Андозҳои омехта

Дар Тоҷикистон ба андозҳои омехта (андозҳои аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пардохташаванда) инҳо марбутанд:

  1. Андози арзиши иловашуда (ААИ)
  2. Аксизҳо
  3. Пардохтҳои иҷтимоӣ
  4. Хироҷи замин
  5. Хироҷи ягонаи замин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – то 31.12.2003 ҷорӣ шудааст
  6. Андози соҳибони воситаҳои нақлиёт
  7. Андози фурӯши пахта ва алюминий
  8. Андози маҳаллии савдои чакана
  9. Андози маҳаллӣ барои нигоҳдории нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ
  10. Боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ
  11. Боҷи давлатӣ

А) Андози арзиши иловашуда (ААИ) шакли ба буҷет ворид намудани қисми арзиши дар раванди истеҳсол, муомилоти мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иловашуда, инчунин қисми тамоми молҳои андозбандишавандаи ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мебошад[1]51.

ААИ ба категорияи андозҳои ғайримустақим марбут аст.

Пардохткунандагони ААИ шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мебошанд, ки ба сифати супорандагони ААИ (андози арзиши иловашуда) ба қайд гирифта шудаанд ё бояд ба қайд гирифта шаванд. Ба онҳо ин шахсон марбутанд (моддаҳои 177-179, 195 КА ҶТ):

  • шахсоне, ки бо фаъолияти иқтисодӣ машғуланду ҳаҷми амалиёти андозбандишавандаашон аз 12 000 ҳадди ақали андозбандишаванда барои 12 моҳи пурраи тақвимӣ зиёд нест (дар Булғория – 7500 леви, Дания – 20000 крони даниягӣ, дар Россия – 1 000 000 рубл дар зарфи 3 соли охир);
  • ҳамаи шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моли андозбандишавандаро ворид мекунанд;
  • шахси ғайрирезидент, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои агенти андоз кор ё хизматрасониро анҷом медиҳад, агар ин корҳо фақат тавассути муассисаи доимии ин ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда шавад;
  • шахсоне, ки ихтиёран ба феҳристи супорандагони ААИ дохил карда шудаанд.

Ҳамаи супорандагони ААИ бояд ба қайд гирифта шаванд. Ба қайдгирӣ бо мақсади ААИ ба тартиб ва шакли муқарраркардаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Мақоми андоз бояд ингуна ашхосро дар феҳристи (реестри) супорандагони ААИ ба қайд гирифта, дар давоми 10 рӯзи баъди ариза доданашон ба онҳо сертификати бақайдгирӣ диҳанд. Ашхоси ба қайдгирифтанашуда ва аризанадода, ки мебоист ба мақсади ААИ ба қайд гирифта шаванд, бо ташаббуси мақомоти андоз ба қайд гирифта мешаванд ва аз ин хусус онҳоро воқиф мегардонанд.

Ашхоси ба мақсади ААИ ба қайдгирифташуда вазифадоранд, ки рақами мушаххаси андозсупорандаро дар тамоми ҳисобнома – фактураҳо оиди ААИ ва дар ҳамаи декларатсияҳои андоз ва номаҳои расмии ба мақомоти андоз ирсолшаванда ишора кунанд.

Ашхосе, ки аз иҷрои амалиётҳои андозбандишаванда даст кашидаанд, ӯҳдадоранд барои бекор кардани қайди ААИ ариза диҳанд. Дар мавриди бекор кардани ин қайд маълумот оиди андозсупоранда аз феҳристи (реестри) супорандагони ААИ хориҷ карда мешавад.

Объекти андозбандӣ инҳо мебошанд:

  • амалиёти андозбандишаванда – таҳвили мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайр аз таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонии аз андоз озодгардида, ки барои ҳисоббаробаркунии дахлдор ҳуқуқ медиҳад;
  • воридоти андозбандишаванда.

Арзиши амалиётҳои андозбандишаванда дар асоси маблағе, аз ҷумла арзиши натуравие муайян карда мешавад, ки андозсупоранда аз муштарӣ ё ҳар як шахси дигар, аз ҷумла ҳаргуна боҷу хироҷ ва (ё) дигар пардохтҳоро, вале бидуни ҳисоби ААИ мегирад ё ҳуқуқ дорад бигирад.

Агар корхонаҳои савдои яклухт ё чакана, корхонаи маҳсулоттайёркунӣ, ки супорандаи ААИ мебошанд, моли насупорандагони ААИ-ро барои таҳвили минбаъда харидорӣ намоянд, арзиши амалиёти андозбандишаванда баробари фарқи мусбати байни арзиши таҳвили ингуна молҳо бидуни ҳисоби ААИ ва арзиши харидории онҳо дониста мешаванд. Дар сурати манфӣ будани фарқи арзиш амалиёти андозбандишаванда ба мақсади ААИ баробар ба сифр мебошад.

Ҳаҷми воридоти андозбандишаванда арзиши гумрукии молҳо мебошад, ки мувофиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иловаи боҷу хироҷҳое муайян карда мешавад, ки бояд ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани мол супорида шаванд, вале бидуни баҳисобгирии ААИ (андози арзиши иловашуда).

Намудҳои зерини таҳвили мол, кору хизматрасонӣ, инчунин намудҳои зерини воридот аз супоридани андози арзиши иловашуда озод карда мешаванд[2]53 (моддаи 187 КА ҶТ): (1) фурӯхтан, додан ё ба иҷора додани амволи ғайриманқул, аз ҷумла додани истиқоматгоҳ барои зиндагӣ бо пул (ба ғайр аз барои истироҳаткунандагон фурӯхтан ё додани меҳмонхонаҳо ё манзил; фурӯхтан ё додани хонаҳои истиқоматии нав сохташуда, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бино камаш дар давоми 2 сол ҳамчун хонаи истиқоматӣ истифода бурда шуда бошад; (2) хизматрасонии молиявӣ; (3) таҳвил ё ворид намудани пули миллӣ ё хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматикӣ), инчунин қоғазҳои қиматнок; (4) воридоти тилло барои таҳвил додан ба Бонки миллии Тоҷикистон; (5) хизматрасонии динӣ ва маросимӣ ба ташкилотҳои динӣ; (6) хизматрасонии тиббӣ; (7) расонидани хизмати таълимӣ барои бачаҳо ва наврасон дар маҳфилҳо, сексияҳо (аз он ҷумла тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш), студияҳо, инчунин хизматҳо оид ба нигоҳубини бачаҳо дар муассисаҳои томактабӣ; (8) хизматрасонии таълимӣ ба муассисаҳои таълимӣ; (9) таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба сифати ёрии башардӯстона, инчунин воридоти моле, ки ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба мақсади бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо дода мешаванд; (10) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани мол аз мамлакатҳое, ки нисбат ба содироти мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гирифтани андози арзиши иловашударо ҷорӣ кардаанд. Агар андози арзиши иловашудаи пардохта дар кишваре, ки аз он мол оварда мешавад, нисбат ба андози арзиши иловашудаи молҳои мазкури мувофиқи қонунгузории миллӣ муайянкарда камтар бошад, пас молҳои воридшаванда ба маблағи ин фарқ андози арзиши иловашуда месупоранд; (11) таҳвили мол, иҷрои кору хизматрасонӣ аз тарафи ҷамъияти маъюбон, нобиноён, карҳо ва корхонаҳое, ки моликияти онҳо буда, дар онҳо на камтар аз 50 фоизи шумораи коркунонро маъюбон, нобиноён, карҳо ташкил медиҳанд ва инчунин на камтар аз 50 фоизи маблағи фонди музди меҳнат ва мукофотҳои моддӣ, аз ҷумла натуравӣ барои эҳтиёҷи маъюбон, нобиноён, карҳо сарф карда шудаанд; (12) таҷҳизоти истеҳсолию техникӣ ва маснуоти комплектонии онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули (пурракунӣ) дар сурати зиёд шудани ҳаҷми он фонди оинномавии корхона дар давоми як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии (аз нав бақайдгирӣ бинобар зиёдшавии ҳаҷми фонди оинномавӣ) ин корхона ворид карда мешаванд, ба шарте, ки ин амвол бевосита барои истеҳсоли молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисотии корхона истифода бурда шаванду ба категорияи молҳои зераксизӣ марбут набошанд. Дар мавриди барҳам хӯрдани ин корхона ё амволи мазкури ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда ба дигар шахс таҳвил дода шуданаш дар давоми 4 сол аз рӯзи ба қайдгирии давлатии (азнавбақайдгирӣ бо сабаби зиёдшавии ҳаҷми фонди оинномавӣ) ин корхона, маблағи андози арзиши иловашуда мутобиқи ҳамин имтиёз ҳангоми воридшавии таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти комплектонии он пардохтнашуда бояд ба буҷети давлатӣ ситонида шавад.

