Асли Тавҳид

Асли Тавҳид

Худо яккаву ягона асту низоми олам ба ихтиёри ӯст.

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Ба изни Худованди бениёзи банданавоз шурӯъ мекунем ба тарҷума ва шарҳу эзоҳи мухтасари асари имоми бузургамон Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит.

ФИҚҲ” ба маънои шинохтани нафс ва ончи ба манфиати нафс аст ва ҳамчун шинохтану донистани ончи бар зарари нафс аст. “АКБАР” дар луғат бузургро гӯянд. Тарҷумаи таҳтуллафзии “ФИҚҲИ АКБАР” ба забони тоҷикӣ “Шинохтани бузурги нафс… “ аст . Аз унвони китоб чунин бар меояд, ки дарк кардани ҳамаи он чи ки ба фоида ва зарари нафс аст, ин корест бузург.

Китоб бо чунин ибора оғоз меёбад:

Аслу-т-тавҳиди ва мо ясиҳҳу-л-иътиқоду ъалайҳи.

Яъне: Ин китоб дар бораи шинохтани асли тавҳид ва дар бораи эътиқоди дуруст ба асли тавҳид (ягонагӣ) баҳс мекунад.

Меҳвари асосии китоб: тавҳиди Худои таъоло ва тақаддусшиносист. Возеҳтар гӯем дар ин китоб аслу асосҳои ақида ва дини салафи солиҳин ва ақидаи ҷумҳури аҳли суннату вал ҷамоъат, ки чун оби такшиншуда софу беғубор аст, зикр мегардад. Шахсе ки ба ибораҳои ин китоб гӯш дода онро чунон ки лозим аст, фаҳм кунад ва ба он амал намояд, метавонад ақидаи худро ба ягонагии Худованди мутаъол ва ба зоту сифоташ мувофиқи ақидаи аҳли суннат вал ҷамоат росту дуруст созад. Зеро инсонро зарур аст, ки чунин ақидаеро доро бошад, ки дар рафтору кирдорҳои худ ба он эътимоду боварӣ карда тавонад. Бо амал намудан ба фармудаҳои Имоми Аъзам (раҳимаҳуллоҳ) метавон ақидаи худро аз шакку шубҳа ва ширк нигоҳ дошт, ки ин дар ҷодаи худошиносӣ кӯшиши аввалиндараҷа ва қадами нахустин аст. Чун банда ба ин муваффақ гардад, пас кӯшиш мекунад амалҳои ӯ танҳо барои ризои Худои таъоло бошад, то саодати дунё ва охиратро соҳиб шавад.

Ҳикоят аз рӯзгори Имоми Аъзам (Раҳимаҳуллоҳ)

Гурӯҳе аз уламои илми калом (фалсафа) бо ҳазрати Имом дар мавзӯи тавҳиди рубубият иродаи баҳс намуданд. Пеш аз он ки онҳо ибрози ақида кунанд, ҳазрати Имом ба эшон гуфт, ки аввалин ба як сухани ман посух диҳед, баъд аз он вориди баҳс шавем ва фармуд: Киштие бе ронанда дар Даҷла худ ба худ пури бор раваду ба он тарафи дарё гузараду худ лангар партояд, борҳо худ ба худ аз киштӣ холӣ гарданд, боз баргашта ба киштӣ пур шаванд ва киштӣ худ ба худ ба ин тараф шино кунаду чунину чунон шавад, оё ин мумкин аст? Уламо дар ҷавоб гуфтанд, ки бе ронанда ин ғайри имкон аст. Пас ҳазрати Имом (раҳимаҳуллоҳ) гуфт, оё ин олам бо ин қадар пастиву баландӣ, нишебу фароз ва дигару дигар метавонад бе соҳиб ва дар равиши худ дар ҳаракат бошад? Аҳли калом ба ҷои ҷавоб сукутро ихтиёр намуданд.

