Масъулияти риоя нашудани қонуни андоз

1. Муқаррароти умумӣ

Масъалаи муқаррар кардани системаи самарабахши андоз ва назорати пардохти андоз имрӯз барои аксари мамлакатҳои ҷаҳон масъалаи муҳим ва доғ гаштааст. Бо вуҷуди он ки кишварҳои тараққикарда дар такмили қонунгузории андоз ва назорати молия ба комёбиҳои назаррас ноил гаштаанд, миқёси сар печидан аз пардохти андоз дар ин мамлакатҳо ҳамоно азим аст. Ин масъала барои иқтисодиёти бозаргонии Тоҷикистон, ки акнун ташаккул ёфта истодааст, боз ҳам бештар хос мебошад.

Раванди ташаккули меъёрҳои қонунгузории андоз равшан нишон дод, ки муқаррар намудани масъулияти риоя накардани қоидаҳои андоз бағоят муҳим аст. Ба мадохилоти андоз сахт вобаста будани даромади буҷети давлат чунин масъулияро яке аз ҷузъҳои асосии системаи муносибатҳои ҳуқуқии андоз гардондааст ва ин ҳолат танзими ҳуқуқии ҳаматарафаи онро талаб намуд. Ҳоло, ки дар Тоҷикистон муносибатҳои бозаргонӣ вусъат гирифтаанд, шаклҳои моликият гуногун мегарданд ва системаи ҳифзи ҳуқуқҳои иқтисодии инсон ташаккул меёбад, масъулияти ҳуқуқӣ ба принсипҳои нав асос мекунад.

Корхонаҳо, ташкилотҳо ва шахсҳои воқеӣ мутобиқи қонунгузории ҷорӣ вазифадоранд андозро ба буҷети давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ) ва фондҳои давлатӣ саривақт ва пурра супоранд. Агар андозсупорандагон мӯҳлати пардохти андозро риоя накунанд ва ҳамчунин онро пурра насупоранд ва ё аз пардохти андоз сар печанд, буҷети фондҳои дахлдор қарздор мешаванд, ки дар натиҷа масъулияти молиявӣ, маъмурӣ ва ҷиноиро ба зимма мегиранд.

Масъулияту ҷавобгарии риоя накардани қонуну қоидаҳои андозсупорӣ дар доираи танзими махсуси муносибатҳои амволии андозсупорӣ дар доираи танзими махсуси муносибатҳои амволии андозбандӣ ташаккул меёбад. Аксаран бар асари хусусияти ҳуқуқи граждании (шаҳрвандии) муносибатҳои амволӣ ва хусусияти ҳуқуқи маъмурии муносибатҳои молиётӣ ҳолати зиддиятноке пеш меояд, ки он бояд бо меъёрҳои қонунҳои махсуси андоз шарҳ дода шавад.

Мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуншиканиҳои андоз он кирдори зиддиқонунии вобаста ба вайрон кардани қонунҳои андоз (ҳаракат ва ё беҳаракатии) андозсупоранда, агенти андоз ва намояндагони он эътироф мегардад, ки барои он ҳамин Кодекс масъулият муқаррар намудааст» (мод.73 КА ҶТ)[1]48.

С.Г.Пепеляев қонуншикании андозро ҳамчун амали ё беамалии гунаҳкоронаи зиддиқонуние медонад, ки дар натиҷаи он вазифаҳо иҷро намешаванд ва ё номатлуб иҷро мегарданд, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштироккунандагони муносибатҳои молиётӣ, ки риоя намешаванд, барои ин масъулияти ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст[2]49.

Дар Федератсияи Россия қонуншикании андоз фаъолияти (амали ё беамалии) гунаҳкоронаи зиддиқонунии (риоя накардани қонунгузории боҷу хироҷ) андозсупоранда, агенти андоз ва дигар ашхосе мебошад, ки Кодекси андоз барояш масъулият муқаррар кардааст (мод.106 КА ФР).

Асоси ба ҷавобгарӣ кашидан барои қонуншикании андоз мавҷуд будани намудҳои қонуншиканӣ аст, ки он аз чор унсур – объект, тарафи объективӣ, субъект, тарафи субъект иборат мебошад.