Қонунгузорӣ тартиби гуногуни пардохти андози арзиши иловашударо (ААИ) ҳангоми ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани мол вобаста ба тартиби гумрукии интихобнамуда ба тартиби зайл муқаррар кардааст[3]54:

  • ҳангоми таҳти режими гумрукии иҷозати муомилоти озод (режими воридотӣ) қарор додани молҳо андоз ба ҳаҷми пурра супорида мешавад;
  • ҳангоми таҳти режими гумрукии реимпорт қарор додани молҳо андозсупоранда маблағи андозеро, ки ӯ аз супоридани он озод карда шуда буд, ё маблағи андозе, ки ба содироти мол мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумрукӣ ба вай баргардонида шуда буд, месупорад;
  • ҳангоми таҳти режими гумрукии транзит, амбори гумрук, реэкспорт, мағозаи савдои бе боҷ, коркард таҳти назорати гумрукӣ, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори кушода, нест кардан ва даст кашидан ба фоидаи давлат қарор додани молҳо андоз пардохта намешавад;
  • ҳангоми таҳти режими гумрукии коркард дар қаламрави гумрукӣ андоз ҳангоми ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани молҳо пардохташуда баъд маблағи пардохташуда ҳангоми аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани маҳсулот баргардонида мешавад;
  • ҳангоми таҳти режими гумрукии воридоти муваққатӣ қарор додани молҳо мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумрукӣ пурра ё қисман озод кардан аз пардохти андоз татбиқ мегардад;
  • ҳангоми ворид намудани маҳсулоти мавриди коркарди молҳое, ки таҳти режими гумрукии коркард берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудаанд, мувофиқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории гумрукӣ пурра ё қисман аз супоридани андоз озод намудан татбиқ карда мешавад.

Мол ҳангоми режимҳои гуногуни гумрукӣ аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бароварда шуданаш бо тартиби зерин андозбандӣ карда мешавад:

  • дар сурати режими берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани мол андоз пардохта намешавад ё маблағи пардохташудаи андоз бо тартиби пешбиникардаи қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти андоз баргардонда (ҳисобӣ карда) мешавад;
  • ҳангоми содир кардани моле, ки дар лаҳзаи берун баровардан таҳти режими амбори гумрукӣ, анбори озод ё минтақаи озоди гумрукӣ қарор дода шуда буд, андоз пардохта намешавад ё маблағи андози пардохташуда аз ҷониби мақомоти андоз бо тартиби пешбиникардаи қонунгузорӣ баргардонда (ҳисоб карда) мешавад;
  • ҳангоми содир кардани моли хориҷии бо режими реэкспорт ҷойдодашуда маблағи андози ҳангоми ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани мол пардохташуда баъд аз содироти ҳамаи мол маблағи андоз ба андозсупоранда баргардонида мешавад;
  • ҳангоми берун баровардани моли ба режимҳои дигари гумрукӣ ҷойдодашуда (аз бандҳои 1,2,3 фарқкунанда) ин мол аз пардохти андоз озод карда намешавад ва (ё) маблағи супоридашудаи андоз баргардонида намешавад, ба шарте, ки дар қонунгузорӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид намудани молҳои барои фаъолияти истеҳсолӣ ё дигар фаъолияти иқтисодӣ пешбининашуда тартиби содда шуда ё имтиёзноки пардохти андозро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст[4]55, истифода кардан мумкин аст. Дар ин сурат арзиши молҳои барои истифодаи шахсӣ харидашуда набояд аз 1000 доллари ИМА зиёд бошад. Маблағи зиёда аз он ба тартиби муқарраршуда бояд андозбандӣ карда шавад.

Дар тафсироти андози арзиши иловашуда ба сифати имтиёз амалиётҳое номбар мешаванд, ки аз рӯи меъёри сифр андозбандӣ мешаванд (моддаҳои 189-191 КА ҶТ)[5]56:

  • содироти мол (кору хизматрасонӣ) ба истиснои таҳвили мол (кору хизматрасонӣ) ба давлатҳое, ки нисбат ба содироти мол (кору хизматрасонӣ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон режими гирифтани андози арзиши иловашударо истифода мебаранд;
  • хизматрасонии нақлиётӣ ва дигар хизматҳо ё иҷрои корҳои бевосита марбути ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонии байналмилалӣ, инчунин таҳвили масолеҳи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва дигар маводи истеъмолӣ, ки ба киштии ҳавоӣ барои истеъмол дар вақти парвоз бор карда мешаванд;
  • ҳамлу нақл ва хизматрасонии борфиристонандагони транзитӣ (чи тавре ки қаблан ҳамчун режими гумрукии транзитӣ нишон дода шуда буд, андозбандӣ намешаванд);
  • тиллое, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон таҳвил дода мешавад.

Мутобиқи амалияи байналмилалӣ дар Тоҷикистон механизми андозбандии амалиёти байналмилалӣ аз рӯи принсипи ҷои таъинот гузаронида мешавад. Дар натиҷа аз содироти мол (кору хизматрасонӣ) андози арзиши иловашуда аз рӯи меъёри сифр, аз воридоти мол бошад (бо назардошти кору хизматрасонии бевосита бо воридоти мол вобастабуда, яъне ҳамлу нақл, суғуртакунӣ ва ғайра) андози арзиши иловашуда гирифта мешавад.

Содирот аз рӯи меъёри сифр бо андози арзиши иловашуда андозбандӣ мегардад, ба истиснои мавриде, ки содироти мол (кору хизматрасонӣ) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакате, ки содироти худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёри мусбати андози арзиши иловашуда андозбандӣ кардааст. Дар ин маврид содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо андози арзиши иловашуда аз рӯи меъёри 20-фоиза андозбандӣ шуда, бояд аз ҷониби мақомоти гумрук то сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур кардани моли мазкур (кору хизматрасонӣ) ситонда шавад.

Дар мавриди воридоти мол, агар меъёри ААИ-и пардохташуда дар мамлакати аз он мол овардашуда камтар аз 20 фоиз бошад, андози арзиши иловашуда дар Тоҷикистон аз рӯи фарқи меъёрҳо андозбандӣ мешавад.

Усули ҳисобу китоб, ки барои ҳисоб кардан ва пардохтани андози арзиши иловашуда истифода мегардад, усули ҳисоб карда илова намудан мебошад[6]57. Бинобар ин қонунгузорӣ оиди андози арзиши иловашуда дақиқан замони ба амал баровардани амалиёти андозбандӣ, ҷои таҳвили мол (хизматрасонӣ, иҷрои кор, замони воридот) ва ғайраро баррасӣ менамояд.