Барои он ки инсон дар ҷодаи худошиносӣ илми яқинро ҳосил намояд:

Яҷибу ан яқула оманту биллоҳи

Яъне: воҷиб мешавад, ҳатто ки фарзи ъайн мешавад бар ӯ ки бигӯяд, имон овардам ба Худои яккаву ягона.

Гуфтани ин сухан (калима) ва тасдиқ кардани он бар дил шарт аст. Касе ки узр надорад, бояд баён созаду шиносаду тасдиқ кунад вуҷуди Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро ба яккагии ӯ дар зоташ ва якка будан дар сифоташ, чунин аст мазҳаби муҳаққиқон аз фақиҳон. Агар шахсе чунин гӯяд ва ба дил тасдиқ кунад, худо хоҳад имон дар дили ӯ китобат карда шудааст.

 

Ва Малоикатиҳӣ.

Имон овардам ба малоикаҳои Аллоҳ таъоло.

Фариштагон як навъи махлуқи Худоанд. Онҳо бандагони мукарраму азизи даргоҳи Аллоҳ таъолоанд. Фариштагон аз гуноҳ кардан, хӯрдану ошомидан ва марду зан будан поканд. Онҳо бо амри ӯ таъоло амал мекунанд ва як зарра ба Худои мутаъол гунаҳкор намешаванд. Ҷисман латифанд ва бо кадом шакле ки хоҳанд, қодиранд худро тағйир диҳанд. Мисли Малакулмавт ва ҳазрати Ҷабраил. Худованд бо ояти 19-уми “Сураи Зухруф” ақидаи онҳоеро, ки малоикаҳоро духтарони Худованд медонанд, ботилу беасос месозад. Касоне ки чунин андеша доранд, онҳо мушрик мебошанд.

Ва Кутубиҳи.

Имон овардам ба китобҳои Аллоҳ таъоло.

Эзоҳ: Китобҳои муқаддаси осмонӣ асосан чаҳортоанд, Таврот, Инҷил, Забур ва Қуръон. Қуръони маҷид китоби аъло ва волои осмонист. Он ба мисли дастархон густурдааст пеши аҳли башар, ки ҳар кас ихтиёр дорад аз он баҳравар гардад. Ва китобест дар маҷмӯъ ба ҳама ниёзҳои мардум ҷавобгӯ, ки башарият ба китоби дигаре эҳтиёҷ надоранд. Таъйини адади китобҳои осмонӣ аз тарафи мо мумкин нест. Зеро адади инро ҷуз Худованд касе надонад. Вазифаи мо ин аст, ки бигӯем: ба ҳамаи китобҳои ӯ таъоло имону бовар дорем.

Ва Русулиҳи.

Имон овардам ба Пайғамбарҳои Аллоҳ таъоло.

Ва имон овардан ба Пайғамбарон ҳам чунин аст, зеро адади онҳоро Аллоҳ худаш медонад. Ба ривояте шумораи онҳоро 124-ҳазор ва ба ривояти дигаре 224-ҳазор гуфтаанд. Дар Қуръони карим номи 25-нафари Пайғамбарон зикр гаштааст. Мо ба ҳамаи онҳо имон овардаем, зеро ки ҳама аз тарафи ӯ таъоло фиристода шудаанд ва шариату фармудаи ӯро иҷро кардаанд.

Расул хос аст аз набӣ, зеро ҳамаи расул набӣ аст, вале ҳамаи набӣ расул нест. Тартиби байни ин се калима (малоика, китоб, расул) аз барои ин аст, ки малоика китобро ба расул меорад бинобар ин калимаи малоика муқаддам омадааст. Ҳоло онки ба иҷмоъи уммат китоб афзал аст аз малоика, чунки китоб сухани ӯ таъоло аст. Пас мегӯем: имон овардам ба малоикаҳои ӯ, ба китобҳои ӯ ва ба расулҳои ӯ.

Вал баъси баъдал мавти.

Имон овардам ба ин ки зинда гардонидан баъд аз муронидан ҳақ асту рост.