Объекти қонуншиканӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ – муносибатҳои ҳуқуқии молиётӣ мебошад, ки бо қонун муҳофиза карда мешавад. Ба сифати объекти қонуншикании андоз муносибатҳои ҷамъиятӣ дониста мешаванд, ки дар соҳаи амали системи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд. Масалан, агар андозсупоранда андозашро нодуруст ҳисобу китоб карда бошад, пас объекти қонуншикании андоз қонуншиканиҳое мегарданд, ки байни давлат ва андозсупоранда, ки бо меъёрҳои ҷавобгарӣ аз рӯи ҳисобу китоб ва пардохти андоз ба ҳам алоқаманданд, ба миён меоянд.

Тарафи объективии қонуншикании андоз амали (ё беамалии) мушаххаси андозсупоранда, агенти андоз ва ё намояндагони онҳо мебошад, ки дар натиҷаи он қонунгузории андоз риоя нагардидааст.

Субъекти қонуншикании андоз шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ – андозсупорандагон, филиалҳо ва намояндагиҳои ашхоси ҳуқуқӣ, роҳбарон ва мансабдорони онҳо, агентҳои андоз ва шахсони сеюме буда метавонанд, ки бо қонун ба зиммаи онҳо иҷрои корубори муайяни соҳаи муносибатҳои молиётӣ гузошта шудааст.

Хусусияти қонуншикании андоз дар он аст, ки агар шахси ҳуқуқӣ ба ягон амали ғайриқонунӣ даст занад, дар ин ҳолат ҳар ду субъект ба ду намуди қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, яъне барои ду қонуншиканӣ ҷавобгар мешаванд. Як субъект шахси ҳуқуқӣ ва субъекти дуюм роҳбараш ё шахси мансабдор мебошад. Гап дар он аст, ки шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқу вазифаҳояшро ба воситаи мақомоте, ки роҳбаронашон сарварони онҳо мебошанд, баҷо меоварад.

Тарафи субъективии қонуншикании андоз мазмуну моҳияти ботинӣ, рӯҳии он аст. Яке аз ҷузъҳои тарафи субъективӣ гуноҳ мебошад. Қонуншикании андоз, ки субъекти он шахси воқеӣ – роҳбари шахси ҳуқуқӣ ё худ соҳибкори алоҳида (инфиродӣ) аст, аз ин ё он шакли гуноҳи рафтору амали қонуншикан ҳатман далолат мекунад.

Дар ин ҳолат таъкид кардан зарур аст, ки агар ягон кору амал боиси ҷавобгарии ҳам шахси ҳуқуқӣ ва ҳам шахси мансабдори он гардад, ба шахси ҳуқуқӣ ҳатто дар мавриде, ки шакли гуноҳи шахси мансабдор беэҳтиётӣ мебошад (ки амал ё беамалии ӯ барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахси ҳуқуқӣ асос гардидааст), бояд ҳатман ҷазо дода шавад.

Риоя накардани қонунгузории андоз дар риоя нашудани меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ зуҳур меёбад ва ин ё он тариқ бо ҳисоби андоз, пурра ва саривақт ба буҷет ё фондҳои давлатӣ гузаронидани он алоқаманд аст. Ба ҳамин тариқ, намудҳои асосии қонуншиканиҳои соҳаи андоз қонуншиканиҳое мебошанд, ки андозсупоранда зимни ғайриқонунӣ сар печидан аз пардохти андоз содир мекунад.

Қонуншиканиҳои соҳаи андоз вобаста ба мақсаду ғарази амалҳои ғайриқонунӣ чунин намудҳо доранд:

  1. иҷро накардани мадохилоти буҷет;
  2. иҷро накардани вазифаҳои назоратии мақомоти андоз;
  3. иҷро накардани тартиби баҳисобгирӣ, қоидаҳои тартиб додан ва пешниҳод кардани ҳисобот;
  4. иҷро накардани вазифаҳои пардохти андоз;

Мафҳуми «масъулият», «ҷавобгарӣ» чӣ тавр маънидод карда мешавад?

О.С.Иоффе масъулияти ҳуқуқиро дар навбати аввал ҳамчун ҷазои (муҷозоти) қонуншиканӣ, ҳамчун оқибати пешбининамудаи меъёри ҳуқуқ дар мавриди риоя накардани он маънидод мекунад[3]50. Ин муҷозот, ба қавли О.С.Иоффе, чораи маҷбур кардан ва риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқ буда, онро мақомоти давлат нисбати шахсҳое, ки ин меъёрҳоро вайрон мекунанд, татбиқ менамояд. Ва, мувофиқан, оқибати ҳуқуқиро, ки бо чораҳои маҷбуркунии давлатӣ алоқаманд намебошанд, аз ҷумлаи масъулияти ҳуқуқӣ донистан мумкин нест. Муҷозотро низ ҳамчун оқибати ногувори қонуншиканӣ муайян намуда, зимни ин таъбири барои қонуншикан «бенафъ» будани оқибате таъкид карда мешавад, ки барояш аз амри қонуншиканӣ бармеояд.