Амалиёти андозбандӣ метавонад ҷой дошта бошад:

  • ҳангоми пешниҳод кардани ҳисобнома-фактураи андози арзиши иловашуда нисбати ҳамин амалиёт;
  • (а) ҳангоми қабул кардан, фурӯхтан ё таҳвили мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ, (б) ҳангоми бор кардани мол дар мавриди таҳвили он, ки ҳамлу нақли молро дар назар дорад – дар мавриде, ки ҳисобнома-фактураи андоз оиди андози арзиши иловашуда дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди иҷрои амалҳои (а) ва (б) пешниҳод нагардида бошад;
  • ҳангоми пардохтан, агар он то фаро расидани ҳодисаҳои дар (а) ва (б) пешбинигардида анҷом дода шавад.

Мавриди андозбандӣ кардани таҳвили неруи барқию гармӣ, газ ё об мутобиқи қоидаҳои ҷории марбути хизматрасонӣ муайян карда мешавад. Аз воридоти нерӯи барқу гармӣ ва газ на мақомоти гумрукӣ, балки мақомоти андоз ААИ меситонад.

Барои аз насупорандагони арзиши иловашуда ё ғайрирезидентҳо пурратар ҷамъоварӣ намудани андози арзиши иловашуда Кодекси андоз мафҳуми агенти андозро ҷорӣ кардааст – ҳар кадом шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади андози арзиши иловашуда ё ҳар кадом ашхоси ҳуқуқӣ – резидент ба қайд гирифта шудааст (моддаи 195 КА ҶТ). Бинобар он таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои агенти оид ба андози арзиши иловашуда (ААИ) аз ҷониби шахсе, ки ӯ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон нест ва барои мақсадҳои андози арзиши иловашуда ба қайд гирифта нашудааст, марбут ба амалиётҳои андозбандӣ ҳисоб мешавад. Ҳангоми пардохтан ба ингуна шахс агенти андоз вазифадор аст андози арзиши иловашударо нигоҳ дошта гирад.

Қонунгузорӣ ду меъёри андози арзиши иловашуда (ААИ)-ро ҷорӣ кардааст:

  • меъёри асосӣ – 20 фоиз;
  • меъёри имтиёзӣ – 0 фоиз.

Ҳамин тавр, вобаста ба меъёри истифодашавандаи андози арзиши иловашуда шаклҳои зерини амалиётҳои андозбандӣ ва воридоти андозбандишавандаро фарқ мекунанд, ки ҳангоми ҳисоби маблағи андоз арзиши иловашуда истифода мегардад:

  1. амалиётҳои андозбандишавандае, ки бо меъёри мусбати 20 фоизаи арзиши иловашуда (ААИ) андозбандӣ карда мешаванд;
  2. амалиётҳои андозбандишавандае, ки бояд аз рӯи меъёри 0-фоизаи ААИ андозбандӣ карда шаванд;
  3. воридот, ки аз рӯи меъёри 20 фоизаи андози арзиши иловашуда андозбандӣ мешавад;
  4. воридот аз давлатҳое, ки дар онҳо содирот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андози арзиши иловашуда аз рӯи меъёри мусбат, вале камтар аз меъёри ААИ дар Тоҷикистон аз рӯи фарқи мусбати меъёрҳо андозбандӣ мешаванд;
  5. содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакатҳое, ки содироташонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёри 20 фоизаи андози арзиши иловашуда бо меъёри андозбандии мусбии 20-фоиза андозбандӣ мекунанд.

Андозсупоранда ба буҷет маблағи андозро, ки ба фарқи байни маблағи андози арзиши иловашуда аз муомилоти андозбандишавандаи давраи ҳисоботӣ баробарро (намудҳои мазкури 1-5 ва маблағи ҳисобшавандаи андози арзиши иловашударо мепардозад.

Маблағи ҳисобшавандаи андози арзиши иловашуда маблағи андозе мебошад, ки андозсупор аз рӯи ҳисобнома-фактураҳои пешниҳодшуда оид ба андози арзиши иловашуда пардохтааст:

а.дар мавриди воридоти мол дар давоми давраи ҳисоботӣ;

б.аз рӯи амалиётҳои андозбандишаванда, ки таҳвили мол, иҷрои кор ё хизматрасониро дар назар дорад, ки дар давраи ҳисоботӣ вуҷуд доштаанд, агар ин мол, кору хизматрасонӣ дар фаъолияти иқтисодии андозсупоранда истифода шуда бошанд (бояд истифода гарданд).

Андози арзиши иловашуда дар ҳолатҳои зерин ҳисобӣ намешавад:

  • таҳвили автомобилҳои сабукрав, ба истиснои таҳвил (фурӯхт ё ба кироя додан) аз ҷониби шахсе, ки ингуна амалиётҳо ба намудҳои асосии фаъолияти тиҷоратиаш дахлдоранд;
  • хароҷот барои вақтгузаронӣ ё мақсадҳои намояндагӣ, барои эҳсонкорӣ ё мақсадҳои иҷтимоӣ.

Барои беҳтар ба роҳ мондани ҳисоби андози арзиши иловашуда Кодекси андоз тартиб додани ҳисобнома-фактураҳои оид ба андози арзиши иловашударо барои гирандаи мол, кору хизматрасонӣ дар назар дорад (ҳисобнома-фактураҳо мумкин аст танҳо аз ҷониби супорандагони бақайдгирифташудаи андози арзиши иловашуда пешниҳод карда шаванд).

Давраи ҳисоботӣ оид ба андози арзиши иловашуда моҳи тақвимӣ мебошад:

Ҳар як андозсупорандаи андози арзиши иловашуда ӯҳдадор аст[7]58:

– ба мақомоти дахлдори андоз дар бораи андози арзиши иловашуда барои ҳар як давраи ҳисоботӣ на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ декларатсия пешниҳод кунад;

-барои ҳар як давраи ҳисоботӣ на дертар аз мӯҳлати пешниҳод кардани декларатсия ба буҷет андоз супорад.

Андозсупорандагон ва шахсони мансабдори онҳо мутобиқи Кодекси андоз барои дуруст ҳисоб кардан ва саривақт ба буҷет пардохтани андози арзиши иловашуда, барои дар мӯҳлати муқарраршуда ба мақомоти андоз пешниҳод кардани декларатсияи андоз, дар мавридҳое, ки гирифтани андози арзиши иловашуда ба салоҳияти мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад, мутобиқи қонунгузории гумрукӣ ҷавобгарӣ доранд.

Дар Чехия андози арзиши иловашуда аз фурӯши мол аз рӯи меъёрҳои зерин гирифта мешаванд: барои мол – 22 фоиз; – барои хизматрасонӣ, ҳамчунин озуқаворӣ, ангишт ва дигар манбаъҳои нерӯдиҳанда – 5 фоиз. Аз андоз инҳо озоданд: радио ва телевизион, фаъолияти молиявӣ (додани қарз, савдои арзи хориҷӣ, хариду фурӯши саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматнок), суғуртакунонӣ, таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ ва мол ҳангоми содир кардани мол ва хизмат андози пардохтаро ба содиркунанда баргардонда медиҳанд. Ширкатҳо, ки муомилоти онҳо аз 750 000 крона беш нест, дар давоми се моҳи паси ҳам оянда метавонанд ҳамчун пардохткунандагони андози арзиши иловашуда ба қайд гирифта нашаванд, ҳаҷми андозро ҳисоб накунанд ва онро ба даромади давлат нагузаронанд.

Дар Голландия андози арзиши иловашуда арзиши андози умумии истеъмол буда, барои расондани мол ва хизматрасонӣ дар Нидерландия, ҳамчунин воридоти мол ба Нидерландия гирифта мешавад.