Имон овардан ба ҳаёт баъди мавт ин ҳам рукни имон аст. Вуқӯъи он рӯзи қиёмат баъди дамидани сури дуюми Исрофил (ъалайҳиссалом) аст. Ҳама аъзои мурдагонро Аллоҳ таъоло бо амри қудрати худ ҷамъ карда, онҳоро барои ҳисобу китоб зинда сохта ба ҳузури худ мехонад.

Ва аҳволи рӯзи қиёматро марҳала ба марҳала мегузаранд. Оятҳои 16-уми сураи “Муъминун” ва 79-уми сураи “Ёсин” гуфтаҳои болоро тақвият медиҳад. Имон овардан ба ҳашри рӯзи қиёмат аз заруриёти дин аст ва инкори он рӯз куфр аст ба яқин. Дар ахбор омада, ки дар он рӯз ҳама соҳибони нафас одамон, ҷин, шайтон, баҳоим, ҳашарот, парандагон, гӯштпорае ки аз модар таваллуд шудааст (агар нафас кашида бошад) аз он аъзояшон, ки боқӣ мондааст зинда мегарданд. Агар чизе аз онҳо боқӣ набошад пас аз “думғозаашон”, ки онро ба арабӣ “ъаҷзу занб” гӯянд ва тӯли қарнҳо маҳв нагардад, аз нав эҳё месозад.

Вал қадари хайриҳи ва шарриҳи миналлоҳи таъоло.

Имон овардам ба тақдири некӣ ва бадӣ, ки ҳама аз сӯи Аллоҳ таъоло аст.

-Ва имон овардан ба тақдири хайр ва шар:

Инсон бояд имони қавӣ дошта бошад, ки чи амалҳоу қавлҳое дорад махлуқи Худоанд, сарфи назар аз ин ки хубанд ё ғайри он. Аммо касбу феъли он аз худи банда аст. Хулоса, ҳар некӣ ва бадие, ки ба сари банда меояд, ҳамаро бояд аз сӯи Худо донад ва ба қазою қадар розӣ шавад. Зеро инсон қодир нест тақдири худро тағйир диҳад.

Агар инсони боимон амали хайр кунад ва дар тоъату ибодат ҳаракати зиёд дошта бошад ва ҳамаро барои дарёфти ризои Худованд ба ҷо биёрад, пас Аллоҳ таъоло аз ӯ хушнуд гашта ба чунин банда савоби зиёд, аҷри некӣ ва оқибати ба хайр ваъда медиҳад.

Агар бар акси гуфтаи боло амал намояд, пас ба ғазаби Худо дучор гашта, оқибаташ танҳо ба Аллоҳ таъоло маълум аст.

Ин ду ҳолат ҳам иродаи Худост, бе иродаи ӯ ҳеҷ коре карда намешавад. Такрор мекунем, ки ба банда ихтиёри ҷузъӣ дода шудааст, ки банда дар интихоби амали бад ё нек озод аст. Бинобар ин рӯзи ҳисобу китоби қиёмат аз банда пурсида мешавад, ки умри хешро дар кадом роҳ сарф кардааст. Барои афъоли дар дунё доштаи ӯ аъзои баданаш, замин, фариштагони ду китф (яъне кироман котибин) шоҳидӣ медиҳанд.

Ҳисобу Мизон Ва Ҷаннату Дӯзах

Вал ҳисобу вал мизону вал ҷаннату ваннору ҳаққун куллуҳу.

Ва ҳисобу тарозу ва биҳишту дӯзах ҳама ҳақ аст.

Тавре дар боло ишора рафт ҳама амалҳои инсон хоҳ нек бошад, хоҳ бад ҳама ба ҳисоб гирифта мешавад ва як заррае аз он назди Худованд пинҳон намонад. Ҳамчунин тарозуе, ки амалҳои инсон дар он баркашида мешавад ҳақиқат аст.

