Моҳият ва принсипҳои андозбандӣ

Андозҳо бо баробари тақсимоти ҷамъият ба табақаҳо ва пайдошавии давлат, ҳамчун «пардохтҳои шаҳрвандон барои таъминкунии ҳокимияти халқӣ…»2 ба вуҷуд омадааст. Дар таърихи рушди ҷамъият ягон давлат натавонист, ки бе андозҳо амал намояд, чунки барои иҷрокунии вазифаҳои худ ва қонеъ намудани эҳтиёҷотҳои умумӣ ба вай захираҳои муайяни воситаҳои пулӣ лозим мебошанд. Қисми зиёди ин захираҳоро танҳо ба воситаи андозҳо метавон ҷамъоварӣ намуд. Вобаста ба ин ҳаҷми минималии гаронии андозҳо ба воситаи муайянкунии маблағи хароҷотҳои давлат барои иҷрокунии вазифаҳои минималии худ: мудофия, суд, ҳифзи иҷтимоӣ ҳисоб карда мешавад ва чӣ қадаре, ки давлат вазифаҳои зиёдро иҷро мекунад, ҳамон қадар меъёр ва ҳаҷми андозҳо меафзояд.

Ҳамин тавр, андозбандӣ ин системаи тақсимоти даромадҳо байни шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва давлат мебошад. Андозҳо пардохти муқаррарнамудаи Кодекси андози ҶТ ба буҷети давлат ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти ҳатмӣ ва инфиродии ғайриэквивалентӣ3 мебошад. Андозҳо пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет буда, давлат дар асоси қонун аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣбарои қонеъ намудани талаботҳои ҷамъиятӣ меситонад. Андозҳо изҳори шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро, ки даромад мегиранд, барои иштирок кардан дар ташкили захираҳои молиявии давлат  нишон медиҳад. Андозҳо ҳамчун ниҳоди азнавтақсимотӣ он хатогиҳоро дар системаи азнавтақсимотӣ ва ҳавасмандгардонӣ (ё маҳдудсозии) шахсон дар амалигардонии ин ё он шакли фаъолият бояд ислоҳ намоянд. Барои ҳамин андозҳо ҳамчун звенои муҳими сиёсати молиявии давлат дар шароитҳои имрӯза баромад мекунад. Принсипҳои асосии андозбандӣ ин баробарӣ ва муайянӣ мебошанд. Баробарӣ – ин принсип маънои онро дорад, ки қоидаҳои андозбандӣ барои ҳама ягона буда, ҳаҷми хароҷотҳо барои ҳамаи андозсупорандагон якхела мебошанд. Муайянӣ – ин пешакӣ муайяннамоии тартиботи муқаррарнамудаи қонун, ҳаҷм ва мӯҳлати пардохти андозҳо мебошад.

Воситаҳои пулие, ки ҳамчун андозҳо пардохт карда мешаванд, мақсаднок нестанд. Онҳо ба буҷет ворид гардида, барои ҳар гуна эҳтиёҷотҳои давлат равона мешаванд. Давлат барои андозсупорандагон ягон эквивалентро барои воситаҳои ба буҷет воридгардида, пешниҳод намекунад. Барои моҳияти пардохтҳои андозиро пурра фаҳмидан бояд принсипҳои асосии андозбандиро таҳлил менамоям, ки  Адам Смит онҳоро дар намуди чор дастурамалҳо, чор присипҳои асосӣ тавсия намуд ва онҳо қариб ба принсипҳои классикӣ баробар карда шуданд,

  1. Хизматчиёнии давлат вобаста аз имкониятҳои худ, яъне ҳаҷми даромадҳогирифтаашон, бояд дар рӯйпӯшкунии хароҷотҳои ҳокимият иштирок кунанд
  2. Андозе, ки онро ҳар як шахс пардохт менамоянд, бояд муайяншуда на ин ки танҳо сохташуда бошад. Ҳаҷми андоз, мӯҳлат ва тарзи пардохти он бояд ба андозсупорандагон фаҳмо бошанд.
  3. Андозҳо бояд дар мӯҳлате ва бо тарзе ситонида шаванд, ки ба андозсупорандагон нисбатан писанд бошанд.
  4. Ҳар як андоз бояд тарзе сохта шуда бошад, ки он аз кисаи андозсупорандагон ҳар қадар камтар берун аз андозае, ки ба хазинаи давлат равона мегардад, ситонида шавад.