Танзими андози арзиши иловашуда баъди он ки сарҳади гумрукии байни аъзоёни Иттиҳоди Европа аз 1 январи соли 1993 бекор карда шуда буданд, тағйир ёфт. Андози арзиши иловашуда аз молҳои мавриди хариду фурӯши дохили иттиҳод қарордошта дигар гирифта намешавад ва дар нуқтаҳои сарҳадӣ бозрасӣ намегарданд. Ҳоло назорат тавассути тафтиши суратҳисоби ширкатҳо ба амал бароварда мешавад. Дар муомилоти мол бо мамлакатҳое, ки узви Иттиҳоди Европа нестанд, дар муносибат бо андози арзиши иловашуда тартиботи пештара амал мекунад, яъне мол дар нуқтаҳои сарҳадӣ аз назар гузаронида мешавад. Меъёри стандартӣ аз 17,5 фоизи соли 1998 то 6 фоиз кам карда шудааст (барои мол ва хизматрасонии мавриди зарурати ҳамарӯза, аз ҷумла хӯрокворӣ, доруворӣ, китоб, нашрияҳои даврӣ, нақлиёти мусофиркаш, хизмати соҳаи фарҳанг, варзиш).

Аз пардохти андози арзиши иловашуда баъзе хизматрасониҳо озод карда мешаванд, аз он ҷумла хизматрасониҳои бонкӣ, суғурта, тиббӣ, почта ва телекоммуникатсионӣ.

Б). Аксиз андози ғайримустақим мебошад, ки ба нархи фурӯши молҳое, ки аз онҳо бояд андози аксизӣ гирифта шавад, дохил карда шудааст. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ё ворид намудани молҳое, ки аз онҳо бояд андози аксизӣ гирифта шавад, мавриди андозбандӣ қарор дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо аз супоридани ин андоз озод карда шудаанд (моддаҳои 208-221 КА ҶТ).

Супорандагони андози аксизӣ шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие мебошанд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсол ё ворид намудани молҳое машғуланд, ки аз онҳо андози аксизӣ гирифта мешавад.

Дар мавриди молҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ашёи хоми овардаи фармоишгар истеҳсол мешавад, супорандаи андоз молистеҳсолкунанда мебошад. Молистеҳсолкунанда ба фармоишгар молҳои зераксизии аз ашёи хоми додааш истеҳсолшударо бо нархи бозории фурӯш, ки аксизро дар бар гирифтааст, бо тарҳ кардани арзиши сарфшудаи ашёи хом бармегардонад.

Объекти андозбандӣ муомилоти зерини андозбандишаванда мебошанд:

  • дар мавриди молҳои зераксизӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд – барои аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ берун баровардан;
  • дар мавриди воридот – ба қаламрави ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани молҳои зераксизӣ.

Ҳисоби маблағи аксиз ба ин чизҳо асос ёфта метавонад:

  1. ба арзиши молҳои зераксизӣ меъёри аксиз, ки ба фоизи арзиш ифода ёфтааст;
  2. ба миқдори молҳои зераксизӣ ва меъёри аксиз, ки ба маблағи устувори воҳиди мол, ба миқдори дахлдори молҳои зераксизӣ ифода ёфтааст.

Дар ҳолати якум маблағи муомилоти андозбандишаванда муайян карда мешавад:

  • барои молҳои зераксиз, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд – дар асоси подоше, ки бояд андозсупоранда аз муштарӣ ё ҳар як шахси дигар гирифтааст ё бояд гирад, ба истиснои маблағи андози арзиши иловашуда ва аксиз, ба ҳаҷми на камтар аз нархи яклухти бозорӣ (бо тарҳи ААИ ва аксиз). Нисбати молҳои зераксизӣ, ки андозсупоранда чакана мефурӯшад, маблағи муомилоти андозбандишаванда дар асоси нархи яклухти бозорӣ муайян карда мешавад (бо тарҳи ААИ ва аксиз);
  • барои воридот маблағи муомилоти андозбандишаванда арзиши гумрукии молҳо мебошад, ки мувофиқи қонунгузории гумрукӣ муайян гардидааст (вале ба ҳаҷми на камтар аз нархи бозорӣ бо тарҳи ААИ ва аксиз), бо иловаи маблағи боҷу хироҷе, ки дар мавриди воридоти мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пардохта шаванд, ба истиснои ААИ.

Вақти анҷом додани муомилоти андозбандишаванда мутобиқ аст:

  1. барои молҳои зераксизии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда – вақту замони аз бинои истеҳсолӣ берун баровардани мол;
  2. барои молҳои зераксизии воридотӣ – вақту замони ворид кардан мутобиқи қонунгузории гумрукӣ.

Дар Кодекси андоз имтиёзҳои озод намудан аз пардохти аксиз муқаррар гардидааст:

  1. андозбандии содироти моли зераксизӣ аз рӯи меъёри сифр, ба истиснои содироти моли зераксизӣ ба давлатҳое, ки онҳо нисбати моли ба Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда режими андозбандиро татбиқ менамоянд;
  2. озод кардан аз пардохти андоз (а) машруботе, ки шахсони воқеӣ истеҳсол мекунанд ва дар доираи лимити муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеъмоли худӣ истифода бурда мешаванд; (б) ворид намудани як литр машрубот ва як блок (200 дона) сигарет аз тарафи шахси воқеӣ барои истеъмоли шахсӣ, инчунин барои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар автомашинаи дорои баки сӯзишворӣ меоянд; (в) молҳое, ки ба таври транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кашонда мешаванд; (г) воридоти муваққатии мол ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои моле, ки барои реэкспорт таъин шудааст; (д) моле, ки барои реэкспорт пешбинӣ гардида, бо таъминоти гарав тибқи қонунгузории гумрукӣ кафолат дода шудааст; (е) молҳои зераксизӣ, ки ғайр аз машрубот ва маснуоти тамоку, ки дар доираи ёрии башардӯстона ҳангоми офати табиӣ ворид карда мешаванд; (ж) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани мол аз мамлакатҳое, ки нисбат ба содироти мол (кору хизматрасонӣ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гирифтани аксизро истифода мебаранд. Агар аксизи пардохтаи мамлакате, ки аз он ҷо ин мол оварда мешавад аз аксизи доир ба ҳамин мол муайянгардидаи мамлакати мо камтар бошад, аз моли воридшуда ба маблағи фарқи он аксиз гирифта мешавад.

Аз пардохти аксизҳои дар бандҳои (в) – (е) зикргардида танҳо моле озод карда мешавад, ки шартҳои озод кардан аз боҷи гумрукии тартиби дахлдор иҷро гарданд. Дар ин маврид, агар тартиби истифодашуда баргардондани боҷ, пардохтани боҷи гумрукиро пешбинӣ намояд, нисбати гирифтани аксиз ҳамон тартиб татбиқ карда мешавад.

Қонунгузорӣ механизми ҳисоббаробаркунии аксизҳоро ба молҳое, ки ҳангоми истеҳсоли дигар молҳои зераксизӣ ба сифати захираи ашёи хом истифода мешаванд, ба назар мегирад.

Шахсе (моддаи 215 КА ҶТ), ки молҳои зераксизиро харида, онҳоро барои истеҳсоли дигар молҳои зераксизӣ, ки бояд андозбандӣ шаванд, истифода мебарад ё ки молҳои харидаашро содир мекунад, ба андозаи аксизи ҳангоми харидани мол (ашёи хом) пардохташуда ё баргардонидани маблағи аксиз аз рӯи чунин мол (ашёи хом) ҳисоб кардани андоз ҳуқуқ дорад.

Ҳамчунин ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани аксизи барои молҳои зераксизӣ пардохташуда, ки (а) ба сифати намуна барои гузаронидани таҳлилҳо ё тафтишҳои истеҳсолӣ; (б) барои таҳқиқоти илмӣ; (в) бо мақсадҳои тиббӣ дар беморхона ва дорухонаҳо истифода мегарданд, иҷозат дода мешавад.