И.С.Самощенко ва М.Х.Фарукшин таъкид менамоянд, ки масъулияти ҳуқуқӣ аз рӯзи пайдоишаш ҳамеша масъулияти амали гузашта будааст. Масъулияти ҳуқуқӣ ҷазои амали қонуншиканӣ буда, хусусияти маҷбуркунии давлатӣ дорад. Ин масъулият пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки вай дар мавриди қонуншиканӣ новобаста ба майлу иродаи қонуншикан татбиқ (дайн) карда мешавад ва нисбати ӯ хусусияти зоҳирӣ дорад[4]51.

Азбаски масъулият (ҷавобгарӣ) ҳамеша намуди муайяни маҳрумияти амволӣ ё шахсӣ мебошад, он бояд бо ягон бору ташвиши иловагӣ ифода гардида, бо ҳамин оқибаташ барои қонуншикан як навъ манфӣ бошад. Намудҳои чунин оқибат бо вазифаи нав иваз кардани вазифаи иҷронакарда ва (ё) ба вазифаи риоянашуда илова кардани вазифаи нав буда метавонад.

Тибқи қонунгузории ҷории андоз масъулият чанд шаклу намуд дорад.

Барои риоя нагардидани қонунгузории андоз чунин шаклу намуди масъулият пешбинӣ карда мешавад:

  • молиявии ҳуқуқӣ;
  • маъмурии ҳуқуқӣ;
  • ҷиноятии ҳуқуқӣ.

Ҷавобгарии молиявии ҳуқуқӣ ва дигар навъҳои ҷавобгарӣ (маъмурии ҳуқуқӣ ва ҷиноятии ҳуқуқӣ) шаклҳои гуногуни ҷавобгарианд. Бинобар ин ҳеҷ чиз монеи он шуда наметавонад, ки шахсҳои воқеӣ ҳам мутобиқи қонунгузории андоз, ҳам мутобиқи қонунгузории маъмурӣ ва ё ҳам мутобиқи қонунгузории ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Амалияи аз рӯи ҳуқуқ татбиқ намудани андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ҳамин роҳ пеш рафта истодааст.

Шахс ба масъулият бо тартиби муайяннамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида, парвандаҳои қонуншикании андоз бо тартиби муайяннамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиш карда мешаванд.

Тафтиши парвандаҳои риоя накардани қонунгузории андоз, ки аломату нишонаҳои қонуншикании маъмурӣ ё ҷинояткорӣ дорад, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонуншикании (ё ҳуқуқвайронкунии) маъмурӣ ва қонунгузории мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Парвандаи риоя накардани қонунгузории андоз, ки бо гузаронидани мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиш карда мешавад.

Субъектҳои қонуншикании андоз, одатан, андозсупорандагонанд. Вале мафҳумҳои андозсупоранда ва субъекти масъулият як хел нестанд, зеро дар қонунгузорӣ мавридҳое муқаррар шуда метавонанд, ки қонуншикании андоз метавонад аз тарафи шахси дигар содир карда шавад (масалан, дар ҷои пардохти даромад андоз наситонидани агенти андоз).

Андозсупоранда гуфта шахсеро меноманд, ки ягон объекти андозбандишаванда ва ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани онро дорад ва ба ин муносибат бояд андози дахлдор супорад.

Қонунгузории ҷорӣ вобаста ба субъект се намуди алоҳидаи масъулияти андоз муқаррар менамояд:

  • масъулияти андозсупорандагон (намояндагони онҳо) барои риоя накардани тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андоз;
  • масъулияти агентҳои андоз барои риоя накардани тартиби ҳисоб намудан, нигоҳ доштан ва ба буҷети дахлдор (фонди давлатӣ) гузаронидани андоз;
  • масъулияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитдеҳ барои иҷро накардани (дер иҷро кардани) пардохтномаҳои андрозсупорандагон.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ – андозсупорандагон синну соли муайян муқаррар менамояд, ки аз он сар карда, шахси воқеӣ субъекти масъулияти андозсупорӣ шуда метавонад: масъулияти андозсупории шахсони воқеӣ аз шонздаҳсолагӣ пешбинӣ шудааст. Ин қоида маънои онро дорад, ки агар шахси воқеӣ то шонздаҳсолагиаш ба қонуншикании андоз роҳ дода бошад, ба ҷои вай (дар сурати будани асос), одатан намояндагони қонуниаш (падару модар, васиён) ба ҷавобгарии андозсупорӣ кашида мешаванд.