Агар чи амалҳои инсон ба ақли инсонӣ ба тарозу ниҳода нашавад, зеро ҷисм нест, вале Худованд ҳамаи онро ҷисм гардонад ва онҳоро бисанҷад. Ҷаннату дӯзах ҳаққанду рост, ҷаннат неъматхонаи Парвардигор аст ва омода карда шуда барои бандагони солеҳу накӯкор. Дӯзах бошад барои гунаҳкорони даргоҳи Худои таъоло арзи ҳастӣ карда азобхона аст. Камтарини азоб ин аст, ки ахгаре зери пои гунаҳкор ниҳода шавад, ки аз оташи он мағзи сари инсон биҷӯшад.

Инчунин сирот, ҳавз ва дигар аҳволи рӯзи қиёмат, ки дар оянда Худо агар хоҳад зикр хоҳад шуд, ҳақ аст.

Баъди гуфтаҳои боло ҳазрати Имом маънои тавҳидро возеҳу равшан сохта сари мақсад меояд, ки:

Валлоҳу таъоло воҳидун ло мин тариқи-л-адади.

Ва локин мин тариқи аннаҳу ло шарика лаҳу.

Аллоҳ таъоло воҳид аст на аз тариқи адад, ва локин воҳид аст аз он тариқе ки мар ӯро шарике нест.

Худованди таборак ва таъоло якка ва ягона аст дар зоташ. Монанди ӯ аҳаде нест. ӯ аҳад аст, зеро ки ӯро шарике нест на дар зоташ ва на дар сифоташ. Бе ибтидо буду бе интиҳо боқӣ мемонад ва назир надорад. Аҳадияти ӯро сураи “Ихлос” боз возеҳтар мугӯяд. Ин сура вақте нозил шуд, ки гурӯҳе аз мушрикон назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омада гуфтанд: Худоҳои мо аз сангу чӯбу тиллову нуқра ва дигару дигар чизанд, Худои ту аз чист?Дар ин асно ҳазрати Ҷабраил (алайҳи-с-салом) сураи мазкурро ба ҳабиби Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ваҳӣ овард, ки бигӯяд:

Қул ҳувваллоҳу аҳад, Аллоҳус самад, Лам ялид ва лам юлад, Ва лам якунлаҳу куфуван аҳад.

Худованд якка ва ягона аст, Худованд бе ниёз аст, ба касе ё чизе мӯҳтоҷ нест, назодааст ва зодашуда нест, ва нест ӯро ҳамто ҳеҷ яке.

Эзоҳ: Яъне Худованд дар зоти худ танҳо аст ва дар сифоташ ягона аст. Касе дар зот ва дар сифоташ ба ӯ шарик шуда наметавонад ва мумкин ҳам нест. ӯ аз ҳама чизу ҳама кас бениёз аст. Баръакс ҳама ба сӯи ӯ мӯҳтоҷанд ва ба ӯ ниёз доранд. ӯ маҳалли пайдошавӣ ва ҳам пайдошуда нест. ӯ падару модар надорад ва аз касе зода нашудааст ва ҳам худи ӯ касеро назодоааст, падари касе нест. ӯ аз чунин сифатҳо покиза аст. Сураи “Ихлос” ҷавоб аст ба даъвоҳои аҳли яҳуд ва насоро. Сураи “Ихлос” рад аст ба яҳуд, ки ҳазрати Узайр (алайҳи-с-салом)-ро писари Худо медонанд, рад аст ба насрониён, ки Исо (алайҳи-с-салом)-ро писари Худо ва Марям ъалайҳоссаломро ҳамсари Худо медонанд. Ин ду ақида хилофи оёти Қуръон буда қабул нашавандаанд.

Хулоса, офарандаи тамоми олам бо бузургияш воҳид аст. Агар фаразан ду офаридгор бошад. Яке мехоҳад ки борон борад ва дигаре намехоҳад, пас дар чунин низоъ низоми олам барҳам мезанад. Ва кушодатар гӯем ҳукми замину осмон ва ҳар ончи дар ин ду ва байни ин ҳарду ҳаст ба дасти ду нафар бошад ҳеҷ гоҳ ба як низом ва ба як қарор намемонад. Агар ҳукми яке ба дигаре ғолиб бошад, пас дуввум оҷиз мегардад. Ҳаргиз оҷизӣ Худоро нашояд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.