар муассисаҳои олии таҳсилоти касбӣ бо мақсади ташаккули муҳити инноватсионӣ, рушди ҳамкорӣ дар байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои саноатӣ, дастгирии таъсиси ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ бо роҳи муҳити инноватсиониро ба танзим даровардан ба амал бароварда мешавад.

Маблаѓҷудокунии буҷетӣ барои дастгирии давлатии тараққиёти инфрасохтори инноватсионии муассисаҳои таълимӣ  дар асоси  интихоби озмунии барномаҳои инкишофи инфрасохтори инноватсионӣ барои маблаѓгузори хароҷот ҷудо карда мешаванд:

  1. Барои тараққиёти объектҳои инфрасохтори инноватсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ (бизнес-инкубаторҳо, технопаркҳо, минтақаҳои технопарк, марказҳои инноватсионии технологӣ, марказҳои инжинирингӣ, марказҳои сертификатсионӣ, марказҳои истифодабарии коллективӣ, марказҳои иттилоотии илмӣ-техникӣ, марказҳои машваратии (консалтингии) инноватсионӣ ва дигар объектҳои инфрасохтори инноватсионӣ) ва таҷҳизонидани онҳо бо дастгоҳу технологияи муосир, аз ҷумла истифодабарии техникии онҳо, таъминоти барномавие, ки барои ворид намудани натиҷаҳои илмӣ-техникӣ ва фаъолияти зеҳнӣ, ҳуқуқҳои истисноӣ зарур аст, ки ҳуқуқ ба онҳо ба муассисаҳои таълимӣ тааллуқ дорад; 
  2. Ҳифзи ҳуқуқи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнии муассисаҳои таълимӣ ва баҳодиҳии натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки ҳуқуқҳои истисноӣ ба онҳо ба муассисаи таълимӣ тааллуқ дорад;
  3. Амалигардонӣ ва таҳияи барномаҳои мақсадноки тайёркунӣ ва таклими ихтисоси кадрҳо дар соҳаи соҳибкории инноватсионии  хурд, аз ҷумла барои донишҷуён, аспирантон ва олимони ҷавон, инчунин таҳияи таъминоти таълмӣ-методологӣ ва илмӣ-методӣ барои субъектони соҳибкории  хурд  ва  миёна;
  4. Такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи соҳибкории инноватсионӣ ва технологияҳо дар донишгоҳҳои хориҷӣ, ки инфрасохтори инноватсионии самаранок доранд;

5) Хизматрасонии машваратии (консалтингии) коршиносони хориҷӣ ва ватанӣ дар соҳаи технологияҳо, таъсис ва инкишофи ширкатҳои инноватсионӣ, хусусан ҷалби ҳайати омӯзгорӣ-профессорӣ ба таъминоти меъёрӣ-методӣ ва амалии ташкили чунин ширкатҳо;

Ба сифати иштирокчиёни озмун метавонанд муассисаҳои таълимӣ баромад намоянд, ки тадқиқотҳои фундаменталӣ  ва амалиро аз рӯи самтҳои афзалиятноки тараққиёти илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикиситон иҷро намуда, барномаҳои таълимии самараноки таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассиҳои олии таълимӣ ва маҷмӯи чораҳо оид ба тараққиёти инфрасохтори инноватсиониро амалӣ мегардонанд.

Интихоби (отбор) озмунии барномаи тараққиёти инфрасохтори инноватсионии муассисаҳои таълимӣ, ки таъсис ва рушди корхонаҳои хурди инноватсионӣ, инчунин барориши маҳсулоти баланди технологиро таъмин менамоянд, дар асоси таҳлили имконияти (потенсиали) илмӣ, таълимӣ ва инноватсионии муассисаҳои таълимӣ дар 3 соли охир анҷом дода мешавад ва барномаҳои чунин тараққиёт пешниҳод карда шудаанд.

Нишондиҳандаҳои асосии баҳодиҳии иҷрои барномаҳои тараққиёти инфрасохтори инноватсионии муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб мераванд:

  1. комплексӣ будани инфрасохтори инноватсионии таъсисдодаи муассисаи таълимӣ ва ҳаҷми кору хизматрасониҳои иҷронамуда;
  2. низоми самараноки амалкунандаи бақайдгирӣ ва баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ;
  3. миқдори натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки ба баҳисобгирии буҷетӣ қабул карда шудаанд;
  4. миқдори ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ки аз тарафи муассисаҳои таълимӣ таъсис дода шудаанд;
  5. миқдори ҷойҳои корӣ дар инфрасохтори инноватсионӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидории таъсисдода;
  6. миқдори донишҷӯён, аспирантон ва намояндагони ҳайати омӯзгорӣпрофессорӣ,  ки дар кори ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ иштирок менамоянд;
  7. миқдори лоиҳаҳои амалинамудаи ҷамъиятҳои хоҷагидории таъисдода, ки аз ҷониби фондҳои ҳамкории тараққиёти шаклҳои хурди корхонаҳо дар соҳаи илмӣ-техникӣ ва дигар ташкилотҳо дастгирӣ карда мешаванд, инчунин ҳаҷми маблаѓҳои ѓайрибуҷетии ҷалбшуда;
  8. ҳаҷми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-конструкторӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ иҷро карда шудаанд;
  9. миқдори кадрҳои дар самти инноватсионӣ тайёр кардашуда ва аз такмили ихтисос гузашташуда барои соҳибкории инноватсионии хурду миёна аз рӯи барномаҳои аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ таҳия кардашуда;
  10. шумораи ҳайати омӯзгорӣ-профессорӣ ва кормандони муассисаи таълимӣ, ки аз таҷрибаомӯзӣ ва барномаҳои такмили ихтисос дар соҳаи соҳибкории инноватсионӣ дар заминаи объектҳои инфрасохтори инноватсионии донишгоҳҳои хориҷии пешқадам гузаштаанд;
  11. ҳаҷми маҳсулоти баланди технологӣ, ки бо истифодабарии унсурҳои инфрасохтори инноватсионии муассисаҳои таълимӣ офарида шуда шудаанд.
test

Добавить комментарий