Мувофиқи моддаи 22 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили амал донистани шахсони воқеӣ пурра аз синни балоғат (18 – солагӣ) сар мешавад. Дар баробари ин бо ҳуқуқи гражданӣ барои ноболиғони аз 14 то 18 – сола қобили амали маҳдуд (мод.27 КГ ҶТ) ва чунин қоида барои шахси болиғи 16-солаи (мод.27 КГ ҶТ) мустақил (озод) муқаррар карда шудааст, ба шарте, ки ӯ аз рӯи шартнома кор кунад (тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад) ё худ бо соҳибкорӣ машғул бошад.

Ба ҳамин тариқ, хулоса баровардан мумкин аст, ки қобилияти андозсупорӣ назар ба қобилияти гражданӣ ва қобили амал будан дар ҷои дуюм меистад. Шахси воқеии мушаххас дарвоқеъ танҳо баъди қобилияти гражданӣ ё қобили амал буданро доро шуданаш ба андозсупорӣ қобил мегардад. Яъне шахси воқеӣ танҳо баъди объектҳои андозбандишавандаро, аз ҷумла амволу даромад ва ғайраро молик гаштанаш ҳуқуқу ӯҳдадориҳои андозсупориро соҳиб шуда метавонад. Ба ин муносибат синну соле, ки қобилияти андозсупории шахси воқеӣ аз он сар мешавад, аз синну соли фарорасии қобилияти гражданӣ ва қобили амал будан ҳисоб карда шудааст.

Бинобар ин, дар мавриди ҷавобгар кардани шахсе, ки 16-ро пур кардаасту вале ба 18-солагӣ нарасидааст, ба назар гирифтан зарур аст, ки ӯ дар вақти содир кардани қонуншикании андозсупорӣ барои иҷрои вазифаҳои андозсупорӣ қобилияти гражданӣ дошт ё не. (масалан, барои пардохти андоз маблағҳояшро пурра ихтиёрдорӣ карда метавонист ё не).

Дар Кодекси андоз ба сифати шахсони ҳуқуқӣ истилоҳи «корхона» истифода шудааст. Дар ин сурат ин ё он ташкилот корхона номида мешавад, ба шарте ки: 1) бо фаъолияти иқтисодӣ машғул бошад ё худ барои иҷрои чунин фаъолият таъсис дода шуда бошад: 2) шахси ҳуқуқӣ ва ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати махсуси он бошад ва 3) баланси шахсӣ ё ин ки суратҳисобҳои алоҳида дошта бошад.

Принсипҳои маъмули андозбандӣ таъкид менамоянд, ки андозро касе месупорад, ки даромад мегирад. Вале амалияи андозбандии ҷаҳон нишон дод, ки барои пурра ва саривақт пардохтани андоз, сабуку осон кардани назорати ҳисоби дурусти андоз ва пардохти он вазифаи ҳисоб кардан, нигоҳ доштани андози андозсупорандагон (соҳибони даромад) ва ба нафъи давлат гузаронидани маблағи андозро ба зиммаи дигар ашхос гузоштан салоҳ аст (агентҳои андоз).

Агентҳои андоз (аминон) аслан молики даромад ё худ кормандони мақомоти андоз нестанд, балки шахсонеанд, ки баъзе корҳои андозбандиро баҷо меоваранд. Ин маънои онро дорад, ки аз ҷумла, муҷозоти ҷаримае, ки аз андозсупорандагон ситонида мешаванд, нисбати агентҳои андоз низ татбиқ карда шуда метавонанд. Ғайр аз ин, дар қонунгузории андоз муҷозоти махсуси ҷарима буда метавонад, ки танҳо нисбати агентҳои андоз татбиқ карда мешаванд (мод.85 КА ҶТ).

Статуси ба агентҳои андоз наздикро бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявии кредитдеҳ доранд.

Масъулияти андозсупорӣ ба ҳамаи андозсупорандагон сарфи назар аз шаклҳои моликият, шаклҳои ташкилии ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ва ҳамчунин ба агентҳои андоз, намояндагони андозсупоранда ва муассисаҳои бонкӣ дахл дорад.