Ин принсипҳои Адам Смит соддаву аниқ буда, ба «аксиомаҳо»-и сиёсати андозбандӣ табдил гардиданд. Принсипҳои андозбандии муосир чунинанд:

  1. Ҳаҷми меъёри андоз бо ҳисоби имкониятҳои андозсупорандагон, яъне ҳаҷми даромадҳояшон бояд муқаррар гарданд. Андозҳо аз даромад бояд прогрессивӣ бошанд. Ин усул на ҳама вақт истифода бурда мешавад. Баъзе андозҳо бо усули муқаррарӣ ҳисоб карда мешаванд.
  2. Андозбандии даромадҳо бояд хусусияти андозбандии яккарата дошта, тамоми ҳолатҳои андозбандии дубора ва аз он зиёд аз байн бароварда шаванд.
  3. Ҳатмӣ будани андозҳо. Системаи андозбандӣ набояд шакеро (сомнения) оиди ҳатмӣ будани пардохтҳо боқӣ монад.
  4. Система ва тарзи пардохти андозҳо бояд оддӣ, фаҳмо ва писандидабарои андозсупорандагон ва барои муассисаҳое, ки бо ҷамъкунии андозҳо машғуланд, камхарҷ бошанд.
  5. Системаи андоз бояд чандирӣ боша два бо осонӣ ба талаботҳои доиман ивазшавандаи ҷамъиятӣ – сиёсӣ мутобиқ шаванд.
  6. Системаи андоз бояд тақсимоти ММД-и ташкилнамударо таъмин намояд ва бояд инструменти самараноки сиёсати иқтисодии давлат ба шумор равад.

Ба субъекти андозбандӣ андозсупорандагони намудҳои гуногуни андоз дохил карда мешаванд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба зиммаашон ӯҳдадории пардохти андоз гузошта шудааст, ҳамчун андозсупоранда эътироф мешаванд.

Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози ҶТ воҳидҳои махсуси  шахсони ҳуқуқӣ ӯҳдадориҳои ин шахсонро оид ба пардохти андозҳо дар маҳали ҷойгиршавии ин воҳидҳои махсуси шахсони ҳуқуқӣ иҷро менамоянд.

Объекти андозбандӣ объекте мебошад, ки дорои тавсифи арзишӣ, миқдорӣ ё воқеӣ буда, ҳангоми мавҷуд будани он объект қонунгузории андоз нисбати андозсупоранда ӯҳдадориҳоро доир ба пардохти андоз муайян менамояд. Объекти андозбандӣ ва ё объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст, метавонад аз амвол, даромад, фоида, амалиёт доир ба таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ), арзиши молҳои таҳвилшуда (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), воридоти (содироти) мол ба (аз) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар объект иборат бошад. Ҳар кадом андоз объекти мустақили ба худ хос дорад.

Манбаи андоз аз баҳои арзишӣ, физикӣ ё дигар шакли арзёбии  объекти андозбандӣ дар асоси он маблағи андозе, ки бояд ба буҷет пардохта шавад, муайян мегардад.

Меъёри андоз ин бузургии ҳисобкардашудаи маблағи андозҳо мебошад, ки нисбати воҳиди ченаки манбаи андозбандӣ истифода бурда мешавад. Меъёри андоз бо фоиз ё (ва) маблағи мутлақ нисбати воҳиди ченаки манбаи андозбандӣ муқаррар карда мешавад.

Меъёрҳои зерини андозро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

  1. Меъёри мустаҳкам – бо маблағи мутлақ барои воҳиди андозбандӣ новобаста аз ҳаҷми даромадҳо муқаррар мегарданд.
  2. Меъёри мутаносиб – фоизи ягона ба объекти андозбандишаванда бе баҳисобгирии тафриқаи ҳаҷми он амал мекунад.
  3. Меъёри прогрессивӣ – меъёри миёнаи ин андоз бо баробари зиёдшавии даромадҳо зиёд мешаванд
  4. Меъёри регрессивӣ – меъёри миёнаи ин андоз бо баробари зиёдшавии даромадҳо кам мешавад.