Кодекси андоз номгӯи молҳои зераксизиро (аз ҷумлаи мавқеъҳои фарохи номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ) муайян кардааст:

Боби 22. (Нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, спиртдор ва сирко)

Боби 24. (Тамоку ва маснуоти тамоку)

Боби 27. (Сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва ҳамингуна молҳо)

Коди 4011, 4012 (Шинаҳои автомобилӣ)

Коди 8703 (Автомобилҳои сабукрав)

Номгӯи мушаххаси молҳои зераксизиро аз ҷумлаи мавқеъҳои умумии мазкур ва меъёрҳои андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Давраи ҳисоботӣ аз рӯи аксизҳо даҳрӯза мебошад (ҳар даҳ рӯз).

Дар сурати истеҳсол кардани молҳои зераксизӣ андозсупоранда бояд нисбат ба муомилоти андозбандишаванда, ки дар давоми ҳар давраи ҳисоботӣ анҷом дода мешавад, аксиз супорад, инчунин оид ба аксизҳо дар мӯҳлатҳои зерин декларатсия пешниҳод намояд (моддаи 217 КА ҶТ):

рӯзи 13-уми моҳ – барои даҳрӯзаи аввали моҳ;

рӯзи 23-юми моҳ – барои даҳрӯзаи дуюми моҳ;

рӯзи 3-юми моҳ – барои қисми боқимондаи моҳ.

Агар андозсупоранда дар пардохти андоз таъхир карда бошад, ӯ аз ҳуқуқи аз ҳудуди биноҳои истеҳсолӣ берун баровардани мол то дами пардохтани қарзаш маҳрум мегардад.

Ба мисли андози арзиши иловашуда қонун ҳисобнома-фактураҳоро аз рӯи аксизҳо ҷорӣ намудааст, ки онҳоро таҳвилдиҳандаи молҳои зераксизӣ менависанд.

Ба мақсадҳои пурзӯр намудани назорати молиётӣ аз рӯи истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти зераксизӣ Ҳукумат метавонад тартиботи ба онҳо часпондани маркаҳои махсуси аксизӣ муқаррар намояд. Воридот ё аз ҳудуди биноҳои истеҳсолӣ берун баровардани молҳои зераксизӣ бидуни маркаҳои аксизӣ манъ аст. Ба мақомоти андоз ҳуқуқ дода шудааст, ки молҳои зераксизии бидуни маркаҳои аксизӣ ба фурӯш баровардаро мусодира намояд.

Дар Эстония панҷ намуди аксиз вуҷуд дорад (5 андози аксизӣ аз ҷумлаи 11 намуди андози дар мамлакат ҷоришуда). Аксизҳои зерин ҷорӣ шудаанд: ба машрубот; ба маҳсулоти тамоку; автомобил; ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ; барои борҷомаи нӯшобаҳо-пластикӣ ва шишаӣ[8]60.

В) Пардохтҳои иҷтимоӣ пардохтҳои ҳатмӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки бо мақсади ба амал баровардани суғуртаи иҷтимоӣ супорида мешаванд. Пардохтҳои иҷтимоиро ба пардохтҳои андоз шомил кардаанд.

Супорандагони пардохтҳои иҷтимоӣ инҳо мебошанд:

  1. шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ – корфармоён, ки ба шахсони воқеӣ – резидентҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кироякор (муздурон) музди меҳнат медиҳанд;
  2. шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти соҳибкориашон ҳаққи хизматии шахсони воқеию резидентҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои хусусияти гражданию ҳуқуқидошта ё бидуни шартнома хизмат расонандаро мепардозанд;
  3. шахсони воқеӣ – (3а) коргарони кироя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (3б) шахсони воқеӣ, ки дар асоси шартномаи дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ ва бидуни шартнома хизмат мерасонанд;
  4. шахсони воқеӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ба истиснои соҳибкорони алоҳидае, ки аз рӯи патент кор мекунанд.

Объектҳои андозбандии пардохтҳои иҷтимоӣ инҳо мебошанд:

  • ҷиҳати суғуртаи иҷтимоии коргарони кироя (барои

гурӯҳи 1 ва гурӯҳи 3а) музди меҳнати онҳо;

  • ҷиҳати суғуртаи ашхосе, ки дар асоси шартномаҳои дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ ва бидуни шартнома хизмат мерасонанд (барои гурӯҳи 2 ва гурӯҳи 3б) – маблағи ба онҳо пардохташаванда;
  • ҷиҳати шахсони воқеӣ – соҳибкорон (ба ғайр аз патентдорон), ки аз рӯи шоҳидӣ ё бо тарзи дигар соҳибкорӣ мекунанд – даромади андозбандишавандаи онҳо.

Аз пардохти андоз озод карда мешаванд:

– даромади ашхосе, ки дар муассисаҳои дипломатӣ ва консулхонаҳо кор мекунанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд;

– пардохтҳои муваққатан қобили меҳнат набудагон аз маблағи Фонди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Меъёрҳои пардохти иҷтимоии зерин муқаррар карда шудаанд (моддаи 226 КА ҶТ): 25 фоиз барои суғуртакунандагон (гурӯҳҳои 1 ва 2-юми пардохткунандагон; 1 фоиз барои шахсони суғурташуда (гурӯҳи 3-юми пардохткунандагон); 20 фоиз барои соҳибкорони алоҳида, ба ғайр аз патентдорон (гурӯҳи 4-уми пардохткунандагон).

Тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани пардохтҳои иҷтимоӣ барои гурӯҳҳои 1,2,3-юми пардохткунандагон айнан мисли тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андози даромад аз музди меҳнати коркунон мебошад. Соҳибкорони алоҳида (гурӯҳи 4-уми пардохткунандагон) якҷоя бо пешниҳоди декларатсия ва пардохтани андози даромад ба ҳамон тартиб декларатсия медиҳанд ва пардохтҳои иҷтимоиро аз рӯи ингуна даромад месупоранд. Пардохтҳои ҷорӣ бо ҳамин тартиб мисли андози даромад сурат мегиранд.

Дар мамолики Европаи Ғарбӣ меъёрҳои якҷояи пардохтҳои иҷтимоӣ, ки маблағи умумии ҳамагуна намуди ҳисобкуниҳоро ба музди кор ташкил медиҳанд, дар соли 1997 меъёрҳои пардохтҳои иҷтимоӣ алоҳида барои корфармоён ва барои кормандон дар ҳафт мамолик афзуда, дар чор мамолик кам шуд. Меъёри миёна дар 17 мамолики Европа (ба ғайр аз Исландия) дар соли 1997 барои кирокунандагон 22,4 фоиз (афзоиш 0,5 дараҷа нисбати соли 1991), барои коргарон 11,9 фоиз (афзоиш 2,4 дараҷа) буд. Меъёри муқоисавии миёнаи умумӣ 3,6 дараҷа афзуда, 34,3 фоизро ташкил дод. Ин маънои онро дорад, ки меъёри пардохтҳои иҷтимоӣ майли афзоиш дорад.

Бояд қайд кард, ки дар ин 11 мамолик, ки андозҳои иҷтимоӣ аз рӯи меъёрҳои алоҳида барои эҳтиёҷоти гуногун гирифта мешаванд, меъёрҳои умумӣ аз ҳисоби бештар ҷудо кардани ҳиссаи суғуртаи бекорӣ зимни кам шудани ҳиссаи суғуртаи тиббӣ афзудааст.

Аз сабаби маҳдуд будани имтиёзҳои фароҳамовардаи фондҳои иҷтимоӣ дар бисёр мамлакатҳо (ИМА, Сингапур, Австрия, Германия, Юнон, Ирландия, Нидерландия, Люксембург ва Швейсария) ҳадди зиёди музди кор вуҷуд дорад, ки аз рӯи он пардохтҳои иҷтимоӣ гирифта мешаванд, ки дар натиҷаи андозбандии музди кори баланд паст мефарояд. Ҳудуди он дар як сол аз $23 ҳазор то $88 ҳазор долларӣ – тақрибан аз як то 3 музди миёнаи кор пасту баланд мешавад. Вобаста ба инфлятсия ва афзоиши музди кор ингуна ҳадҳо ҳар сол 5-10 фоиз баланд мешаванд, дар солҳои 1991-1997 онҳо ба ҳисоби миёна 1,6 баробар боло рафтанд.