Ҳар кадоми ҳолати зайл барои содир кардани қонуншикании молиётӣ ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро истисно менамояд (мод.76 КА ҶТ):

  1. набудани ҳодисаи қонуншикании молиётӣ;
  2. гуноҳ надоштани шахс дар содир шудани қонуншикании молиётӣ;
  3. кирдори нишонаҳои қонуншикании молиётӣ надоштаро содир кардани шахсе, ки синну солаш дар ин замон ба шонздаҳ нарасида бошад;
  4. бинобар гузаштани мӯҳлати кашидан ба ҷавобгарӣ барои содир кардани қонуншикании молиётӣ.

Масъулияти содир кардани қонуншикании молиётӣ дорои ҳамаи нишонаву аломати асосии масъулияти ҳуқуқӣ мебошад, яъне:

  • воситаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ мебошад;
  • дар татбиқи чораҳои маҷбурияти давлатӣ ифода меёбад;
  • барои риоя накардани меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад;
  • дар асоси меъёрҳои ҳуқуқ татбиқ мегардад, яъне меъёраш муайян шудааст;
  • оқибати гунаҳкорист;
  • аз татбиқи муҷозоти муқаррарнамудаи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат буда, бо оқибати манфии моддӣ ё маънавие алоқаманд аст, ки қонуншикан бояд аз сар гузаронад;
  • дар шаклҳои дахлдори мурофивӣ амалӣ гардонида мешавад.

Дар баробари ин аломатҳои хоси масъулияти қонуншикании молиётиро таъкид кардан мумкин аст:

  • асоси масъулият қонуншикании молиётӣ мебошад (мафҳум аз рӯи мод.73 КА ҶТ);
  • татбиқи ҷавобгарии риоя нашудани қонунгузории андоз бо меъёрҳои ҳуқуқи молиётӣ, маъмурӣ ва ҷиноӣ танзим гардонида шуда, онҳо якҷоя асоси меъёрии ҷавобгарии қонунгузории андозро ташкил медиҳанд;
  • қонуншиканиҳои молиётӣ таркиби махсуси субъективӣ доранд;
  • ба ин ё он ҷавобгарӣ шахсони ӯҳдадорро мақомоти андоз ва дар ҳолатҳои махсуси муқарраргардида – мақомоти гумрук мекашанд (мод.75 КА ҶТ);
  • ҳеҷ як асноди дигари меъёрӣ ҳуқуқи пешбинӣ кардани асосҳои дигари ҷавобгарӣ (масалан, ҷорӣ намудани хелҳои нави қонуншиканиҳои молиётӣ) ва ҳамчунин тартиби пешбурди парвандаҳои қонуншикании молиётӣ (аз ҷумла, пешбинӣ кардани ҷавобгарии бегуноҳ, муқаррар намудани фарзияи (презумпсияи) гунаҳкории субъекти ҷавобгарии молиётӣ ва ғайра)-ро надорад.

Бо вуҷуди он ки андозсупоранда барои қонуншикании молиётӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, ӯ аз пардохти маблағу фоизи (баҳраи) андози муқарраргардида озод карда намешавад. Барои қонуншикании молиётӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудани агенти андоз ӯро аз гузаронидани маблағи андоз ва фоизи муқарраргардида ба суратҳисоб озод намекунад.

Принсипи тасдиқӣ, аз ҷумла тасдиқи судии гуноҳи содир кардани қонуншикании молиётӣ ба андозсупоранда ҳуқуқ медиҳад, ки аз қарорҳои мақомоти андоз дар бобати кашида шуданаш ба ҷавобгарӣ ҳатто дар мавриди ихтиёран баҷо овардани ин қарори пештара шикоят кунад.

Бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардани ду шакли гуноҳи андозсупорандае, ки амали ғайриқонунӣ (ё) беамалӣ кардааст, далели муайян намудани чораи ҷавобгарии андозсупоранда барои риоя накардани қонуни андоз мебошад (мод. 77 КА ҶТ):

  1. қонуншикании барқасд ва
  2. қонуншиканӣ аз беэҳтиётӣ.

Қонуншикании барқасд чунон қонуншиканиест, ки шахси содиркардаи он амал ё беамалии худро дониста бошад, оқибати зарарноки чунин амал ё беамалии худро хоста бошад ва ё қасдан ба рух додани он роҳ дода бошад.

Қонуншиканӣ аз беэҳтиётӣ чунон қонуншиканиест, ки шахси содиркардаи он хусусияти амал ё беамалӣ ё худ оқибати зарарноки инро нафаҳмида бошад, ҳол он ки бояд мефаҳмид ва метавонист инро фаҳмад.