Таҳти мафҳуми давраи андоз муддате дар назар дошта шудааст (соли тақвимӣ, семоҳа, моҳ, даҳрӯза ё дигар мӯҳлат), ки нисбати андозҳои алоҳида муқаррар гардидааст ва ҳангоми гузаштани он манбаи андоз муайян ва маблағи андози ба буҷет супоридашаванда ҳисоб карда мешавад. Давраи андоз метавонад аз як ё якчанд давраҳои ҳисоботӣ масалан, семоҳаҳо, моҳҳо, даҳрӯзаҳо ва дигар мӯҳлатҳо иборат бошад, ки бо гузаштани онҳо пардохтҳои ҷорӣ сурат мегиранд.

Мӯҳлати пардохти андоз санаи тақвимие мебошад ва то ё ин ки дар лаҳзаи фарорасии ин мӯҳлат маблағи ҳисобшудаи андоз бояд ба буҷет супорида шавад, яъне ӯҳдадории андоз бояд иҷро гардад.

Имтиёзҳои андоз афзалиятҳое, ки мутобиқи Кодекси андози ҶТ ё шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи ҶТ, ки  дорои муқаррароти вобаста ба андозбандӣ мебошанд, ба гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон нисбат ба дигар андозсупорандагон фароҳам оварда шудаанд, аз ҷумла бе ягон таъсири манфӣ ба андозсупорандаи имтиёздор додани имконияти напардохтан, ё дар ҳаҷми камтар, ё дар мӯҳлати нисбатан дертар супоридани андоз, эътироф карда мешаванд.

Андозҳо метавонанд бо усулҳои зерин ситонида шаванд:

  • Кадастрӣ (аз калимаи кадастр – ҷадвал, маълумотнома) – дар ҳолатҳое истифода мешавад, ки агар объекти андоз аз рӯи хусусиятҳои хос ба гурӯҳҳо тақсим шудааст. Номгӯи ин гурӯҳҳо ва хусусиятҳои онҳо ба маълумотномаҳои махсус дохил мешаванд. Барои ҳар як гурӯҳ меъёри муайян муқаррар шудааст. Масалан, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт. Ин намуди андоз аз рӯи меъёри муқарраршуда вобаста аз қувваи муҳаррики воситаҳои нақлиёт новобаста аз он, ки истифода мешавад ё не ситонида мешавад.
  • Дар асоси баённома ё декларатсия. Декларатсия – ин ҳуҷҷатест, ки дар он супорандаи андоз ҳисоби даромад ва ҳаҷми андоз аз даромадро пешниҳод мекунанд. Хусусияти хоси ин усули андозситонӣ дар он мебошад, ки пардохти андоз баъд аз гирифтани даромад ва аз тарафи шахсе, ки даромадро гирифтааст, гузаронида мешавад. Масалан, андоз аз фоида.
  • Аз сарчашма. Ин андоз аз сарчашмаи даромаде, ки корхона, муассиса ё шахси дигар ҳамчун музди меҳнат ё дигар иловапулиҳо пардохт менамоянд, ситонида мешавад. Барои ҳамин ҳам пардохти андоз пеш аз гирифтани даромад амалӣ мегардад. Масалан, андоз аз даромади шахсони воқеӣ. Ин андоз аз тарафи корхона ё ташкилоте, ки шахси андозсупоранда кор мекунад, пардохт карда мешаванд, яъне пеш аз додани музди меҳнат аввал андоз пардохт карда пешавад.

Андозҳо ду намуд мешаванд:

  1. Андозҳои мустақим аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бемамоният ситонида мешавад. Ба андозҳои мустақим андоз аз даромад ва моликият: андоз аз даромади шахсони воқеӣ, андоз аз фоида, барои суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди музди меҳнат ва қувваи коргарӣ (андозҳои иҷтимоӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ); андоз аз моликият, инчунин замин ва дигар амволи ғайриманқул дохил мешаванд. Андозҳои мустақимро ба истеъмолкунанда гузаронидан хеле душвор аст. Аз онҳо ситонидани андоз аз замин ва дигар амволи ғайриманқул: пардохти иҷорапулиҳо ва хонапулӣ, нархи маҳсулоти хоҷагии хонагӣ осонтар мебошад. Андозҳои мустақим дар навбати худ ба андозҳои мустақими шахсӣ ва реалӣ ҷудо шудаанд:
    1. Андозҳои шахсӣ – аз даромади (фоидаи) ҳақиқатан гирифтаи андозсупоранда ситонида мешавад. Масалан, корхона андоз аз фоидаро месупорад, ки дар асоси фоидаи гирифтааш ва хароҷотҳои тарҳкардаи худ ҳисоб карда шудааст. Ин андозҳо пардохтпазирии ҳақиқии андозсупорандагонро ба ҳисоб мегиранд.
    2. Андозҳои реалӣ – даромади миёнаи тақрибии андозсупоранда андозбандӣ мешаванд, ки дар шароитҳои муосири иқтисодӣ аз ин ё он предмети андозбандӣ (амволи ғайриманқул, сармояи пулӣ ва ғ.) гирифта аст. Бо андозҳои реалӣ аввалан моликият андозбандӣ мегардад, чунки маънои калимаи realмоликият мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо муайян намудани даромади гирифташуда аз моликият ва ё шакли фаъолият, ё ин ки назорат бурдан аз болои даромади пешниҳодшудаи андозсупорандагон хеле душвор аст. Масалан, ронандаи таксиро назорат бурдан хеле душвор аст. Барои ҳамин ҳам дар чунин ҳолатҳо нархи патент барои гузаронидани шахсон дар ҳаҷми андоз аз даромади пешбинишуда тарафи техники андозбандиро осон мегардонад. Сабаби дигари ситонидани андозҳои реалӣ ин кӯшиш намудан барои баробаркунии шахсоне, ки амволро ҳосилнок ва беҳосил истифода мебаранд. Андозбандии даромадҳо шахсоне, ки моликиятро истифода мебаранд, масалан истифодабарии минтақаҳои замин танҳо барои истироҳат, аз андозбандӣ озод мебошанд.
  2. Андозҳои ғайримустақим – андозҳое мебошанд, ки ҳамчун иловапулӣ пурра ё қисман ба нархи мол (кор ва хизматрасониҳо) гузаронида мешавад. Ба андозҳои ғайримустақим андоз аз молу хизматрасониҳо дохил мешаванд: андоз аз муомилот ё дар бисёр мамлакатҳои тараққикарда ба ААИ иваз карда шудааст; андоз аз мерос; андоз аз аҳдҳо бо амволи ғайриманқул ва қоғазҳои қиматнок ва ғ. Андозҳои ғайримустақимро ба харидори охирон вобаста аз дараҷаи чандирии талабот ба молу хизматрасониҳое, ки андозбандӣ мегарданд, гузаронида мешаванд. Агар чӣ қадаре, ки талабот чандир бошад, ҳамон қадар қисми зиёди андоз ба истеъмолкунандагон гузошта мешавад. Агар чӣ қадаре, ки таклифот чандир бошад, пас қисми камтарини андозҳо ба андозсупорандагон гузошта мешаванд ва қисми зиёди андоз аз ҳисоби фоидаи гирифташуда рӯйпӯш карда мешавад. Дар нақшаҳои дарозмуддат ҳаҷми чандирии таклифот афзоиш меёбад ва ба истеъмолкунандагон қисми зиёди андозҳои ғайримустақим гузошта мешавад. Дар ҳолати чандирии зиёди талабот бошад ба камшавии истеъмол оварда мерасонад. Ҳангоми чандирии баланди таклифот ин ҳолат ба камкунии фоидаи соф оварда мерасонад. Ин дар навбати худ ба камшавии сармоягузорӣ дар ин соҳа ё гузоштани сармоя дар соҳаҳои фаъолияти дигар мерасонад.

Вобаста аз шакли истифодабарии андозҳо ҷудо мешаванд:

  • Андозҳои умумӣ барои молиякунонии хароҷотҳои ҷорӣ ва асосии буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ истифода бурда мешаванд.
  • Андозҳои махсус дорои равишҳои мақсаднок мебошанд. Масалан, маблағҷудокуниҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ё маблағҷудокуниҳо барои фонди роҳҳо ва ғ.
test

Добавить комментарий