Ҳамин тавр, мамолики мутараққӣ сиёсати «давлати иҷтимоӣ»-ро давом дода, ҳиссаҷудокуниро ба фондҳои махсус тағйир намедиҳанд ё худ зиёд мекунанд, вале дар баробари ин аслан меъёрҳои андози даромадашонро пасттар карда, ба зиёд кардани даромад ҳавасманд мегардонанд[9]61.

Г). Хироҷи замин (андози замин) аз тарафи истифодабарандагони замин[10]33 пардохта мешавад, ки қитъаҳои замин ҷиҳати истифодабарии бемӯҳлат ё истифодабарии ворисонаи умрбод ба номи онҳо қайд шудаанд (моддаҳои 228-234 КА ҶТ).

Ҳамин тавр, пардохткунандагони хироҷи замин ду категорияи ашхосе мебошанд, ки барояшон қитъаҳои замин дода шудаанд:

  1. барои истифодабарӣ;
  2. барои истифодабарии ворисонаи якумра.

Объекти андозбандӣ бо хироҷи замин бо назардошти таркиби киштзор, сифати он ва ҷойгиршавии қитъаи замин, арзёбии кадастрии замин, тарзҳои истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологӣ муқаррар карда мешавад.

Асноди кадастрии истифодабарандаи замин асоси муайян намудани хироҷи замин ҳисоб мешавад. Ҳаҷми хироҷи замин ба натиҷаи фаъолияти хоҷагидории истифодабарандаи замин вобаста набуда, ба тарзи пардохти устувор барои воҳиди масоҳати замин муқаррар карда мешавад.

Давраи андозбандии замин 1 сол аст.

Меъёрҳои асосии хироҷи замин барои осон гардондани ҳисоб ва маъмуриятчигии андоз ба ду гурӯҳ тақсим шудааст:

  1. меъёрҳои хироҷи замин барои замини шаҳрҳо ва шаҳракҳо: (а) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – 30 сомонӣ аз як гектар ё 0,003 сомонӣ аз як метри мураббаъ; (б) барои шаҳрҳои тобеи марказ, вилоят ва шаҳри Хоруғ – 20 сомонӣ аз як гектар ё 0,002 сомонӣ аз як метри мураббаъ; (в) дар шаҳрҳо ва шаҳракҳои тобеи марказ – 15 сомонӣ аз як гектар ё 0,0015 сомонӣ аз як метри мураббаъ. Ба масоҳати андозбандишаванда заминҳое дохил мешаванд, ки барои сохтмон, иншоот, қитъаҳое, ки барои нигоҳубини онҳо заруранд, инчунин мавзеъҳои санитарию муҳофизатии объектҳо, мавзеъҳои техникӣ ва ғайра банд шудаанд;
  2. меъёрҳои асосии хироҷи замин аз як гектари замин оид ба минтақаҳои кадастрӣ ва шаклҳои киштзор ба андозаи зерин (ба ҳисоби 0,001 сомонӣ) муқаррар карда мешаванд:

Номгӯи минтақаҳои кадастрӣ

Заминҳои кишт, дарахтзор: обӣ, лалмӣ

Чарогоҳ ва алафзорҳо

Роҳу кӯчаҳо, иморатҳои ҷамъиятӣ, беша, майдонҳо, каналҳо, ҷӯю заҳбурҳо

Дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда

Суғд

8311)635

84

642

88

Ҳисор

8854/1578

146

491

63

Ғарм

7169/2169

146

327

38

Кӯлоб

9271/1775

262

466

63

Вахш

12880/1324

115

781

101

ВМКБ (бе минтақаи Мурғоб)

2515/1324

71

277

38

Дар ҷумҳурӣ

10000/1324

146

454

49

Ба мақсади ҳисобгирии тағйир ёфтани нархҳо ва тарифҳои мол (кору хизматрасонӣ) ва хароҷоти истеҳсоли онҳо индексатсияи меъёрҳои асосии хироҷи замин вобаста ба инфлятсия муқаррар карда шудааст[11]63.

Меъёрҳои миёнаи хироҷи замин оид ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Истифодабарандагони замин ҳар сол на дертар аз 1 марти соли ҳисоботӣ ба мақомоти андоз аз маблағи ҳисобу китоби хироҷи замин декларатсия пешниҳод мекунанд.

Мӯҳлати пардохти хироҷи андоз:

  • заминҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо бо ҳиссаҳои баробари маблағи яксола на дертар аз 15 март, 15 июн, 15 сентябр ва 15 декабр пардохта мешавад;
  • заминҳои берун аз шаҳрҳо ва шаҳракҳо бо ҳиссаҳои баробари маблағи яксола на дертар аз 15 октябр ва 15 декабр пардохта мешавад.

Аз пардохти хироҷи замин озод карда шудаанд (имтиёзҳо барои хироҷи замин): (а) мавзеи мамнӯъгоҳҳо, паркҳои миллӣ ва дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ; (б) қитъаҳои замине, ки бевосита барои мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ, ҳамчунин барои озмоиши навъҳои зироат ва хоҷагии ҷангал аз ҷониби хоҷагии таълимию таҷрибавӣ, муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва таълимии кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал истифода бурда мешаванд; (в) қитъаҳои замине, ки бевосита барои тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ аз ҷониби хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниҳолпарвар истифода бурда мешаванд; (г) заминҳое, ки ташкилотҳои буҷетӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он истифода мебаранд; (д) замини ташкилотҳое, ки дар он биноҳои истифодабарандаи онҳо воқеъанд ва онҳоро давлат ҳамчун ёдгориҳои таърихӣ, фарҳанг ва меъморӣ муҳофизат мекунад; (е) заминҳои азкорбаромадае, ки (бояд рекултиватсия шаванд) барои истифодабарӣ дода шудаанд ва заминҳои дар марҳалаи киштукор қарордошта ба мӯҳлати панҷ сол аз рӯзи гирифтани онҳо (оғози истифодабарӣ); (ж) заминҳои азнавистифодашавандаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар давоми панҷ сол ва заминҳои азхудкардашудаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар давоми як соли баъди ҷудо намудани ингуна заминҳо; (з) заминҳое, ки барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони ҳамаи категорияҳо дар сурати набудани аъзои коршоями оила, кормандони сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд; (и) заминҳои истифодабарии умумии маҳалҳои аҳолинишин ва хоҷагии коммуналӣ, захираи озоди давлатӣ; (к) заминҳои дар хатти мушоҳидаи тӯли сарҳади давлатӣ, зери пиряхҳо, ярчҳо, дарёҳо ва кӯлҳо, роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва роҳҳои оҳан, объектҳои давлатии таъмини об ва иншоотҳои обӣ буда, (л) заминҳое, ки барои таъмини фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идорот, инчунин барои таъмини мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Чехия пардохти хироҷи замин дар доираи андози амволи ғайриманқул гирифта мешавад, ки он дар асоси Қонуни №338/1992 «Оиди андози амволи ғайриманқула» мувофиқи тағйироту иловаҳояш муқаррар шудааст. Мояи андоз қитъаҳо ва иморатҳо мебошанд.

Меъёри хироҷ иборат аст: аз замини корам, токзорҳо, боғу полезҳо – 0,75 фоизи арзиши солонаашон; аз марғзорҳо ва чарогоҳҳо, ҷангал ва ҳавзҳои моҳипарварӣ – 0,25 фоизи арзиши солонаашон, аз қитъаҳои бинокорӣ барои 1 метри мураббаъ дар як сол 1 крона, аз масоҳати эъморшуда ва ҳавлиҳо, инчунин дигар масоҳат барои 1 метри мураббаъ солона -0,1 крона. Илова ба ингуна меъёри андозҳо вобаста ба бузургии маҳалли аҳолинишин коэффитсиентҳои баланд татбиқ карда мешаванд, ки ҳадди аксари онҳо барои шаҳри Прага 4,5 баробар аст[12]64.