Ба ин муносибат масъалаи гунаҳкории корхона барои қонуншиканӣ умуман ва қонуншикании молиётӣ хусусан хеле ҷолиби диққат аст. Имконияти ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидани ташкилотҳо равшану аниқ танҳо дар ҳуқуқи ҷиноӣ инкор карда мешавад. Ҳатто амалияи интизомӣ ба зиммаи онҳо гузоштани чунин ҷавобгариро (масалан, ҷузъу томҳои ҳарбӣ дар сурати гум кардани байрақи ҷангиаш пароканда шуда метавонад) раво медонад. Ҳуқуқи гражданиро табиатан бе ҷавобгарии шахсҳои ҳуқуқӣ тавассур кардан амри муҳол аст. Худи мафҳуми корхона (шахси ҳуқуқӣ, филиалҳо, муассисаи доимии ғайрирезидентӣ) ҳамчун субъекти муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ чунин хусусиятҳои ба худ хос, монанди идора карда тавонистани рафтору кирдор, ва, аз ин рӯ, ба ғайриқонунӣ будани ин рафтораш, гуноҳ доштани онро дар назар дорад.

Гуноҳи корхона барои қонуншикании андозӣ аз рӯи амали (беамалии) шахсони мансабдор ё ки намояндагони онҳо, ки барои ҳамин қонуншикании андоз боис шуда бошад, муайян карда мешавад (б.4 мод. 77 КА ҶТ). Агарчи мафҳуми шахси мансабдор дар Кодекси андоз зикр нашудааст, гумон мекунем, ҳамаи масъалаҳои баҳсноке, ки ба муносибати муайян кардани ваколатҳои ин ё он шахсони мансабдор ба миён омада метавонанд, дар ҳолати мушаххас алоҳида ҳаллу фасл карда хоҳанд шуд.

Қонунгузории ҷорӣ бо мақсади ҳимояи манфиати буҷет ва фондҳои давлатӣ як қатор чораву воситаҳои аз андозсупорандагон ситонидани андозҳоеро пешбинӣ намудааст, ки дар мӯҳлати муқарраргардида пардохта нашудаанд ё худ нопурра пардохта шудаанд.

Чораи мушаххаси ҷавобгарӣ барои қонуншикании молиётӣ муҷозоти андоз аст. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти андозро танҳо дар шакли ҷаримаи пулӣ пешбинӣ менамояд. Ҷарима як навъ ҷазои амволӣ буда, аз қонуншикан ба нафъи давлат маблағи муайян ситонида мешавад. Дигар намудҳои ҷазои қонуншикании андозӣ (огоҳонӣ, мусодира ва ғайра, ки барои ҷавобгарии маъмурӣ хосанд) татбиқ карда намешаванд.

Маблағи кампардохт ва фоизҳои он ба муҷозоти ҷарима мансуб нестанд. Аз ин рӯ, ситонидани онҳоро ҳамчун татбиқи чораи ҷавобгарӣ маънидод кардан мумкин аст. Гап дар он аст, ки фоизҳои кампардохт яке аз воситаҳои иҷрои вазифаи андозсупорӣ мебошад. Ин қоида аз ҳуқуқи гражданӣ (шаҳрвандӣ) гирифта шудааст. Ин қоида чун дар ҳуқуқи гражданӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз низ ноустуворона (ҷарима, пушаймона ё фоиз)-ро ҳамчун усули иҷрои ӯҳдадорӣ ва ҳамчун чораи ҷавобгарии гражданӣ меҳисобад.

Агар ягон қисми маблағи андоз дар мӯҳлати муқарраргардида пардохта нашуда бошад, андозсупоранда мутобиқи қонунгузорӣ бояд аз ин маблағ барои ҳар рӯзи напардохтани андоз аз таърихи фаро расидани мӯҳлати пардохт то рӯзи воқеан пардохтани андоз фоиз (пушаймона) супорад. Ҳамин фоиз бо тартиби муқарраргардида (мод.72 КА ҶТ) дар давоми 45 рӯзи баъди додани ариза дар сурати саривақт барнагардондани маблағи пештар барзиёд пардохтаи андоз ба андозсупоранда баргардонида мешавад.

Нақши 10.1.