Д) Барои содда гардондани андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар соли 2003 ба сифати таҷриба (хироҷи ягонаи замин барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҷорӣ карда шуд[13]65 (моддаҳои 2871, 2875 КА ҶТ).

Супорандагони хироҷи ягонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мебошанд. Хироҷи ягона фақат дар он қисми фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҷорӣ карда мешавад, ки ба истеҳсол ва тайёр карда фиристодани маҳсулоти кишоварзӣ бе коркарди саноатии он вобастагӣ доранд.

Объекти хироҷбандӣ қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мебошад.

Маблағи хироҷи ягона ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидории хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) вобаста набуда, дар шакли пардохтҳои устувор барои воҳиди масоҳати замин ба ҳисоби як сол муқаррар карда мешавад.

Имтиёзҳои хироҷ: хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки бо хироҷи ягона хироҷбандӣ карда мешаванд, аз супоридани андозҳои зерин озод карда мешаванд: (1) андози арзиши иловашуда; (2) андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард; (3) андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ; хироҷи замин; (4) андози соҳибони воситаҳои нақлиёт; (5) андози амволи корхонаҳо; (6) андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд аз рӯи усули соддакардашуда мепардозанд; (7) андозҳои маҳаллӣ.

Ҳисоб кардани маблағи андоз: маблағи хироҷи ягона ҳамчун ҳосили зарби масоҳати замини хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба меъёрҳои муқарраргардидаи хироҷи ягона муайян карда мешавад.

Меъёри хироҷи ягона дар ҳаҷми меъёри ҳашткаратаи меъёрҳои индексатсияшудаи меъёри хироҷи замин мувофиқ аст.

Мӯҳлати пешниҳоди декларатсия ва мӯҳлати пардохти андози ягонаи замин бо чунин нишондиҳандаҳои андози замин мувофиқанд. Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки хироҷи ягонаи замин дар қаламрави чор воҳиди марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2003 амал мекунад. Номгӯи ингуна марзҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Е) Андози соҳибони воситаҳои нақлиёт

Андозсупорандагон ашхосеанд (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ), ки дорои воситаҳои нақлиёт буда, бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд

Объекти андозбандӣ ҳар воситаи нақлиёте мебошад, ки дар Номенклатураи молии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ таҳти кодҳои 8702-8704 зикр гардидаанд.

Аз андозбандӣ озод карда мешаванд: (а) автомашинаҳо ва механизмҳои тасмачарх; (б) комбайнҳои ғалладарав ва махсуси мотордор; (в) автобусу троллейбусҳои корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум, ки барои мусофиркашӣ истифода мебаранд; (г) мотоколяска ва автомобилҳои маъюбон, ки дастӣ идора мешаванд.

Айни замон шахсони воқеӣ ва корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ (ба истиснои корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум барои кашондани мусофирҳо дар шаҳрҳо сарфи назар аз шаклҳои моликият) аз пардохти андози соҳибони воситаҳои нақлиёт озод карда намешаванд.

Давраи андозбандӣ – як сол.

Меъёрҳои андоз вобаста ба навъи воситаи нақлиётӣ муқаррар карда шудааст (ба ҳисоби як қувваи асп ба иқтидори мотор):

Номгӯи объектҳои андозбандишаванда

Ҳаҷми андоз ба ҳисоби фоиз барои даромади ҳадди ақали

андозбандинашаванда

Мотосиклҳо ва мотороллерҳо

1,0%

Автомобилҳои сабукрав

2,0%

Автобусҳои (12 ҷоя)

2,5%

Автобусҳои (13-30 ҷоя)

3,0%

Автобусҳои (бештар аз 30 ҷоя)

3,5%

Воситаҳои нақлиёти автомобилии борбардориашон то 60 тонна

4,0%

Воситаҳои нақлиёти автомобилии борбардориашон аз 10 то 20 тонна

4,5%

Воситаҳои нақлиёти автомобилии борбардориашон аз 20 то 40 тонна

5,0%

Воситаҳои нақлиёти автомобилии борбардориашон беш аз 40 тонна

5,5%

Андоз ба буҷет бояд дар мӯҳлатҳое пардохта шавад, ки барои гузаштани бақайдгирӣ (аз нав бақайдгирӣ) ё муоинаи ҳарсолаи техникии нақлиёти автомобилӣ муқаррар гардидаанд. Риоя накардани мӯҳлати пардохт барои кашидани соҳиби воситаи нақлиёт ба ҷавобгарӣ асос мебошад.

Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд исботи пардохтани андозро ҳамчун шарти гузоштани бақайдгирӣ (аз нав бақайдгирӣ) ё муоинаи ҳарсолаи техникии нақлиёт талаб намояд.

Дар Голландия аз автомобилҳои сабукрав ва мотосикл ва воситаҳои нақлиёт андоз гирифта мешавад.

Андози автомобилҳои сабукрав ва мотосиклҳо андози яквақта аз шахсони воқеӣ мебошад. Ҳангоми ба қайдгирии автомобилҳои сабукрав дар Нидерландия, инчунин аз автомобилҳои дар хориҷа бақайдгирифта, аз аввали истифодабарии онҳо дар роҳҳои Нидерландия андоз гирифта мешавад. Меъёр – 45,2 фоизи нархнома (бидуни андози арзиши иловашуда) тарҳи 1540 ЕVR.

Андози воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз соҳибони автомобилҳо, аз ҷумла ғайрирезидентҳо ситонида мешавад. Меъёрҳо вобаста ба вазни автомобил ва сӯзишвориаш тағйир ёфта ва нархи изофаи дар музофотҳо муқаррар кардашавандаро дарбар мегирад. Масалан, дар музофоти Голландияи Ҷанубӣ меъёри андоз чунин аст: барои автомобилҳои сабукрав – аз 287 то 960 EVR, барои автомобилҳои боркаш – аз 490 то 4151 EVR[14]66.

Ж) Андози фурӯши пахта ва алюминий.

Супорандагони андози фурӯши пахта ва алюминий шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие мебошанд, ки пахта ва алюминийро ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ мебароранд.

Арзиши моли истеҳсоли худӣ, фурӯхташуда ба моли дигар ивазкарда, ба таври ройгон додашуда ё арзишаш қисман пардохта, ба замонат додашуда, тибқи муомилоти фючерӣ (форвардӣ), ба сифати ашёи хоми молик ва ё бо роҳи дигар супоридае, ки дар натиҷаи он соҳиби мол (коркардкунанда) иваз гаштааст, объекти андозбандӣ ҳисоб мешавад.

Барои муайян намудани манбаи андоз арзиши моли фурӯхтае, ки бо назардошти нархи моли андозбандишавандаи дар биржаи байналхалқии (минтақавии) дахлдор бо назардошти сифат, намуд, навъи мол дар рӯзи фурӯш ташкилшуда ҳисоб карда шудааст, ба инобат гирифта мешавад.

Меъёри андоз аз рӯи арзиши биржавии моли андозбандишаванда ба андозаи зерин бо фоиз муайян карда мешавад[15]38.

а) барои пахта – 10 фоиз;

б) барои алюминии аввалия – 2 фоиз (дар барномаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пасттар кардани меъёри андози фурӯши пахта ва алюминий зимни тадриҷан бекор намудани он ва гузаштан ба ААИ (андози арзиши иловашуда) пешбинӣ шудааст).

Тартиби ҳисоб кардани андоз ва мӯҳлати пардохти он. Маблағи андозеро, ки бояд пардохта шавад, фурӯшандаҳо дар асоси нархҳои биржа дар рӯзи фурӯши мол бо назардошти сифат, намуд ва навъи он, ҳаҷми фурӯш ва меъёри андоз мустақилона ҳисоб карда мебароянд. Дар ҳуҷҷатҳои пардохти андоз тарзи фурӯши (савдои) мол (фурӯхтан, мубодила кардан, ройгон супурдан ва қисман додани пули он, супоридан ба сифати ашёи хом, ба замонат супоридан, фурӯхтан аз рӯи муомилоти фючерӣ (форвардӣ) зикр карда мешавад.

Ҳангоми молро аз нав фурӯхтани соҳиби он андоз бо назардошти фарқи байни маблағи андоз аз рӯи нархи харидорӣ ва нархи фурӯши мол пардохта мешавад.

Дар мавриди содироти моли андозбандишаванда, ба замонат ё худ дар дохили ҷумҳурӣ ба сифати ашёи хоми молик супурдани он андозсупоранда тамоми маблағи андози фурӯшро пешакӣ мепардозад.

Мӯҳлати пардохти андоз – андоз на дертар аз се рӯзи баъди ворид шудани маблағ ба ҳисобномаи дар муассисаи бонк доштаи фурӯшанда ҳангоми ҳисобу китоби нақдина ба кассаи ӯ пардохта мешавад, дар сурати ройгон додан, мубодила намудани моли андозбандишаванда, супоридан ба сифати ашёи хоми молик ё ба замонат додан бошад, баъд аз бор кардан, фиристодани мол пардохта мешавад.

3) Андози маҳаллӣ аз фурӯши чакана (моддаи 289 КАҶТ).

Тартиби пардохт ва ситонидани андозро маҷлисҳои маҳаллӣ, ки ин андозро дар маҳалли худ муқаррар кардаанд, муайян менамоянд.

Меъёрҳои ҷудогонаи андоз дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд. Зимни ин мутобиқи моддаи 288 КА ҶТ Маҷлисҳои маҳаллӣ ҳуқуқ доранд, ки:

а) категорияҳои алоҳидаро аз ҳайату андозсупорандагон истисно намоянд ё барои онҳо меъёрҳои пасттарро муқаррар кунанд;

б) унсурҳои алоҳидаро аз манбаи андозбандӣ хориҷ намоянд ё нисбат ба онҳо меъёрҳои пасттарро истифода баранд;

в) меъёрҳои пасттари андозро муқаррар кунанд.

Андозсупорандагон – корхонаҳо ва соҳибкорони алоҳидае, ки мол мефурӯшанд.

Объекти андозбандишаванда фурӯши мол ҳангоми савдои чакана дар ин ё он ҳудуд (шаҳр, ноҳия) аст.

Манбаи андоз ҳамчун арзиши моли аз ҷониби андозсупоранда фурӯхташаванда муайян мегардад, ки бо дарназардошти нархҳои озод (бозорӣ) бе ҳисобгирии андози фурӯши чакана ҳисоб карда мешавад. Ҳангоми муайян кардани нархҳои озоди (бозории) моли зикргардида андози арзиши иловашуда, инчунин аксизҳо барои моли зераксизӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд (ба нарх дохил карда мешаванд).

Меъёри андоз дар ҳаҷми на зиёда аз 5 фоиз муқаррар карда мешавад[16]39.

И) Андози маҳаллӣ барои нигоҳ доштани нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ (мод.291 КА ҶТ).

Тартиби пардохтан ва ситонидани андозро Маҷлисҳои маҳаллӣ, ки ин андозро дар ҳудуди худ муқаррар кардаанд, муайян менамоянд.

Меъёрҳои алоҳидаи андоз дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд. Зимни ин мутобиқи моддаи 288 КА ҶТ Маҷлисҳои маҳаллӣ ҳуқуқ доранд, ки:

(а) баъзе категорияҳоро аз ҳайати андозсупорандагон истисно намоянд ё барои онҳо меъёрҳои пасттарро муқаррар кунанд;

(б) унсурҳои ҷудогонаро аз манбаи андозбандӣ хориҷ намоянд ё нисбати онҳо меъёрҳои пасттарро истифода баранд;

(в) меъёрҳои пасттари андозро муқаррар кунанд.

Супорандагони андоз ва манбаи андоз бо супорандагон ва манбаи андози пардохтҳои иҷтимоӣ мутобиқат мекунанд.

Меъёри андоз аз 2 фоиз зиёд буда наметавонад.

К) Боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ, боҷи давлатӣ

Пардохтҳои андоз, ки рӯйхати андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 6 КА ҶТ дар бар гирифтааст, вале ба Кодекси андоз дохил карда нашудаанд.

Гирифтани боҷи гумрукӣ бо қонунҳои гумрукӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, боҷи давлатӣ бошад, бо санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои боҷи давлатӣ ба танзим дароварда мешаванд (б.7 мод.1 КА ҶТ).

Андози арзиши иловашуда ва аксизҳо дар мавриди ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани мол аз тарафи мақомоти гумрук мутобиқи қонунгузориҳои гумрук ва андоз ситонида мешаванд.

  1. 51 Дастури њисоб кардан ва пардохтани ААИ бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 18.06.99,

    №241 тасдиќ шудааст.

  2. 53 Ба ѓайр аз содироти мол.

  3. 54 Тартиби пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) њангоми ворид намудан бо ќонунњои гумрукї ва андоз муќаррар шудаанд.

  4. 55 Тартиби амалкунанда соли 1999 ќабул шудааст.

  5. 56 Андозбандии содирот аз рўи меъёри сифр дар назар дорад, ки баъди анљом додани амалиёт ба содиркунанда аз љониби Вазорати молия тамоми маблаѓи андози арзиши иловашуда, ки ба моли мазкур (кору хизматрасонињо) њисоб карда баргардонида мешавад (њисобї мешавад), яъне молњои содиротї (кору хизматрасонї) аз андози арзиши иловашуда пурра озод мешавад.

  6. 57 Ўњдадории пардохти андоз бевосита дарњол баъди амалиёти андозбандї, яъне баъди тањвили мол, иљрои кору хизматрасонї ё воридот пайдо мегардад.

  7. 58 Ин ќоида ба шахсе, ки танњо дар мавриди воридоти мол андозсупор аст, дахл надорад.

  8. 60 Энциклопедия налога. Эстония-балтийский тигр.- http //www. Tax-nalog. Km.ru.

  9. 61 Энциклопедия налога. Подоходный налог и социальные отчисления.- http //www. Tax-nalog. Km.ru.

  10. 33 Дастури њисоб кардан ва ситондани хирољи замин бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3.05.99 №188 тасдиќ шудааст.

  11. 63 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 11 декабри соли 1999 №902 «Дар бораи муќаррар намудани коэффитсиенти индексатсияи меъёрњои хирољи замин» ќабул шудааст, ки мувофиќи он ба њар як дараљаи фоизи инфлятсия меъёри хирољи замин ба 0,7 фоизи дараља зиёд мешавад.

  12. 64 Энциклопедия налога. Чешская Республика – система налогообложения юридических лиц. – http //www. Tax-nalog. Km.ru.

  13. 65 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйироту иловањо ба Кодекси андози Љумњурии Тољикистон», Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, №4, ќисми 1. с.2002, моддаи 239.

  14. 66 Энциклопедия налога. Современная налоговая система Нидерландов. – http //www. Tax-nalog. Km.ru.

  15. 38 Меъёрњои андоз ба вазъу њолати моњи сентябри соли 2002 муносибанд.

  16. 39 Бо назардошти њаљми воќеии муомилоти моли чакана дар Љумњурии Тољикистон ва мадохилоти воќеии андози фурўши чаканаи нимаи якуми соли 2002 меъёри воќеии андоз баробари 1,2 фоиз муќаррар карда шудааст (њол он ки то 5 фоиз буда метавонад).

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.