Муҷозоти андоз (ҷарима) – чораи ҷавобгарии

андозӣ – ин тариқ муқаррар карда мешавад

Ба маблағи устувор

Ба фоизи маблағ

Маблағи фоиз ба андозаи 125 фоизи маблағи кредитии музоядаи қарздиҳии байнибонкии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (дар Россия барои осон кардани ҳисобу китоб маблағи фоиз ба андозаи 1,03 баробари маблағи тамвили (рефинансирование) Бонки марказӣ муқаррар карда шудааст[5]*.

Маблағи фоиз ҳамчун маблағи миёнаи арифметикии қарзи музоядаи кредитӣ аз рӯи ҷамъбасти семоҳаи гузашта муайян карда мешавад.

Агар аҳволи андозсупоранда душвор гардида бошад ва ё ба сабабҳои дигар андоз насупорад, мақомоти андоз метавонад бо тартиби муқарраргардида маблағи пардохтнашудаи андозро аз ҳисоби амволи андозсупоранда ситонад (мод.65 КА ҶТ). Агар ягон шахси сеюм, аз ҷумла бонк ё дигар муассисаи молиявии қарздеҳи андозсупоранда дар назди ӯ ӯҳдадории молиявӣ дошта бошад, пас мақомоти андоз ҳуқуқ дорад аз ҳисоби қарзи андозсупоранда онҳоро вазифадор намояд, ки ин маблағро бевосита ба буҷети дахлдор гузаронад. Дар акси ҳол мақомоти андоз метавонад ба суд бо даъво муроҷиат намояд, ки маблағи ӯҳдадории молиявӣ аз шахсони сеюм ба нафъи буҷети дахлдор ситонида шавад.

Дар сурати ба андозсупорандае, ки аз буҷет ё мақоми давлатӣ қарздор аст, таъсир накардани чораҳои андозсупорӣ бо тартиби муқарраргардида оиди нодорам (муфлис) эътироф кардани ӯ саъй карда мешавад.

Ғайр аз ҷавобгарии худи андозсупорандагон барои қонуншикании молиётӣ аз муассисаҳое, ки ба бонкҳо хизмат мерасонанд, чунин фоизу ҷаримаҳо ситонида мешаванд:

  • фоиз барои кашол додан, ки бо риоя нашудани навбати суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳои андозсупоранда аз ҳисоб баровардани маблағи андозҳое, ки бояд ба буҷет ё фоизи давлатӣ гузаронида шавад;
  • ҷаримаи кашол додани мӯҳлати ба ҳисобномаи буҷет (фонди давлатӣ) гузаронидани маблағе, ки аз ҳисобномаҳои андозсупорандаи мизоҷ (муштарӣ) сокит карда шудаанд;
  • ҷаримаи ба андозсупоранда баргардонидани пардохтномаҳои иҷронашуда, ки дар сурати будани пул дар ҳисобномаҳои ӯ бояд ба буҷети (фонди) давлатӣ гузаронида шаванд.

Дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, ки мақомоти андоз ҳуқуқ доранд маблағи андози ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқиро дар давоми мӯҳлати порсола (баъди анҷом ёфтани давраи андозбандӣ ҳисоб карда, тағйир диҳанд ва ҳамчунин маблағи ҳисобкардаи (ислоҳнамудаи) андози 8-соларо баъди ба охир расидани давраи андозбандӣ бистонанд. Мақомоти андози Россия метавонанд барои ситонидани муҷозоти андоз то шаш моҳи ошкор гардидани қонуншикании молиётӣ ва тартиб додани санади дахлдор ба суд бо даъво муроҷиат намоянд (мод.115 КА ФР).

Агар аз рӯзи қонуншикании андоз ё худ рӯзи дигари анҷоми давраи андозсупорӣ, ки дар ин муддат қонуншиканӣ содир шудааст, чор сол – мӯҳлати мурур гузашта бошад, шахсро барои қонуншикании андоз ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест.

Ҳисоб намудани мӯҳлати мурур аз рӯзи қонуншиканӣ нисбати тамоми қонуншикание, ки бо саривақт пешниҳод накардани декларатсияи андози арзиши иловашуда (мод.80 КА ҶТ), кам карда нишон додани андоз (мод. 81 КА ҶТ), вайрон кардани тартиби супоридани андози арзиши иловашуда (мод.82 КА ҶТ) ва монеъ шудан ба гузаронидани тафтишоти андоз (мод.84 КА ҶТ) алоқаманд аст, татбиқ карда мешавад. Доир ба ин қонуншиканиҳои молиётӣ мӯҳлати мурур аз рӯзи дигари анҷом ёфтани давраи дахлдори андозсупорӣ ҳисоб карда мешавад. Ҳолатҳое, ки шахси содиркардаи қонуншикании андозро бегуноҳ мегардонанд, чунинанд:

  1. аъмоле, ки бар асари офати табиӣ ё худ ҳолатҳои фавқулодда ва рафънопазир аломату нишонаҳои қонуншикании молиётиро доро гаштааст (ин ҳолатҳо бо далелҳои маъмул, хабару мақолаҳои воситаҳои ахбори умум ва усулҳои дигаре, ки воситаҳои махсуси исботро наметалабанд, муқаррар карда мешаванд);
  2. аъмоли дорои аломату нишонаҳои қонуншикании молиётӣ, ки онро андозсупоранда – шахси воқеӣ дар ҳолате содир кардааст, ки кирдукорашро бинобар беморӣ идора карда наметавонист (ин ҳолатҳо баъди ба мақомоти андоз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое исбот мегарданд, ки мазмунану моҳиятан ва таърихан ба ҳамон давраи андозсупорие мансуб аст, ки қонуншикании молиётӣ содир шудааст);
  3. дастури хаттӣ ё шарҳу эзоҳоти мақомоти андоз ё дигар мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё шахсони мансабдорро, ки дар доираи салоҳияти худ додаанд, иҷро кардани андозсупоранда ё агенти андоз (ин ҳолатҳо бо ҳуҷҷатҳои дахлдори мақомоти мазкур, ки моҳиятан ва мазмунан ба давраи андозсупорие мансубанд, ки қонуншикании андозӣ, сарфи назар аз таърихи нашри ин ҳуҷҷатҳо содир шудааст, муқаррар карда мешаванд).

Дар ин ҳолатҳо шахс барои қонуншикании андозӣ ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

Ҳолатҳои сабук ва вазнинкунандаи қонуншикании молиётиро ба ҳисоб гирифтани қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медод, ки қоидаи ҷавобгарии андозсупорӣ беҳтар гашта, андозсупорандагон ӯҳдадориҳои андозсупориашонро хубтар баҷо оваранд.

Ба ҳамин тариқ, масъулияти андозсупорӣ дар асоси меъёрҳои Кодекси андоз, қонунгузории маъмурӣ ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати субъектҳои масъулияти андозсупорӣ барои қонуншикании молиётӣ муҷозоти андозро татбиқ кардани мақомоти ваколатдори давлатӣ мебошад.

Меъёрҳое, ки барои риоя накардани қонуни андоз ҷавобгариро пешбинӣ менамоянд, ҳамчунин дигар меъёрҳои ба инҳо монанд дар худ намуди қонуншиканӣ (диспозитсия) ва чораҳои ҷавобгарии имконпазир барои ин қонуншиканӣ (муҷозот) дорад.

Парвандаҳои татбиқи муҷозоти андоз аз рӯи даъвои мақомоти андоз ба корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо ва ҳамчунин ба филиалҳо ва намояндагони ашхоси ҳуқуқӣ аз тарафи судҳои иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории мурофиаи хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Парвандаҳои татбиқи муҷозоти андоз аз рӯи даъвои мақомоти андоз ба шахсони воқеӣ аз ҷониби судҳои ҳуқуқи умумӣ мутобиқи қонунгузории мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.

Аслан чунин тартиби бо аризаи даъво дар бораи татбиқ кардани муҷозот ба суд муроҷиат намудан дар амалияи андозбандии Тоҷикистон истифода карда мешавад.

  1. 48 Налоговый кодекс Республики Таджикистан.- Душанбе: Шарки озод, 1998.-с.48.

  2. 49 Ниг.: Ларичев В.Д., Решетняк Н.С. Налоговые преступления и правонарушения. Кто и как их выявляет и предупреждает. – М.: ЮрИнфоР, 1998. – С.16.

  3. 50 Иоффе О.С. Обязательственное право.-М.: 1975, с.95.; Иоффе О.С., Шаргородский М.Д. Вопросы теории права.-М.: 1961.С.314.

  4. 51 Самощенко И.С., Фарукшин М.Х. Ответственность по советскому законодательству.- М.: 1971. – С.43-44.

  5. * Мафњуми «фоизи оддї» маънои онро дорад, ки фоизи кампардохт аз маблаѓи кампардохтаи андоз ситонида мешавад. Ба маблаѓи иловашудаи фоизи кампардохт фоизњои нав зам карда намешаванд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.